Главная / Илм / Абуали Сино дар 34 солаги чикадар молу мулк дошт?

Абуали Сино дар 34 солаги чикадар молу мулк дошт?

ВАЗИРИ ХАМАДОН

«Синни ман аллакай ба сиву чахор расидааст, – аз фикр мегузаронд Абуали, ба тарафи дарбори хокими Хамадон рафта истода. – Ин айёми чамъбасти самарахои нахустини хаёти инсон аст. Айёмест, ки аллакай тахкурсиву деворхои иморати зиндагй сохта шуда, барои комилан аз даст баромадани бино танхо бомашро пушондану дарунашро андовидан боки мемонаду бас. Аммо тахкурсии бинои хаёти ман канй?! Баландии иморати умрам чй кадар аст?! Хануз аз сад яки накшаву андешахоямро амалй нагардондаам, кариб умуман коре накардаам. Пас, ман ба хотири чй зиндагй мекунам?».

sino-34Сипас ашъоре, ки начандон пеш аз ин дар рох эчод карда буд, ба хотираш омаданд:

Ай кош, бидонаме, ки ман кистаме, Саргашта ба олам аз пайи чистаме! Гар мукбилам, осудаву хуш зистаме, Варна ба хазор дида бигристаме!

– Гиря кунам?! – мегуфт у худ ба худ. – Не, набояд гирист!

Агарчи чахони ботинашро гаму андухи зиёде фаро гирифта буд, худро бо шеърхои худ тасалло мебахшид:

З-он пеш, ки аз чахон фуру мони фард, Он бех., ки набоядат пушаймони х (в) ард!

Имруз бикун, чу метавони, коре, Фардо чи куни, чун натвони кард?!

Ин сатрхоро дар вакти хаёти кашшоконааш, дар корвонсаройи Чурчон эчод карда буд. Он вакт у рузе чанд маротиба пулхояшро мешумурду гуруснагиву нодорй маслихаташ медоданд, ки нисбат ба чанд варак оази холй нони чави арзон харидан бехтар аст.

Ба дарбор Абуалиро даромадан намонданд.

– Чнби Олй саргарми базманд, – мегуфтанд уро. – Галабаашонро бар болои Хилол ид мекунанд!

– Ман ба эшон кори заруре дорам, – кушиши гапгузаронй менамуд Абуалй.

– Боке надорад, кори шумо кухна намешавад, аз кори хазрати Шамс заруртар набудагист!?

Баъд кадом амалдори дарбор берун омад.

-Эшон Тулмулк, мукарраби худи Амир Шамсанд, ба он кас мурочиат бароед, чораи коратонро мечуянд, – мегуфтанд ба Абуалй.

Тулмулк аввал тавдорона ба ри Абуалй нигариста, сонй ба кушодани мактуби Саййида сар кард.

– Бону ба ман гуфта буданд, ки ин мактубро шахсан ба дасти худи чаноби амир расонам, – гуфтанй буд Абуалй.

Вале Тулмулк якбора сухани уро бурид:

– Чнби Олй ба ман рухсати хондани хама гуна номаро додаанд!

Фиристодаро шитобкорона хонда, тарафи Абуалй чашм духт.

– Бону менависанд, ки шумо донишманде бузургу хакиме номй хастед. Аммо ман шуморо намешиносам. Вакте ки ман шуморо намешиносам, бармеояд, ки шахси он кадар машхуре набудаед. Дар доираи дарбори амири моён табибони зиёде хастанд. Шукри Худой, хазрати амирамон сивдату саломатанд ва ба табиб эхтиёче хам надоранд! Шуморо лозим меояд, ки аз ягон чойи дигар чустучуйи хидмат кунед. Факат илочи шуморо ба котибй кабул намудан хасту бас. Аммо котибонамон хам аз хад зиёданд, хама сохибмаълумот хам шудаанд. Андаке сабр кунед, агар ягон котиб мурад, он гох шуморо дар чойи у ба хидмат таъйин мекунам.

Абуалй давоми суханонашро шунидан нахост…

Аз каср баромада чониби корвонсарой равон шуд.

