Асли намози таровех ба хамон сурате ки зикр шуд, аз Расули Ху-
до (с) собит шудааст, вале дар бораи адади ракъатхои он аз он Хазрат
(с) ривояти сахехе собит нагаштааст. Вале аз сахобагон, ба хусус аз
намози таровехе, ки Умар (р) бо имомати Убай ибни Каъб (р) баргу-
зор намуд ва хамчунин аз тобеин осор ва ривоятхои гуногуне ворид
шудааст, ки аксаран бист ракъат будани адади ракъатхои онро маври-
ди таъйид карор медиханд. Пешвоёни мазхабхои чахоргонаи ахли
суннат: имом Абуханифа (рх), имом Шофеъи (рх), имом Ахмад (рх) ва
дар кавле аз имом Молик (рх) низ бо такя бар хамин осор ва ривоятхо
бист ракъат гузоридани онро тарчех додаанд. Аммо бар асоси зохири
ривоят дар мазхаби имом Молик (рх) он сию шаш ракъат аст.
Имом Молик (рх) дар Муваттаъ аз Язид ибни Румон ривоят меку-
над, ки: «Мардум дар замони Умар ибни Хаттоб (р) киёми шабро бис-
тусе ракъат ба чо меоварданд».127 Вай дар ин чо се ракъати витрро низ
дар назар доштааст.
Аз Соиб ибни Язид низ ривоят шудааст, ки: «Дар замони Умар иб-
-ракъат ме ии
гузоштанд» .128 Байхаки низ дар Алмаърифа аз Соиб ибни Язид ривоят
карда: «Дар замони Умар ибни Хаттоб (р) бо бист ракъат ва намози
витр киём мекардем» .129
Дар Сахехи Бухорй аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки: «Расули Худо
на дар и Рамазон ва «1а дар гайри он аз ёздах ракъат зиёд намегу-
зошт. Аввал чор ракъат мегузошт, ки аз хусну зебой ва дарозии онхо
боз чор ракъати дигар мегузоштг, ки аз зебой ва д
онхо напурс. Сипас се ракъат мегузошт…».130 Манзур аз ёздах ракъат
хашт ракъат намози киёми шаб ва се ракъат витр мебошад.
Аммо бузургони мазхаби ханафй ва аксари ахли илм ин хадисро
ба киёми шаби хамешагии он Хазрат (с), хам дар мохи Рамазон ва хам
дар гайри он, марбут донистаанд, на ба киёми мохи Рамазон ва он
намозе, ки бо номи таровех шинохта мешавад. Зеро ин хадис, агар ки-
ёми мохи Рамазон ва намози таровехро низ дар бар мегирифт ва адади
ракъатхои он бо феъли он Хазрат (с) собит мешуд, хеч гох сахобагони
киром бар хилофи он амал ва иттифок намекарданд.
Илова бар ин, ин кори онхо дар замоне сурат гирифта буд, ки Ои-
ша (р) дар кайди хаёт буд ва ба он мухолифате нишон надод. Пас маъ-
лум мешавад, ки манзури чумхури сахобагон аз хадиси Оиша (р) хамон
намози хамешагии шаб аст, на киёми мохи Рамазон ва намози таровех.
Аз суи дигар, мачмуи ривоятхои собитшуда дар ин бора – ривояти
Оиша (р), ривояти Чубайр ибни Нуфайр ва ривояти Абузар бо саро-
хат далолат доранд, ки ончи Расули Худо (с) дар шабхои мохи Рама-
зон бо чамоат барпо дошта, хамон намози шаб аст ва Паёмбар (с) ба
чуз онхо намози дигаре дар он шабхо нагузоридааст, вале бо хеле та-
фовут. Тафовути аввали он аз намози мукаррарии он Хазрат (с) дар
шабхои берун аз Рамазон, хамон гуна ки дар ривояти Чубайр ва Абу-
зар омадааст, он аст, ки Паёмбар (с) аз хиссаи аввали шаб ба он пар-
дохтааст. Фарки дуюм он аст, ки он дар шаби сеюм то охири шаб –
наздик ба дамидани субх идома ёфтааст, дар холе ки намози шаб дар
гайри мохи Рамазон дар хиссае аз шаб ва бештар дар хиссаи охири он
барпо дошта мешуд.
Аз мачмуи ин ривоятхо ва хамин тавр амалкарди сахобагон дар
замони Умар (р) бармеояд, ки таровех хам хамон намози шаб аст, вале
бо тафовути ошкоре. Пас харчанд дар бораи шумори ракъатхои намо-
зи шаб дар гайри мохи Рамазон аз Паёмбар (с) адади муайян, вале му-
тафовите ривоят шуда бошад хам, вале чун он намози нофила буда ва
ба таври ихтиёри ба чой оварда мешуд, шахси намозгузор дар адади
ракъатхои он низ мухайяр будааст ва дар нихоят аз суи халифаи дуюм
Умар (р) дар бист ракъат карор дода шудааст. Сухани худи Умар (р)
дар ривояти Абдуррахмон ибни Абдулкорй: «ва намозе, ки дар охири
шаб барпо медоштанд, аз ончи холо анчом медиханд, бехтар аст» низ
маънои фавкро таъйид менамояд.
Пас таъйини адади ракъатхои он дар бист ракъат агар бо ичтихо-
ди халифаи рошид Умар (р) ва таъйиди оммаи сахобагон сурат гириф-
та бошад хам, касе хакки мухолифат бо онро надорад, зеро пайравй аз
суннати хулафои рошид, бо насси шаръй – хадиси Паёмбар (с) собит
шудааст. Пас харчанд ба андешаи баъзе мучтахидон ва пешвоёни
Ислом аз бист ракъат бештар ва ё камтар гузоридани он низ чоиз до-
ниста шуда, вале бар асоси тадовули уммат чумхури ахли суннат бист
ракъат будани онро тарчех додаанд.
Сохиби Фатх – Ибни Хумом бар хилофи дигар машоихи мазхаб
дар киёми мохи Рамазон хашт ракъати онро хамрохи се ракъати витр
бо чамоат суннат ва тамоми бист ракъатро мустахаб медонад.
Пас набояд бо номи пойбандй ба суннати Расули акрам (с) ба ин
суннати роичи исломй – бист ракъат будани намози таровех, ки асли
он аз сираи амалии Расули Худо (с) сарчашма гирифта ва аз ахди ху-
лафои рошид дар миёни уммат маъмул аст, мухолифат намуд ва онро
бо ривоятхои сахехи исломй мухолиф донист, харчанд дар мазхаби ах-
ли хадис ва бузургоне чун имом Бухорй (рх) хашт ракъат ва дар мазха-
би имом Молик (рх) бештар аз бист ракъат гузоридани намози таро-
вех чоиз аст. Ин кор – мухолифат бо бист ракъат будани намози таро-
вех ба таври дигаре ба муолатахои Хиллй – донишманди шиа монанд
аст, он чо ки дар китоби «Минхочул карома» дар ин бора мегуяд: «у
(Умар) бидъати намози таровехро эчод намуд, дар холе ки Паёмбар (с)
фармуда: Эй мардум, гузоридани намози дар !мабхои мохи Рама-
зон бидъат аст. боиед ва дар хеч шабе аз !мабхои мохи Рамазон
133 «.؛хам) нахоиеб) ичтимоъ накунед ванамози
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …