Главная / Гуногун / Давраи бачагиву чавонии Абуали ибни Сино

Давраи бачагиву чавонии Абуали ибни Сино

РУЧУИ ЯКУМ

Сесаду хафтод соли расо пештар аз таваллуди Хусайн дине зухур намуд, ки хеле зуд ба яке аз динхои муктадиртарин ва мушаддадтарини олам мубаддал гардид.

Дар нимчазираи Арабистон, дар сари рохи калони корвонгарди миёни Сурияву Яман, дар лаби чашмаи Замзам, шахри тичоратии Макка вокеъ гардида буд. Масохати он, ба кавли як сайёхи кадим, «аз масофати парвози дукаратаи тир дар мураббаъ беш набуд». Маккаро дар дараи борикное бино карда буданд. Аз чапу рости он куххои азиме шамат меронданд. Ягон точир, агар аз Яман ба тарафи Сурия рах гирифта бошад, ин дара ва, ба ин маънй, Маккаро нагузашта наметавонист. Дар Макка галлакорону богдорон умуман набуданд; хатто шумораи хунармандон хеле кам буда, факат ахли тичорат зиндаги мекарданд. Тирони сарватманд корвонхоро омодаи сафар менамуданд, ахолии камбагал ба сифати сорбонони ин корвонхо хидмат карда, ба максади давлатёби худшон низ ахён-ахён ба савдогари машгул мегардиданд.

Шахр аз ибодатхонаи худ даромади калоне мебардошт. Намояндагони кавму кабилахои зиёде барои таъбид ибодатхона омада, онро «Харамуллох» меномиданд. Худи шахрро, ки маъбадгох дар худуди он вокеъ аст, Мадинаи мунаввара ва, бо вучуди нохамвориву нооромии хаёти атроф, мамнуъгохи чангу чидолхо мешумурданд. Ибодаткада дар пахлуи бозор истода, сурати мухраро пеши назар меовард. Аз ин ру, «Каъба», яъне мухраи нардбози номида мешуд. Гирдогирди маъбадкада бутхо – Худоёни сангини дагалтарош истег меистоданд. Бути калонтарин андаруни ибодатхона дар болои чохе меистод. Одатан, одамон курбонихои пешовардаи худро ба ин чох меандохтанд. Санги сиёхи начандон калонеро ба андозаи якуним кафи даст бар девори ибодатхона насб карда буданд. Хачаруласвад, гуё, замоне аз осмон афтода будааст ва кавму кабилахо хам бар он аз даврахои гузашта сучуд меовардаанд.

araАна дар хамин Макка Мухаммади Паёмбар таваллуд ёфт.

Вале дар аввал у на Паямбар, балки ятими бечора, бародарзодаи факири точири миёнахол Абутолиб буд. Сипас у хамсари беваи сарватманд – Хадича гардид. Онхо бист соли расо якчоя зиста, сохиби чанд фарзанд шуданд. Алалхусус, духтари Мухаммад – Фотима шухрати калоне пайдо намуд. Макбараи хамсари Мухаммад – Хадича дар кабристони шимоли Макка то замони хозира бако дида, зиёратгохи мукаддаси мусулмонон хисобида мешавад.

Дар Макка конуну коидаи муайяне чори набуд. Агар касе ба шахриён хабари мухимме расондан хохад, ба пуштаи назди майдони шахр баромада, бо овози баланд фарёд мебаровард. Дар асари овоз одамон чамъ омада, бодиккат онро гуш медоданд. Хар инсонро на конуну на шахр, балки хешу табору авлодаш мухофизат менамуданд. Агар касеро азоб диханд, ба химояти у хешовандонаш бармехостанд. Барои хун хунбахо гирифтаву барои тахкир тахкир менамуданд. Дар он даврахо шахрхои нимчазираи Арабистон аз дехоташ факат аз руйи масохат тафрика доштанд. Аммо тарху холати рузгори онхо якхела буд.

Кабилаи Мухаммад танхо ба камбагалию факирй ном бароварда буд. Дар овони чавонй ягон китобе хам нахонда буд. Аз тарзи хаёти кишвару кабилахои дигар факат тавассути наклу хикоёти мусофирон вокиф мешуд. Хатто ба гушаи гумонаш намеомад, ки то у хам файласуфони сохибхирад, чумхуриву императорихо будаанду гузаштаанд. Дар шахри худу атрофи худ факат анбухи мардумони нимгурусна, камбагалони чандапушу дороёни нодиралибосро медид, ки сари хар кадам хафадор баставу худкушй карда, хар сонияи умрашонро сарфи судури гунохе менамуданд.

«Дар кайди чунин чахолату зулмат, беконуниву бесомонй ва карохату кабохат чй гуна мезиста бошанд?» – андеша мекард Мухаммад, гами хамкабилагонашро хурда.

Ба Макка точирони яхудиву насронй тез-тез омада меистоданд. Мухаммад аввалин маротиба номи Худоро аз онхо бишнид. Худо дар тамоми чабха кодир будааст. Хамаи афроде, ки дар руйи замин машгули бадиву бадкирдорй хастанд, албатта, ба газаби Худо гирифтор мешудаанд, Худованд ахли имонро барои фарогат озими бихишти човидонй месохтааст.

«Ана, сабаби бадбахтии хамтоифагони ман дар чй будааст – инхо Худованди яккаву ягонаро намешиносанд! Хатман онхоро муътакид гардонидан, барояшон аз хусуси кудрати Илохй хадис овардан лозим аст, то аз роху равиши чории худ баргарданд, аз ри конуну коида ва низоми бехтаре зиндаги баранд. Вагарна хама гирифтори азобу машаккати чаханнам хоханд гашт. Аммо ба кадом усул? Чи гуна барояшон хикоя бояд кард? Ки маро бовар мекунад? – азоби рухй мекашид Мухаммад. – Барои Худоро шинохтани хамкабилагони ман чи рохе ихтиёр бояд намуд?».

Мухаммад борхо нолишкунон аз хобаш бедор мешуд. Хатто тафси офтоби биёбон хам андешахои гамолуди уро парешон карда наметавонист. Ба гуфтору акидаи як одами оди ки бовар мекунад?!

Вале фарчоми хама гуна шубхаву дудилагихо фаро расид.

Он шаб у бахусус аз боби бадбахтихои халки худ, ки Худованди яккаву ягона ва муктадирро намешинохт, дурудароз андеша намуд. Сипас аз хона бадар омад. Хаври гализе аз замин бар осмон мебаромад. Мохи мудаввари чахордах аз торами само назаррабои менамуд. Ва ногахон аз он чо, аз аъмоки фазо, сояе ба назари Мухаммад аён гардид. Ана, соя наздик омада истодааст, мана, мана, тамоман наздик омад, ду мили дигар монд!

«Ха, ин «рух»! Ба назди ман «рух» фаромад!» – ба ларза даромад Мухаммад. Бар илова, андешид, ки оми нест, зеро «рух»-и фиристодаи худи Илохи назараш кардааст.

«Ман Паёмбар мешавам! – икрор намуд Мухаммад. – Инро ба ман Илохи фармуд. То ин дам Исову Мусо Паямбар буданд, акнун ман мешавам».

Хоби дидаи худро ба хамсараш Хадича хикоя намуд, занак уро бовар кард. Асли вокеаро ба писари додари Хадича хам изхор дошт. Писари амаки Мухаммад – Али хам хоби дидаи уро кабул намуд.

Инак, Мухаммад карор дод, ки ба хамаи сокинони Макка ручуъ кунад.

Субхи содик у болои пуштаи Сафо, ки дар доманаи шаркии майдони бозор, рубари Каъба вокеъ гардида буд, баромада, ба даъвати мардум ооз намуд.

  • Алассабох! – овоз дардод Мухаммад.

Одатан бо ин овоз ахолии шахрро аз омадани хатаре хабар медоданд.

Ох,иста-ох,иста издихоми начандон калони одамон чамъ омад.

Хамон лахза Мухаммад ба даъвати онхо пайи дунболаи хаёти одилонаву порсоёна пардохт.

  • Дар бахои куфру гунохатон баъди мурдан азобу ранчу шиканча хохед кашид! – мегуфт у.

Издихоми мардум аз ин гуфтахо чунон ба хандаву тамасхур меомад, ки…! Ба чунон алфози кабехе хидоятгари ояндаи худро дашномхо медод, ки…! Мардум ба шуру газаб меомаданд, ки Мухаммад онхоро барои гапхои бехудае аз кору борашон дур андохт!

Хамчунин, аз он ба кахру газаб меафтоданд, ки як чавони бесаводе, ки дирузакак дар кучаву пасчахо бо либоси чигда-чигда овора мегашт, беизору фискашол аз турми дари онхо давида мегузашт, бо пиразане хамхона шуда молу хол ёфт, имруз часорати худро Пайгамбар тасаввур намудан ва аз номи Худо сухан рондан пайдо кардааст! Хамаро бовар мекунонад, ки Худо яккаву ягона мебошад, хол он ки шумораи аслии Худохо баробари сангхои ибодатхона асту мучассамахои санги ба шахр даромади хубе мебиёранд.

Вале Мухаммад ором намегирифт. Пайваста фукароро чамъ оварда, ба онхо хоби дида ва Худои тасаввурмекардаи худро хикоя мекард.

Хешовандонаш, хатто хамонхое хам, ки ба паёмбарии Мухаммад бовар надоштанд, аз мухофизату химояти хешбачаи худ руй тофтанро бидъат мешумурданд. Аммо сонитар, баъди фавти амаки Абутолиб, эхтимоли дар сари хар кадаме кушта шудани Мухаммад афзуд.

Дар акнофи шахр овора гаштан, одамонро аз тичорату писаронро аз падарон чудо кардан, аз хусуси вавдати Худову дар хузури он Худо баробарии хамагон арзи эътикод намудан ва хамаро паии химояти факирону ятимон бархезондани чавоне махаллй ба кй мефорид?!

Дар масофати понздах фарсах дуртар аз Макка мавзеъе бо номи Ясриб барчой буд, ки сонитар унвонашро Мухаммад  ба Мадина, яъне Мадинатуннабй (Шахри Пайгамбар) мубаддал гардонд. Дар деха фаллохон истикомат доштанд, зеро дар Мадина чандин кавму кабила: бутпарастон, насрониён, яхудиён икомат дошта, дар нифоку низои хамешагй буданд. Вакте ки бутпарастон зафар меёфтанд, насорову яхудиён онхоро бо номи паёмбари нав – Масехо, ки гуё анкариб ба замин омада, чазои кофиронро медодааст, тавдид менамуданд. Дар чавоб бутпарастони Мадина насрониёну яхудиёнро фиреб додан мехостанд, зеро бутпарастон аллакай аз зухури ким-кадом паёмбаре дар Маккаи мамнуи чангу чидолхо хабар ёфта буданд.

-Яхудиёну насоро буй набурда, зудтар уро ба тарафи худ кашидан лозим, – карор доданд онхо.

Окибат рузе Мухаммад хамрохи дустони хаммаслаки худ махфй ба Мадина фирор овард. Ин вокеа соли 622 рух дода буд. Аз ана хамин сол, аз замони хичрати Мухаммад, таквими мусулмонй – солшумории хичрй огоз меёбад. Холо хам мамолики исломй аз руйи таквими хичрй солшуморй мекунанд.

Начандон пештар Мухаммад изхор менамуд, ки хама чо хукумат дар дасти осиён асту бар зидди хукумат мубориза бояд бурд.

Холо худаш хокими шахр, сардори хукумат шудааст. Худаш дар боби итоат конунхо мебарорад. Конунхои нахустинаш одй буданд. Мувофики конунхои нахустин ахли Мадина мачбур буданд, ки уро на ба тарзи расмиву маъмулй, балки бо эъзозу икром ном баранд. Ва бо зарурате наздаш оянд, то дами баромаданаш интизор шуда, бо садои баланд аз хонахои дарун барнахонанд.

Охиста-охиста шумораи диндорон афзуда, холати рузгори Мухаммад дигаргуна мешуд. у карор аз пайи карори дигаре мебаровард. Барои ахли дину имон нушидани шаробу бозидани киморро катъан мамнуъ дониста, чунинхоро шугли шайтон меномид.

Ибодатхонаи Макка, яъне Каъба, «киблагохи кулли муслимин», ба таъбири дигар, тарафе зълом дода шуд, ки хангоми намоз бояд ахли дин руй чониби он мебурданд. Даруни масчид, дар ибодатгохи болокушода намоз мехонданд. Худи Мухаммад асо дар даст ахли сучудро пешвои менамуд. Баъди намоз у корхои чамоатиро ба субут мерасонд, чангиву тарки муносибаткардагонро ошти медод, бахсу мочарои меросхуронро хал мекард.

Тамоми дехоти хамсоя тадричан тахти тасарруфи у медаромаданд.

  • Худо яккаву ягона ва Мухаммад расули бархак аст, – ру тарафи кибла гардонда, фотиха мехонданд ахли дин

Мухаммад одамонро бовар мекунонд, ки ягон конуну коидаро пешдасти худ бофта набаровардааст.

  • Кулли конунномаву дастуруламалхо ба вай аз тарафи Худо тавассути фариштаи Чабраил фиристода мешаванд. Мухаммад факат онхоро амали мегардонаду бас, – мегуфтанд ёрони Мухаммаду худи у.

Паёмбар алайхи осиёни дину имон газо мебардошт. Ганиматхои газавотро гозиён мобайни худ таксим мекарданд. Панчяки ганимат барои манфиати Худо, барои манфиати Расули Худо Мухаммад, хешу таборони у, хамчунин, ятимону факирон ва мусофирон масраф мешуд.

Ба зуди Мухаммад аз марде хаёлпарвари содалавху паямбаре хандахариш ба хокими мулохизакор ва маккоре табдил гардид.

Ганимати зиёди газва насиби лашкари у мегардид. Мадина хам доротар мешуд. Зохиран, начандон пештар Мухаммади чавон гами ятимони бебаргу бенаворо мехурд, барои кашшоку нодорон адолат металабид, аммо хозир дини у дини истилогарони золиме гардидааст, ки барояш газои горатгарона вочиб амре мебошад.

  • Дар назди Худо хамаи муъминон баробаранд. Молу мулки онхо халалнопазир аст. Аммо кофирро ба хабс овардан, гулом сохтан, молу мулкашро тарака намудан мумкин мебошад.

Сари осиён аз зарби шамшерхо ба замин афтода, огуштаи хоку хун мегардид. Доду нолаи зану фарзандони онхо ба фалак мепечид. Шумораи сипохиёни Мухаммад торафт зиёдтар мешуд. Чаро зиёд нашавад, охир ганимати бешуморе насиби онхо мегардид! Дар муддати кутохе вай ба Макка, ба худи хамон Маккае, ки бачагии бенавояш дар он чо гузашта буду дар хамон чо тахти тавдиру тамасхур оворагарди менамуд, ба Маккае, ки дар он чой уро сангсор карда буданд, билохира, ба Маккаи Мукаррама зафармандона ворид гардид. Баъди ин точирони сарватманд – душманони аз хама хавфноктарини у, ки замоне аз дасти фишору тазйикоташон гурехта буд, дустони наздикаш шуданд. Тирони сарватманд акнун ба уву ойини у дармепайвастанд, зеро дину ойине, ки аз хисоби он сармоядор шудан имконпазир аст, ба табъи точирон мувофикат менамуд.

Саросари Арабистон cap ба пойи Мухаммад месоид.

Мухаммад гайричашмдошт, баъди бемории кутохе, 8-уми июни соли 632 тарки дунё намуд. Агарчи борхо фони будани худро хам изхор дошта буд, ба марги у хаммазхабонаш бо душвори бовар мекарданд. Шабе барои у кабр кофта, турбаташро дар хамон чойи фавтидааш гуронданд.

Аввалхо кабри Пайгамбар аз замин базур боло мешуд. Сонитар дар он чо масчиди бузурге бино карда, ба чойи кабр макбараи пуршукухе барпо намуданд.

Баъди  фавти Мухаммад муборизаи тахту точталабй боз гардид. Аввалан дусти наздиктарини Мухаммад – Абубакр халифа шуд. Абубакрро сахобаи дигари Мухаммад – Умар иваз намуд. Чии Умарро ёри дигари Мухаммад – Усмон гирифт.