«Табиб, ба хар хол, на танхо барои хукамо даркор аст», – аз фикр гузаронд у.

Онхо дар корвонсарой рахти икомат густарданд.

Баъди чанде ба назди Абуалй беморон меомадагй шуданд, баъзеи онхоро бардошта хам меоварданд.

Чурчонй ба устодаш ёрй мерасонд.

  • Ман то хол аз хунару истеъдоди шумо дар хайратам, устод, – мегуфт у. – Хозир марде омада буд, ки хатто сабаби касалиашро дуруст фахмонда наметавонист, аммо шумо захми меъда доштанашро дархол муайян кардед. Охир, шумо даруни шиками уро надида будед?
  • Набз ин харакати шарёнхост, ки аз фишор ёфтану васеъ гаштан пайдо мешавад, – гуфт Абуалй. – Муддате ман давраи фишорёбиро берун аз назар мегузоштам. Сонй тахкику муоинаро то дами эхсоси тамоми зухуроти он давом додам. Баъди ин дархои рози набз ба руям во шуданд. Холо фарки миёни набзи муътадил ва гайримуътадилро ба осонй фахмида метавонам, – идома медод у.

Чурчонй хотираву аъсобашро фишор медод, кушиш менамуд, ки хама чизро дар ёдаш нигах, дорад.

  • Набз афтодаву ларзида, ситабру борик, охуйиву мурчаги, аррагиву думимуши, чуволдузиву дузахми, миёнаву баланд, афтодаву ларзанда, дарозу кутох, азиму хурд, тезу муътадил, хамвору тихи ва тангу дирангй мешавад. Ва хамаи ин анвои набзро фарк карда тавонистан лозим аст!
  • Ман инро дар ягон китоби тиб нахондаам! – дар тааччуб меафтод Чурчони.
  • Ин нукта дар ягон китоб нест, – розй мешуд Абуали. – Оид ба набз ман рисолаи махсусе хохам навишт, ки он, мумкин аст, ба «Конун» дохил шавад. Афсус, ки алхол кам андар ками табибон харакати рагхоро фарк карда метавонанд. Баъзеи касалихоро, алалхусус ба чашм ноаёнашонро, ман факат аз ри таири набз муайян мекунам. Табиати набз ба табиати мусики шабохат дорад. Аз ри ихтилоли таносуби набз хар гуна касалии пушидаро ёфтан мумкин аст.

Начандон дуртар аз Хамадон Кадбонуя ном хокими хурде зиндагй мекард.

Дандонхои хоким ликконак шуда буданд. Онхо хануз аз овони бачагиаш сусту касалй буданд, аммо хозир себро хам газида наметавонист.

Хучаини корвонсарой хеши дури Кадбонуя буд. Рузе хар ду вохурданд ва саройбон ба Кадбонуя аз хусуси табиби ачибе, ки дар корвонсарой икомат дорад, хикоя кард.

  • Хидоятгари дастони у худи Худост! – такрор менамуд у ба вачд омада.

Кадбонуя ба Абуали номае навишт. Дар мактубаш табибу ахли хонаводаашро ба хидмат даъват намуда, холати касалии худро тасвир карда буд.

Абуали мисли пештара ахлу аёле надошт. Танхо шогирд, дуст ва дастгираш Чурчони хамрохаш буду тамом.

Онхо хамрох ба назди Кадбонуя омаданд.

Муоличаи хоким ягон кор буд.

Хидматгор аз Хамадон катрони зифт овард. Абуалй аз ин катрон, мумиё ва асал маъчуне тайёр намуд. Ин омехтаро Кадбонуя бояд доимо хойида мегашт. Маводи нофеи маъчун дар ин асно ба ворахо гузашта, дандонхо мустахкам мешуданд.

Баъзан у хандон-хандон хидматгореро наздаш хонда мефармуд:

  • Дастатро шуста, канй як ба ана ин дандони ман бирас!

Хидматгор бечуръатона ба дандонхои пеши Кадбонуя даст мерасонд.

  • Бирасон, бирасон, натарс!

Хидматгор бочуръаттар ангушт мерасонд.

  • Мебинй, тамоман аз чунбиш мондаанд! Маълум мешавад, ки на хамаи табибон дурууянд!

Кадбонуя хокими хеле хам хурде буд. Ва, шояд, аз хамин сабаб бошад, у ба тарзи хоса худнамой мекард. Ба тамоми тобеони худ унвону лакабхои болохонадор дода буд. Ба Абуалй хам унвони «Шамсулмаолй»-ро додан мехост.

Муоинаи табиб уро хуш омада буд. Абуалй уро хар руз муоина менамуд. Кадбонуя дароз мекашид, шиштухез мекард, гохо шах мешуду гохо нафаси хирросие мебаровард. Вале дар хама холат у киёфаи мутакаббиронаву мутантани худро нигох доштан мехост.

Абуалй тамоми шав-шуву садои бадани Кадбонуяро меомухт. Чй гуна ва аз кучо садо баровардани кафаси синаро месанчид. Хамаи тагйироти набзашро хуб дар хотир мегирифт ва дар хайрат овардани хокими худро дуст медошт.

  • Хоким имшаб бофароа нахуфтаанд, пагохй каме ба газаб омадаанд, – мегуфт Абуалй.
  • Дуруст, – дар хайрат мемонд Кадбонуя аз зиракии табиби худ. – Тамоми шаб сагон уллос мекашиданд, пагохй барои хамин ман хидматгоронро сарзаниш кардам.
  • Хокимам гушти барра хурдаанд. Гушт аз андоза зиёд бирён шуда будааст, – мегуфт Абуалй, меъдаи Кадбонуяро даст-даст кардаву набзашро санчида.
  • Тамоман дуруст! – боз дар хайрат меафтод Кадбонуя. – Ман аллакай чазои ошпазамро додам!

Дандонхои хоким тамоман мустахкам шуданд. Абуалй дарди сари девондор ва исхоли писарашро хам муолича намуд.

Сахаргохон мисли пештара беморонро кабул мекард. Бисёрихое, ки табобаташонро дар Хамадон сар карда буд, низ меомаданд, зеро Хамадон начандон дур буда, рохи миёна хамагй ду-се фарсах дарозй дошт.

Дар корвонсаройи Хамадон у танхо чаррохихои одй – шикастабандй ва даровардани сутунмухрахои баромадаро ба чой оварда метавонисту бас. Дар ин чо, дар хонаи васеву равшан у санги обдони бемореро, ки борхо назди вай ба корвонсарой омада буд, дур андохт. Олоти чаррохиаш кухна, аз хамонхое, ки хануз Камарй дар Бухоро тухфа карда буд ва аз хамонхое, ки дар Хоразму Гурганч устохои сохибтачриба мувофики нашхои худи Абуалй сохта буданд, иборат буданд.

Дар чаррохихо Чурчонй хамдастй менамуд. Абуалй гурри бинии чандин беморонро дур карда, захми чашми як писараки панчсоларо муолича намуд.

Аз чаррохии чашм ифтихори махсусе дошт.

  • Хусусияти ин касалихоро хатман дар «Кнун» тасвир бояд кунам, – мегуфт у шабона ба шогирдаш, – то хар як табиб усули чаррохии онхоро омухта тавонад.

Чурчонй таълифотро сафеднавис мекард.

  • Устод, имруз ман бист сахифаро руйбардор кардам, аммо боре хам номи Илохиро дучор наомадам, – мегуфт баъзан Чурчони.

– Бале, дуруст пай бурдаи! Онро дар як-ду чое, ки салох медонй, илова бикун!

Он гох Чурчонии покизакор ибораи «ва ин бемориро давои зикршуда шифо мебахшад»-ро ба таври «ва ин бемориро бо мадади Илохй давои зикршуда шифо мебахшад» тахрир менамуд.

Го дар вакти муоина Кадбонуя мепурсид:

– Абуалй, магар ин рост аст, ки ту хамон Ибни Синое хастй, ки уро Султон Махмуд ба хидмати дарбораш даъват менамояд?! Мегуянд, ки хатто вай чихил тасвири туро ба шахрхои мухталиф фиристодааст. Боз мегуянд, ки сурати ту дар дасти амири моён Шамсуддавла хам будааст?!

