Главная / Илм / Афкори психологи дар фалсафаи классикии немис

Афкори психологи дар фалсафаи классикии немис

Философияи эмпирики

ки дар Англия пайдо

шуда буд, дар нимаи
дуюми асри XVIII туфайли тарчумаи асархои Д.Юм,
Д.Гартли охиста-охиста ба Германия гузашт.

И.Кант (1724-1804) аз бузургтарин мутафаккирони
ин давра шинохта шудааст. У асосгузори идеализми клас-
сикии немис аст, ки идеяхои диалектикаро аз нав
баркарор намудааст. У зидди эмпирияи Волф Х. баромад.
Ба акидаи И.Кант, дар психология математика ва экспе-
римент имкон надоранд, вале у он давра хато кард. Дар
баробари ин, минбаъд зарурати онхоро низ кайд мекунад.
Мувофики акидаи И.Кант, протсесси маърифат аз таъси-
ри ашё ба мо сар мешавад ва он хусусияти эмпирикиро
дорад. Аз ин таъсирот мазмуни маърифат хосил мешавад.

Хамин тавр, у назарияи априориро дар протсесси
маърифат пеш бурд. Маънои априоризми И.Кант хамин
аст, ки субъекти дониш дорои шаклхои муайяни идеяхои
пеш аз вай мавчудбуда аст. Ин априоризм бо мафхуми
идеяхои модарзоди айнан як чиз нест – инхо идеяхои мо-
дарзоди нестанд, балки шаклхое мебошанд, ки одам дар
рафти аз шаклхои маданияти пеш аз вай мавчуда бахра-
манд шуданаш аз бар кардааст.

И.Кант шаклхои априории мурокибаро муайян кард
ва зери он идрокро дар назар дошт. Инчунин шаклхои
априории тафаккурро дида мебарояд, ки тавассути онхо
донишхо хосил мешаванд. И.Кант дар таълимоташ доир
ба маърифат ба диалектика низ эътибори калон додааст:
зиддиятро лахзаи зарурии маърифат медонад. У дар зами-
наи шаклхои априории акл таълимотро доир ба апперсия
пешниход намуд. Апперсия, аз назари И.Кант, ин кувваи
фаъоле мебошад, ки синтези тасаввуротхои дар ибтидо
бетартибона вучуддоштаро мекунад. Апперсепсия имко-
ният медихад, ки объектхо хуб дарк ва фахмида шаванд.

Баъди И. Кант фалсафаи классикии немисро И. Г.
Фихте (1762-1814) ва Ф. Шеллинг (1775-1854) пеш бур-
данд. Фихте фаъолиятмандии маърифатиро дар як навъ
принсипи ягона дар Ман-и мутлак ва Шеллинг дар айни-
яти мутлаки хасти ва тафаккур медиданд. Мохияти
«Ман»-ро фаъолият ташкил медихад. Бинобар ин Фихте
мегуяд: «мо аз он чихат маърифат мекунем, ки барои амал
кардан дода шудаем». Дониш на хамчун максад, балки
чун воситаи хокимияти ратсионали ба табиат баромад ме-
кунад. Фихте тараккиёти рухии одамро аз кудаки то синни
камолат ба таври диалектики дида мебарояд.

Ф.Шеллинг шогирди И. Г. Фихте буда, субъекти-
визми устодашро зери танкид гирифт ва хаёти рухиро дар
доираи таълимот доир ба табиат барраси мекунад. Табиат
бо рух зич алокаманд аст, мегуяд у. Шеллинг тараккиёти
шуурро аз эхсос то ирода кайд намудааст. Мувофики ан-
дешаи у, максад ва фаъолияти олии «Ман»-ро санъат
ташкил медихад.

