Главная / Илм / Ахком ва одобе, ки бар асоси мачмуаи фавк бино ёфтаанд

Ахком ва одобе, ки бар асоси мачмуаи фавк бино ёфтаанд

Аз мачмуи оятхо ва аходисе, ки дар бораи рузаи мохи Рамазон
нозил ва собит шудаанд, факехони киром ахком ва одоберо дар бораи
руза ва шахси рузадор истинбот карданд, ки мухимтарини онхоро дар
ин чо зикр менамоем: 
Ахком:
1. Гирифтани рузаи мохи Рамазон бар шахсе, ки ба синни таклиф
расида бошад, фарз аст.
2. Шахси бемор шаръан метавонад рузаи мохи Рамазонро биху-
рад, хох бемориаш пеш аз даромадани мохи Рамазон ба вучуд омада
бошад, хох пас аз оози руза, вале пас аз баркарор гардидани салома-
тиаш бояд казои онро ба чой оварад.
Беморие, ки ба сабаби он хурдани руза барои шахс чоиз мегардад,
он беморие аст, ки ба сабаби руза доштан зиёд шавад ва ё дар шифоё-
биаш таъхир афтад.
3. Шахсе хангоми хулули мохи Рамазон дар сафар бошад ва ё пас
аз фаро расидани он ба сафар барояд, шаръан барояш ичозат аст, ки
рузаро бихурад ва пас аз бозгашт казои онро ба чой оварад.
Аммо дар бораи сафаре, ки хурдани руза ба сабаби он чоиз ме-
гардад, дар миёни факехони киром назароти гуногун вучуд дорад. а)
Аз назари имом Абуханифа (рх) хурдани руза танхо дар сафархои
шаръи, яъне сафаре, ки ба нияти се руза рох бошад, чоиз аст ва дар
камтар аз он чоиз нест. б) Аз назари имом Шофеъи (рх) дар сафари як
шабонаруза чоиз аст. в) Назари баъзе олимони дигар он аст, ки хур-
дани руза дар хамаи сафархо чоиз аст ва он ба муддате махдуд наме-
бошад, зеро дар оят ба таври мутлак омадааст ва ба чизе махдуд сохта
нашудааст.
Аз назари чумхури факехон гирифтан ва ё хурдани руза дар сафар
рухсат, яъне ихтиёри аст ва хар мусофире бо таносуби холи худ мета-
вонад ба яке аз онхо амал намояд. Агар дар сафар руза дорад, рузааш
чоиз мегардад ва агар ифтор намояд, он низ барояш ичозат аст, вале
пас аз бозгашт казои онро бояд ба чой оварад.
4. Пирамард ва пиразане, ки аз мадор рафтаанд ва гирифтани ру-
за барояшон сахти ва машаккате ба бор меоварад, шаръан барояшон
ичозат аст, ки рузаашонро бихуранд ва ба чои хар рузи он ба андозаи
таоми мискине фидя диханд. Дигар казое бар онхо вочиб нест.
Беморе, ки дигар барои бехбудиаш умеде намондааст, низ дар ин
хукм шомил мебошад. Ин гуна бемор низ ба чои хар рузи хурдааш ба
андозаи таоми мискине фидя медихад. Беморони барчомонда (муз-
мин) ва гирифторони беморихое, ки олибан дармоннопазиранд, ба
ин гуна беморон дохил мешаванд.
5. Заноне, ки дар холати хайз ва ё нифос карор доранд, шаръан
бар онхо вочиб аст, ки аз гирифтани руза худдори намоянд ва пас аз
пок гардидан казои онро ба чой оваранд. Руза доштан барояшон мам-
нуъ аст. 
6. Занони хомила ва ширдех агар бар худ ва ё тифли ширхора-
ашон хавф баранд, шаръан барояшон ичозат аст, ки рузаро бихуранд
ва пас аз вазъи хамл ва чудо шудани тифл аз шир казои онро ба чой
оваранд. Чумхури ахли суннат иттифоки назар доранд, ки занони хо-
мила ва ширдех пас аз вазъи хамл ва чудо шудани тифл аз шир бояд
казои рузаро ба чой оваранд, вале дар пардохти фидя нукта назароти
онхо гуногун мебошад.
Хукми масъала дар ин чо хар ду гурухи занони ширдехро дар бар
мегирад: а) заноне, ки ба фарзандони худашон шир медиханд ва б) за-
ноне, ки ба хайси доя ба фарзандони шахсони дигар шир медиханд.
7. Дар холати гуруснаги ва ташнагии сахте, ки бар халокат ва ё
накси акли ва чисмонии шахси рузадор хавф бурда шавад, хурдани руза
чоиз аст. Масалан, агар аз шиддати гуруснаги ва ё ташнаги дар мохи
Рамазон хавфи аз даст додани бинои барои рузадор пеш ояд, хурдани
руза барояш чоиз мегардад. Ин холат аксаран барои онхое пеш меояд,
ки машгули корхои сахти чисмонй хастанд ва барои тарки он чорае на-
доранд. Факехони киром ин холатро ба холи шахси бемор, ки шаръан
барои вай хурдани руза ичозат дода шудааст, киёс кардаанд.
Сохиби «Рад» пас аз баррасии мавзуъ мефармояд: «Чизе, ки дар
