Пахн шудани дини ислом дар Осиёи Миёна сабабгори дар асрхои VIII – IX пахн гаштани маслакхои мусулмонй мебошад. Муборизаи байни ашрофони баланпояи араб (хонадони аббосиёну умиягихо) барои ба тахт сохиб шудан дар хилофат дар хаёти сиёсй – ичтимой таъсири манфй расонид.
Дар муборизаи байни аббосиён ва уммавиён имомати шиъа фаъолона ширкат дошт. Дар ин айём дар дохили ислом равияхо ва чараёнхои гуногун ташкил ёфтанд. Яке аз чунин равияхо дохили имомати шиъа чараёни Исмоилия буд.
Имом Чаъфари Содик вориси тахтро писари хурдии худ Мусо Козим эълон кард. Як гурух аз ин норозй шуда, писари калонии Чаъфари Содик Исмоилро хамчун имом эътироф карданд. Онхо аз шиъахо чудо шуда, соли 765 бо номи «Исмоилия» мазхаби алохидаро ташкил доданд. Ин чараён тарафдорони зиёд пайдо намуд, дар мамлакатхои Араб Осиёи Миёна ва Эрон пайравони зиёд дошт.
Мувофики нишондоди Исмоилия оламро «Акли кулл» якчоя бо нафси Кулл офаридааст. Исмоилиён шариатро вобаста ба маънои ботинии «Куръон» маънидод мекарданд. Дар аввал тарафдорони ин фирка фаъолияти пинхонй мебурданд, баъдтар ба ташвикоти ошкоро гузаштанд.
Аввалин рохбари Исмоилиён Маймун ибни Дайсони Ахвозй ба шумор меравад. Пайравони он дар мулки Арабу шимоли Африко тарафдорони зиёд пайдо карда, давлати Исмоилиён ба номи фотимй таъсис доданд. онхо зидди Абоссиён баромад карда, дар Осиёи Миёна ва Эрон пайравони зиёд пайдо карданд.
Мувофики таълимоти Исмоилиён хафт зинаи хастй вучуд дорад. Одам ба кувваи худ ба хакикат расида наметавонад, вай ба таълими акли кулл эхтиёчманд аст, аз ин чихат дар хар вакт дар шакли нотик (Донандаи шариат – пешво) пайдо шуда,ба одамон хакикати рухиро
мефахмонанд.
Исмоилия таълим медод, ки ба хакикат расидан бо рохи худомузй гайри имкон аст. Барои ба ин максад расидан ба шахс донандаи акли кулл (пир) таълим медихад.
Исмоилиён хар гуна догмахои диниро рад карда, тасдик мекарданд, ки хар кас бояд чунин нуктаи назареро интихоб намояд, ки ба акли у мувофикат кунад.
Мазхаби Исмоилй дар Ирок зухур карда, баъдтар ба равияхои карматй ва исмоилй чудо гардид. Карматиён ба тундгарой машхур буда пас аз хучум ба Макка дар олами ислом бадном гардиданд.
Исмоилиён дар соли 909 дар шимоли Африко хилофати Фотимиён (мансуб ба духтари пайамбар Фотима)-ро таъсис дода, ба таблиги мазхабй огоз намуданд. Ташвикотгарони ин мазхаб тавонистанд, амирону вазиронро ба байъати (тарафдори) халифаи фотими даъват намоянд. Аз чумла дар асри Х дар Мовароуннахр ва Хуросон дар ин чода ба муваффакият ноил гаштанд.
Дар Мовароуннахр яке аз пешвоёни ин фирка Хусайн ибни Алии Марврудй ба аъёну ашрофи дафлати Сомонй хамнишаст буд ва ба дарбор рох ёфт.
Шогирди у Насафй чанде аз атрофиёни амир Наср ба мазхаби Исмоилй кашид ва хатто аз амир барои бегунох хабс ва катл кардани Марврудй хунбахо ситонда, ба халифаи Фотимй ирсол намуд. Хатто худи амир Наср хам ба мазхаби исмоилй гаравиш пайдо кард, ин амали у боиси эътирози рухониён ва лашкариёни турк гардид. Гурухдои манфиатдор асосан сарплашкарони турк кушиши табадулотро ба рох монданд. Амир аз ин огох ёфта бо хохиши худ аз тахт даст кашид.
Баъд аз Наср, писараш Нухи II ба сари тахт нишаст ва бо хидояти рухониёни иртичои ва саркардагони лашкар (турк) ба чазо додани Исмоилиён ооз кард. Нух нисбат ба гузаштагон ба умури лашкар ва рониёни иртичой боло бардошт, ки ин ду унсур сабабгори заволи давлат гардид.
Яке аз саркардагони исмоилиён Хасан Сабох дар шахри Казвин шуриш бардошта, калъаи дастнораси Аламутро забт намуд. Ин давлат аз соли 1090 то соли 1256 фаъолият намуд.
Ба тамоми таъкиботи зидди исмоилиён нигох накарда ин равия дар бисёр мамлакатхои дунё пайравони худро дорад.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …