Главная / Илм / ДИНИ ХИНДУИЯ

ДИНИ ХИНДУИЯ

Парастишхо ва эътикодхои асри ведой. Аз навъи боварии давраи тоориёй хиндувон мутаассифона хеч гуна осоре бокй намондааст. Асли дину оини[1] онхо дакик маълум нест. Асосан он чизе, ки аз оини бостонии Хиндустон маълум аст, ба тамаддуни баъдй тамаддуни хинду ориёй мансуб аст.

ramayana

Такрибан аз нимаи дуюми хазораи дуюм кабл аз милод мардуме аз кучихои Осиёи Марказй, ки худро ориёй (ё ориёнй) меномиданд ба кисматхои шимолии сохили руди Хинд ворид гардида, тамаддуни наверо асос гузоштанд. Дар хамин давра асоси аввалин навиштачоти хаттии хиндувони ориёи хаммосахо ва чангномахо, ки баъдан дар ду китоб Рамаянй ва Махабхаратй чамъовари шудаанд, ба вучуд меоянд. Баъдтар матнхо ва сурудхои мазхаби Ведхо ба миён омаданд, ки дар чахор китоб: РигВеда, СамаВеда, ЯчурВеда, АтхарВеда гирдоварй шудаанд: Ведхо аз навиштахои мукаддаси хиндувон, вахйи мунзал (ё илхоми худованд) Сурутй– «шунидашуда» ба хисоб мераванд.

Ригведа аз хама мухимтарин китоби Ведхо мачмуъае аз ашъори мазхаби мебошад ва дар 10 чилд худуди асри 8-уми т.м. гирдоварй шудааст. Ахамияти таърихию фархангй ва илмии ин китоб дар он аст, ки мо аз он хадди акал хамчун сарчашмаи забонхои халкхои ориёй, осори таърихиву адабии хиндй ва нихоят сарчашмаи диниву мазхабии ориёии кадим маълумоти фаровоне ба даст меорем. Масалан, аз номхои худоёни кадимаи халкхои хиндуаврупой, ки дар Ведхо омадаанд исми Худо-Падари осмон (Девус-Питар), бо Зевус (+ Питер)и юнонй ва Жу- Питери (Юпитери) руми аз як решаанд ва хамчунин Притива- Матар – худои замин бо ГаяМатар юнонй ва худои Митра, ки эрониён низ Митра ё «Мехр» аз як реша мебошанд ва дар назди хама кавмхои ориёни маъруф будаанд. Митра дар огоз худои Офтоб ба шумор мерафтааст.

[1]   Дар забони хинди калимаи «дин» нест, индуизмро низ аврупоиён фикр кардаанд, худи хиндуён дини худро «дхарма»-конун, карз, поя…» меноманд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222