Мухаммад аходиси худро китобат наменамуд, зеро хатту саводи казой надошт. Мухаммади хирадманди бемаълумот аксаран дар рафти хадисхояш хикоёте меовард, ки аз касони дигар шунида буд. Имон дошт, ки Худои уву Худои насоро як асту у, яъне Мухаммад, дар таъвизи Исо омадааст. Аз он ки насрониён ба вай имон намеоварданд, дар хайрат меафтод.

Аходиси Мухаммадро шахсони дигар навишта мегирифтанд.   Ба хадисхо аз худ иловахо

медароварданд. Мачмуи хадисхоро Мухаммад «Куръон» номид. Тамоми зисту зиндагонй, додгустарй, таълиму тарбия, хулоса, тамоми фаъолияти мусулмонон бояд аз ри нишондоди «Куръон» амалй мегардид. Аммо баъди дах,-понздах соли Мухаммад «Куръон»-хои зиёде пайдо шудан гирифтанд, ки хамагй мутафаррика буданд.

Халифаи савуми баъди Мухаммад – Усмон фармон дод, ки хамаи «Куръон»-хои мутафаррика сузонда, танхо якто боки монда шавад. Аз ри хамин нусхаи ягона нусхахои мутааддиде нусхабардорй ва ба шахрхои калон фиристода шуданд.

Фармон ба душманони халифа Усмон нафорид. Онхо ба мукобили вай исён бардоштанд. Усмон кушта шуд. у «Куръон» дар даст истикболи котилон баромад. Чунин мехисобанд, ки хамон «Куръон»-и ба хуни Усмон ошта холо дар Осорхонаи Тошканд нигох дошта мешавад.

Баъди фавти халифа Усмони сарнагуншуда Алй – писарамаки худи Мухаммад сари хукумат омад. Илова бар ин, у Фотимаи духтари Мухаммадро ба зани гирифт. Баъди чанд сол Али хам аз дасти котиле кушта шуд.

Баъди марги Али мусулмонон ба чандин гуруххо таксим шуданд. Гуруххои асоси холо хам зери унвони сунниён ва шиъён арзи хасти доранд.

Дуди сиёхе биёбонро фаро гирифта буд, зеро шахрхо месухтанд; дар мухорибахо хазорон одамон мефавтиданд, зеро саворагони араб, озиёни дину ойини барпокардаи Мухаммад сарзаминхои нав ба навро истило менамуданд. Худуди бекарони истилогардида ба давлатхои алохида таксиму тачзия мешуд. Дини тамоми давлатхо ягона – ислом буд. Аммо дар сари як давлат сунниёну дар сари дигаре шииён меистоданд. Онон хамдигарро такфир мехонданд. Сунниён сари шиъёнро мегирифтанду шиъён сари сунниёнро! Шиъён мегуфтанд, ки хукумат танхо дар дасти хешовандони Мухаммад бояд бошад. Гуё, Мухаммад асрори дини худро ба кабилахои бесавод пурра кушода дода наметавониста будааст. Мифтохи тафсири бисёр ибороти номафхуми <{Куръон»-ро факат авлоду асхоби Мухаммад медонистаанду бас.

Чилави хукумати Мисрро авлоди Али ва духтари Мухаммад – Фотима ба даст гирифтанд. Хокимони силсилаи мазбурро Фотимиён меномиданд ва, табиист, ки шиъмазхаб буданд.

Сунниён изхори итминон менамуданд, ки тамоми нуктахои «Куръон»-ро ба маънои асли бояд фахмид ва барои дар руйи замин пайгири Мухаммад шудан набера ва ё абераи у будан шарт нест, хар мусулмони комил метавонад чойнишини Паямбар гардад.

Албатта, дар аксари маворид мунокишахои мазхаби бахонае беш набуда, сабаби вокеи мубориза барои тахту точу салтанат буд.

  • Хама дар назди Худо баробаранд, бадбахтонро ранчондан ва муъминонро таккир намудан вубол аст! – чор меандохтанд воизон аз минбари масчидхо.

Вале дар хилват хам сохибони дину имону хам воизон акси гуфторашон амал мекарданд, авомро паст мезаданд.

Сарзаминхои истилошуда тобеи халифагон бу- данд. Сунниён халифаи худу шиъён халифаи худро доштанд. Дар Бухорое, ки Хусайн икомат дошт ва дар сарзаминхои нопайдоканору шахрхои нохия амирон – чонишинони халифахо салтанат меронданд. Ба хотираи поягузори хонадон Исмоили Сомонй силсилаи амиронро Сомониён меномиданд. Онхо тобеи халифаи Багдод буданд. Халифаи Багдод суннимазхаб буда, бо тамоми кувват алайхи шиъён мубориза мебурд.

Форсхо, точикон ва дигар халвдое, ки тахти сарварии Сомониён умр ба cap мебурданд, тобеи ха- лифаи багдодй буданро намехостанд. Аз ин ру, дар миёни халвдои мазбур одамони зиёде буданд, ки пинхонй шиъёнро тарафдорй мекарданд. Падари Хусайн – Абдуллох хам шиии пинхонй буд. Хатто ба писари худ у кунияи Абуалиро, ба шарафи халифаи махбуби шииён, писарамаки паямбар – Алй дода буд.

Хонаи Абдуллох тез-тез мехмондор мешуд. Ба зиёфати имшаба хам у аз дами субх тайёрй медид. Аз бозор гили хушхури нишопурй харида оварданд, ки зумуррадгуну равганй буда, мехмонони мисрй чашидани онро дуст медоштанд. Шафтолу, магзи писта ва найшакари гулобандуд хам оварданд. Кузахои гулобу шаробро низ захира намуданд.

Мувофики одати чиддй кадбону хакку хукуки кабули мехмононро надошт. Хидмати мехмононро канизак ба чой меовард. Маколи «мехмоне, ки ба мизбон «кадбонуро чег занед, то даме бо мо нишинад» мегуяд, сазовори се карат сангсор аст»-ро хамаи мехмонон ба хуби медонистанд.

Канизак дастархони калоне густарда, нуклу наворо мухайё намуд.

Махсусан, имшаб мехмонони зиёде чамъ омада буданд.

Се нафар мусофири хофиз хам хамрохи созхояшон омаданд. Хар сеи онхо ба якдигар шабохати кулли доштанд, зеро муйхояшон якхела ранги балути дода, якхела ба расми замон аз ду чаккаи cap пасру шоназада буданд, ки ба таъбири мардуми ондавра «монанди каждуме буданд, ки аз сабаби ба шуълаи рухсорахо наздик омадан дар худ печидааст».

Хофизон аз Миср, аз Манаф, омада буданд ва барои чанде дар хузури амир хунарнамой кардан омода мешуданд. Хамрохи онхо точири сарватманде хам мехмон буд, ки Абдуллох уро «марди дар фалсафа, меъморй ва санъат донишманд» гуфта шиносонд. Чанд одами дигаре хам омаданд, ки пирамарди аз рохи дур омада – олим ва файласуф Нотилй хамрошон буд.

Мехмонон давра ороста, ба хурдани зиёфат, нушидани шароб ва тафсондани сухбат огоз намуданд. Падараш Хусайнро дар бари худ шинонда, шафтолуе дупора карда доду донакашро ба таораи ахлот партофт.

Хофизон аз зиёфат фориг гашта, ба хонишу ромиш пардохтанд. Онхо хам месароиданду хам менавохтанд. Аз дарди фироку ами хичрон, аз боби висолу вавдат, аз хусуси вафодориву сангдилй суруду наво мебардоштанд.

  • Овози ширадори чунин чавононро шунидан саодатест беназир! – гуфт пирамард Нотилй. – Факат одами бисёр муътабар аз давлати ташрифи онхо бахравар гашта метавонад.

Абдуллох табассуме карду китф дархам кашид.

Сипас, баъди суруду наворо басанда кардани хофизон, онхоро аз хусуси рох, аз тарзи хаёти мисриён пурсукоб намуданд.

– Оё дуруст аст, ки дар бозорхои шумоён танхо рости гапро гуфтан одат шудааст? Ва касе харидорро фиреб дихад, уро савори шутур кардаву ба дасташ зангула дода, гирдогирди шахр мегардондаанд?

-Ии холатро ман хам тасдик карда метавонам, – ба гап хамрох шуд точири сарватманд. – Гунахкор дар чунин маврид зангулаеро зангзанон фарёд мебарорад: «Ман дуруг гуфтам, акнун чазои онро мекашам! Сазои дуруггу хамин аст!»

-Чунин низому тартиб факат дар мамлакате чорй буда метавонад, ки онро халифаи ростин, авлоди Паямбар идора кунад.

-Ии чо, дар Шарк, дар бозор маро боб карда фиреб доданд. Ба ивази коло забонхати сохтае пешниход намуданд. Рузи дигар, вакте ки калбакй будани хуччатро фахмида, колои худро бозпурсидам, хама баробар ханда бардоштанд. «Одати мо чунин аст: агар фиребро дархол пай набарй, колоро бознамегардонем».

– Дар хамаи мамлакатхое, ки сунниёни худашонро боимон вонамудкунанда салтанат меронанд, бенизомиву бетартибй хукмрон аст! – гуфт яке аз хофизон.

– Дар бораи Багдод хочати гап нест, – аз нав ба гап даромад точир. – Чанде пеш вазири Багдод як душмани худро асир гирифта, дар мукобилаш чунон расвоихо кард, ки хеч одами муъмину мусулмон ва окилу доно рафтори уро хак шумурда наметавонад. Вазир ба душмани худ пусти бузина пушонда, хангоми айшу нушхояш уро мачбур менамуд, ки раксу бозй кунад.

-О-хо, вай майнушй хам мекунад?- изхори тахайюр намуд пирамард Нотилй.

– Ба дарачае менушад, ки…!

– Дар бораи халифаи моён ал-Азиз чунин гапхоро наметавон гуфт, – изхор намуд хофизе. – у монанди сарв коматбаланду хушандом. Сайёди часур, касе чинси аспонро бехтар аз у намедонад, чавхаршиноси доно. Вакте ки душманашро асир афтонд, уро бо хаймаи махсус, аспхо ва, умуман, тамоми лавозимоти даркорй таъмин намуд. Халифа ба у хатто ангуштарини мухрдор ва мукаррабонашро баргардонд. Хангоми вохурии нахустин у фармуд, ки барои душман чоми шароб оранд ва чун дид, ки хариф аз захролудшавй тарсида, чуръати нушидан намекунад, аввалин шуда худаш аз чом чуръаеро ошомид.

-Факат ашхоси начибу чавонмардони хакики, ворисони Паёмбар ба чунин амал кодиранд! – арза дошт Нотилй.

Албатта, агар ба хона одамони бегона меомаданд, мехмонон мулохизакорона рафтор менамуданд, андаке дигархелтар сухбат мекарданд. Лекин имруз хамаи мехмонони Абдуллох эътикодманди мазхаби ягона – шиъй буданд. Онхо бо каноатмандй душманонашонро тахкиру мазаммат ва хаммаслаконашонро таърифу тавсиф менамуданд.

  • Шумо дар шахри мо ба чй коре машгул хохед шуд? – пурсид Абдуллох аз пирамарди фозил Нотилй.
  • Рисолае таълиф намуда, дар он донистахои худро доир ба фалсафа, нучум ва бархе улуми дунявй баён хохам дошт. Шояд маро ба дарбор муаррифй кунанду маоше пайдо намоям.
  • Шумо ягон ошно ва ё хешу табор доред?
  • Не, ман танхоям ва тамоми сарватамро хамрох дорам.
  • Охир, то дами хотимаи рисола ба шумо лозим меояд, ки муддате бемаош зиндаги кунед…
  • Ман инро медонам. Барои ман маоши зиёде лузумат надорад. Мумкин ягон нафар ва ё бештар шогирде пайдо кунам.

Абдуллох, гарки андеша гардид.

Барои муаллими Хусайн шудан оё ин пирамарди бохиради нурони рози мешуда бошад? Ачаб хуб мешуд, агар у розиги медод. Хубии кор боз дар он аст, ки у шиъст!

Абдуллох аз он вокиф набуд, ки муйсафед пули пуччаке надошта, то дами хонаи вай омадан ба хар чизи пешомадаю хушомадаи мардум – порае нони чаву пиёлае оби хунук иктифо менамуд. Абдуллох аз он хабар надошт, ки муйсафед аз остонаи дари у даромадан ва Хусайнро дидан замон кариб аз шоди динг-динг чахида буд. «Фарзандони шахси сохибфазилат, албатта, бояд илму дониш омузанд, – дар худ меандешид у. – Ки медонад, шояд маро ба муаллимии писарашон бигиранд?».

– Барои писари ман омузгор лозим аст, – арз намуд Абдуллох,. – Тавассути пешниходи худ боиси малоли хотири шумо гаштанро намехохам, аммо худатон изхори майлу хохиш намоед, ман бо мамнуният дархои хонаамро ба руятон мекушодам.

– «Албатта, рози мешавам», – андешид Нотили дар дил, аммо чизи дигареро ба забон овард:

– Дар рохи тахсил оё писаратон ягон дастоварде дорад? Охир, мантику хандаса ва улуми бакия, ки ман уро таълим хохам дод, барои акли чавон гарони мекунанд.

-Мархамат, агар майли сухбати уро дошта бошед, дарачаи донишашро хохед санчид, – чавоб дод Абдуллох,.

Шаб анчом пазируфт.

Хофизони сохибчамол инъомхоро гирифта, рохи манзили икоматашонро пеш гирифтанд.

Тири сарватманд барои шаббоши хонаи рафикаш рафт. Мехмонони бокимонда хам хона ба хона таксим шуданд.

Нотили дар хонаи Абдуллох бозистод.

Субхи рузи дигар Абдуллох аз пайи саранчоми корхои идори шитофт. Махмудро ба мактаб барои омузиши «Куръон» оварданд. Нотилии солхурдаву Хусайн бар дар бари якдигар нишастанд.

Нотили се нусха китоб дошт. Якеи онхо боиси ифтихори хосаи у буд. Ин китоб аз таълифоти Порфирий Тир буда, «Мукаддимаи мантик» номида мешуд.

  • Мантик ченаки кулли хакикатхост, – Нотили такрори ин таъбири дар хотираш сабтшудаи хирадмандонро дуст медошт.
  • Писарам, ман хаячону вахми туро дар пеши ин фан эхсос мекунам… – Нотили карор дод, ки Хусайнро таскин бахшад.
  • Ман хам як вактхо дар харос афтода будам ва он тарсу хароси ман то холо дур нашудааст. Мувофики шунидам, ту хофизи, <{Куръон»-ро азбар медони. Зехни кудак тез, аммо нопойдор аст. Дар бачаги ман хам метавонистам хофиз шавам. Ва он улуми адабия, ки ту омухтай, хатто фикху хисоби хиндй – хамагй кадамхои нахустинеанд дар рохи дарки маърифат. Доираи илму фарханг нопайдоканор буда, худуди он дар торикии гафлату чахолат нихон мешавад ва танхо илми мантик рохи моро ба суйи дониш мунаввар месозад. – Нотилй даме хомуш истод. Вай аз чунин мукаддимаи худ каноатманд буд. – Хамаи он чизеро, ки бароят гуфтам, фахмидй?
  • Бале, хамаашро фахмидам.

– Бисёр хуб. Набошад, сар мекунем.

Нотили боэхтиёт чанд сахифаеро варак гардонд.

– Хуб, ин хамд. Инак мукаддима. Ха, мана, дар ин чо… Шархи чинс, навъ ва тафрикаи навъи. Дар аввал ин ба назарат душвор менамояд, аммо сонитар, боварии комил дорам, ки ба хар роху васила онро хохи фахмид. Худи ман дар айёми тахсил фарки миёни чинсу навъро дар тули ду хафта дарёфтам. Гуш дор, барои ту мехонам: «Чинс мафхумест, ки дар мавриди ифодаи мачмуи ашёхои гуногуннавъ ва дар чавоби саволи «ин чист?» оварда мешавад».

– Нафахмиди? – пурсид у Хусайнро.

– Ба гумонам, фахмидам.

– Не, ту каме фикр бикун. Агар хохи, бароят боз як бор ва ё якчанд бори дигар мехонам. Ва ё, ма, худат гирифта бихон, факат эхтиёт бош, варакхоро надарони.

– Ман аллакай фахмидам, – гуфт Хусайн.

–Т саросема нашав, худи ман барои амик фахмидани ин мафхум ду хафтаи расо кушидаам…

– Мо «бино» ва «каср» мегуем. Ва медонем, ки хар як каср биност, аммо хар бино каср нест. Ба ин маъни, мафхуми «бино» чинс асту мафхуми «каср» навъ. Яъне, мафхуми васеътар дар таносуби мафхуми тангтар чинс мебошад.

-ЧЧ хел? Чи хел ин хамаро ту якбора фахмиди? – ба хайрат афтод Нотили. – Наход ман ба ту хамин кадар содаю равшан фахмонда бошам?

-Ин чизи душвор нест. Масалан, «хайвон» ва «шутур». Хайвон – чинс, шутур – навъ. Ана боз…, – хандид Хусайн. – «Инсон» ва «аблах». Инсон – чинс, аблах – навъ.

-Агар «шутур» ва «шутуркурра» бошад чи? – Нотили чашмонашро айёрона нимрог кард. – Ва ё, масалан, «каср» ва «касри амир» бошад чи?

-Дар он сурат шутур ва каср чинсу шутуркурра ва касри амир навъ мешаванд.

Акнун хамрохи ту чи бояд кунем? – хайрон монд Нотили. – Гумон доштам, ки барои дарки ин муаммо ману туро на кам аз як хафта сарф мешавад. Хайр, бисёр хуб, давомашро мехонем.

Онхо шархи таъриф ва тавсиф, шархи казия ва шархи таносуби ихтилофи казоёро омухта, муттасил пеш мерафтанд. Дигар акнун Нотили ба шогирди худ чизеро шарху тафсир намедод. у факат таърифотро мехонду бас. Шогирд алалфавр мохияти таърифотро дарк намуда, ба омузгор онхоро шарху тафсир медод. Бар илова, Хусайн ончунон содаю фахмо ташрех медод, чихатхои нозуктарини масъалахоро чунон амик дармеёфт, ки дар бораи онхо устодаш хатто тасаввуроте надошт.

Баъди намози пешин Абдуллох омад.

-Шуморо саъю кушиши писари ман конеъ мекунонад?

Нотили чи гуфтанашро надониста, шах шуда меистод. Хатто аз оти хаячону изтироб ашки дида резонд.

– Ман лойики омузгории писари шумо нестам… – гуфт у худро ба даст гирифта. – Баргузидатарин омузгори тамоми давру замонхо факат орзуи чунин шогирдеро парварида метавонаду бас. Падари чунин писаре… – гуфту муйсафед инони суханро боз аз даст бидод.

– Сабаби изтироби шуморо мефахмам, – табассум кард падар, – ва хеле хурсандам, ки писари ман писанди табъатон гардидааст. Холо нахори мехурем, сони ту, Хусайн, баъзе хисобу китоби аз девон овардаи маро саранчом медихи

– Не, не, – беихтиёр ба сухан даромад Нотили. – Маи бачаро эхтиёт бояд кард, онро ба фаъолияти бехуда банд намудан лозим нест! Хеч чиз, бидуни илму дониш, онро набояд фаро бигирад! Маъзурам доред, ки ман ба коруборатон дахолат мекунам, аммо, бехтараш, он хисобу китобро худи ман анчом бидихам. Охир, ман хам аз хисоби хиндй каме бохабарам…

  • Медонед, гап дар сари он аст, ки… – андаке худро гум кард Абдуллох, – гап дар сари он аст, ки ману шумо кудрати дар як шаб анчом додани ин кадар хисобро надорем, аммо Хусайн дар бадали панч дакика, бе оазу калам, аз ёд онхоро хал мекунад. Ин кор барои у як дилхушй, бозист.

Аз аввал то охири хурокхурй пирамард мухри хомушй бар лаб зада, танхо ба руйи шогирди худ бо хисси эхтирому мехрубонй назар меафканд.

Як вактхо дар Афшана Хусайни чак Умар ном хамсояи майдаяке дошт. Ин хамон Умаре буд, ки «дех, дех, дех!» гуфта дод заданро нагз медид.

Холо волидайни Умар сохиби мерос ва ба ин васила сарватманд гашта,          чида Бухоро омаданд ва

дигарбора хамсояи Хусайн шуданд. Умар ёздах сол дошт. Барои омузиши хунари таббохй уро шогирди ошпазе монданй буданд, зеро таои Умар вазифаи палавпазии хосаи амирро адо менамуд.

Хусайну Умар аксаран хамрох сайругашт мекарданд.

Рузе онон аз      ча мегузаштанд.

  • Ана хамин хел рох гашта, рох гашта, ногахон агар пул ёбй…- гуфт Умар.

Ва хамон лахза тасодуфан онхо пул ёфтанд.

Хамёни чармини пуре дар миёни чангу хоки ча мехобид, ки нихон аз чашми мардум мондааст. Куча холй буд. Факат аз дур муйсафеди маркабсаворе наздик меомад.

  • Баробар таксим мекунем! Пулхоро баробар таксим мекунем! – аз хурсандй дод мезад Умар.

Сонй ба хамгашти         ча давиду дар болои санги

пурчанге нишаста, охистаяк пулхоро ба кафи дасташ рехт ва хамёнро пушти санг партофта, ба таксимоти бозёфта даромад. Тавассути дах дирхам чи корхо кардан мумкин?!

Ширавори харида, то ба дилхо задан даханро ширин кардан мумкин.

Ва ё бозичахои шавковари муйина харидан мумкин, ки ба ин чой аз Хоразм ва аз кишвархои дурдасти кахратун овардаанд.

Ва ё пулхоро ба чандин морбоз додан мумкин буд. Он гох хар морбозе бо най навои хосаи худро менавохту хар море ракси хосаи худро намоиш медод ва, дар натича, ти вахмангези морон барпо мегардид.

Билохира, хатто маркаб, албатта, маркаби начандон куррасолу бакуввату корои, харидан мумкин буд.

Хамёни чармин ана хамин кадар арзиш дошт.

  • Бодоми ширинакро дуст медорам, – гуфту Умар аз пайи харидани бодом шитофт. – Агар пулхоро хона барам, кашида мегиранд.

Хусайн аз паси вай рафт.

– Ту хам бихар, вагарна ту дар пахлуям истиву ман хурдан гирам, хиссаи худро таксим карданам лозим мешавад. Лекин ин аз руйи адолат нест, чунки пули хардуямон баробар аст.

Вале чашми Хусайн аллакай ба китобфуруш афтода буд.

Китобфуруш дар соябуне панах оварда бошад хам, аммомааш тар шуда буд. Аз рабинаш катрахои калони арак мешориданд. у марди чандон сохибмаълумоте набуд, аммо якумри китобро азиз медонист. Хамрохи китобхо мезисту пахлуи китобхо мехуфт. Одамони китобдустро баот дуст медошт. Ба ин маъни, Хусайнро хам дуст дошт. Хатто рухсаташ дод, ки китобхои фуруширо тагуру кунад, агарчи пул надоштани писаракро хуб медонист.

Лекин имруз у пул дошт. Бар замми он, китобфуруш имруз рисолаи нодире оварда буд, ки Хусайн кайхо боз орзуяшро дар дил мепарварид. Нархаш хам расо панч дирхам буд.

-Ман дигар хамрохи ту пул намеёбам, – норозиёна гур-гур кард Умар аз бари Хусайн кадамзанон, зеро Хусайн тамоми пулхояшро барои китоб харч намуд.

Хусайн чавобе намедод. Ба пеши пояш хам нигох намекард. у фавриба китобхони сар кард.

-Хооии     ба ягон шутур бармехуриву шутур

гушатро мегазад, – гуфт Умар.

Хусайн чавобе намегардонд.

– Ма, коматро бо бодоми ман ширин куну дониста мон, ки ман сахи хастам! – Умар унвони китобро хонд: «Шархи «Усули хандаса»-и Уклидус». Акаллан ягон нави суратдорашро дар бораи Синдбод мехариди, намешуд, ки факат кухнаколохоро гун мекуни?!

Хусайн то фаро расидани шом китоб хонд.

Умар хамаи бодомхоро хурд.

Хусайн хамоно китобхониро давом медод.

-Рафттм ба хонаи мо, аспакбози мекунем, – таклиф менамуд Умар. Аммо Хусайн уро пайхас наменамуд.

Рузи дигар онхо боз ча баромаданд.

– Ту хозир аз хама бештар чиро мехости? – нохост пурсид Умар.

– Бисёр чизро… – табассум кард Хусайн.

– Вале, медони, ман чи мехохам? – як ба гирду атроф чашм давонд Умар. Куча монанди дафъаи гузашта холи буд. Чашмонашро пушид. – Мехохам, ки боз пул ёбем. Факат як бор, охирин бор! – у дархол чашмонашро кушоду ба замин нигарист. Мутаассифона, дар замин аз пул нишоне набуд.

Нихоят, устоду шогирд ба омухтани китобе, ки Нотили басо хурмату иззаташ мекард, огоз намуданд.

Нотилй хатто аник гуфта наметавонист, ки худи у навиштачоти ин китобро хуб медонад ё не. Китоб «Ал- Мачастй, ё ахкоми кабири хайъат» номида мешуд. Онро муначчими искандариявй Клавдий Батлимус таълиф карда буд.

Албатта, то давраи Батлимус хам одамон анчумшиносиро пеш гирифта, ситорахоро мавриди муоина карор медоданд. Аммо Батлимус аввалин шуда ба ин фан низому тартиби собиту муайяне ворид овард.

На хамаи одамони кадима чунин мепиндоштанд, ки Замин хамворие буда, бар души хафт наханг меистад. Бархе донишмандон изхор менамуданд, ки Замин устувонашакл буда, гирдогирдашро фазои малаъ ихота кардааст. Ва ситорахо монанди гулмехе бар осмон куфта шудаанд. Гурухи дигаре хам буданд ва чунин даъво доштанд, ки Шамсу Камар сершуморанд ва ба тори хар кишваре Шамси худиву Камари худй шуъла мепошад.

Танхо хирадманди замони кадим, пири рухонии Искандари Макдунй – Арасту собит намуд, ки Замин курашакл аст. Лекин у хам чунин мехисобид, ки Замин, албатта, маркази коинот мебошад. Ба таъбири дигар, агар Замин марказ намебуд, Худо дар торами кайхон чй кор мекард?! Факат Архимед мегуфт, ки Замини курашакл аслан марказ не, балки сайёраи мукаррарии начандон калонест, ки дар атрофи меги оташбор – Офтоб давр мезанад.

Батлимус чадвали муназзами хайъати худро тартиб дод. Дар офаридаи худ у тамоми дастовардахои муначчимони пешинаро истифода бурда, зимнан дар он барои Худо хам чойи алохидае гузошт.

Айёми чавонй Нотилй сафахоти аввали «ал- Мачастй»-р0 гаштаву баргашта мутолиа менамуд. Парчахои зиёдашро азбар медонист. Аммо хар чй кадар дарунтар мерафт, китоб хамон андоза душвортару мураккабтар мегардид. Барои хамин Нотилй гуфт:

– Китобро мустакилона омухта, сонй барои ман накл мекунй. Он гах туро санчида, чохои номафхумашро фахмонда медихам.

Хусайн аз асари Батлимус донист, ки Замин кураи азими номутахаррике будааст. Гирдогирди Замин пардахои шаффофи мудавваре чарх мезадаанд, ки ба онхо чирмхои нурафшони гуногун илхок шудаанд. Мохтоб кураи наздиктарини Замин аст. Сипас кураи Аторуд, сонй Нохид, пас Офтоб, баъд Миррих, баъди он Муштарй меояд. Кураи хафтумй Зухал мебошад. Ба кураи хаштумй тамоми ситорахои номутахаррик илхок шудаанд. Аммо дар кураи нухумй «кувваи харакатдихандаи ибтидой» нихон шудааст, ки кулли ситора ва олами атрофро мачбури харакат месозад. «Кувваи харакатдихандаи ибтидой», албатта, комилан аз хосту кудрати Худо вобастагй дорад.

Аз ин назария хам муначчимону хам уламои фикх розию каноатманд буданд. Танхо баъди солиёни зиёде донишманди лахистонй Коперник алайхи Батлимус ихтиёри бахсу мунозира мекунаду бас.

Батлимус накшаи харакати тамоми ситорахоро кашида буд.

Нотилй тарзи кашидани накшаи мазбурро кайхо фаромуш карда буд. Аммо Хусайн онро хам сарфахм мерафт. Бо фараху мамнунй накшаи чархиши хар як сайёраро ба калам меовард ва хамаашро барои Нотилй шарху тавзех медод.

Замоне фаро расид, ки Нотилй тамоми дороиву сарваташро ба Хусайн бахшида, захираи дониши худро кариб ба анчом расонида буд. Акнун онхо факат як илмро даст нарасонда монда буданд. Бисёр одамони он давра тавассути ин илм бурдаи нону косаи пиёбае меёфтанд.

– Аз ри ситорахо пеши намудани кисмати одамонро ба ту меомузонам. Он илми танчим аст, – хабар дод Нотили рузе ба оханги махфиёна.

Шабонгохон Хусайну устодаш ба тори манораи баланде мебаромаданд. Пирамард бо машаккати зиёде по ри зинахои баланди сангини зинапоя мениход. Барои он ки сараш ба чое барнахурад, хамида рах мепуид, вазнин-вазнин оху ух мекард, тез-тез бозистода, ба тахтапушти Хусайни хурдсол такя менамуд. Ба хамин минвол окибат ба тораки манора мерасиданд. Сояи нахифи пирамард аз ри хамвори бомхо намудор мегардид. у худро дар хилъаташ печонда буд. Хусайн аз дасташ дошта меистоду хар ду оромона фазои тираву сокитро назора менамуданд. Сони пирамард ба гап медаромад. Овози у дар ин олами тангу тору сабуксар хорикулодда ба гуш мерасид.

-Ху, ана, Насри Вокеъ, ситораи субх, – нишон медод пирамард. – Дами субх онро бисёр хуб дидан мумкин аст… Касе дар зери ана ваяш оламро наззора кунад ва мулохизаву эхтиёт ба кор барад, умри дароз мебинад.

Шамол аз нав хилъати устодро парешон намуд. Устод танашро махкамтар печонда, нигохашро тарафи нуктахои базур намоён – ситорахо, ки дар аъмоки тираву тор чашмак мезаданд, духта меистод.

Баъди чанде Хусайн макоми сайёраву бурчхоро зудтар аз пирамард меёфтаги шуд.

-Охир, ин ситорахо бахри чи вучуд доранд? – гохо мепурсид Хусайн. – Онхо на гармие доранду на чандон зиё мебахшанд!

Пирамард хомуш меистод.

– Худи олам барои чи вучуд дорад?

Пирамард хамоно хомуш буд.

– Хастии ман барои чист?

– Кулли ашё бо иродаи Худо сохта шудааст. Барои чи лозим будани хамаи ин берабтихоро факат Оллох медонад, – чавоб дод Нотили, сараввал пасу пешро аз назар гузаронда, то гуфтахояшро нашунаванд. – Агар марди комилу болиг шавй, он дам, мумкин аст, розеро барои ту бикшоям, – изхор намуд пирамард дар яке аз чунин рузхои мукаррарй. – Ростй, худи ман хам бар он шубха дорам…

– Ман аллакай ба камол расидаам. Намебинед, чй кадар калон хастам?! – комат афрохт Хусайн.

Агарчанд аклат аз синну солат расотар аст, хануз кудакй!

-Медонед, ба гумонам, макоми ситорахо ба такдири инсон кам таъсире дорад…

-Во-ох! – пирамард сарашро миёни каф гирифт. – Чунин андешахоро руйрост изхор намудан мумкин нест! Ба ту ин гапро кй гуфт?

-Худам фикр кардам. Агар навиштадоти хирадмандонро тааммук фармой ва ходисаю вокеоти зиндагиро киёс намой, ногузир ба сари хамин хулоса меой. Охир, тамоми бурчхо нисбат ба хамаи одамон якхела дойгир шуда бошанд хам, дар як деха хосил фаровону дар дигаре хушксолист!

-Инашро хам худат андешидй?! – музтар монд пирамард. – Акнун мани муйсафед чй бояд кунам?! Наход аз нав овораю бенаво гардам?! Ту мефахмй, чй балоеро ба сарам овардй?!

