Главная / Илм / Афкори чамъиятй- сиёсй дар асрхои Х1 – XVIII.

Афкори чамъиятй- сиёсй дар асрхои Х1 – XVIII.

Дар охири асри Х аз байн рафтани давлати Сомониён ва ба дасти сулолахои турк гузаштани Мовароуннахр ва Хуросон дар таърихи сиёсй ва маданияти халки точик дар асрхои минбаъда накши манфии хешро гузошт. Ба чои давлати мутамарказонидашудаи точик хокимиятхои хурди туркй ба арсаи кудрат омада, як дарача монеъаи пешрафти илму фарханг гардиданд. Ба чои Бухоро, ки пойтахту маркази асосии илму фарханги точик ба шумор мерафт – марказхои нав, ба монандй: Газна, Балосагун, Марв, Нишопур, Урганч,, ва гайра пайдо шуданд
Сар задани парокандагии феодалй баробари пастравии илму фарханг, инчунин таъкиби озодфикрон низ накши худро гузошт. Ба вучуди хамаи ин бедодихо, тагйир ёфтани марказхои фархангй ба илму адабиёт таъсири худро нарасонд.
Дар пешрафти афкори сиёсии ин давра Абурайхон Ахмади Берунй (973 – 1053), Носири Хусрав, Умари Хайём, Мухаммад Газолй, Абулфазли Байхакй ва дигарон сахми калон гузоштанд.
Берунй дар халли бисёр масъалахои илмй нисбат ба замонаш хеле пеш рафта буд. Асархои нодири у «Осор – ул – бокия», «Тасвири Хиндустон» дар сохаи чугрофия, астрономия шухрати чахонй пайдо карданд.
Вай Худоро офаридгори акли Кулл дониста, чунин мехисобид, ки акли умумй нафси кулро ба вучуд меоварад. Рухи умумй бошад, материали нахустинро, ки асоси хама мавчудот мебошад, меофарад. Ин асос замин, об, хаво ва оташ аст.
Берунй тасдик меекунад, ки материя мустакилона чисмхоро ба вучуд меоварад, шакли онхоро тагйир медихад. Вай материяро офаридагор ва кобилиятхои рухй (чон таффакур ва гайра)- ро хосияти чисмхо медонист.
Дар катори Берунй намоёнтарини файласуфи асри Х1 – Носири Хусрав буд. Вай Худоро офаридагори акли Кулл дониста, чунин мегуфт, ки акли кулл нафси куллро ба вучуд меоварад. Рухи умумй бошад, материяи нахустинро, ки асоси хама мавчудот мебошад, меофарад.
Дар масъалаи муносибати руху тан Носири Хусрав, чонро сабаб ва ибтидои чисми зинда медонист. у мегуфт, ки чон дар чор шакл: минералй, растанй, хайвон ва одамй пайдо мешавад. Рухи одамшаакли олии руххост, ки инсонро аз чахони хайвону растанихо чудо мекунад.
Бузургтарин намояндаи ахли тасаввуф ва сохахои мухталифи усули исломии ин давра Мухаммад Газолй буд. Соли 1081 Низомулмулк уро хамчун донишманди илмхои исломй дар Багдод сардори Академияи «Низомия» таъин карда буд. Дар ибтидо Газолй аклро асоси донисани хакикат мешуморид. Аммо баъдтар ба ахли тасаввуф гузашт ва онро ба коидахои дини Ислом мутобик гардидонд. Вай асоси дин донишро медонист, ки бо рохи вачд ба даст дароварда шудааст. Дар хаёт чизи аз хама мухим барои у мухаббат ба илохй ва наздикон буд.
Яке аз муарирхони машхури ин давра Абулфазли Байхакй буд. Баъди кушта шудани Султон Масъуд аз вазифаи дабирй ронда шуд, вазифаи сафоратро ба зимма мегирад.
Байхаки дар айёми пириаш ба навиштани асари 30 чилдаи «Таъри Масъудй» шуруъ намудааст. Арзиши ин асар дар он аст, ки муаллиф шохиди вокеъахо буд.
Муаллифи дигари замони Газнавиён Абусаиди Гардезй буд. у китобе бо номи «Зайн – ул – ахбор»- ро навиштааст. Асар дар бораи шохони кадимаи Эрон халифахои Араб, музофоти Хуросон, дину ойин маросимхои мусулмонон, насрониен, яхудиен, хиндухо ва туркхо маълумоти зиед медихад.
Дар асри Х111 дар натичаи оратгарии зиёд марказхои фархангии Осиёи Миёна хароб гаштанд.
Замони хукмронии мугулхо яке аз даврахои вазнинтарини таърихи халки точик мебошад. Истилои вахшиёнаи мугулхо ва зулми феодалону рухониёни махалй, бехукукии мехнаткашон хама ин сахифахои тираю тор хусусиятхои пешрафти фикрхои чамъиятию – сиёсй ва афкори чамъиятии халкдои Осиёи Миёнаро муайян мекарданд.
Яке аз хусусиятхои чамъиятй – сиёсии Осиёи Миёна дар асрхои Х111 ва минбаъда аз он иборат буд, ки мавзеъхои зироаткору мукимнишин бо сахронишинони кучманчии молдор мутобик карда, дар байни худ муносибатхои наздики иктисодй ва сиёсй доштанд. Кабилахои кучй ба навохии барзгарони мукимнишин хамлахои оратгарона карда, маданият, урфу одаташонро аз бар менамуданд, ба хайати онхо хамчун чузъи нави этникй дохил шуда, ба хаёти мукимй мегузаштанд ва нуфузи халкиятхои турку мугул зиёд мешуд.
Дар Хафтруд, Хоразм, Фаргона кабилахои зиёди турку мугул чойгир шуда, ба чои дехахои очикнишин, кишлокхои туркй ташкил медоданд. Дар ин давра рафти турккунонии ахолии мукимро тезониданд. Дар Хафтруд шахру навохии мукимнишинон вайрон шуда, чои онхоро хаймахои кучиёни чорводори мугул ишгол карданд.
Аз тарафи Енесей ба ин мавзеъ ахолии киргиз мухочир карда шуданд, ки сохти кабила аз сар мегузаронданд.
Мугулхои ба дашти Кипчок омада ба ахолии бодянишинони туркони ин сарзамин омехта гашта, забон ва урфу одати онхоро кабул карданд.
Минбаъд кабилахои турку мугули нуай, ки дар асри XV бо номи мангит баромад мекарданд, аз наздикии Бахри Сиёх ба шахрхои Ченд ва Сигнаки сохили Сирдарё кучиданд. Дар асри XV ахолии кучии Шайбону Урда бо номи (узбек) маъруфй карда мешуд.
Узбекони дашти Кипчак аз руи пайдоиши хеш асоси умумии авлодй надоранд. Итиходи чузъиётхои этникии таърихан дар дашт ташаккулёфта массагету саккой чунну туркй ва мугулй мебошад.
Дар натича як гури калони этникие пайдо шуд, ки дар атрофии худ кабила ва авлодхои турку мугулро муттахид сохта, гохдо бо унвони туркй ва гохдо мугулй намбурд карда мешуданд.
Кабоили турк ва туркгаштаи дашти Кпчокро «узбек» меномиданд. Кабоил ва кавмиятхои номбаршуда, бо туркон кай боз ба Осиёи Миёна мукимгашта омехта шуда ташаккулёбии халкияти узбекро тезонданд. Чунин буд, авзои чамъияти сиёсии Осиёи Миёна то нимаи дуюми асри Х1Х.
Аз асри Х1Х сар карда дар Осиёи Миёна тагйиротхои минбаъда ва авзои чамъиятй – сиёсй ба Руссия алокаманд мебошад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222