МАРОСИМИ ХАЧЧ. Хаччи хонаи Худо Каъба, ки дар шахри Макка аст яке аз аркони ислом буда, ба марди болигу окил ва озоду муслим ба шарте, ки сихату кудрату имконоти молии сафарро дошта бошад ва то рафта баргаштан касоне, ки дар нафакаи уянд аз волидайну зану фарзанд нафака ва амният дошта бошанд, тавсия шудааст. Дар сурати вучуди чунин шароит хаччи хонаи Худо барои муъмин хадди акал як бор дар умр фарз аст.
Дар ислом Каъба ва санги сиёх (хачарул-асвад) ш а ъ о и р и Худо мебошанд. Дар Куръон омада аст: “Хар ки таъзим ба аломатхо (шаъойир)-и Аллох кунад, пас ин таъзим аз такво ва пархезгари аст” (К.22:32). Маънии “шаъойир”–чамъи “шаъира” аломат ё маросим аст. Пас хар чизе, ки аз дидани он Худо ёд ояд аз шаъойири Аллох аст. Уламо ба чахор шаъоири асосии Худо: Куръон, Каъба, наби ва намоз (салот) ишора кардаанд.
Хачч дар мохи Зулхачча баргузор мешавад ва дорои як катор маносик, аз чумла: тавоф (гаштан дар атроф)-и хонаи Каъба ва зиёрат ва ламси санги сиёх, рафтан ба водии Мино ва Муздалаф ва Арафот ва баромадан ба кухи Арафот, санг партофтан дар водии Мино ба шайтон, ки мувофики ривоёт, хангоми ба касди курбони бурдани Исмоил тавассути падараш Иброхим, Исмоилро васваса кардан мехост. Инчунин хафт бор давидан байни Сафо ва Марува. Ва нихоят рузи дахуми Зул-хичча, баъд аз санг партофтан ба Иблис, хочиён курбони мекунанд ва ин руз рузи иди Курбон аст.
Маросими хачч, чунон ки гуфтем, кабл аз ислом дар дини кадимаи бисёрхудои-бутпарастии арабхо низ чой дошт ва хонаи Каъба хануз дар давраи чохилия байни арабхо чун хонаи худоён -бейтил маъруф буд ва аъроб хар сол онро зиёрат мекарданд. Аммо дар Куръон хонаи Худо- Каъбаро дар сураи “Оли Имрон” хамчун аввалин хонае, ки барои макони ибодати мардум бино шуда ва рохнамое барои оламиён, хамчун макоми Иброхим ва макони амн барои касоне, ки ба он дохил мешаванд муъаррифи ва хаччи онро барои онхое, ки кудрату тавонои доранд фарз эълом кард.\К. 3:96-97\ Дар хамин сура Иброхми халилуллох аввалин пайрави дини ханиф яктопарасти ва бунёдгузори хонаи Каъба шиносои шудааст. Дар хамин замина ривоёти исломи пайдоиши хонаи Каъба, чашмаи Зам-зам ва як катор маносики дигари хаччро (масалан, давидан байни Марва ва Сафо, санг андохтан ба Иблис\ шайтон\ , курбони ва г-ро) бо хаводиси зиндагии Иброхим, каниззани у Хочар ва фарзандаш Исмоил вобаста кардаанд. Маросими нави хачч баъд аз фатхи Макка- дар солхои хаштум то дахуми хичрат бо охирин хаччи Паёмбар (с)- “хаччи видоъ” баркарор ва расмият ёфт.
Хачч хамчун як маросими хамраъйи ва хамдилии мусалмонон, воситаи баркарории алока, вахдати миллатхои гуногун ва баробарии хамаи табакот ва инсонхо, сарфи назар аз ранги пусту нажод, макому мартаба, дорои ва гайра накши хело созандае дошта ва дорад.
Инхоянд маросимхои асосии мазхабии ислом, ки дар Куръону сунна ва кутуби маъруфи шаръи омадаанд ва дар бораи баргузории онхо беш аз хама таваччух шудааст. Аммо дар байни мусалмонон маросимхое низ хастанд, ки дар шариъати ислом дар бораи чузъиёти он, фарзияти баргузории онхо, хадди акал дар шакли имрузаашон, чизе гуфта нашудааст. Яке аз чунин маросимхо масалан х а т н а, онро суннати муаккида мешуморад, вале дар бораи маросими он (аз кабили чашну туйхое дар мартабаи гуногун ва расму русуми ин кабил маъракахо) дар сарчашмахои ислом, алалхусус Куръон чизе гуфта нашудааст. Ин маросими исломи- аниктараш ин анъанаи кадимаи халкхои соми дар байни мусалмонони мо бо анъанахои махаллии кабл аз исломи ва ё расму русумхои нав омехта шуда, аз чихати маросими аз ислом нихоят дур гардида, дар баробари ин кариб ки нишонаи асосии мусалмони ва мусалмон будан ба шумор меравад.