Чустан ва талаби руъяти хилол аз бегохи рузи бистунухуми мохи шаъбон вочиби кифоя аст. Бинобар ин, намояндагони расмии дин ва пешвоёни Ислом дар хар давру замоне барои он талош мекарданд. Сютй дар «Хуснул мухозара» овардааст: Аввалин касе, ки ба дидани хилоли мохи Рамазон дар Миср баромадааст, кози Гавс ибни Сулаймон (в. 168 х.) буд.
Хамчунин гуфта шудааст, ки Абдуллох, ибни Лахика аввалин козии мисриест, ки дар минтакаи Чиза ба дидани хилол баромадааст. Дар замони Хишом ибни Абубакр аз пул гузашта, дар богхои Ибни Абухубайш ба руъяти хилол мепардохтанд. Баъдхо дар доманаикухи Мукаттам дар назди чомеи Абуд дидбоне бо номи дидбони козиён сохта буданд, ки барои дидани хилол ба он чо мебаромаданд.
Дар Куръони карим ба тановули хурмо, бахусус дар аснои зоймон, тавсия намудааст, он чо ки ба Марям мефармояд: «Ва шохаи хурморо ба суи худ такон бидех., хурмои тозае бар ту мерезад, пас аз он бихур ва бинуш ва хуш бош!». Расули Худо (с) хам дуст медошт, ки рузаро бо чанд хурмои тоза ва ё хушк бикушояд ва ин амр хикматхои зиёде дар худ дошт, ки илми тибби муосир порае аз онро кашф намудааст. Озмоишхои лаборатори нишон медиханд, ки хар сад грамм хурмо дар таркиби худ 65 мг. калсий, 72 мг. фосфор, 1,5 мг. охан дорад ва ин таркиботи минералии ишкорй меъдаро аз туршихои зиёд ва чисмро аз захрхои пасмонда тоза мекунанд.
Арзиши хар сад грамм хурмо ба 352 килокалория баробар аст. Хамчунин собит шудааст, ки хурмо аз витамини «А» бой буда, нарм-кунандаи хуби табии ба шумор меравад, кабзи меъдаро бартараф месозад, мушакхои чисм ва асабхоро таквият мекунад, таровати баданро хифз менамояд ва барои дасгохи гувориши заъиф нофеъ аст. Он барои одамони дучори камхуни, беморихои сина, занони бордор ва кудакон бисёр муфид аст. Хурмо ва нушокихои меваги хуроки такрибан омода – хазмшуда ба шумор меоянд ва муносибтаринхо барои ифтор мебошанд.
Бадан ниёзхои худро дар зарфи чанд дакика аз онхо таъмин менамояд, дар холе ки барои хазм ва коркарди дигар анвои хурданихо замони бештаре сарф мешавад. Агар дар замони Расули Худо (с) дар мохи Рамазон барои сахарихури ва дамидани субх ду азон дода мешуд, дар давраи Аббосиён пеш аз субхчамое дар куйу барзан мегаштанд ва бо садои баланд: Хезед, хезед мегуфтанд. Аз он чо ки онхо мардумро бо ибораи «куму» ва «кумо» садо мекарданд, ба чамоаи «Куму» ва «Куо» машхур гашта буданд.
Дар чомеи Миср муаззинон пас аз азони сахарихури бо садои баланд: Кулу вашрабу (бихуред ва бинушед!) мегуфтанд ва ин байтхоро мехонданд:
Айюха-н-нуввом, куму лил фалох,
Вазкуруллоха-л-лазй ачра-р-риёх!
Инна чайша-л-лайли кад валло ва рох,
Ва тадоно аскаруссубхи ва лох!
Ишрабу ачло, факад чоа-с-сабох!
Мухаммад ибни Ахмад маъруф ба Ибни Чубайр (540-614/1145-1217) – сайёх ва сафарноманигори машхури араб дар асри дувоздах дар бораи сахарихурии ахли Макка овардаст: «Муаззин аз болои миъзанае, ки дар рукни шаркии Масчидулхаром вокеъ буд, бо садои баланд мардумро ба сахарихурй даъват мекард ва ду навчавон низ бо у хамовоз мешуданд. Вале чун садои онхо ба махаллахои дуртар намерасид, ходаи дарозеро, ки дар нуги он тахтачуби амудие бо ду кандили фурузон насб шуда буд, аз болои он мебардоштанд ва мардум бодидани онхо сахарихуриро идома медоданд.