– Магар шуморо рандондам?

-Бехтараш меранчондй. Чунин   хонадони пурфайзеро дигар аз кудо пайдо мекунам?! Чунин шогирди хушкарехаеро дигар аз кудо меёбам?!

– Мо шуморо магар аз хона меронем?!

-Ман худам, худам, аз хонадони шумоён бояд биравам! Ман палави хуштаъми шумоёнро бехуда хурдаву хилъати зебои шумоёнро ройгон пушида наметавонам! Мани муйсафеди бенаво тамоми умр аз конуну кавоиди чахон андешидам, дар биёбонхо овора гаштам, дар шахрхо гуруснагй кашидам, харакати дирмхои осмониро омухтам, лекин омада-омада дар охири зиндагй ба фикри дакикае пеш изхордоштаи ту расида, танхо дар хамин лахза онро кашф намудам. Чунин андешидан хатарнок аст, аммо, ба назари ман хам, макоми чисмхои осмони, хакикатан, ба такдири одамон кам таъсире дорад. Вале ту дар ин бора гайри ман ба каси дигаре ягон чиз нагуфта боши?

– Не…

– Агар пурсидани чунин гапхо барои омузгор раво нест, кайхо боз донистан мехостам, ки ин хама дониш барои ту чи лозим аст, барои чи шабхои дароз намехобиву шугли китоб меварзи? Магар пули падарат кифоят намекунад? Ва ё хавлиатон мувофики табъ намебошад? Наход ту надони, ки илму дониш бахту саодатат намебахшанд?! Пайваста дар гирдоби ранчу кулфат мемони, гаму озор хамсафари доимият мегардад. Наход то ин дам хаминро нафахмида боши?!

– Рохи дигаре надорам, – чавоб дод Хусайн.

Ногахон фикре ба сари пирамард омад: «Не, ин кудак нест, хамту ба назар кудак менамояд. Шояд дар асл аз ман хам солортар бошад».

– Агар муттасил чизи наверо фахмида наистам, соате хам зиста наметавонам, – идома медод Хусайн. – Ман бояд аз хусуси фарозу нишеби олам хамвора фикри тозае дарёбам, вагарна тамоман зиста наметавонам.

– Рузгори ояндаи ту басо вазнин хохад омад. Бо вучуди ин, ягон замоне, шояд баъди хазор сол, дар бораи ту сухбат ороста, одамон номи камина – Нотилиро хам ба неки ёдовар шаванд, зеро ман, андаке бошад хам, хакки устодии туро дорам.

Шаби дароз Абдуллох ошуфтахолона ру-руйи хона кадам мезад. Омадани мехмонон даркор буд, аммо наомаданд. Хофизони манафи хам наомаданд, онхо хапу дам рахт барбаста, азми сафар намудаанд.

– Ин амиру вазири моён чихо карда истодаанд?! – такрор менамуд падари Хусайн. – Халк норози, душманон тохта ба шахр наздик омада истодаанд! Инхо бошанд, андозу хирочи нав чори мекунанд! Ситора, медони, мабодо ман бимирам, кисми молу мулки мо ба хазина мегузарад. Чии он ки ба хонаводаи мархум дасти ёри дароз кунанд, мачбуран андоз меситонанд! Хукуматдори моён имруз ана хамин гуна карор баровард. Бар илова, умед дорад, ки халк ба тарафдории у мебарояд. Мани бадбахт бояд ин иродаи уро амали гардонам. Пагох, агар ягон рафикам бимирад, ман ба кадом ру пеши ахлу аёли вай рафта, молу мулкашро меситонам?!

– Агар иродаву хости амир чунин бошад, шумо бояд муросо кунед!

– Ман-ку муросо мекунам, аммо девдононе, ки фавран аз онхо барои хосили оянда хозир андоз бояд гун намоям, чи кор мекунанд? Медони, барои хосили оянда!! Баъди ин хам хазинаи амир боз холи мешавад, пас у барои хосили кадом сол андоз мегирад? Шояд ин дафъа аз хисобу ризку рузии Хусайни мо занад!

– Шумо саросема нашавед, – гуфт модари Хусайн. – Шитоб накунед.

– Шитоб намудан шарт аст, зеро дар бадали хафта чамеи андозхоро ба хазина супурданам лозим!

– Саросари бозорро хабару овозахои вохиманок фаро гирифтаанд. Фоики сарлашкар дар даромадгохи Самарканд маглуб гаштааст. Бугрохон бар лашкари мо олиб омада, рост тарафи Бухоро меомадааст. Мегуянд, ки амир хамрохи мукаррабонаш шахрро тарк гуфтанист. Ба фикрам, бачахоро рухсати  чабарои надодан бехтар.

– Ха, бехараш аз хона набароянд.

– Агар амир рохи гурезро пеш гирифта бошад, андозхоро шумо барои хазинаи ки чамъ меоваред? Худо нишон надихад, мабодо силохиёни Бугрохон шахрро забт кунанд, бочу хироч туъмаи онхо мегардад. Шумо се-чор руз сабр кунед. Сони пешомади тамоми корхо равшан мешавад.

Рузи дигар авзои корхо равшан гардид.

Субхи мургчегзан, хануз Офтоб набаромада ва гунбади манорахо шуоъхои онро акс нанамуда, садои наъли аспон оромиро фуру бурд.

Хавои субхи содикон хамеша мусаффост, зеро рузона чангу губор аз харорати Хуршед намиро партофта, ба хаво бармехезанд. Аммо шабона гарду хок руйи замину болои бому пушти баргхо мехобанд.

Сокинони аз садои бемахали наъли аспон бахаросафтода сар аз дару дарвозахо берун меоварданд.

Саворагони фарбех-фарбех, ки посбонони зархариди шахсии амир буданд, аспони пурзурашонро бо суръати тамом метозонданд. Шутурбонон шутурхои пурбори молу мулки хусусии амирро саросема пеш меронданд. Дар ихотаи хочагони дабанг зебосанамони чодари сияхпуш – ахли харами амир аспсавор рах мегирифтанд. Боз гуломон. Аз паси онхо худи амир. Ва боз саворагони мусаллах.

Хомушй хама чоро фаро гирифт. Танхо нолаи мургакону хангоси ахён-ахёни маркабон оромиро каме халалдор менамуд. Чангу губори бархоста хам охиста- охиста ба          чахои шахр фуру менишаст. Одамони сари

деворхо медиданд, ки аз тарафи уфуки шаркй ри Офтобро пушонда, пораи дигари чангу губор наздик меояд. Аввал он ба абрпораи хакикие монандй дошт. Аммо чанде мардони хассос руйи замин хобидаву гуш бар сангхо нихода, садои раъдосои саворагони Бугрохонро таъйин намуданд.

Дарвозахои шахрро касе посбонй намекард, тамоми дувоздах дарвозаи Бухоро кушода буданд. Дар сурате, ки худи хукуматдор аз шахр фирор кардааст, ба саворагони вахшй мукобилату муковимат нишон надодан окилонатар менамуд.

Баъзехо хануз умеди хайре доштанд, ки абри карибоянда монанди хамон абрпорахои раъдоваре, ки баъзан аз болои шахр убур менамуданд, аз тори сарашон гузашта меравад.

Вале дурандешон аллакай дару дарвозахои худро баста буданд. Кучахо хам холи шуданд, танхо хасу хошокхо ру-руйи замин гелида, мургакон аз каноре ба канори дигари рохи сангфарш часурона паропари мекарданд.

Садои гиреву наъли савори торафт наздиктар мешуд. Мана, аллакай онхо дар кучахо! Хазор андар хазор саворагон дар кучахо хар чизи пешомада: одами бадбахт, хару гов, чизу чорахоро зери по карда, асп метозонданд.

Бугрохон ба дарбори амир зада даромад. Арки амир маъкулаш афтоду карор дод, ки дар миёни ин хама богу рогу хавзхо рахти икомат густарад.

Сипохиёни       чманчи барои дар хонахои хафа

зистан одат накарда буданд. Онхо дар чодархое, ки дар хама чо хамрошон доштанд, истикомат мекарданд. Холо гирдогирди Бухоро шахри нав – шахри чодарпуше пайдо шуда буд.

Амир барои аз шахр баровардани тамоми хазина – сарвати гункардаи бобою бобокалонаш фурсату имконияте наёфта буд.

«Ганимати начандон баде насибам гардид, – изхори хурсанди менамуд Бугрохон. – Шояд, фармон дихам, ки ахолии шахрро, махсусан ба хотири мукобилат нишон надоданашон, он кадар безобита накунанд».

Дар     ча касе баланд-баланд нолиш мекард.

– Ягон ходисае руй додагист, баромада ёри расондан лозим, – оромона гуфт Абдуллох,.

– Ман метарсам, – хамчунин оромона чавоб дод Ситора. – Мабодо дар он чо сипохиёни Бугрохон бошанд, ба хонаи мо зер карда даромаданашон мумкин.

-Бо вучуди ин, нигох кардан даркор. Намефахмй, чй хел вазнин-вазнин менолад!

Абдуллох,, Рустами хидматгор ва Нотилй наздики дар омада, охиста ба ча нигаристанд. Куча холй буд.

Марде дар буни девор мехобид. Бо дасти чапаш китоберо сахт огуш мекарду дасти росташ номутаносиб тофта шуда буд.

-Одами бомаърифат барин, уро ёрй додан лозим, – пичиррос зад Нотили.

-Дар хар холат, хатто бесавод хам бошад, ёрй расондан даркор! – садо баровард Абдуллох.

Онхо давида куча баромаданд ва марди хобидаро ба хона дароварданд. Мардак монанди пештара бо дасти чапаш китобро махкам фашурда, доду нола мебароеард. Хусайн назди вай омад.

– Уро ба хуш овардан лозим, – гуфт Нотилй.

Сонй рухсорахои нолишгарро тап-тап задан, ба дахонаш пуф кардан ва гушхояшро кафмол додан гирифт.

Рангу руйи нолишгар барои Хусайн ошно менамуд. Нотилй бори дигар ба дахони мардак хаво дамид. у чашм кушода, бо овози нахифе пурсид:

– Китоби ман дар кучост?!

-Китобатон дар хамин чост, осуда бошед! Шумо дар кучо, дар кадом махалла зиндагй мекунед?

– Китобамро нишон дихед!

Хусайн китобро дароз кард. Китоб аз асари наъли аспхо дарида буд.

-Писарам, бахти фарзандонаш баланд бод, ту писари Абулхусайн Абдуллох ибни Сино нестй?! – баногох, пурсид он мард.

-Балегуфту Хусайн акнун кй будани уро фахмид.

Сохиби китоб дар Рометан мезист. Ана хамин одам аз падараш пурсида буд, ки аз андоз озодаш кунад. Ана хамин одам маснавие навишта, ба амир бахшиданй буд.

-Ман китобамро Бухоро оварда, Худо рузгори босаодаташро афзун дорад, ба худи Нух ибни Мансур хадя карданй будам.

– Барои ичрои ниятатон вакти бехудаеро интихоб кардаед, – талх хандида гуфт Абдуллохи пешомадаистода. – Мебинам, ки мадоратон баргашта истодааст. Дасти уро чи шудааст? – пурсид Абдуллох аз

Нотили.

-Ба фикрам, устухонаш сихат. Вале, бехтараш, шикастабандро даъват кардан лозим.

-Барои ман ташвиш кашидан даркор нест, даркор нест. Хатто пайсае надорам, ки дар ивази некихои то ин дам барои ман раводоштаатон шумоён бидихам.

-Хозир Абусахли Масехи табиби машхури хоразми дар чаи мо икомат дорад. Рустам, он хонаро ту медони, як охиста ба он чо рафта меомади. Масехи хаммазхаби мо не, ахли насорост. Холо хаёти уро хам хавфу хатар тавдид мекунад. Сипохиёни Бугрохон хар каси дар кофири гумонбурдаашонро мегиранд, аз ин чихат холи масехиён зиёдтар хароб мешавад. Ба хар хол, уро ба хона даъват бикун!

Рустам рафту ба зуди хамрохи марди хилъати сиёхпеч ва кулохи болобаланди карокулипуш омад.

Ин одам Абусахли Масехи буд. Вай аз Хоразм хамрохи корвониён барои дидорбинии дусташ омада буд. Акнун илочи аз Бухоро баромаданро ёфта наметавонист.

у саропойи беморро муоина намуд. Баъд, гайричашмдошт, дасти уро такон дод. Бемор фарёди чонкохе баровард, аммо Масехи зуд оромаш бахшид:

– Акнун хамааш чобачо шуд. Ин китоби шумост?

liypviig UJ ٧ل٧ل٧٧ р.  ل١٦ل ,ل٧لسلللإ٧٧ل¥ل ш٧лр٠1٧д.

-Ман шоири бетолеъам. Барои навиштани маснави солиёни дарозе захмат кашидам. Билохира, баъди нусхаи тоза бардоштан, рузе, субхи содик, аз хоб бархеста, Бухоро, ба дарбор омадам, то достонро барои амир хадя фармоям, аммо дарборро холи дарёфтам. Сипас саворагон он чо зада даромаданд, ман худамро буни деворе гирифтам, лекин онхо маро асптозон аз по фитонда, китобамро зери наълхо мондаву дарронданд. Хатто ханчарамро кашида гирифтанд. Сад шукр, ки бесавод буданду китоб барояшон даркор нашуд. Ман роху берохаро надониста рафтан гирифтам, онхо маро бори дувум аз по фитонданд. Хушбахтона, дафъаи дувум дар карибии хавлии Абдуллох ибни Сино зада афтонданд… Ха-а, Абусахли Масехи будани шумо рост аст? Дар бораи донишмандии шумо бисёр чизхо шунидаам.

-Бале, Масехи манам. Аммо хозир аз ин хусус гуфтугузор намудан окибати бад дорад.

-Мефахмам. Ба касе чизе намегуям. Барои ман худи хамин лахзаи гуфтугу бо шумо, давою шифои шумо ва хузури хонаи Абдуллох ибни Сино кифоят аст.

Масехи музди пешниходкардаи Абдуллохро нагирифта, хайрухуш намуду боз худро ба чакмани сиёх печонда, баромада рафт.

Шоири беморро барои шаббоши нигох доштанд. Субхдам у худро тамоман солиму бардам хис менамуд. Абдуллох барояш хачире чудо карду шоир озими Рометан гардид.

Баъди ин вокеа Масехи боз чанд маротиба ба хонаинхо ташриф овард.

Уву падараш аз боби фикху фалсафа сухбат меоростанд. Хусайн гуфтахои ононро бодиккат гуш мекард.

-Ман аз чавонони хозира дар хайратам, – гуфт боре Масехи. – Порае аз тафсири <{Куръон»-ро хифз менамоянд, андаке аз фикхро ба хотир мегиранд, ду-се ривоятеро дар бораи Паёмбар мефахманд ва бо хамин гумон мекунанд, ки сохиби маълумот шудаанд. Хол он ки барои онхо чи кадар муаммохо пушидаанд!

– Хусайни писарчони ман, – гуфт Абдуллох, – хофиз аст. «Куръон»-ро битамом азёд медонад!

-Наход?     Ачиб-ку…       Агарчанд ахли мазхаби

ирам, – одамонеро, ки дар касби амали худ саъю кушиши бештар омухтанро доранд, эхтиром мекунам. Магар у барои воизи тайёри мебинад?

– Илмхои дигарро хам меомузад.

– Охир, ту домони кадом пешаро хохи гирифт, Хусайн? – пурсид Масехи.

– Холо чизе гуфта наметавонам. Ба назарам хама чиз ачиб менамояд.

– у на танхо «Мукаддимаи мантик», балки тамоми шарху тафсироти онро хам омухт, – сарбаландона гуфт Нотили. – Аммо дар шарху тавзехи ашколи хандасаи Уклидус, ба гумонам, дар саросари Бухоро касе баробараш намеояд. Хозир мо якчоя «ал- Мачасти» – рисолаи хайъати Батлимусро омухта истодаем.

– Танхо дар доираи ситорашиноси мавдуд нашав! Бехтараш, илми тибро интихоб бикун! Ман Беруни ном шогирде дорам, чавони басо мустаъид аст, барои у низ хамин маслихатро додам. Вале диккати вайро бештар улуми табииёт ба худ мекашанд. Кори аз хама хайр тиббу табобат аст. Табиб барои хама: хам амиру дарвешон, хам пайгамбару тифлони гахвора шахси даркорист!