Дар системаи идеалистии Г.В. Гегел (1770-1831) пси-
хология яке аз кисматхои мухими рухи субъективиро
(шуури индивидуали) ташкил медихад. Шуури индиви-
дуали (фарди) дар тараккиёти худ се зинаро аз сар мегуза-
ронад. Дар зинаи якум, рух хамчун чисм тахлил мешавад
ва он предмети илми антрополгия аст. Дар ин чо шаклхои
гуногуни ходисахои психологиро дар алокаманди бо ху-
сусиятхои нажоди, синнусоли ва физологии одамон, бо
характеру мизоч ва инчунин эхсос дида мебарояд. Дар зи-
наи дуюм, ки онро рефлексия номид, рух шуурро ифода
мекунад. Шуур предмети рух ба шумор меравад. У рохи
тараккиётро аз шуур то ба зинаи худшиноси ва то ба акл
тасаввур мекард. Дар зинаи сеюм, рух чи тавр худро ба
сифати акл дарк мекунад, тахлил мегардад: рухи назари-
яви, яъне маърифат ва рухи амали, яъне ирода. Ин зинаи
тараккиёти рух предмети омузиши психология мебошад.

Л.Фейербах (1804-1872) охирин намояндаи фалсафаи
классикии немис ба хисоб рафта, дар таълимоти у фахми-
ши материалистии психика мавкеи калонро сохиб аст.
Фейербах Л. дар фалсафаи худ инсонро хамчун субъекти
тафаккур мехисобад ва онро аз руи принсипи антропо-
логи дар ягонагии чисму рух дида мебарояд. У такид ме-
кунад, ки мукобилгузории чисм ва рух хатто ба таври
мантики номумкин аст. Фейербахт Л. одамро аз табиат
наканда, ба он мукобил нагузошта меомухт ва онро як
кисми таркибии табиат медонист. У чихати «табии»-и
одамро муболига карда, ба чихати ичтимоии вай эътибо-
ри чидди надодааст.

Дар асри XVIII дар Германия омузиши ходисахои
эмпирикии ба одаму табиат алокаманд шуруъ шуд Дар ин
чода сахми муайянро файласуф, педагоги барчаста ва
психолог И.Гербарт (1776-1841) гузошт, ки у асосгузори
психологияи эмпирикии немис дониста шудааст.

Герберг И. тарафдори психологияи ассотсиативи бу-
да. мехохад, ки психологияро дар заминаи тачрибахо ва
пеш аз хама дар асоси тахкики зухуроти шуур мураттаб
созад. Методхои омузиши холатхои гуногуни шуурро му-
шохида, худмушохидакуни ва тахлили махсули фаъолият
ташкил медиханд. Эксперимент, ба акидаи у, барои
тадкики шуур мувофик нест. У таъкид менамояд, ки барои
табдили психология ба илм, бояд дар он математикаро
истифода бурд. Факат математика таърифу фахмишхои
моро анику равшан намуда, барои санчиши онхо имкони-
ят медихад. Тасаввурот, ба кавли Гербарт И., ин образхои
мураккаби идрок аст. ки зери таъсири объектхои дар бе-
рун вучуддошта пайдо мешаванд. Тасаввурот сохиби ни-
шондихандахои сифати ва микдори аст. Хусусиятхои
микдориро бо чунин мафхумхо ифода менамояд:

«бештар» ё худ «камтар», масалан, «тасаввуроти каму беш
равшану аник», «холати рухии каму беш бошиддат» ва
гайра. Тавсифдихандаи микдории тасаввурот – ин кувва
буда, нишондихандаи он «аники» махсуб меёбад. Тасав-
вуротро вобаста ба дарачаи аники, ба се кисм чудо намуд:
а) шуури анику равшан; б) шуур – тасаввуротхои на он
кадар анику равшан; в) бешуури – тасаввуротхое, ки зери
таъсири дигар тасаввуротхо мондаанд ва хираю норавша-
нанд. Барои он ки тасаввурот ба шуур ворид шаваду рав-
шан гардад, бояд он ба тачрибаи гузашта такя намояд.
Якчояшавии тасаввуротро бо тачрибаи гузашта «аппер-
сепсия» номид. Назариёти И.Гербартро шогирдонаш
М.В.Дробиш, В.Ф.Фолкман ва Т.Вайте давом доданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222