Главная / Илм / Афкори чамяиятй- сиёсии халки точик дар давраи кадим ва асрхои миёна.

Афкори чамяиятй- сиёсии халки точик дар давраи кадим ва асрхои миёна.

Халки точик-халки сохибдавлат ва тамадунофар аз давраи кадим дар чахон маълум ва машхур мебошад.
Таърих гувох аст, ки гузаштагони мо бо офаридани яке аз кадимтарин китобхои мукаддаси чахонй- «Авесто», «Шохонамаи Фирдавсй, шохасархои сохаи тиббй Абуалй ибни Сино ва намояндагони сохахои дигари илм маълум ва машхур мебошанд.
Аз ин чихат омухтани таърихи афкори сиёсии халк дар тарбияи ватандустию ватандорй, инсондустй, чахоншиносй, ифтихори миллй, анъанахои неки ачдодон барои баланд бардоштани сатхи мадании толибилмон накши зиёд мебозад.
Яке аз аввалинхо намунаи афкори чамъияти ачдодони мо китоби мукаддаси дини Зардуштй «Авесто» мебошад.
Талаффузи асосии «Авесто» «апастак» буда, маънои «асос»-ро ифода менамояд.Дар бораи макон ва замони эчод шудани «Авесто» дар байни олимон акидахои мухталиф чой дорад.Ба акида аксари мухаккикон китоб дар асри VI то мелод эчод шудааст.Муаллифи Авесто» пайамбари Иброхими Зардушт мебошад.
Аз ри ривоятхо Зардушт баъди аз худои олй Ахура Маздо паём гирифтан ба назди шохи Бохтар Виштосп омада,уро ба дини нав даъват мекунад. Виштосп динро пазирой карда мардумро ба он даъват мекунад.
«Авесто» дар дувоздах хазор пусти гов бо хати зарин навишта шуда буд.Китоб аз тарафи Искандар сузонда шуда буд.Баъдтар дар замони Аршакиён дар асри 1 то мелод аз нав баркарор карда шуд.
Дар замони Сосониён бо супориши Шопури II китоб аз нав навишт шуда, ки номи «Занд – Авесто»-ро гирифт. Дар айни хол аз китоб хамагй 23-хазор калима боки мондааст, ки он аз 5- фасл иборат аст: 1.Ян-курбонй ва ибодат. 2. Яшт- ситоиш ва хушрафторй. 3. Видевдат конуни зидди девхо.4.Виспарат хукумронии мутлак.5. Хурд Авесто – зорию илтичо. Мувофики Авесто замин курашакл буда, аз хафт иклим иборат мебошад. Иклими марказй Хиванараса ном дошта, нахуст ватани ориёнхо Арянеи Вайчах дар он чойгир буд. Аксари 16-кишвари дар китоб номбар шуда, дар Осиёи Миёна ва Хуросон чойгир мебошанд.
Асоси таълимоти динии кабилахои эронй дар он замонхо дар асоси оинхо ва асотирхои кадимй ба вучуд омадааст.
Тадкикотхои таърихи собит менамояндки Зардушт дар асрхои VII-VI пеш аз мелод. ё худ солхои 628-551 умр ба сар бурдааст.
Номи падараш Порушаспа номи модараш Дугдова будааст. Вай тахминан дар сини 42-солагиаш ба унвони пайгамбарй сохиб мешавад. Охири хаёти у дар Балх мегузарад. Баъди 35-соли пайамбарй аз тарифи душмани гоявиаш Балатнарсат кушта мешавад.
Асосии таълимоти дини Зардуштро эътикод ва парастишии худои якка ва ягона офаридагири одаму олам Ахура Маздо мебошад.
Мазмуни ичтимоии ислохоти дини Зардушт, хаёти осоиштаи барзгарон ва чорводорони мукимнишини талаб мекард.
Барои оини дини Зардушт дуализм хос аст- зиддияти доимии ду кувва-равшанй ва торикй, некй ва бадй, рост ва дуруг дар хаёти чамяиятй чой доранд. Тачассуми кувваи некй Ахуромзодо (Хурмуз) ва кувваи бадй Анграманю (Ахриман) буд. Пайравони ин дин дар шахсияти Ахриман девонро хамчун химоятгари кувваи бадй ва душманон мепиндоштанд.
Дар дини зардуштй дигар худохо: Офтоб-Митра, худои хак Ришану, худои Оташ- Ахурамаздо, худои хосилу баракат- Ардвисур, худои чанг-Бахром парастиш карда мешуданд. Зардуштиён фазо ва вактро бехудуд мепиндоштанд. Тамоми фазо ба ду кисми-некй ва равшании Ахурамздо ва торикй ва бадии Ахриман чудо мешуд. Замин куррашакл буда, осмон аз се кабат иборат аст: кабати ситорахо, кабати мохтоб ва кабати Офтоб. Аз офтоб боло бихишти Ахурамаздо чой дорад. Дар поёнбошад, чахони тропикй чойи девхо ва дузах чойгир аст. Зироатчигй ва чорводорй кори хайр дониста мешуд.
Пайравони ин оин роскавлиро кори нек мепиндоштанд. Оташ об ва замин тоза нигох дошта шавад.
Дар назди оташкадахо хар гуна курбонихо мекарданд. Хар сол шаш маротиба панчрузи ид мекарданд. Соли Зардушт аз 12 мох ва хар руз номхои худохоро доштанд. Оини зардушти коидаи махсуси дафнъи часади мурда (махрумон) дошт. Хеч кас хак надошт, ки часадро дар замин гуронад. Замине, ки дар он чо одам мурдааст, дар муддати як сол истифода карда намешуд. Дар хонае, ки мурда буд дар зимистон баъд аз нух руз ва тобистон баъд аз як мох оташ гирондан мумкин буд. Часадро ду мурдакаш ба руи
санглоххо бурда, аз пой ва муйхояш мебастанд. Баъди чанд муддат устухонхо чамъ карда,дар сандукхои сафолй мегузоштанд. Мурдакашхо аз об ва оташ то 30 кадам ва аз одамон 3- кадам бояд дур истанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …

222222222222222