Мархилаи навин дар таърихи рушду такомул ва тахаввули маънавию мазхабии инсоният, хамзамон бо огози таърих ва пайдоиши тамаддун аст. Он давраи гузариш ба зиндаги шахрнишини, ташакули сохторхои ичтимоию сиёси чамъияти, пайдоишу рушди илму фарханг буд. Одамон аз чумлаи халкхои пешрафтаю мутамаддини бостон пас аз гузашти мунтазам дар аз зинаи зиндагии кабилавию авлоди ва бадавию горнишини ба сохти созмонёфтаи давлатию салтанати ва ташкили хукуматхо ва давлатхо расидаанд. Хамзамон бо ин тахаввулу гардиш дар тасаввуротхои динию мазхаби ва ойинхои онхо низ тагироту тахаввулоти кобили таваччухе ба вучуд омад. Ин хама ба гузариш аз тачассуми табиат (динхои табии) ба тачассуми хаёти ичтимои, парастиши худоёни шахсиятёфта дар- динхои бисёрхудои (полетеисти) ва пайдоиши динхои миллию давлати, хамчун шакли нави таърихии дин, сабаб гардид.
Аввалин тамаддунхои бостони, ки ин пешравиро аз сар гузаронидаанд тамаддуни мисри, бобили, юнони, эрони, хиндуию чини мебошанд.
Аз ошнои бо тасаввуроти дини ва мазхабии ин тамаддунхо камаш се хадафро дар мадди назар дорем:
- Яке муайян намудани чигунагии ангезахо, равандхо, суннатхо ва конуниятхои тахаввули гоявии динхо аз динхои табии (натурали) то динхои худомаркази (рухони) ва аз динхои кабилави- авлоди то динхои миллию давлати ва аз динхои бисёрхудои (политеисти) то динхои тавхиди (монотеисти)
- Сониян, пайдо кардани умумияти асли хадафу гояти фархангию маънавии инсоният бо вучуди гуногунии зохирии парастишхо
- Сеюм, нишон додани накши динхо дар пайдоиш ва пешрафти тамаддуни башари.