Главная / Илм / ДИНИ ЧАЙНИЯ (ЧАЙНИЗМ)

ДИНИ ЧАЙНИЯ (ЧАЙНИЗМ)

Чайния (Jainism) аз чониби намояндагони равшанфикри табакаи ашрофу аъён, хамчун чунбиши мухолиф ба таълимоти барахмания ва сохтори каставии асри У1 т. м дар Хиндустон ба миён омад. Асосгузори чайнизм шохзода Махавира Натапутта Вардуамана буд, ки солхои 599-527 т.м. зиндаги кардааст.

jainizm

Махавира дар сию як солагиаш дарборро тарк намуда, ба дарвешони зохид мепайвандад. Пас аз 12 соли азобу шиканчахо ва зухду такво дар рохи дастёби ба начот ва камоли нафс, дар синни 43 солаги ба дарачаи камол, ба мартабаи нирвона- «макша» мерасад. Пас аз ин у лакаби Чина (Фируз ва Фотех)-ро мегирад ва шуруъ ба таблиги акоиди мазхабии хеш менамояд. Махавира Чина дар 72 солаги ин чахонро падруд мегуяд ва тибки эътикоду боварии пайравонаш у дар нирвона фориг аз ранчи ва начот ёфтааст.

Аслан таълимот ва фалсафа ва ахлоки чайния руи пояи чустучуи рохи начот аз ранчи «карма» ва расидан ба сарманзили саодат ва висол, яъне «макшо» асос ёфтааст. Начоти рух «макшо» бидуни тахаммули азобу машаккат ва риёзиатхои сахт имконнопазир аст; сониян, поксозии нафс факат дар пайрави аз коидаи ахимсо (яъне наозурдани хеч чондоре) муяссар мегардад.

Барои ноил шудан ба начоти нафс се асли зеринро солик бояд пеша кунад: 1- бартараф кардани чахлу нодони ва маърифат ба нафс, 2- тахсили имон пас аз тааммул ва дидори Хак, 3-хештандори. Ин се аслро «триратата -се гавхар» гуянд. Гузашта аз ин хар пайрави мазхаби чайн дах ахди зеринро бояд риоя кунад: Ин панч тааххуд ё фароиз барои касони хоса аз мазхаби чайния мебошад, ки на хар кас кодирааст, хамаи онро риоя кунанд, аз ин ру, барои оммаи мардум табакоти авом дувоздах паймони сабуктар вазъ кардаанд:

хеч вакт дониставу касдан чондореро бечон накунад

хеч вакт дуруг нагуянд;

хеч вакт дузди ва моли дигаронро сохиби накунанд;

аз шахватпарасти бипархезанд, зану шавхар бояд бо хам вафодор ва аз кирдор ва гуфтори пиндори нопок дури чуянд;

аз хирсу афзунталаби дар молу чох бипархезанд, бо кам каноат кунанд; аз хар амале, ки сабаби фитна ва гунох шавад, бархазар бошанд;

хамеша хушёр бошанд, ки ба доми хатову аъмоли шарр наафтанд, хар руз дар вакти муайяне ба мурокиба ва тафаккур дар ботини худ машгул шаванд.

  • ба ниёзмандон, махсусан ба зохидон ва тарки дунёкардагон садакаву бахшишхо аз руи сидк кунанд,
  • баъзе рузхо дар зиндагони тарки дунё кунанд ва мисли рохибон ва дарвешон руз гузаронанд.

Хамчунин барои муъминони ин мазхаб мувофики талаботи дувоздахгонаи номбурда киморбози, гушт хурдан, шароб нушидан, зино ва шикор, дузди ва дигар навъхои фиску фучур мамнуъ ва харом аст. Пайравони ин мазхаб, хеч вакт заминро шудгору побел намекунанд, аз шугли кассоби, шикорчи, пазандаги ва касбу хирфахое, ки бо куштани чондорхо вобаста бошад, машгул намешаванд.

Дар дини чайния на эътикод ба худо аст ва на пайгамбар, на бихишт ва на дузах. Тибки ин фалсафа сарнавишти хар шахс натичаи амали уст, аз ин ру, хеч гуна бахту икбол ва кисмате вучуд надорад. Бадтарин гунох дар дини чайния куштан ва озор расонидан (химса) аст ва бехтарин фазилат беозори (ахимса) мебошад. Пайравони чайния ба асли «наозурдан» ё «беозори» хело диккат медиханд.

Тибки таълимоти ин дин чахон аз шаш чузъ иборат аст:

1 – Чива, яъне мачмуи зарроти чондор, ки дар коинот парокандаанд. Ин заррот офарида нашудаанд, халок намегарданд. Онхо дорои хаёти сармади ва энергияи абади, зотан чондор ва шабехи хамдигаранд.

2- Ачива- холиги, нести аст, ки ба он заррот нуфуз намуда, дар дохили онхо нохамоханги эчод мекунад. 3– Дхарм, ба харакату чунбиш овардани мавчудот;

  • Адхарма, омили сукут ва осоиш;
  • Калла, замоне, ки пайдоишу тартиботро имконпазир месозад;
  • Пудгала, модда, ки мураккаб аз заррот буда дорои рангу бую мазза аст. Олам ва зиндаги натичаи ба хам омехтани чиво ва ачива мебошад.

Чайния, мисли буддоия, зиндагиро азоби доими медонад, ки бо марг хотима намеёбад, балки инсоният ва хар махлуки дигар ба мудовим таваллуд шудану мурдан махкум аст. Инсон метавонад танхо ба воситаи мучохидат ва тахзибу тарбияи нафс аз мартабаи паст ба мартабаи олии илохи бирасад ва мисли худоён ба зиндагии беранч мушарраф гардад.

Таълимоти чайнияи дар китобе бо номи Агамас, ки ба забони санскрит аст, гирдовари шудааст.

Дар дину фалсафаи чайния ба бисту чахор инсонхои начотдихандаи башар, ки ба забони худ Тиртханкарас меноманд, бовари доранд. Накши чайнизм дар рушду фарханг, аз чумла, меъмории Хиндустон хеле бузург аст. Маъбадхои зиёде ба шарафи Маховира ва он дувоздах мунчиён, начотдихандагони инсоният (Тиртханкарас) сохта шудаанд. Баъзе пайравони фиркахои чайния дар пайрави аз суннати Маховира саропо урёну барахна зиндаги мекунад ва барои инсон либосе ба чуз хаво кабул надоранд. Пайравони мазхаби чайн асосан дар нохияи Бихараи Хиндустон чойгиранд, ки онхо зиёда аз 2 миллион ё 0,5% ахолии Хиндустонро ташкил мекунад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222