Главная / Илм / ДИНИ ЮНОНИЁНИ БОСТОН

ДИНИ ЮНОНИЁНИ БОСТОН

Кишваре, ки шаркиён онро Юнон ва гарбиён ба пайравии румиён Грек (Стгееее) ё Греция меноманд, дар гузашта худро Хеленес ва сарзамини худро Хеллас (Эллада) меномидаанд. Дар Юнон ду кабати тамаддун: тоориёи ва ориёи кашф шудааст. То дохилшавии халкхои ориёи ва ташаккулёфтани тамаддуни ориёи вучуди осори тамаддуни кухани махаллии “минову микеи”ро дар чазираи Крит бостоншиносон кашф кардаанд. Воридшавии мардуми ориёи хеленхо аз шимолу шарки нимчазираи Балкан дар хазораи дуввуми т.м. будааст. Хеленхо бо ачдоди ориёинии эрониён ва хинду аврупои хама аз як решаву буна баромада ва аз чумла номи чахор кабилаи ниёгони ориёнии юнониён дар ашъори Хомер зикр шудааст. Яке аз он чахор кабила Ашёнхо (АсИаеапз), дуввумин Ионианхо (1ошапз), саввумин Дуриёхо( ОопапА ва чахорумин Аеолиёнхо(АеоНапз) будаанд. Аз ин кабоил яке ионианхо аз нимчазираи Балкан гузашта, дар сохилхои гарбии Осиёи Хурд маскан гирифтанд ва шаркиён бо номи хамин кабила (Аюниён) ин сарзаминро баъдан Юнон ном кардаанд.[1]

image014Сарчашмахо барои омухтани акоиди динию мазхаби ва маросимхои Юнони бостон (асри классики) хеле фаровонанд. Бозёфтхо ва ёдгорихои археологи, бокимондахои маъбадхо, курбонгоххо, тасвир ва мучассамаи худоён аз чумлаи он сарчашмахо мебошанд. Дар баробари ин номгуи зиёде аз ёдгорихои хатти, тадкикотхои таърихи фалсафи ва асархои асотириву бадеии он давра то ба мо омада расидааст. Намунаи он «Илиада» ва «Одиссея»-и Хомер (наз. ба а. 1Х-У111 т.м), «Метоморфоза»-и шоири Руми Овидия, осори лирикии Алкман, Стесихор, Ивик, Пиндар; фочианомахои Эсхил, Сафокол, Еврипид; хамчунин осори муаррихон ва файласуфон Херодот, Фукидид, Плутарх, Ксенофонт, Афлотун, Арасту ва хатиби машхур руми Тситсерон (Цицерон) шуда метавонад.

Хамин тавр, акоиди динии юнониёни бостон бисёрхудоии навъи ориёни мебошад. Чунон ки дар боло зикр шуд, таърих дар мавриди хучумхо ва сукунат ихтиёр кардани кабилахои ориёни дар сарзамини Юнон ва таъсири онхо ба тамаддун ва дину парастишхои Юнониён шавохиди зиёде дорад.

Дини юнониён бисёрхудоии ташаккулёфта дар сатху шакли «анчумани худоён» будааст. Тасаввуроти динии классикии юнониён бо тасаввуроти дигар халкхои ориёи алалхусус бо хинду эрониён каробат дорад. Хамчунон ки дар динхои хинду эрони парастиши Девпитер (ё Девпедер)-падари осмон ба Деметер -худои модарзамин машхур будааст, юнониён низ Зевус (хамон Деваси хинду ориёни) ва Деметерро парастиш мекарданд.Дар байни юнониёни ахди классики инчунин одати дигари умумиориёни нушидани нушобаи сархушкунанда пеш ва баъд аз маросими курбони ба ифтихори худоён вучуд дошта. Яке аз нишонахои дигари алокамандии эътикоди юнониёни ахди классик бо парастишхои орёи вучуди парастиши гов ё барзагов мебошад. Дар ин бора тасвирхои зиёди барзаговхо ва сахнахои чанги барзагов шаходат медихад.

Юнониён, асосан, бар акси ориёихои хинду эронии кадим, мурдахои худро дар хок ё бо тобут ё бетобут, мегурониданд ва ба вучуди рухи инсон пас аз марг дар зери замин дар каламрави Аида ва доварии аъмоли одамон дар он чо бовари доштанд. Барои юнониёни ахди классик мудхиштарин гунох ё ору номус гур накарда, ё бо обру гур накарда мондани мурда будааст. Ин яке аз нишонахои эхтиром ва парастиши ачдодон ба шумор мерафт.

Инчунин дар байни юнониён парастиши кахрамонон ба дарачаи худоён куддусият пайдо кардани онхо, парастишхои махалли дар симои кахрамон, худоёни авлоди, кабилави ва дар нихоят хомиёни шахрдавлат (полис)-хо ривоч доштанд.

Дар давраи ташаккул ёфтани худоёни хомии шахрдавлатхо дини юнониён хусусияти динхои миллию давлатиро касб мекунанд.

Баъд аз мархалаи парастишхои полиси давраи ташаккули дини умумиюнони хамчун идеологияи вахдати сиёсии юнониён огоз мешавад. Сохтори ашрофии анчуман (пантеон)-и худоёни осмон бо сарварии худои худоён Зевс намунаи идеалии сохтори сиёсии марказиятёфта, нусхаи баргардони сохтори чомеаи аристократияи гуломдори ва идеологияи давлати ягонаи мутамаркази буд.

[1]  Муфас. ниг.: Али Асгари Хикмат. Таърихи адён.С. 78-80.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222