– Бале, султон маро даъват карда буд, – чавоб гардонд Абуалй.

– Худи султон туро даъват мекунад, аммо ту ба хузураш намеравй! – ба ханда сар кард Кадбонуя ва баъд аз гуруру такаббур ба фаххос даромад. – Султон даъватат мекунад, аммо ту дар хидмати манй…

Шиками амири Хамадон Шамсуддавла ба хала даромад.

Начандон пештар у дар саросари дарбор базм ороста, галабахои чангии худро          шн мегирифт, дар

тамоми гирду гуша мансабдорони ширакайф сарсарй мегаштанд. Холо саросари дарборро хомушй фаро гирифта буд.

Хидматгорон охиставу бесадо кадам зада, ба хамдигар пичирросзанон мегуфтанд:

– Ором! Шиками амир дард мекунад!

Танхо як одам-худи амир доду фарёд мебаровард.

Амир Шамс аз марг метарсид. Аз банди дасти мукаррабони худ сахт дошта, ба чашмонашон нигариста мепурсид:

-Табибон чй гуфтанд?! Аз ахтаршиносон пурсидед?! Толеи ман дар кучост?!

Аз нишон додани толеъ ба Шамс мулохиза мекарданд.

Мувофики пешиии ахтаршиносон Шамс дар хамин рузхо ба муваффакиятхои азими чангй ва нияту хохишхояш нойил мегардид.

Аммо вай сар ба болин нихода, аз ояти дард ба худ мепечид, доду нола мебаровард, хакорату дашном медод.

Ногахон ба хотири Тулмулк Ибни Сино омад.

«Дар бораи у ба Шамс гуфтан лозим, – карор дод Тулмулк. – Агар ин табиб аз дард начоташ дихад, ман барои уро овардан инъом хохам гирифт. Агар табобат карда натавонад, чазо насиби худи табиб хохад шуд. Кори ман – овардан».

Дар танаффуси миёни хуручи касалй, вакте ки Амир Шамс базур-базур оху нола мекард, Тулмулк уро аз Абуалй, ки хамрохи муаррифиномаи худи Саййида омада буд, вокиф гардонд.

– То хол дар андешаи чй будй!? – доду фарёд бардошт Шамс, дардро фаромуш карда. – Ту хам мисли инхо, – амир табибони дарборашро нишон медод, – маро куштан мехохй?! Зудтар аз пайи чустучуйи у шавед!

Саворагон чониби корвонсаройхо шитофтанд.

– Ха, хамин хел як табибе буд, – гуфт хучаини корвонсаройи аз хама кашшоктарин, – холо ба хидмати Кадбонуя рафт. Бисёр беморонро муолича мекард. Баъзехо акнун ба хамон чой барои табобат мераванд.

– Кадбонуя тобеи ман аст! Табиби уро ситонед! – фармон медод Шамс.

Рузи дигар Абуаливу            Чурчонй     боз вориди

Хамадон шуданд.

Онхоро сипохиёни Шамс мебурданд. Сипохиён онхоро дар вакти рахтбандй чунон саросема карданд, ки ба назари Абуалй кавлашон дуруг намуд.

– Хамагй чандрузакак пештар Шамс сихдату саломат буд. Шояд у моро ба сифати тухфа пешкаши Султон Махмуд фармуданй бошад?! – маслихат мекард у бо Чурчонй. – Агарчи то хол Шамс аз дустии султон канора мечуст… Дар рох як гурехтанро намесанчем?!

Сипохиён онхоро таъкиб менамуданд, аз ин ру, имкони гурез пайдо нашуд.

Чурчони дар беруни дарбор интизори устод меистод.

Абуалиро даруни дарбор бурданд. уро хамон Точулмулк истикбол гирифт. Акнун Точулмулк хушнудона калла мечунбонд. Абуали аллакай а,з хонахои дарун оху нолаи Шамси беморро мешунид. у фахмид, ки фиребаш надода будаанд.

