Мамлакати Миср дар кисмати шимолу шаркии Африко, дар канори Бахри Миёназамин ва Бахри Сурх, дар ду тарафи рудхонаи бузурги Нил чойгир аст. Дар кадим ин кишварро худи мардуми он Кемит (кетП), яъне «замини сиёх» меномиданд, ин ном бо сабаби он буд, ки хар сол бар асари обхези дар саросари канори рудхонаи Нил лойкаи сиёхранге дар заминхои кишт боки мемонд.
Кишвари Миср яке аз кадимтарин гахвораи тамаддуни чахонист. Пайдоиш ва пешрафти тамаддун дар ин сарзамин бо рушди фарханг: дин, илму санъат, хату адабиёт, шахрсози, меъмори ва ташкилоти сиёси вобаста буд. Зарурати кишту зироат- дехкони, муайян кардани мавсими обхези ва меъмори ва таквим барои ичрои маросимхои мазхаби ба пайдоиши илмхои хайату ситорашиноси, риёзиёту хандаса, физик ва г-ра мусоидат ва кумак карданд. Хануз дар хазораи сеюми т.м. дар Миср хам хатти пиктографи ва хам хероглифии Мисри ба вучуд омада буд. Дар асри 8 т.м. боз як хатти дигар бо номи хатти демотик ба вучуд меояд.
Такрибан худуди 4000 то 3000 сол пеш аз мелод дар сохили руди Нил аввал дехахо ва рустохо ба як марказ, ки «нум» номида мешуданд, муттахид шуданд. Дар натича ду марказ, ду салтанат, дар болооби руди Нил ва дар поёноб Нил ташаккул меёбанд. Дар худуди соли 2900 т.м. подшох Менес ин хардуро тахти салтанати худ медарорад ва аввалин сохтори давлатии марказиятёфтаи Миср ва сулолаи фиръавниёнро поягузори мекунад. Пас аз ин 31 сулолаи фиръавни дар ин сарзамин хокимият кардаанд. Даврахои хукумати фиръавнхои Миср иборатанд: салтанати кадим (асхоиХХХ- XXII т.м.);
салтанати миёна (асрхои ХХП-ХХIт.м.); салтанати нав (асрхои ХУI-VIII т.м.) ;
салтанати навтарин (асрхои VIII- III т.м.)
Эътикодоти мисриён, аз навъи эътикодоти бисёрхудои (политеисти) будааст. Дар ибтидо мисриён худохоеро, ки аз давраи тотемпарасти ба мерос монда буд, мепарастиданд. Хар як нум(н.)ро худои хосе, аз навъи чанварон нигохбони мекардааст. Масалан дар н.-хои Абидус ва Тиниис шаголро, дар н. Фаюм тимсох, дар н.Тебес худои Омун ба сурати кучкор мепарастиданд. Шахри Мемфисро ду худои мухофиз будааст, яке Сехмет ба сурати модашер ва дигаре Арис ба сурати гови нар (барзагов). Дар шахри Дандера мардум худои Хотурро, ки шакли модаговро доштааст, мепарастиданд. Дар шахри Эдфу шахбоз ба номи Бехудет ё хурус мавриди ибодати мардум буда. Ба хамин киёс дар нукоту нохияхои дигар чонварони дигар аз кабили маймун, аспи оби, лаклак, муш, мори афъи, гурба, курбокка ва чонварону хайвоноти дигар мавриди парастиш ва эътикод будаанд.
Масалан, дар тасаввуроти онхо худои Кнумму- холики тамоми мавчудот шакле мураккаб аз бадани инсон ва сари кучкор дошт ва бо дастхои инсони чархи офаринишро ба харакат меоварад; Анубис хофизи кабрхо ва мурдагонро дар шакли пайкари инсон ва саре аз шагол тасвир ва тасаввур мекарданд.
Умуман, мувофики яке аз устурахои мисри огози хасти ва пайдоиши худоён ба нахви зерин аст.
…. Хама чоро оби тиррае фаро гирифта буд, аз байни он хатто нури хирае хам гузашта наметавонист, чизе хам набуд, ки ба он нур афканад.
Фармонравои ин харачу марачи беохир Нун- падари хамаи худоён буд. Нихоят ба дили у ин холати чизе надидан , чизе нашунидан ва хомуши зад ва у дар умки обхо санги мукаддаси Бенбенро офарид. Он охиста– охиста аз об баланд шуд, куллаи он чахор данда буд, дар он шаби тор дар куллаи он гули нилуфар руйид. Вакте ки он шукуфт, аз он хуршеди тобон-Ра таваллуд шуд ва ба руи замин ба санги тобандаи Бенбен нур афканд. Ра заминро наззора кард ва аз сари у одамон ва хама махлуки зинда ба вучуд омаданд. Вай дахони худро кушод ва аз лабони у худоён зухур карданд.
Чунин аст устураи мисри дар бораи пайдоиши олам ва ин санги муъчизаосо Бенбен дар шакли сутуне дар болои он нилуфар, ки баъдан унсури мухимми меъморихои мисри гардид.
Дар чараёни тахаввули ичтимоию сиёси, дар натичаи бо хам наздикшавии нохияхо аз тарики чангхо ва гайра, худоёни бузургтаре аз таркибёбии якчанд худоён ба вучуд меоянд. Масалан, худоёни машхур Атон Ра ё Патрах-Сукар ва ё Осирис аз таркиби ду худо ё се худо ба вучуд омадааст.