Хамин ки субх, медамид, кандилхоро дархол поин меоварданд ва садои азони субх низ аз хартараф баланд мешуд. Мухаммад ибни Абдуллох маъруф ба Ибни Батута (703-779/1304-1377), ки такрибан як аср баъд аз Ибни Чубайр гузаштааст, дар са-фарномаи худ хамин чизро аз ахли Макка гузориш додааст. Гуфтанист, ки хайати донишмандони шахри Кембрич Ибни Батутаро дар китобхояшон амири сайёхони таърихнигор дар байни мусалмонон номидаанд.
Вакте хилоли мохи Рамазон тулуъ мекард, он шаб дар Масчидулхаром чашне барпо мегардид, дар назди амири Макка таблхо задамешуд, бурёхои масчид иваз карда мешуданд ва дар он шамъхо ва чарогон афрухта мешуданд. Шаби иди Рамазон ба монанди шаби бисту хафтуми он дар тамоми сатхи харам, манорахои он ва сатхи масчиде, ки дар болои кухи Абукубайс вокеъ буд, шамъхо ва кандилхо афрухта мешуданд. Муаззинон он шабро то субх ба такбиру тахлил ва зикру тасбех ва оммаи мардум ба тавофу намоз ва зикру дуъо барпо медоштанд.
Пас аз адои намози бомдод шитобон ба хонахо баргашта, либосхои идона мепушиданд ва барои адои намози ид дубора ба масчид меомаданд. Аввалин касе ба харам ворид мешуд, бани Шайба – хочибони хонаи Худо буданд. Дари хонаи Каъбаро мекушоданд ва бузурги кабила дар остонаи дари он ва дигарон дар пешаш менишастанд, то он ки амири Макка меомад. Дар мохи Рамазон чорабинихои фарханги ва барномахои пурбори маънавие аз суи шаръ пешбини шудаанд, ки ба фард шахсият ва чомеа хувият мебахшанд. Бинобар ин, мардуми мусалмон дар тули таърихи наздик ба якуним хазорсолаи фарханги исломйи мохи Рамазонро ба шукухи хосе истикбол намудаанд.
Тамоми чорабинихои дигарродар он канор гузошта, дар ду сатхи мардуми ва давлати ба барпоии барномахои ибодати ва тадорукоти хоси ин мох пардохтаанд. Махфилхои илм, халкахои дарс ва низомияхо дар умум ва ё ба таври нисби таътил эълон шуда ва мардум ба тиловати Куръон, ибодат, кумаку дастгирии кишрхои гуногуни чомеа ва дигар барномахои худсози ва тазкияи нафс машгул мешуданд.
Ривоят шуда, ки Ибни Аббос (р) дар мохи Рамазон дарси тафсир
ва хадисро канор мегузошт ва ба тиловати Куръон машгул мешуд. Имом Молик (рх,) низ дар он халкаи дарси хадисро таътил мекард ва ба тиловати Куръон ва тадаббур дар оятхои он мепардохт. Имом Шофеъи бошад, дар мохи Рамазон Куръонро шаст бор хатм мекард.
Имруз низ дар кишвари Малайзия дар мохи Рамазон соатхои кор дар муассисахои давлати кам карда мешаванд ва дар шахри Куала-лампур (Куала-Лумпур) – пойтахти кишвар дар сатххои иклими ва давлати аз суи хукумат мусобикахои хифз ва тиловати Куръон баргузор мегарданд. Дар кишвархои Бангладеш, Чибути, Буркинафасо, Банин ва баъзе кишвархои дигари исломи ба муносибати мохи Рамазон мактабхо таътил мешаванд ва дар баъзе кишвархои дигар аз соатхои дарси кохиш дода мешавад. Аввалин бор аз садои туп (силохи оташбор, пушка) барои огох
намудани мардум ба фарорасии вакти ифтор соли 859 хичрй дар шахри Кохира истифода шудааст.
Гуфтаанд, ки ба султони мамлукхо Хушкадам тупе тухфа шуд ва аввалин озмоиши он ба бегохи рузи аввали Рамазон вакти ифтор рост омад. Мардум аз ин ходиса хушнуд гардида, маротиби сипоси хешро ба султон расониданд. Султон низ аз истикболи онхо ба вачд омад ва садои тупи сахарихури ва тупи имсок ва ё дамидани субхро низ бар он афзуд.