масъалаи шахси коргар бояд гуфта шавад, ин аст, ки агар ба андозаи
кифоя барои нафакаи худ ва аёлаш пулу мол дошта бошад, хурдани
руза (бо бахонаи касб) барояш халол нест ва дар гайри он метавонад
ба кадри кифоя кор кунад ва агар ин амр вайро ба хурдани руза мач-
бур созад, он барояш чоиз мегардад, вакте дар ири он имкони кор
кардан надошта бошад. Хамчунин агар аз талаф шудани зироат ва хо-
сил ва ё дуздида шудани он хавф барад ва касеро наёбад, ки барояш
бо музд кор кунад, метавонад рузаашро бихурад ва казои онро пас аз
бартараф шудани он холат ба чой оварад, хамин тавр шахсе барои
кор бо касе карордод баста бошад ва дар вакти Рамазон сохиби кор
ба фасхи он рози нашавад, метавонад рузаашро бихурад».
Пас холатхое, ки хурдан ва ё нагирифтани руза дар онхо чоиз аст
ва узрхои шаръи ба шумор мераванд, шаш чизанд: а) бемори, б) са-
фар, в) пири ва калонсоли, в) хайзу нифос, г) хомилаги ва ширдихи, д)
гуруснаги ва ташнааии сахт.
Дар панч холати он: бемори, сафар, хайзу нифос, хомилагию шир-
дихи ва гуруснагию ташнагии сахт пас аз бартараф гардидани узрхои
номбурда казои руза бар шахс вочиб аст. Аммо дар холати пири ва ха-
мин тавр беморие, ки дигар ба бехбудии бемор умеде нест, бар шахс
танхо фидя вочиб мегардад ва казое бар вай нест.
8. Дар шабхои мохи Рамазон тамоми мамнуоти зохирии руза бар-
дошта шудаанд ва барои рузадор пас аз фуру рафтани офтоб то дами-
дани субх, хурдану нушидан ва наздикй бо занон чоиз аст. Вале барои
шахси муътакиф наздикй бо занон мамнъ мебошад. Зеро вай ибодати
дигареро бо номи эътикоф бар рузаи мохи Рамазон афзудааст, ки он та-
лабот ва ахкоми худро дорад ва наздикй бо занон онро фосид месозад.
Одоб ва мустахаббот:
1. Худдорй аз бехудагй, бадзабонй ва бадрафторй. Зеро худдорй
аз хостахои шикаму фарч камтарин ва ё мачмуаи зохирии мамнуоти
рузаро ташкил медиханд, дар холе ки хадафи асосии руза расидани ба
тако ва худсозии шахси рузадор аст ва ин мачмуа вакте барои руза-
дор хосил мешавад, ки кадамхои барчастае дар раванди худсозй ва та-
комули чанбахои инсонии худ бардорад.
2. Чидду чахд дар дуъову ибодат, тиловати Куръон ва дигар амал-
хое, ки дар ташаккули чавхари шахсияти инсон таъсири бевоситае до-
ранд. Зеро ин мох фурсати нотакрор ва лахзахои муносиберо барои
кабули дуъову ибодат ва дигар амалхои нек дар ихтиёри у мегузорад
ва Худованд ичобати дуъо, ибодатхо ва дигар аъмоли бандаро дар ин
мох кафолат додааст.
3. Таъчили ифтор ва таъхири сахарихурй низ аз чумлаи суннатхои
Расули Худо (с) ва бехтарин одоби фаризаи руза дар Ислом хастанд ва
рузаи мо аз рузаи умматони пешин бо хамин чизхо фарк мекунад.
4. Пеш аз намози шом кушодани руза низ аз чумлаи суннатхои
Расули Худо (с) дар ин мох мебошад.
5. Дар сахархои мохи Рамазон бо пайравй аз суннати Расули Худо
(с) ва ба хотири баракат чизе, харчанд чуръаи обе хам бошад, хурдан.
6. Эътикофи дахаи охирро барои сафои бештари рух ва тазкияи
нафс ганимат донистан.
7. Хангоми ифтор ва сахарихурй бояд дар хурдану ншидан меъёр
ва андозаи муайяне риоя гардад, зеро пурхурй на аз назари шаръ мат-
луб ва писандида аст ва на аз назари тиб.
Вакте инсон пурхурй мекунад, тамоми бадан дар хамохангй бо
дастгохи хозима муддате ба таври токатфарсо ва болотар аз доираи
тавонаш ба хазм, коркард ва кабули хачми зиёди маводи хурокй маш-
гул мегардад ва ин холат дар айни холе ки ба саломатии инсон дар
мачмуъ зарар дорад, уро аз пуёй ва боландагии рухй низ бозмедорад.
Оре, намози таровех барои ба эътидол даромадани вазъи чунин ода-
мон василаи хубе мебошад, вале одаме, ки аз шиддати пурхурй ба зур
хаму рост мешавад ва худро аз оругу дамиши шикам ба холе нигах ме-
дорад, дигар чи бахрае аз маънавиёти намоз ба даст меоварад.

Дар борамон

Инчунин кобед

inova

Принсипхои тахлили лоихаи инноватсиони

Дар асоси амали лоихави ба фаъолияти сармоягузори ва инноватсионии корхона принсипи воридшавии пули мавчуд аст. …