– Дурустии ин гуфтаро шумо чанде пеш, хангоми даровардани дасти шоири шуридабахти рометани ба хуби собит намуда будед.

-Албатта, факехи хам бад нест, аммо чунин холатхое хам пеш меоянд, ки ба кас на фикху на… – гуфту гирдогирдашро аз назар гузаронд, – хадиси Паёмбар ёри расонда метавонанд! Танхо илми тиб туро хамеша аз кулли балохо начот медихад. хатто, аз эхтиёчу ниёзманди! Ва, албатта, як табиб аз даххо факех манфиатноктар аст! – Масехи якбора хандид. – Мехохед, таърихи аз тарафи табиби номи Закариёи Рози чи гуна табобат намудани фалачи падари амири хозираро хикоя кунам?

Ва ба накли вокеа огоз намуд:

– Амир Мансур ибни Нух одами асабоние буд. Дасту пояш доимо ларзида меистод. Окибат у гирифтори бемории фалач гардид. Хар ду пояш аз харакат монданд. Амир бархостан мехост, аммо похояш итоат наменамуданд. Дар бораи мустакилона савори асп шудан ва аз хонае ба хонаи дигари гузаштан у дигар фикр хам карда наметавонист. Табибон уро дурудароз муолича намуданд, аммо холи амир бадтар мешуд. Танхо баъди ин ба Рози кас фиристоданд. у муддати дарозе рози нашуд, зеро фалачи гузаштаро табобат намудан амре мухол буд. Кор ба чое расид, ки дастони табибро баста, уро ба каик кашола карданду ба воситаи Омударё Бухоро оварда, зуран ба арки амир дароварданд.

Хулоса, Рози мачбур гардид, ки аз пайи табобат шавад. Аз тахти дил табобат мекард, тамоми воситахоро ба кор мебурд, аммо бехбудие хис карда намешуд. Он гох карор дод, ки охирин даворо ба кор андозад. у медонист, ки амир одами асабонист ва фалач аз ихтилоли сахти асабхо пайдо шудааст. Ва, инак, Рози ба амир руй овард: «Пагох ман табобати дигареро ба кор мебарам, аммо барои гузарондани ин табобат аз аспу хачири хоса чудо шуданатон лозим меояд». Аспу хачири амир саворихои аз хама тезгарди Бухоро буданд. Аспу хачирро зину банд заданду ба ихтиёри у доданд.

Рози ба гуломаш фармуд, ки саворихоро дар пушти дари хаммом омода дорад. Худаш хамрохи хидматгорон амирро аз арк бароварда, ба хамон хаммом овард. Гирду атрофро богу бустонхо ихота карда буданд, товусони хушхиром зери дарахтон гаштугузор доштанд. Амир рахорах ашк мерезонд: Наход у дигар мустакилона ба сайру тавофи Мулиён баромада натавонад?!

Табиб амирро дар миёнадойи хаммом шинонда, ба хидматгорон ишораи рафтан намуд. Баъд ба сару тани амир чанд таора оби гарм рехта, шарбати ба мушакхо кувватдиханда нушонд. Боз аз нав ба курси шинонда, худаш берун баромада сарулибосашро пушид ва назди амир баргашта, уро бо тамоми суханони аз дахонаш омада дашному хакорат додан гирифт. «Ах, ту фалону бехмадон! Ту фармон доди, ки дасту пойи маро баста, ба зури оваранд?! Барои хамин похои кадалаи ту чаллод чазои маро медихад?! Агар дар бахои ин хама ман худам чонатро нагирам, номам Рози набошад!».

Амир аз хад зиёд ба хашму газаб омад, хатто фоличии худро фаромуш карда, аз чояш нимхез шуд. Рози качкордашро аз гилоф кашида, боз ба тавдиру дашноми амир пардохт. Амири ба тарсу харос ва хашму газабафтода тамоман аз чой бархост ва акиб гурехтан гирифт. Ба ин хол Рози хандида, аз хаммом берун давид ва худаш ба аспу гуломаш ба хачир савор шуда, хар ду саворихоро бо тамоми суръат тарафи Амударё тозонданд. Аз дарё гузашта, муддати мадиде дар ягон чой таваккуф накарданд. Баъдтар Рози номае ирсол дошта, асли вокеаро шарх дод.

– Амир чи кор кард?! – пурсид Хусайн. – Аз нав сихдату саломат ёфт?!

– Албатта! Хамон лахзае, ки Рози аз хаммом берун давид, амир аз хуш рафт. Баъд ба худ омада, аз хаммом берун баромад ва хидматгоронро чег зада пурсид: «Табиб дар кучост?!». «Магар уро худатон чавоб надодед?! – дар тааччуб афтоданд хидматгорон. – Табиб ба аспу гуломаш ба хачир савор шуда, хар ду тозон гайб заданд». Амир асли вокеаро фахмид. Сони зиёфат орост. Хама изхори хурсанди мекарданд, хамаро хайру садака медоданд. Ба табиб амир аспи мучаххаз, чакмани гаронбахо, салла, ярок, гулом ва канизаке фиристод. Ин хама инъомотро у хамрохи шахси номдоре рохи намуд.

Аз таърихи  хикоякардаи  Масехи хамагон дурудароз хандиданд.

Сипас Масехиву падари Хусайн дар бораи ким- чизе охиста-охи ста сухбати тулоние карданд.

Шаби оянда Масехи ба мехмони наомад.

– Вай рафт, – гуфт Абдуллох. – Ман бо точири шиносам гуфтугу кардам, аспу хамсафарони боэътимоде дод ва субхи бармахал Масехи баромада ба Хоразм равон шуд. – Падар китоберо ба Хусайн дароз кард. – у хош кард, ки инро ба ту дихам. Ва гуфт, ки ту бояд инро, албатта, аз назар гузарони.

Китоб «Тибби назари ва амали» номида мешуд. Онро табиб ва донишманди маъруф Фороби навишта буд. Хусайн аз хусуси Фороби шунида бошад хам, китоби уро бори нахуст ба даст мегирифт.

Як пагохи ду савора ба хавлии Хусайнино омада, ба Абдуллох ибни Сино фармуданд, ки зуд ба девон расида равад.

– Рузашон бе ман намегузарад, – гуфт Абдуллох, – ва саллаи наверо гирди сар печонда, чомаашро афшонду аз дар баромад.

Такрибан баъди чахор соат, наздикихои намози шом, вакте ки Офтоб баръало ба тарафи магриб фуру мерафт, Абдуллох баргашт.

– Дар бораи Масехи аз шумо чизе напурсиданд? – гуфт Хусайн.

-Напурсиданд, агарчи уро мечуянд. Бугрохон касал шудааст, онхо нияти барои табобат Масехиро даъват кардан доранд.

-Онхо барои чи шуморо чег задаанд? – пурсид Ситора.

-Ддард дерина. Фурсати рамъоварии бору хирори амирро наёфта, аллакай бояд барои хазинаи Бугрохон андоз гун кунам. Ин кор барои ман душворие намеоварад. Аммо холи бечорахое, ки аллакай барои хосили соли оянда ба хазинаи амир пул супурдаанду холо бори дигар ба Бугрохон бояд супоранд, чи мешавад?

Аз афташ, корхои Бугрохон хам чандон хуб нестанд, агар у чунин шитоб дошта бошад. Хануз, охир, тамоми хосил рамъ оварда нашудааст, – охи вазнине кашид Нотили. – Шояд, ба мадади Илохи, амири худамон бар гардад…

-Ман дируз фахмидам, ки Бугрохон касал будааст,- гуфт Ситора. – Гап-гап меравад, ки аз таъсири боду хавои мо ва кадом мевароте, ки ба хурданашон одат накардааст, касал шудааст. Мегуянд, ки ба карибихо аз Бухоро мерафтааст.

-Ох, кош ки хамин тавр мешуд! – хурсанди зохир намуд Нотили.

-Ба хар хол, дар андозгундорй шитоб кардан лозим нест, – гуфт Ситора. – Бехтараш, Шумо чанд руз пинхон шавед. Агар пурсанд, мегуем, ки андоз гундошта истодааст.

Гапи Ситора хак баромад.

Бугрохонро сипохиёни у бар ри тахти равоне гузоштаву бурдан доранд. Чодархояшонро хам рахт баста истодаанд. Анбухи чангу губор хам ба дуродур, чониби Самарканд меравад.

Баъди ин шикор сар шуд. Сокинони Бухоро бокимондахои лашкари Бугрохонро дар кучахо дошта, аз аспхо сарозер меафканданд.

–Т аспи маро кашида гирифтй? Кашида гирифтй! – дод мезад муйсафеде дар ча. – Акнун ман аспи туро кашида мегирам! Ту хонаи маро орат кардй? Горат кардй! Акнун ман яроку аслихаи туро зада мегирам!

-Дар рох аробаи пур аз колохои гуногун ва сарулибосу зару зевари Бугрохон банд шуда мондааст! – дод мегуфтанд одамон. – Рафтем, кашида меорем!

Дархол гурухе, такрибан иборат аз сй нафар савдогарону хунармандону маъмурони хурди давлатй, чамъ омад. Хамаи онхо мусаллах шуда, тарафи ароба шитофтанд.

Баъди чанд руз, хабдахуми августи соли 922, амир Нух ибни Мансур бо иззату икроми тамом дохили Бухоро гардид.

– Шояд падари ту шахси асосие бошад, ки барои ба ин галаба нойил гардидан ба амир ёрй расондааст, – гуфт Нотилй. – Агар падарат Масехиро намефиристод, кй медонад, мумкин у Бугрохонро табобат мекард. Он гох Бугрохон хамрохи лашкариёнаш баромада намерафт ва амир, Худо бахту икболи баландаш ато кунад, шахр ба шахр оворагарди карда мегашт.

Падари Хусайн хам аз паси лашкари амир баргашта омад. у дар Рометан дар хонаи одамони боэътимоде панох бурда буд, агарчи уро касе чустучу хам намекард. Зохиран, ахволи Бугрохон бисёр бад шуда буд, ки андозхо ба гушаи гумонаш хам намеомаданд.

Расо баъди чанд хафта Бугрохон мурд.

– Акнун, ки ба хонаи шумоён осоиш омад, ман бояд бо шумо хайрухуш намоям, – гуфт Нотили.

– Пас рохбарии таълими Махмудро ки бар увда мегирад? – узр овард Абдуллох,.

Вале карори Нотили катъй буд.

-Маро ба Гурганч даъват мекунанд. Хеши ман фарзандони бисёре дорад, онхоро хам омузондан лозим аст!

Ин гап рост буд, зеро Нотили бо хешаш мукотиба дошт ва у дар яке аз номахояш Нотилиро ба хавлии худ даъват намуда буд. Субхи бармахал Нотили аз Бухоро баромада рафт.

– Оянда кадом пешаро ихтиёр хохи намуд? – мепурсид Абусахли Масехи аз Хусайн. у пай набурда буд, ки Хусайн аллакай бар сари ин масъала мустакилона андеша рондааст.

Илму дониш фоидаи ночизе меоваранд – ана он чизе, ки Хусайн гайри чашмдошти худ кашф намуда буд!

Чандин сол у факат аз субх то шом ба китобхони машгул гардида, танхо дар вакти намозу тановул сар аз китоб бармедошту бас. Шабони дароз китобхоро азбар менамуд ва, хатто, вакти хоб дар сараш халли муаммохои норавшане пайдо мешуданд. Баногох саволи кутохакаке вайро аз рош боздошт: «Барои чи?»

у факехи мутакаббиреро медонист, ки бо тамоми хасти «умки дониши худро» нишон додан мехост. Вале аз ин кори вай олам ранги бехтаре намегирифт. Хатто конуну коидахо мисли пештара вайрон карда мешуданд.

Фарз кардем, ки <{Куръон»-ро битамом азёд донисти, пас аз он чи фоида?! Ва ё хандасаи Уклидусро! Ё, хатто, мантикро! Одамон на аз руйи нишондоди мантик, балки дар асоси хохиши харлахзаинаи худ амал мекунанд!

Аз дехкони одие, ки галла мекорад, ва аз хунарманде, ки муза медузад, нисбат ба факехи каллааш лабрези дониш манфиати бештаре ба зиндагист.

«Ман хам факех шуда метавонам, – андеша меронд Хусайн. – Хатто мисли падарам, ходими намоёни давлати хам шуда метавонам. Вале метавонам нашавам. Барои чи, чаро ин ба ман лозим?»

Хусайн дар саросари зиндагии одамон як навъ номувофикатии вахмангезеро медид. «Одам барои чи зиндаги мекунад?! – шабхои дароз азоб кашида фикр мекард Хусайн. – Наход барои мурдан?! Пас, у барои чи шоди мекунаду гам мехурад?! Барои чи олим як умрашро харчи донишомузй карда, дар охир ба тарики кофй донишхоро фаро мегираду хамон лахза мемирад?! Наход у якумрй барои он илму дониш чуста бошад, ки окибат онхоро ба гур барад?! Худи ман барои чй зиндагй мекунам?! Хаёти човидони ман дар он дунёст! – чунин таълим медиханд уламои дин. Пас, ман дар ин дунё хаёти гайриасосй ба сар мебарам?!».

Ба ин хама Хусайн бовар кардан намехост.

«Хозир ман хаёти гайриасосиро ба сар мебарам». Аз ин фикр дилаш ба дард медаромад. Аклаш бо чунин андеша муросо карда наметавонист!

«Агар одам дар руйи замин чи кадар хохад, хамон андоза зиста метавонист… Он гох хаёти мо хаёти асоси мешуд, – меандешид Хусайн. – Касе, ки хонаи кабрро хохад, бигзор ба он чо биравад. Факат… касе ба он чо рафтан намехохад. Хама дар хамин чо, дар ри замин зистан мехоханд».

«Наход, ки мани бардаму бакувват рузе бимираму дигар дар руйи замин набошам! – фикр мекард Хусайн. – Ман мурдан намехохам! Ман умри дароз дидан мехохам!».

Баногох фикри одие соикавор ба сари Хусайн бархурд: «Охир, илми тиб махз барои хамин вучуд дорад! Чаро пештар инро пай набурдам! – меандешид у. – Илми тиб барои он даркор аст, ки хаёти руйизаминии одамонро дарозтар кунад. Шояд одамоне хам бошанд, ки човидон зистан хоханд. Шояд аллакай чунин дорухое хам ёфт шаванд, ки ба одамон умри човидонй бахшанд. Барои инро донистан бисёртар китоб хондан лозим».

Хамрохи хамин фикрхо дар кучахо гаштаву бо хамин андешахо табассум мекард.

Муйсафеди нуронии харсавори аз пахлуяш гузаранда фаъолияти азимеро, ки чавони рубаруяш тааччубовар табассумкунанда ба накша гирифта буд, хатто пай намебурд.

«Ман гирехи ачалро хохам кушод! – меандешид Хусайн. – Барои амали гардондани ин максад зистан меарзад. Шугли асосии ман тиббу табобат хохад буд. Ман одамонро дарозумр хохам кард. Ана, барои чи ман зистан мехохам!».

Акнун Хусайн мунтазам китобхои тиббиро мехонд. Падараш аз шиносе си чилди «ал-Хови» ном асари Розиро гирифта, дар хурчине ба хар бор карда хона овард. Муаллифи асар хамон табибе буд, ки Масехи дар бораи вай накл карда буд. Рози, мувофики шуниди Хусайн, рохбарии нахустин табобатхонаи дар Багдод сохташударо бар увда дошт.

Рози дастовардхои табибони атика – Букроту Чолинусро муфассал баён менамуд. Дар асар хосияти бисёр доруворихо тавсиф шуда буданд.

Хусайн ин китобхоро як соли расо омухт. Баъзан дар онхо фикру маслихатхои аз акл дуре хам вомехурданд.

«Чунин мехисобанд, ки агар заргушро дошта, бо пусташ            шонанд ва, баробари ин, аз чондор чашм

наканда нигох карда истанд, сармохурдагиро шифо мебахшад».

«Чаро махз заргуш?» – хайрон мешуд у.

Баъди як сол Хусайн аллакай тамоми навиштачоти дастраси тиббиро фаро гирифт. Акнун аввалин беморон ба назди у меомаданд.

