Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. Субх, вакте ки нурхои аввалини хуршед руи катрахои шабнамро мебусид, замин чон мегирифт, хаво аз садохои суруромез, хаячонангез, умедбахш пур мешуд, шомгох бошад, худи хамин замин ором мегардиду ба каъри торики фуру мерафт. Руз ба рузу шаб ба шаб мемонд. Гох-гохе абри сиёхе пайдо шуда, раъду барк садои кахролуд мебаровард, ё ситораи гафлатзадае аз осмон канда мешуд ва ё рохиби рангпаридае аз рох мегузашту ба ихвон хикоят мекард, ки дар карибии дайр паланге дидааст – вассалом, сипас боз руз ба рузу шаб ба шаб мемонд.
Рохибон кор мекарданду Худоро шукр мегуфтанд, муршиди муйсафе- ди онхо аргунун менавохт, шеърхои лотини менавишт ва охангхо эчод менамуд. Ин муйсафеди ачиб истеъдоди фавкулодае дошт. Аргунунро чунон мохирона менавохт, ки хангоми аз хучраи у расидани садои аргунун хатто кухансолтарин рохибоне, ки гуши начандон шунаво доштанд, оби дида мерехтанд. Вакте ки аз ягон хусус, хатто дар бораи одитарин чизхо, масалан, оид ба дарахтон, хайвонот ё бахр сухан мегуфт, уро бе табассум ва ё бе оби дида гуш кардан имконнопазир буд ва чунин ба назар мерасид, ки торхои дилаш низ мисли торхои аргунун садо медиханд. Вале агар кахр мекард, ё бехад хурсанд мешуд ва ё дар хусуси ягон чизи дахшатангез ва бузург сухан огоз менамуд, хаячони беандозае фаро мегирифташ, дар чашмони дурахшонаш катрахои ашк халка мезаданд, рухсорааш сурх мешуд, садояш мисли раъд мегуррид ва рохибон уро гушкунон хис менамуданд, ки хаячону илхоми вай ба дилашон чи тазйике меоварад; дар ин гуна лахзахои ачибу хайратангез сохиби хокимияти бехадду каноре мегардид у ва агар ба муйсафедонаш фармон медод, ки худро ба бахр андозанд, хамаашон бидуни истисно мекушиданд, ки харчи зудтар ва бо дилу чон хукмашро ба чо оваранд.
Мусики, овоз ва шеърхое, ки вай дар онхо Худо, осмон ва заминро меситуд, барои рохибон манбаи сурури хамешаги буданд. Баъзан чунин мешуд, ки аз якрангии зиндаги дарахтон, гулхо, бахор, тирамох ба дилашон мезад, садои бахр гушашонро хаста мекард, аз хониши мургон гашашон меомад, вале истеъдоди муршиди муйсафед, мисли нон, хар руз лозим буд.
Даххо сол мегузашт ва хамоно руз ба рузу шаб ба шаб мемонд. Ба чуз мургону хайвоноти вахши дар наздикии дайр чонзоде наменамуд. Наздиктарин манзили одами дар дуродур вокеъ буд ва барои аз дайр то он чо ва ё аз он чо то дайр расидан такрибан сад чакрим аз биё- бон рох рафтан лозим меомад. Ба убури биёбон танхо касоне чуръат мекарданд, ки аз зиндаги безор шудаву онро тарк гуфта, ба дайр, чун ба гур, рахсипор мегардиданд.
Аз хамин ру, вакте ки дар яке аз шабхо шахсе дарвозаи дайрро куфт ва маълум шуд, ки он кас аз бошандагони шахр, як осии зиндадил ва хаётдуст будааст, тааччубу хайрати рохибон хадду канор надошт. Ин шахс пеш аз он ки аз муршид дуои хайр бигирад, шаробу таом талаб намуд. Ба суоли рохибон, ки у чи хел аз шахр ба биёбон афтидааст, бо хикояти дуру дарози шикорчиёна чавоб гардонд: ба шикор рафта, аз меъёр зиёдтар нушида, рахгум задааст. Ба ташвики рохибиро ихтиёр намуда, гуноххои худро шустан у чавобан табассуме карду гуфт: «Ман ёри шумо нестам».
