Бузургони Курайш дар даврони даъвати пинхони бо Паёмбар (с) ба мухолифат напардохтанд. Иллати асосии мухолифат накардани онон ин буд, ки онхо манфиатхои иктисоди ва шахсии худро дар хатар намедиданд. Аммо дар даврони даъвати ошкоро казия баръакс сурат гирифт ва онон ба таври ошкоро бо Паёмбар (с) ба мухолифат пардохтанд. Ин хам ба ин хотир буд, ки манфиатхои иктисоди ва шахсии худро дар хатар медиданд, зеро ки руз ба руз теъдоди пайравони Паёмбар (с) зиёд мешуд. Онон вакте чунин сахнаро мушохида карданд, эхсос карданд, ки кудрат ва шарафу мавкеъияти иктисодию ичтимоии гузаштаи худро аз даст додаанд. Бинобар ин, ба чунин фикр афтоданд, ки ин нуксонро чуброн намоянд. Пас аз ба вучуд омадани чунин хаводисе буд, ки ба озору азийяти Паёмбар (с) шуруъ намуданд. Онон ба Паёмбар (с) нисбатхои норавову зиштро медоданд. Аз чумла, Паёмбар (с)-ро бо лакабхои “сохир”, “чодугар”, “девона”, “кохин” ва “шоир” мехонданд ва касонеро, ки барои хач меомаданд, ононро аз руй овардан ба ин ойини чадид бархазар медоштанд. Аз суйи дигар, Паёмбар (с) аз хар фурсате, ки даст медод, барои таблигу инзори мардум ба суйи Худо истифода менамуд ва Абулахаб хар чо ки Паёмбар (с)-ро медид, мегуфт: “Ин мард аз дин баргашта ва дуруггу аст”. Аммо натича ин шуд, ки касоне, ки ба Макка барои хач омада буданд, аз даъвати Паёмбар (с) бо иттилои кофи бармегаштанд ва даъвати Паёмбар (с) дар тамоми сарзаминхои араб густариш пайдо кард.
Инчунин кобед
Принсипхои тахлили лоихаи инноватсиони
Дар асоси амали лоихави ба фаъолияти сармоягузори ва инноватсионии корхона принсипи воридшавии пули мавчуд аст. …