Хусайн дорухат менавишт ва атторон аз руйи он дорую даво тайёр мекарданд. Тайёр кардани дорухои номураккабро худаш ёд гирифт.

Хар чи бештар табибон хам ба назди у барои маслихату ёри меомадаги шуданд.

  • Хусайн, ту таркиби дорувориеро, ки ба сактаи дил шифо мебахшад, дар хотир надори? – пурсид пирамарди солхурда, вале шифокори чаласавод.

Хусайн дархол таркиби онро гуфта дод:

  • Сунбул, дорчини чини, занчабил ва тухми шибитро дар шароби ангур маъчун месозанд.

Минбаъд уро ба назди гирифторони беморихои вазнин даъват мекардаги шуданд. Го тамоми гуфтахои осори тибро дар бораи аломатхои касалии чунин беморон як-як ба ёд оварда, сари кароре омадани худи у лозим мешуд.

Китобхо дар бораи сохти узвхои даруни чизе намегуфтанд.

«Дар бораи инсон мо бисёр кам медонем, – фикр меронд Хусайн. – Гурдахо аз чи таркиб ёфтаанд? Шуш чист? Барои чи одамони сиппа-сихат аз дарду халаи ёни росташон яку якбора мемуранд ва дар ин вакт бисёрихоро шикам дам мекунад?»

Хусайн ба назди кассоб рафта, меъда ва дили шутуру гусфанду аспонро аз назари тахкик мегузаронд.

– Наход ту дили маро ба дили хамин гусфанди фарбех монанд пиндори? – механдид кассоб.

Хатто сохти мушаку меъдаву рудахои шутуру гусфанд аз хамдигар фарки кулли доштанд. Одам аз онхо бояд тамоман фарки калон дошта бошад!

Гохо Хусайн аз табобати одамон муваккати даст кашидан мехост, зеро донишхое, ки бар тахмину фарзияхо асос ёфтаанд, танхо зарар оварда метавонанду бас. Аммо беморон, одамони очизу дармонда омадан мегирифтанд ва Хусайн аз ёрии онхо даст кашида наметавонист. Табибони дигар аз у на зиёдтар, балки камтар медонистанд. у барои ёри расондан ба беморон мачбур буд. Онхоро аз тахти дил муоина менамуд. Нафасгири, набз ва садохои мухталифи бадани онхоро бодиккат гуш мекард. Дорухо таъйин менамуд ва аксаран дорухо ба беморон даво мебахшиданд.

Вале баъзан, вакте Хусайнро ба назди беморон даъват менамуданд, у то охир фахмида наметавонист, ки дар он чо, дар даруни вучуди чанде пеш солим чи холате руй додааст. Дар чунин холатхо табибон одатан доруворихои ба тамоми узвхо кувватбахш таъйин менамуданд, то андаке бошад хам, ба бемор умедворие боки гузорад.

Рохи омузиши сохти бадани инсон баста буд. Агар барои омузиши колбад кушише ба харч дихад, худи табиб аз ри конуни шариат алалфавр ба колбад табдил дода мешуд.

Хусайн орзуву андешахои худро дар бораи дароз намудани умри тамоми одамон ба хотир овард. Онхо то чй андоза дастнорас буданд! Вай аз беиктидориву дасткуохии худ нафрат менамуд. Аммо, зохиран, илочи дигаре набуд.

Рузе Хусайн дар миёни китобхои пахну парешон меистод, ки табиби машхури бухорой Камарй наздаш омад.

– Номат чист, чавонмард? – пурсид Камарй.

– Хусайн.

-Овозаи шифокории муваффакиятноки ту ба гуши ман хам расид, – бо овози паст гуфт Камарй маънидорона.

Хусайн чавобе надод, факат табассуми талхе намуд. Магар хамин хам шифокории муваффакиятнок шуд!?

-Гуш дор, хамин руз як ба хонаи пушти истевдоми шахр, назди дарвозаи Рометан ташриф биёр, – гуфт баногох, Камарй ва дархол баромада рафт.

Барои чй маро даъват кард? – меандешид Хусайн, шабона аз дарвозахои шахр гузашта. Дар ин хавлй кайхо боз касе намезист. Хона ба харобазоре мубаддал гардида, ба сабаби номаълуме тирезачааш махкам пардапш буд. Дар даруни он шамъхо месухтанд ва Камарй танхо менишаст.

-Ба ман бии, чавонмард, ки аз надонистани сохти бадани одамй бисёр азобу машаккат мекашй? – пурсид Камарй.

-Хайр, онро чй хел омухтан лозим? Одами зиндаро чаррохй кардан мумкин нест, мурдаро шариат ичозат намедихад. Акаллан, агар чунин имконияту шароите мебуд, ман барои ёрй расондан ба зиндахо хатман часади одами мурдаро меомухтам.

Хусайн максади даъвати Камариро пай бурд.

Хангомм ки беморихои мураккабро табобат намудан лозим буд, аз сабаби кутовдастй муддати дарозе ман ин корро анчом дода натавонистам. Акнун пир шудааму чизеро аз даст намедихам. Хозир посбони кабристон одами хамин руз гуронидашудаеро меорад ва мо сабаби марги уро муайян мекунем. Ман дарди шиками уро дурудароз муолича намудам, аммо табобат кумаки чиддие нарасонд.

То субхдам Хусайну Камарй зери рушноии шамъхо узвхои одами мурдаро тахкик намуданд. Онхо дар курруда мугчаи номаълумеро пайдо карданд. Хусайн чунин мугчаро дар хайвонот надида буд. Камарй хам бори аввал онро мефахмид. Мугчаи зери чарохат хуну рим гирифтаву кафида ва аз он фасоду зардоб баромадаву пахн шуда, чидори шикамро захролуд кардаанд.

Акнун муаммои бисёр касалихои номаълум кушода шуд. Ва аллакай дар рохи табобати онхо нахустин икдомотро гузоштан мумкин буд.

Ин шаб ба Хусайн на камтар аз китобхои хондааш дониш дод.

Минбаъда на як бору ду бор Хусайну Камарй шабонгох, ба пасу пешашон нигариста, то ки онхоро таъкиб накунанд, ба кулбаи харобу абгоре, ки дар пахлуи хонаи посбони кабристон чойгир буд, медаромаданд.

«Фалсафа модари тамоми илмхост, – аксар вакт мешунид Хусайн. – Танхо дар сурате олим шудан мумкин аст, ки мохияти фалсафаро дарк намой».

Аллакай у «Мобаъдуттабиа»-и донишманди Юнони Кадим хаким Арастуро аз сатри аввал то охир бист маротиба хонда баромад, онро азёд медонад, аммо ягон бобашро амик фахмида наметавонист.

«Ин китобест, ки рохи маърифаташ нопайдост» – андешид у.

Сипас карор дод, ки онро як су гузорад, дар бораи он дигар фикре накунад, фаромушаш кунад.

Пагохи ба назди вай ду нафар бемор омаданд. Яке хунарманд, бофанда буд. Аз зарби гаштугузор похояш обила карда буданд. Хусайн барои мархами он равн тайёр намуд. Дувуми савдогари оази Самарканд буд. Абруйи чапи у тез-тез парида меистод. Хусайн маслихат дод, ки то хадди сабру токат он мард абруяшро, монанди он ки худи абру мепарад, парондан гирад. Баъди чанд руз абру дигар ба хеч вачх намепарид. Савдогар каллаашро чунбонда, нобоварона табассум менамуд. Хусайн бо душворие уро бовар кунонд.

Диккати уро беморон аз китоби Арасту канда буданд. «Вале хама илохиётро илми асоси мехисобанд. Наход онхо дуруг гуянд, чахолату нодонии худро рупуш кунанд?! – меандешид Хусайн. – Набояд чунин бошад. Маълум мешавад, ки фахмиши худи ман он кадар кофи нест».

Хусайн намедонист, ки ин китобро борхо аз забоне бар забони дигар тарчума кардаанд. Хар як тарчумон аз худ бар он порчаву сахифахои бутунеро илова мекард. Ва дар хамин шакли пуртахриф китоб ба дасти вай омада расида буд.

Шабона Хусайн дурудароз сайругашт карда, сипас ба майдоне омад, ки дар он бозори китоб чой гирифта буд. Аз он чо китобхои доир ба тамоми сохахои донишро харидан мумкин буд. Тафсирхои арабиву форсии «Куръон», тарчумахои рисолаи тибби Букрот, кутуби нучум, мачмуахои ашъору маснави болои хам мехобиданд. Тамоми одамони сохибмаърифати Бухоро ба ин чой омада, дастнависхоро тагуру менамуданд. Хусайн аллакай шоири маъруф Абулфатхи Бутсиро мешинохт, ки ба ду забон – арабиву форси шеър менавишт, бародариву баробарии олии мардумро таргиб менамуд ва бар зидди чангу нифок мебаромад. Харидори дигари хамешаги ва маъруфи бозори китоб – хаким Камари дусти Хусайн гардида буд. Хамаи инхо ва дигар одамони шиносу ношинос дастнависхоро мухокима менамуданд, ба якдигар шеър мехонданд, бахс мекарданд, хатто хамдигарро дашном медоданд, аммо, зохиран, бе хамдигар зиста наметавонистанд.

Китобфуруш Хусайнро бо ишорае назди худ хонд.

– Китоби тамоман арзон. Хамаги се дирхам. Талабае мефурушад. Мегуяд, ки китоби бисёр хуб. Факат аз сабаби дармондаги ба савдо мондааст.

Хусайн китобро ба даст гирифт. Китоб чандон гафс набуд. Вай унвонашро хонд:      «Агрози

«Мобаъдуттабиа». «Боз хам мобаъдуттабиа»! – нешханде зад у.

Муаллифи тафсир хамон Абунасри Фороби буд. «Хатто ба ман ёри расондани Фороби хам дар гумон аст», – андешид Хусайн.

– Се дирхамак, бисёр арзон, – рози мекунондаш китобфуруш.

Хусайн аз киса се тангаи нукраро бароварда, ба китобфуруш дароз кард.

Рахорах,, аввал боби якум, баъдан дувум, сипас савуми китобро хонда баромад.

Хамааш фахмо буд. Хамааш ба кулли равшан буд.

«Охир, хама чизи оди-ку! Пас, чи гуна ман Арастуро нафахмидаам! – хайрон шуд Хусайн. – Таълимот дар бораи аз шакл чудо набудани чавхари ашё фахмо. Хамааш фахмо!»

Акнун, баъди дастраси китоби Фороби, Хусайн фарахмандона аз сари як чумла ба чумлаи дигари Арасту мерасид…

Рузи дигар аз падараш пул гирифта ба бозор рафту онро ба ниёзмандон таксим кард.

Боре Хусайн дар куча бо хамсояаш Умар вохурд. – Салом – гуфт Умар, – кайхо боз туро надидаам!

Доимо бандаи китоби?

– Чомаи нават муборак!

– Чома! Ту бибин, чи хел саллаи киматбахо дорам! Ба худам нигар, ишкамам сер, димогам чок!

– Ту хурсанд боши, ман хам хурсандам, Умар!

-Албатта, хурсандам! Медони, ман дастёри худи ошпази амири кабир шудам. Ту чи? Ягон амал дори?

– Усули табобати одамонро меомузам.

-Табобат?! Аз он даромади зиёде мегири?! Худо хохад, агар худам ошпаз шавам, туро ба дарбор даъват мекунам. Ба ман мадад мерасони, хар чи хам бошад, бо хам калон шудаем…

Умар аз куча бовикорона кадам зада, дур шуд. Баъди рузе чанд аз Хусайн дасти ёрй талаб намуд. Не, Умар соку саломат буд. Падараш хам сиппа-

сихат буд.

Танхо бародари калонии Умар бемор буд. Чандин руз инчониб аз ояти бемадори аз чояш бархоста наметавонист, иштихояш тамоман баста буданд. Чандин руз инчониб бо хешовандонаш гуфтугу хам карда наметавонист, ру чониби девор мехобид.

Бародари калонии Умарро духтуре табобат мекард. у ба бемор пучоки куфтаи чормагз ва «нушдоруи чини» медод, вале фоидае намебахшиданд. Сипас маслихат дод, ки ба пойи бемор каждуме гузоранд, то аз таъсири неши чонвари захрнок аз чояш барчахад. Каждумро дошта оварданд, аммо чонвар охиста ру-руйи пойи бехаракат хазида, онро намегазид.

Бародари калони руз аз руз бехолу бемадор мегашт.

-Хуш, дар боби чунин касалихо дар китобхои ту чизе навишта нашудааст? – пурсид Умар, вакте ки

Хусайн беморро аз назар мегузаронд.

-Ба гумонам, аввал сабаби касалиро фахмидан даркор.

-Хаёл мекуни, ки напурсидам? Вай аз аввал дамдузд буд, холо тамоман хап шудааст. Дар давоми мох калимае хам нагуфтааст. Ба карибй аз хизмат озодаш мекунанду дарди сари ман мешавад.

Бародари калони, хакикатан, ба онхо эътиборе намедод. Мисли пештара ру чониби девор мехобид, гох-гох оромона нафас мекашид.

– Ман ба вай гап намезанам, – гуфт Хусайн.

Баъд дасти беморро гирифта, набзашро санчид ва нохост тамоми махаллахои Бухороро пайихам ном бурдан гирифт.

–Т чи кор карда истодаи? – дар хайрат афтод Умар.

Хусайн уро бо дасташ ишора намуд: «Хомуш!». Баъд аз у пурсид:

-Кучахои махаллаи калони точиронро дар хотир дори?

-Набошад чи! Хамон ошпази амири кабир дар он чо зиндаги мекунад!

– Хайр, онхоро як-як номбар кардан бигир!

Умар ном бурдан гирифт.

Хусайн мисли пештара набзи беморро месанчид. Умар, мувофики дархости Хусайн, хавлихои яке аз чахоро пайихам ном бурдан гирифт.

– Ана, холо чояш ба мо маълум шуд, – гуфт Хусайн. – Шояд акнун сабаби касалиро худи бародарат гуяд?

Вале бародари Умар хамон хомуш меистод. Мукобилат хам нишон намедод ва дар вакти дасташро доштани Хусайн, гуё дасти каси дигаре бошад, онро хатто намекашид. Ва худашро чунон воменамуд, ки гуё дар чойи дуре вокеъ гардидаасту дар кунчи девор каси дигаре мехобад. Ва, гуё, аз каноре назора менамуд, ки бо он каси бегона чихо карда истодаанд.

– Хуб, кани, – гуфт Хусайн ба Умар, – номи он занхоеро, ки ба хотират меоянд, гуфтан бигир!

Хусайн мисли пештара дасти беморро рахо наменамуд ва набзи уро санчида меистод.

-Иссо! – саросемавор гуфт у. – Ман сабаби бемориро ёфсам. – Дар ин маврид Хусайн сарафи бемор нигарисса, баланд-баланд гап задан гирифс, со гуфсахояшро ба хуби фахмад. – Бародарас ошик шудаасс. Сабабгори гаму кулфаси у Дилоро ном дорад. Он духсар дар хавлии назди хаммоми нав, дар махаллаи калони сочирон иссикомас мекунад.

– Шумо чи хел фахмидед?! – ногахон бо овози хира ба гап даромад бародари калони, хамчунон ру ба сарафи онхо нагардонида. – Ин розесс, ки ман дар дил нихонаш медорам…

-Ман хам аз ри задани диласон фахмидам. Ваксе ки одамон суханони ба дил наздику азизашонро салаффуз мекунанд, дил ором мегирад. Ва дар ин маврид набзи он меафзояд. Ман як рози сабобаси бародари суро медонам, – гуфс Хусайн ба Умар. – Вай ошик шудаасс. Туй бояд хар чи зудсар ва шодмона гузаронида шавад.

Баъди як мох Хусайну Умар боз дар                          ча

вохурданд.

– Ахволи бародарас хуб асс? – пурсид Хусайн.

– Кариби дар чойи хидмас уро мансаби баландсаре медиханд. Баъди як хафса суй. Ту мехмони гироми мешави.

-Мусаассифона, дар суй ишсирок карда намесавонам. Хозир машгули сабобаси гирифсорони вабо хассам. Хеч кас, гайри ман, чуръаси нигохубини онхоро намекунад.