Холати касалии Шамсуддавла равшан буд: чарохати меъда ва рудахо. Айни хамон таърихе, ки бо амири Бухоро рух дода буд. Гуё тамоми амирони кабир маслихат кардаанд, ки гирифтори бемории якхела мешаванд.

Абуали хохиш кард, ки фавран доруи пасткунандаи дард омода намоянд. Маъчун аз зира, тухми чаъфари, тухми зардчома, бодоми талхак ва чанд ашёи дигар таркиб меёфт. Ва хамаи инро бо асал омехтан лозим буд.

Маъчунро табиби дарбор омода мекарду худи Абуали ба тарзи дорусозии у назорат мебурд.

Муддати кутохе нагузашта холати саломатии Шамс бехтар гардид. Абуали хамчунин фармуд, ки барои нишондани дарди рудахо киёми хулбу тайёр кунанд.

  • Хуб, хамон табибе, ки аз Рай, аз назди беваи бародари мархуми ман омада буд, ту хасти?! – пурсид Шамс дар холате ки Абуали уро бодиккаттар муоина менамуд.
  • Бале, манам, – Абуали хост, ки номаи муаррифиро аз чайб берун орад.

– Мактуб лозим нест! Коре, ки хозир анчомаш доди, бехтар аз хар гуна мактубе туро мешиносонад!

Абуали наши муоличаро фикр карда баромад. Доруворихои борхо санчидашударо ба руйхат гирифт. Руйхат аз решаи суъд, зирадона, кундури суда, зифти бутм, равгани хно ва таркиботи дигар иборат буд.

Хамин дам барои Шамс чоми шароб оварданд. Пеши Абуали хам кадах ниходанд.

– То гохи ба куллй сихат ёфтан аз ин чиз андаке пархез мебоист кард, – гуфт Абуалй. – Ман мукобили майхурй нестам, ба шарте ки он манфиат бахшад. Аммо хозир андаке хам аз шароб истеъмол фармоед, боиси тачаддуди дард мегардад ва, хатто, дар илош музтар мемонем.

– Хайр, майлаш, бибар! – фармон дод Шамс ба хидматгор. – Факат       шёр бош, боз дар рох нанушй!

Абуалй аз чой бархост.

– Ба кучо?! – дар тааччуб афтод Шамс. – Аввал шаробнуширо манъ кардй, акнун худат меравй?! Агар касал бошам, ту бояд дар хузури ман истй! Агар сихдат бошам, ичозати шароб бидех!

– Дар беруни дарбор маро… хешбачаам интизор аст, – гуфт Абуалй. – у чойи рафте надорад.

– Пас, чаро хомуш истодй? – дар хайрат омад Шамс. – Зудтар мегуфтй намешуд?! Хама коре мекунанд, ки пули маро ба илоче ситонанд, аммо ту хомуш истодай! Гами хешбачаи туро мехуранд. Барояш хона ёфта медиханд. Аммо барои худат аз касри ман хонаи алохидае чудо мекунанд.

Абуалй ба табобати                 амири Хамадон –

Шамсуддавла муддати дурударозе машгул гардид.

Дарду халае, ки гохо пайдо мешуд, он кадар таъсире надошт. Рафта-рафта касалй тамоман нопадид шуд.

– Канй, имруз ичозати майнушй медихй?! – мепурсид Шамс хар руз.

Доруворй таъсири нек мерасонд. Абуалй хис мекард, ки захмхо аллакай бахам омадаанд. Аммо табобатро давом додан лозим буд.

Баъди кавй шудани дил ва рузи чихилу якуми табобат Абуалй ба Шамс рухсат дод, ки ним чуръа шароби тозаи ангур биншад.

Худи хамон руз Абуалиро ба хона оварданд. Ин хонаро барои уву Чурчонй чудо карда буданд. Хона васеву бархаво ва дорои тачхизоти гаронбахо буд.

Чурчони аллакай тамоми китобхои барои тадкикоту машгулияти илми даркориро пахн карда монда буд.

Дастнависи «Конун» дар худи хамон вараке, ки чихил рузи расо пештар Абуали таълифашро катъ намуда буд, кушода меистод.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222