Вай баъди шикамсери хурдану нушидан ба рохибон, ки хизматашро адо менамуданд, як чашм давонд, маломатомезона сар чунбонд ва гуфт:
— Шумо, рохибон, бекорхучаед. Факат хурдану нушиданро медонеду бас. Магар чонро аз гунох хамин хел мерахонанд? Як фикр кунед: тамоми муддате, ки шумо дар ин оромгох нишаста, мехуреду менушед ва дар кайди рохату халоват хастед, мукаррабини шумо чон ба даргохи Худованд месупоранду ба чаханнам рахсипор мешаванд. Як бубинед, ки дар шахр чи вокеахое рух медиханд!
Гурухе аз гуруснаги мемирад, гурухе дигар ба чи рох харч кардани зару зеварашро надониста, худро ба дарёи фасодат мезанад ва чун магасхои ба асал дармонда халок мешавад. Одамон на дин доранду на диёнат! Ки бояд онхоро начот дихад? Ки бояд онхоро ба рохи хак андозад? Оё ман, ки аз субх то шом масту аластам? Магар рухи осуда, калби пурмехр ва эътикодро Худо ба шумо барои он ато намуд, ки ин чо даруни чор девор нишинеду коре накунед?
Суханони мастонаи шахри аз доираи одоб берун ва густохона буданд, вале ба тарзи ачибе ба муршид асар карданд. Муйсафед ба рохибони худ назаре афканд, рангаш парид ва гуфт:
– Ихвон, охир, у рост мегуяд! Вокеан хам одамони бечора аз беакливу сусти дар гирдоби фасоду бедиёнати халок мешаванд, вале мо аз чой намечунбем, гуё ин ба мо дахле надошта бошад. Пас чаро ман нараваму Масехоро, ки онхо фаромушаш кардаанд, ба ёдашон наорам?
Суханони шахри муйсафедро ташвик карданд; рузи дигар вай асояшро гирифт, бо ихвон хайру маъзур намуд ва ба шахр рахсипор гашт. Ва рохибон аз мусики, аз нуткхову шеърхои у бенасиб монданд.
Онхо як моху ду мох бесаброна интизори мекашиданд, вале муйсафед барнамегашт. Нихоят пас аз се мох садои гушошнои асои у шунида шуд. Рохибон ба пешвози вай шитофтанду суолборонаш карданд, вале у ба чои он ки аз дидори эшон хурсанд шавад, талх гирист ва харфе ба забон наовард. Рохибон пай бурданд: вай бисёр пир ва логар шудааст; чехрааш хаста буду андухи бузурге ба он соя меафканд ва хангоме ки у инони гиряро сар дод, аз вачохаташ шахси тахкирдидаро мемонд.
Рохибон низ гиристанд ва хамдардона ба пурсиш даромаданд, ки чаро мегиряд, аз чи сабаб чехрааш чунин гамгин аст, вале вай харфе дар чавоб нагуфт ва ба хучраи худ рафту дарро баст. У хафт руз дар хучрааш нишаст, чизе на хурду на нушид, аргунун наменавохт, мудом мегирист. Ба даркуби ва хохиши рохибон аз хусуси он, ки барояду дарди дилашро ба онхо холи кунад, бо сукути пурдавом чавоб мегардонд. Нихоят у баромад. Тамоми рохибонро гирди худ чамъ кард, бо чехраи гирёну пурандух ва нафратбор аз хусуси он, ки дар се мохи охир чихоро аз сар гузаронд, ба накл шуруъ намуд.
Вакте ки вай рохи худро аз дайр то шахр тавсиф мекард, садояш орому чашмонаш пур накши табассум буд. Дар рох, мегуфт у, барояш мургон мехонданд, чуйборон наво мекарданд, умедхои ширину чавон ба дилаш хаячон мебахшиданд; вай рох мерафту худро аскаре мепиндошт, ки ба чанг меравад ва ба галабаи худ итминон дорад; у хаёлманд рохравон, шеър мегуфту суруд мехонд ва пай набурд, ки чи тавр рох ба охир расид.