-—Т дар хузури гирифторони чунин касалии махуф чй хел истода метавонй? – дар хайрат афтод Умар. – Не, ба хар навъ, одами галатй хастй. Ягон руз касалии онхо ба ту сироят карда, хатман касал мешавй. Лекин гам махур, ман туро тока намегузорам, бароят хар руз палав мефиристам.

Боре шиками амири кабир ба дард омад. Шикамаш пештар хам гох-гох дард мекард, аммо дард ба зудй гузашта мерафт. Вале холо шикам бар болишт мехобид. Аз дами субх то намози шом ва баъди он тамоми шаб гирдогирди у табибону хидматгорон парвонавор чарх мезаданд, аммо ба ягон усул фоидае бахшида наметавонистанд. Баъди таомхурй дарди шикам якбора меафзуд ва амир, ба хотири он ки бо доду фарёд обруяшро нарезад, шараккос дандонхоро ба хам месоид.

-Наход дар саросари шахр гайр аз шумо, курсаводони бехунар, ягон табиби хаккони набошад! – ба дод омад окибат шабе амир, вакте ки дард аз хадди токат гузашт. – Чоб дех! – пписаомез пурсид аз табиби калонй.

– Хаст, – чавоб дод сартабиб. – Ман бо вай шахсан шинос нестам, аммо, мегуянд, у беморонеро табобат мекунад, ки аз онхо худи Худо хазар менамуд. у шогирди Камарй будааст. Мутаассифона, худи Камарй дар шахр нест, мо дар ин хусус арза дошта будем…

– Пас, барои чй дар бораи шогирди Камарй чизе нагуфтй?

– у бисёр чавон. Хатто, наврас, – хамагй хабдах сол дорад ва хавфи ман аз он аст, ки дар рохи табобати касалихо ба у на хунари шифокорй, балки тасодуф мадад мерасонад.

– Уро ба ин чо биёр! Зудтар биёред! – даст афшонд амир.

Дарвозахои арк кушода шуданд ва дастаи посбонони савора асптозон ба чахои торик даромада рафт.

– Аз афташ, ягон гунахкори ашаддиро медоранд, – зери лаб пичиррос мезаданд сокинони бедоршуда. – Факат, кош, ки дуртар, кош, ки дуртар аз хонаи мо медоштандаш…

Онхо метавонистанд ором бихобанд, зеро гуломон табиби чавон Хусайнро мечустанд.

Баъди чанде аз доду фарёд ва кубокуби дарвоза хамчагони Хусайн аз хоб бархостанд.

Сони посбонони савора писари Абдуллох ибни Синои барои хама азизу мухтарам, Хусайни бечораро гирифта бурданд.

-Магар нагуфта будем: «Аз бахри хамин китобхои сабилмонда баро!» – миёни худ пичир-пичир мекарданд хамсоягони дилсузу мехрубон.

– Хабар доред? уро барои табобати амири бемор бурданд, – пичиррос мезаданд баъзехои дигар. – Бисёр хуб, у мо, бандахои фониро хам табобат карда буд. Лекин табобати мо барин одамони оди кори осон аст. Аммо дарди одами бузург хам дардест бузург! Сари писараки бечора ба бало дармонд!

Хусайнро аз миёни бооти Мулиён гузаронда, ба арк оварданд.

– Акнун хамин писарак ба мо, табибони машхур, сабак медихад! – гурухи табибоне, ки назди девор рост меистоданд, тамасхуромезона калла мечунбонданд.

Вале Хусайн       юрона назди амири дарозкашида

даромад.

– Ту кисти, писар? – пурсид амир.

– Ман табибам ва барои табобати шумо омадаам, – чавоб дод Хусайн.

Дар овози у нишонаи тарсу нобовари зохир набуд.

Амирро дурудароз аз назари муоина гузаронд. Амир итоатмандона аз пахлуе ба пахлуи дигар мегашт, шиками урёнашро гахе мекашиду гахе сар медод.

Сони барои амир таом оварданд.

Ошпазхо яке паси дигар, хар яке бо таоми пухтаи худ саф оростанд. Дар миёни онхо палавпазе, ки Умарро ба шогирди гирифта буд, низ меистод.

– Ичозат аст, ки таоми пухтаи шуморо бибинам? – пурсид Хусайн.

– Аз он намеандеши, ки шояд ин таом захролуд бошад? – ба хаячону талотум омаданд табибон.

-Хар дафъа, пештар аз пешкаши чаноби оли намудан, моён онро нафакат аз назар мегузаронем, балки чашида мебинем, – гуфт сартабиб.

-Магар амир хамеша чунин таомхои серравн, палаву шурбо тановул мекунанд?

-ЧЧ гуна чуръат карда чунин саволро доди? – дар хайрат афтоданд табибон. – Магар амири моён гадост, ки гушти шутури кок хурад? Ва ё ту бехабари, ки барои таоми амир одамони махсус уфандони махсусеро парвою парвариш мекунанд?

-Акнун сабаби касалиро фахмидам, – гуфт Хусайн.- Шумо дорухои шифобахш тайёр мекунед, – ру тарафи табибон гардонд. – Вале, мухимтараш, ин хама таомхои серравнро бардоред. Баъд ин хел кунед: пиёбаи бегушту равган пазед ва нони аз орди гандуми хушсифат тайёршударо хушконед!

– Боз хамин пиёбаатро ба амир додани набоши?! – табассум кард амир.

– Бале, – тасдик намуд Хусайн. – Меъдаи амир дар сайру сафархо хамрошон гашта, монда шудааст, акнун андаке бояд дам бигирад. Палави серравн кори меъдаро душвор мегардонад.

– Албатта, ба нияти шифо ин пиёбаро хурданам мумкин аст. Аммо ту медони, ки дар сурати фоида набахшиданаш ба чи балое гирифтор хохи шуд?1 – тахдидомез пурсид амир.

Вале пиёба фоида бахшид.

Рузи оянда Хусайн барои амир таоми дигар фармуд.

Амири хушхолгашта ба болиштхо такя зада, дигар дандонхояшро ба хам намесоид.

– Чи инъоме аз ман талаб дори, чавон? – пурсид амир рузе. – Табобатат ба дарди ман даво бахшид.

-Мешунавед,-ба чунбучул даромаданд дарбориён, – амир ба вай инъоми дилхохашро пешкаш мекунад! Сагираи хушбахт будааст!

-Намедонам, аз шумо пурсиданам мумкин бошад… Талаби ман бисёр бузург аст, – ба гап даромад Хусайн ва тамоми дарбориён мухри хомуши бар лаб зада, гарданхояшонро дароз карданд.

-Бифармой, бочуръаттар бифармой, чи матлаб дори?!

– Ман дер боз орзуи вуруди китобхонаи дарборро мепарварам. Ният дорам, ки китобхои китобхонаро мутолиа намоям.

-Буду шуд хамин!? – оромона хандиданд ахли дарбор.

-Дарххсти бад не! – фучур-кучур мекарданд баъзехо. – Охир, факат ахли хонадони амир рухсати истифодаи китобхонаро доранд…

– Хамааш хамин?! – писхандзанон пурсид амир.

– Ман мефахмам, ки дархостам бисёр азим аст, зеро ин китобхона – яккаву ягона, назираш дар дунё боки намондааст…

-Ичхзаа аст, албатта, ичозат аст, – чавоб дод амир.

-Чй хел соддалавх будааст! – ба фучур-кучур даромаданд ахли дарбор. – Агар бахти моён чунин омад мекард, чи тухфа гирифтанамонро медонистем.

-Ва боз, – зери лаб гуфт амиру якбора хомуш шуд. – Ту табиби дарбор таъйин мешави. Минбаъд дасти касе ба ту нахохад расид. Хаётатро посбонон мухофизат мекунанд.

  • Ташаккур гуй, зудтар ташаккур гуй! – Хусайнро пештар тела дод сартабиб.
  • Барои чунин шарафи бузургеро насибам гардондан ба шумо ташаккур мегуям, – таъзим намуд Хусайн. – Вале ман онхои дигареро хам табобат кардан мехостам, ки… надоранд.

Амир      аллакай    уро гуш намекард.            Тарафи

дарбориён руй оварда буд.

Падар, модар, додар, хидматгорон – хама Хусайнро аз хусуси зебу зинати дарбор, аз хусуси шаклу намуди амир пурсуков менамуданд, вале фикру зикри Хусайн танхо ба як чиз – китобхона банд буд.

Дар бинои мухташаму дурударози китобхона хонахои бисёре мавчуд буданд. Дар хар як хона сандукхои махсуси китобдори чой доштанд.

Хусайнро муйсафеди турушруйи кузапуште истикбол намуд.

Гайр аз муйсафед ва чанд нафар фаррош дар бино каси дигаре набуд. Муйсафед Хусайнро аз хонае ба хона мебурд. Дар як хона танхо китобхои тиб, дар дигараш китобхои нучум, дар савуми корномаву саргузаштхо чой гирифта буданд.

Баъди чандин сол, хангоми накли тафсилоти рузгори худ ба шогирдаш Чурчонй, Ибни Сино аз ин китобхона чунин ёдовар мешавад: «Дар ин китобхона китобхои гуногунеро дидам ва хондам, ки хатто номи онхоро хам касе нашунида буд ва худам низ то он рузгор чунин китобхоро надида будам ва баъди он хам дигар надидам. Сипас он китобхоро хондам ва аз онхо бахравар гардидам ва макоми хар як олимро дар чахони илму дониш дарёфтам».

Танхо як нафар – писари калонии амир Мансур гохо ба китобхона медаромад. Хусайн аз дур бо ишорати сар уро салом дод. Мансур саломи вайро алейк гирифт. Онхо дар китобхона ба хамдигар тамоман ёри гап нашуданд.

Гар шоирон наванд, манам навгувора, Як байти парниён кунам аз санги хора!

Ин сатрхои Рудакиро Хусайн хануз аз овони кудакй, аз даврахои дар Афшана зистанаш медонист. Баъдтар дар Бухоро омузгори улуми адабия ба вай усулу коидахои шеърнависиро омузонд.

Кофиябандй ва дар колаби аруз овардани мисраъхоро бисёр одамони сохибмаълумоти давра медонистанд, лекин ин сатрхои пароканда дар сурате шеъри комил хисобида мешуданд, ки шодиву фарах ва дарду алами калби гуяндаро ифода намуда, дилхои дигарон хам баъди шунидани онхо ба ларзиш дароянд.

Шеърхои нахустинашро Хусайн аз руйи хавову хавас менавишт. Гохо мутантану сурарангез ва гохо риккатовар шудани калимахои мукаррарй ба назараш ачиб менамуд. Охиста-охиста чанбаи эхсос ва хиради ашъори у бештар мегардид. Аллакай онхоро бисёр сокинони Бухоро медонистанд, аз даст ба даст мегардонданд.

Дар бозгашт аз китобхона Хусайн ба муфтии калони Бухоро рубару омад. Муфтй Хусайнро боздошта, бо майлу рагбати тамом аз у мепурсид, ки дар китобхонаи амир кадом китобхоро мехонад. Албатта, Хусайн ба муфтй нагуфт, ки дируз мутолиаи китоби Розй «Хиял ал-мутанаббия»-ро ба охир расондааст. Табиби номй дар ин китобаш кулли каромоти паёмбаронро зери шубха гирифтааст. Дар бораи дигар китобхо хам Хусайн ба муфтй чизе нагуфт.

  • Ман аходиси Мухаммадро мехонам, – чавоб гардонд Хусайн.

Муфти аз ин чавоб каноатманд буд.

Хусайн хам каноатманд буд.

Онхо хайрухуш намуданд ва филфавр ин шеър ба сари Хусайн омад:

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,

Аз чахл, ки донои чахон ононанд, Хар бош, ки ин чамоа, аз фарти хари, Хар к-у на хар аст, кофираш мехонанд!

Хамин тарик, монанди порина, шаби чумъаи чахордахуми мохи рачаби соли 387 хичри, яъне 23-юми июли соли 997, боз суми аспон гарди кучаро ба фалак баровард. Саворахо дар назди хавлии Абдуллох бозистоданд.

Хамагй чанд соат пеш муаззин азони намози хуфтанро хонда буд. Бую таффи шошаи хару оби гандидаи кулмаку хавзхо боду хавои хафаро хафатар менамуданд. Одамону хайвонот давоми хаёти рузонаро дар хоб медиданд.

Хусайн ибни Абдуллох бояд зуд ба дарбори амир равад! – дод мезаданд гуломон.

Хусайн даррав омода шуд.

  • Холи амир аз нав бад шудагист. Вакте ки бо вай хайрухуш мекардам, ахволи саломатиаш хеле ногувор буд, – гуфт у ба падари аз хоб бедоршудааш.

Имсол дарахтони себ хосили фаровоне бастаанд. Шохахо аз ояти гаронборй ба замин хамида буданд. Богбонон онхоро ба хаччаву тиргак бардошта буданд.

Хусайн хамрохи сипохиён аспсавор аз миёни себзорони Мулиён гузашта мерафт. Пеши рохро Мохтоб равшан менамуд. Аз вазиши шамоли сахт себхо тук-тук ба замин меафтоданд.

Дарбориён хануз нахобида буданд. Ду нафар давида пешвози Хусайн баромаданд. Якеи онхоро Хусайн даррав шинохт – у писари миёнаи амир буд.

Хамон лахза вазири амир хам пешвози Хусайн баромад. Ранги ри вазир парида буд. Харфе нагуфта аз зери каши Хусайн дошту ба чое, ки амир хобида буд, рохнамой намуд.

Амир чашмонашро ба шифт духта, руболо дароз кашида буд.

Хусайн пеши у ба зону нишаста, дасташро гирифт ва набзашро санчид. Набз хис карда намешуд.

Амир мурда буд.

Писарони амир: калони – Мансур, мобайни – Абдулмалик, хурди – Исмоил охиста даромада омаданд.

Вазир тарафи Хусайн бо даст ишорае кард. Онхо охиста баромаданд.

  • Туро посбонон то хонаат мегуселонанд, – гуфт вазир.

Ва дар пахлуи Хусайн андаке кадам зад.

– То дамидани субх, тафсилоти бемори ва маргро тайёр бикун! Онро ба халк эълон намудан даркор! – Вазир, гуё хунук хурда бошад, худ ба худ ларзид. – Шаби дахшатовар. Метарсам, ки минбаъд чунин шабхои дахшатовар пайихам омадан нагиранд.

Писари амир Мансур, ки холо амири муъминин шуда буд, хамаи мансабдорони олирутбаро назди худ даъват намуд. Дар ин чаласа Абдуллох хам иштирок дошт.

Мансур хамаро ба нигах доштани тартибот ва дастгирии конуну коидахо даъват менамуд. Хамон вазири пешинаи падарашро вазири худ таъйин кард.

Абдуллох накл мекард, ки вазир мутакаббирона дар назди амир истода, гох-гохе хам шуда, пичирросзанон ба гушаш чизе мегуфту амир маслихатхои уро пазируфта, ба нишони тасдик сарашро мечунбонд.

Амири чавон солиму бардам буд ва ба табибон эхиече надошт.

Хусайн бо сабру токати тамом дар китобхона нишаста, хатто баъзан намози хуфтанро дар он чой мехонд. Хамаи посбонон уро мешинохтанд ва бе гапу харф ичозати даробарояш медоданд. Рузе вай, мувофики одати мукаррарй, то намози шом дар китобхона машгули мутолиа буд. Аз чониби дарбор галогулае ба гуш мерасид. Аммо ин хол касеро ба хайрат намеовард, зеро дар дарбор ое кам галогула руй медихад?! Китобдори кузапушт дар миенахои руз ба ким-кучое гайб зада, дигар бо хамин барнагашт. Вакте ки тамоман торик шуд, Хусайн худаш китобхонаро куфл кард ва суйи дарвоза кадам ниход. Баногох уро дагалона фаред карданд.

– Ту кистй? – пурсид аз у сипохии ношиносе.

– Ман табибам, – мутахаййир гардид Хусайн. – Табиби хосаи амир Мансур, – илова намуд у

бовикорона, то ки дагалии посбонро шиканад. Посбон аз банди дасти у сахт дошт.

– Чй, ту дар ин чо зидди хости Худо фикр карда истодай? Амири ту хануз нисфирузй ба калъаи худ, ба Омул гурехта буд. Мо хозир кй будани туро фахмида мегирем!

– Ба ростй, ман табибам! – худро гум кард Хусайн.