Вале садои у ларзид, чашмонаш дурахшиданд ва хамин ки аз шахру шахриён сухан огоз кард, тамоми вучудашро хисси газаб фаро гирифт. Он чизхоеро, ки вай баробари ба шахр ворид шудан дид, дар умраш надида буд ва хатто ба тасаввурашон чуръат намекард. Танхо ин чо, бори аввал дар зиндаги, дар пиронсоли у дид ва фахмид, ки иблис чи гуна тавонову зишти чи гуна зебост, одамон чи гуна махлуки нахифу тарсуву ночизанд. Аз тасодуфи носозгор аввалин хонае, ки вай ворид шуд, хонаи фиску фахш буд. Такрибан панчох каси серпул бе хеч гуна меъёр хурок мехурданду шароб менушиданд.
Онхо масти шароб шуда, сурудхо мехонданд, бебокона чунон суханони кабеху хунук ме гуфтанд, ки шахси худотарс ба гуфтанашон чуръат намекунад; бехад озод, бардам, хушбахт буданд онхо, на аз Худо, на аз иблис, на аз марг метарсиданд, балки хар чи мехостанд, мегуфтанду мекарданд, хар чо дилашон мехосту пояшон мекашид, мерафтанд. Шароби аргувони бо чилои тиллоиаш дилу хуши ин тоифаро ба кайд гирифта ва, аз афташ, нихоят лазизу хушбуй буд, зеро хар кас баъди нушиданаш каноатмандона табассум менамуд ва боз нушидан мехост. Ба табассуми кас шароб низ бо табассум чавоб мегардонд ва вакте ки онро менушиданд, хушбахтона чило медод, гуё медонист, ки чи лаззати ахриманонае дар худ нухуфтааст.
Муйсафед хамоно бештар ба шур омада, аз газаб гириста, чизхои дидаашро наклу тавсиф мекард. Дар руи миз, дар байни айёшон, мегуфт вай, зани гумрохи нимбарахнае меистод. Махлуке аз он зеботар ва дилкаштарро тасаввур кардан ва дар табиат пайдо намудан амри мухол аст. Ин махлуки харом чавон, муйдароз, сабзина буд, чашмони сиёху лабони сергушт дошт, локайдонаву бешармона дандонхои барф барин сапсафедашро намоиш дода табассум менамуд, гуё мехост бигуяд: «Бубинед, чи бехаё ва чи зебоям ман!» Кабатхои шинами шохиву парча руи китфони у мехобиданд, вале зебои намехост зери либос пинхон бимонад ва чун сабзаи навхези бахорон аз зери хок, аз зери кабатхои либос зуран бадар меомад. Зани бехаё шароб менушид, суруд мехонд ва худро ба ихтиёри хар касе медод, ки уро мехост.
Сипас муйсафед бо дастони аз шиддати газаб ларзон аз хусуси пойгаи аспон, чанги говон, театрхо, коргоххои рассомон, ки он чо сурати занони барахнаро мекашанду аз лой месозанд, хикоят кард. У бо хаячон, нихоят бо шавк ва лахни агони сухан мекард, гуё ба торхои ноаёне нохун мезад, рохибони хайратзада хар сухани уро бо тамоми вучуд гуш мекарданд ва аз шиддати хаячон хатто нафас намекашиданд… Муйсафед тамоми начобати иблис, дилкашии бади, чаззобияти бемисоли чисми хароми занро тавсиф карду иблисро лаънат хонд, суи хучрааш рох гирифт ва аз пасаш дарро баст…
Вакте ки у субхи рузи дигар аз хучрааш бадар омад, дар дайр аз рохибон касе намонда ва хама ба шахр фирор карда буданд.
Тарчумаи Абдурахмони Абдуманнон