– Агар табиб бошй, беморонат канй? Дар сурате ки хама гурехтаанд, ту дар ин нисфишабй киро табобат мекунй? Бехтараш, икрор шав, ки ба чй кор машгулй!?

-Дар китобхонаи амир китоб мехондам, холо дарашро махкам кардам, – у калидро нишон дод, – ва ба хона рафта истодаам.

– Бо вай гапзанон кардан хочате надорад! – гуфт сардори посбонон. – Пурсукови у вазифаи мо нест! Вазифаи мо доштан буд, ки анчомаш додем!

Хусайнро ба таххона бурда, дар хонаи намноки холие, ки палоси фарсудае дошт, махбус намуданд.

Рахорах аз руйи гапхо фахмид, ки Фоики сарлашкар хамрохи лашкаркашони дигар мочаро карда, тавассути се хазор сипохиёни худ Бухороро забт намудааст. Амир, эхтиётан, то расидани Фоик, дар калъа панох овардааст.

Хавои кароргохи Хусайн хунук буд. Дар кунчхояш мушхо китир-китир доштанд.

Танхо карибихои субх, хобаш бурд.

Субвдам уро худи сардори посбонони дарбор чавоб дод. Сардор хамон сардори пешина буду Хусайнро мешинохт. Вале посбонон холо дар тобеияти сардор набуданд. Чноварони Фоик танхо ба сарлашкари худ итоат мекарданд.

– Хамин?! – пурсид сардори посбонон.

– Хамин! – чавоб дод сардори собики посбонон. – Хусайн ибни Абдуллох,, табиби хоса! у хамеша то фарорасии шаб ба мутолиаи китоб машгул мешавад.

Дарборро ким-кадом сарлашкари бовикори гафси савори аспи зебое бурида мегузашт. у карор гирифта, хамаро бо ишорати даст тарафи худ хонд: хам Хусайн, хам сипохиён ва хам сардори собики посбононро.

Сардори посбонону сипохиён сари таъзим хам карданд, Хусайн хам таъзим намуд.

-Ии Фоик, – мавриде ёфта ба гуши Хусайн пичиррос зад сардори собики посбонон.

Фоик одами кухансол ва гафсе буд. Рую габгабу гарданаш аз хурдтарин харакат ба чунбиш медаромаданд. у бо овози гайричашмдошти махине ба гапзани даромад.

-Пас, одамони ман шабона туро доштаанд? – пурсид у Хусайнро.

– Уро, уро! – чавоб дод сардори сипохиён.

– Табиб будан ва ё ягон касди баде доштани туро дар нисфишаби таъйин намудан душвор аст! Ман фармон дода будам, ки дарбори Амиралмуъминин Мансур сахт посбони карда шавад. То даме ки вай дар калъаи худ Омул сархуши мекунад, аз молу мулкаш бояд гарде хам кам нашавад! Хар кадом хидматгори вафодоре чунин амал мекунад ва ман хам хамин хел амал намудам. Ман хидмати падари уро адо кардам ва холо хидмати худашро хам ба чой меорам. Иншоаллох,, пагох амир ба Бухоро бармегардад ва маро барои чунин амалам инъомхо хохад бахшид.

Сардори собики посбонон хамвора сари таъзим фуруд оварда, дар чавоби хар гуфтаи Фоик бо аломати тасдик калла мечунбонд.

– Ту хам молу мулкро дурустакак назорат бикун! – гуфт уро Фоик. – Хушёр бош, ки худат дуздида, шармандагиро ба гардани сипохиёни ман бор накуни! Ман душмани амир не, хидматгори вафодори ваям, – илова намуд у, – ва барои мухофизати амир аз дасти фишору зуроварии вазир ва худсарихои сарлашкарон омодаам!

Дар беруни дарвоза Хусайнро додари ба хаячономадааш Махмуд интизор буд.

-Падарам аллакай аз пайи чустучуйи одамони лозими рафтанд, то барои халосии шумо чорае бинанд, – гуфт Махмуд. – Акнун он кас бисёр хурсанд мешаванд.

Рузгори сиёхи Бухоро фаро расид.

Вазире вазири дигарро муовиза менамуд. Вазири нав вазири кухнаро дуртар аз назари худ, ба ягон гушаи дурдасти мамлакат мефиристод. Сарлашкарон охирин дафъа миёни худ чанчолу мочарои чиддй намуданд ва дигар амир Мансур онхоро оштй дода натавонист.

Писари гуломи собики турк ва сарлашкари сонй Сабуктегин – Махмуди Газнавй шахреро аз паси шахри дигаре забт менамуд.

Аммо хатибони у хамвора дар масчидхо халкро бовар мекунонданд, ки Махмуд мисли пештара хидмати Амиралмуъминин Мансурро поквичдонона адо менамояд. Онхо ба Махмуд унвони «сайфулислом»- й, яъне «Шамшери ислом»-ро дода буданд. «Шамшери ислом» сархои гайримазхабонро бе истихола буридан мегирифт. Барои он ки мехру мухаббати халифаи Багдодро нисбат ба худ афзояд, у тамоми шиъёнро тавдиди кирон менамуд. «Шамшери ислом» чавону бакуввату часур буд. Орзуи шухрату хокимиятро парварида, сохиби тахту точ шудан мехост. Алхол ин орзуву ниятхояшро нихон медошт.

Сарлашкарони байни худ мочарокарда барои муддати кутохе оштй намуданд, то бо кувваи умумй хисоби Махмуди Газнавиро ёбанд, зеро вай аз хад зиёд худхоху бесар шуда буд. Онхо ба юруш баромаданд, хамрошон амир Мансур хам баромад. Амир хануз хам нияте дошт, ки сарлашкаронро бо Махмуд оштй дихад. у дудила мешуд, мухорибаро сар кардан намехост. Чунин дудилагиву бекатъиятии амир боиси хар гуна шубхахо мегардид. Бехуда нест, ки Фоик борхо ба амир ва савганди худ хиёнат намуд. Сарлашкарони дигар низ хар руз айёриву маккорй нишон дода, як сарлашкарро ба дигараш, дувумиро ба савумаш шуронда, хиёнат ба савгандашон мекарданд.

«Мабодо ба тарафи Махмуд гузашта намонад», – шабона пичир-пичир мекарданд сарлашкарон дар бораи амир Мансур.

Вале дар асл амир мехост, ки бидуни мамониат онхоро оштй дихад, аз хамаи монеахо бе чангу хунрезй гузарад.

Се хафта пеш амир Мансур ба кушунхо сардорй мекард, вале холо чавони нобиноеро ба шутур бор карда бурда истодаанд. Чони нобино хама чизи пешомадаро бо дастони нобовараш мепалмосад. Нобино сарулибоси амир Мансурро дар тан дорад.

Бале, ин хамон амири собик аст! уро хидматгорони вафодораш, мисли Фоику дигарон, ба пушт афтондаву кур кардаанд. Хаккони, амир аз хад зиёд беиродаву бекатъият буд. Хамаро таскин додан мехост.

Мебинем, ки бародари мобайнй чй гуна салтанат меронад ва чанд вакт сари тахт меистад.

Хар рузе хазор андар хазор саворагон пешвози сапедадамон баромада, Бухороро тарк мегуянд.

Дар шахрхо овозахои ириодие ба гуш мерасанд. Овозахо хатто ба Багдоду Хоразм расидаанд. Яъне, давлати муктадире, ки кариби дусад сол ба он сулолаи Сомониён хукмронй менамуд, акнун хароб мешавад. Аз тамоми гушаю канор абри сиёхи чангу губор фаро мерасад – лашкари пуриктидори савора ба Бухоро наздик меояд. Агар тахту точро Махмуди Газнавй кашида нагирад ва дар ин кор андаке таваккуф намояд, пойтахтро дигарон хоханд ситонд. Айёми бачагии Насри писари Бугрохон дар Бухоро гузашта, холо ба камол расидааст ва кушуни турконро сардорй мекунад. у буйи муаттари боготи Мулиён, чахчахи шабхангоми мургакон ва садои чашмасорони онро нагз дар хотир дорад.

Бародари калонй дар дарбор гашта, тамоми ашёро бо дастони ларзонаш мепалмосад. Хидматгоре уро ба сайругашт мебарорад. Бародари мобайнй баъди мухорибахои бемуваффакият бо Махмуди Газнавй дар

дарбор панох мебарад. Хамрохи вай тамоми лашкариёнаш низ гурехтаанд.

Вазири навбати амалдоронро даъват намуда, барои чамъоварии андоз фармон медихад.

– Халк гуруснаву урён аст, аз он чизе гирифтан имкон надорад, – чавоб медиханд амалдорон. – Агар пештар китъаи хурди бо ду барзагов киштукоршаванда се хазор дирхам арзиш дошта бошад, хозир онро кариб бепул гирифтан мумкин аст, зеро дар чайби одамон пули пуччаке боки намондааст.

  • Боке надорад, хар чизеро, ки пасандоз кардаанд, хамонро бигиред!
  • Хар он чизеро, ки пасандоз кардаанд, мо дар давраи вазири пешин гирифта будем…

Боз омилон – гункунандагони бочу хироч ба дехахо фиристода мешаванд. Онхо бо зарби тозиёнаву фишору тавдид пулу мол ситондани мешаванд.

  • Агар чавон мебудам, фавран тарки Бухоро менамудам, – гуфт Абдуллох ба Хусайн. – Тирон корвонхояшонро ба акиб бармегардонанд. Корвоне, ки хар сол дар ин вакт муина меовард, аз Хоразм наомад. Аз Миср хам корвоне наомад. Эх,, сабаби ин ба кудак хам маълум – дар ин айёми дахшатбори мо ки хохишу майли тичорат мекунад!?

Хатибон дар тамоми масчидхои Бухоро хутба мехонанд.

-Душмани каттол, Насри писари Бугрохон ба тарафи мо хучум меоварад. Чноварони у харису бадкоранд. Онхо на ба мардон рахме доранду на ба занон! – дод мезананд хатибон. – Худи Наср мусулмони ломазхаб, тамоми лашкараш кофиркешанд! Хунармандону точирон, ярок ба даст бигиред! Дар мухориба чон дихед хам, дину имон ва амиру хонадони худро мухофизат мекунед!

Шахриён гуфтаи хатибонро шунида, байни худ гуфтугузор мекунанд.

Дар шафати онхо суфии хиркаи сиёхпуше руйи количае намоз мехонад, шабзиндадорй мекунад. Вай аллакай чашмонашро ба само духт ва худро фаромуш карда, хиркаашро аз гиребон медарад, куртаи пашминаашро пора-пора мекунад, худашро тозиёна мезанад ва хубоб-хубоб кафк аз дахони суфй мерезад. Порахои куртаро бод ба хар тараф мебарад. Шахриён порахоро дошта, пинхон мекунанд. Суфй                                                                                          шахси

мукаддас аст, аз ин ру, порахои пушоки у низ мукаддасанд…

Баъди намозашро тамом кардану нафасашро рост намудан суфй бо овози мукаррарй ба анбухи чамъомада мегуяд:

-Чанговвронн Наср чй гуна кофир будаанд?! Онхо мусулмони хакикиянд! Худи Наср хам мусулмон аст! Онхо аз амири моён муъмину мусулмонтаранд! Амир халифаи нави Багдодро нашинохт, аммо Наср уро эътироф менамояд.

-Хак асту рост, – ба пичир-пичир медароянд анбухи шахриён.

-Яроку аслиха ба даст гиред, шахрро мухофизат кунед, амирамон – такягохи сулху амониро мухофизат кунед! – дод мезаданд хатибон.

-Такягоои сулху амонй кифоят аст! – пичиррос мезаданд суфиён дар миёни анбух,. – Тухми кинаву нобоварии зиёде корид. Шиъён бемалол дар хонахо чамъ омада, байни худ изхори фикру акида мекунанд. Китобхои пур аз афкори дахриёна харидаву фурухта мешаванд. Барои мо хукумати пуркувват даркор аст. Хукумати пуркувват дину имонро мустахкам мекунад.

Рузи душанбеи 23-юми октябри соли 999 писари Бугрохон, пештози саворагони турк Наср ба шахр зада даромад. Ягон одами мусаллахе пеши рохи вай набаромад. Наср сохиби хазина гардид. Аммо хазина камбизоат буд.

Чноварони Наср хонахоро орат мекарданд.

-Кулли кофиронро аз Бухоро меронем! – хурсандй менамуданд онхо, нимати багоратовардаро таксим карда истода.

Хатто рузона аз кучахо гузаштан хавфнок буд. Хар як савори рубаруомада бе ягон сабаб одами рахгузарро метавонист зери зарбаи тозиёна гирад. Занонро аз хона танхо баромадан намегузоштанд.

Одамон ба якдигар зери лаб пичирросзанон гап мезаданд, гирду атроф пур аз чосусон буд. Ва ба ин хама нигох накарда, дар девони Абдуллох хидмат идома меёфт.

– Мо одамони аз хама мухимму даркорй шудем, – мегуфт Абдуллох дар хона. – Чишини амир андози нав чорй намуд. Вале кй онро медихад? Одамон заминхои худро партофта, ба чойхои бехавфу хатар мегурезанд. Ба карибй заминхоро бепул таксим мекунанду онхоро касе намегирад.

Дар Бухоро чонишини Наср хукмронй менамуд.

Машгулияти Хусайн дар китобхонае, ки ба он бисёр одат карда буд, рузе ба охир расид. Китобхо битамом сухтанд. Дигар акнун аз дарбор у маоше пайдо карда наметавонист, зеро чонишин табибони худро дошт.

Тамоми мардони хирадманд – шоирон, риёзидонон, файласуфон ва меъморон аз шахр гайб заданд. Дигар ба хонаи Абдуллох касе мехмонй намеомад. Умуман, одамон мехмониравиро бас карда буданд.

-Агар одамони ёру бародар аз озодона ба хамдигар гап задан тарсанд, аён аст, ки ба мамлакати онхо марг тавдид мекунад, – гуфт рузе Абдуллох,.

Бар ивази ин саросари шахрро хар гуна раммолу фолбину дарвешон пур карда буданд. Онхо дар дари масчидхо менишастанд, дар майдонхо оворагарди менамуданд, бо раксу симоъ намоз мехонданд.

Рузе як нафар хаммахаллаашон ба хавлии Хусайнино омад. Шахси давлатманде буд, аммо Хусайн уро хуб намешинохт. Танхо дар вакти вохурихо саломаш медод. Абдуллох дар хона набуд, аммо мехмон майли рафтан надошт ва Хусайн кушиш намуд, ки сабаби омаданашро фахмад.

Онхо дар бораи хар гуна майда-чуйдахо, боду хаво ва хосили соли оянда сухбат карданд.

Мехмон дар омади гап овозаеро хабар дод, ки гуё бародари хурдии амир дар либоси занона аз зиндон гурехтааст. у худашро Мунтасир, яъне маглубнопазир номида, холо барои забти Бухоро кушун чамъ меовардааст.

Мехмон ин овозаро чунон накл кард, ки хеч равшан набуд – оё вай хурсанди дораду омадани Мунтасирро интизор аст ва ё, баръакс, аз он гам мехурад.

Хусайн оромона гуфтахои уро тасдик менамуд.

Билохира, мехмон ба сари максад омад:

  • Эхтимол, зиндагии ту вазнин бошад. Охир, ту аз хукуки маоши дарбори амир махрум шуди.
  • Хамааш ба дасти Худост, – гуфт Хусайн.
  • Ха-ха, боз чи кадар китобхои китобхонаи амир сухтанд. Мегуянд, ки ин дувумин китобхонаи дунё будааст. Оё рост аст, ки боре амир ба ту рухсати даромадани онро додааст?

-Рост аст, – чавоб дод Хусайн, – ман дар ин китобхона ду соли расо илм омухтам.

  • Ха-ха, хамин кадар бойигари сухт. Оё дар ин китобхона машгулият намуда, бисёр чизхоро омухти?

– Бисёр чизхоро омухтам, – гуфт Хусайн ба таври норавшан, – аммо хануз нокифоя аст.

-Наметавони барои ман китобе тартиб дихи ки дар он аз хусуси хамаи илмхо маълумот дода шавад? Медонам, ки барои ин захмат ба дарачаи он лутфу мархамате, ки танхо хокимон кодиранд, хак дода наметавонам. Аммо хамин изхори ташаккури ночизи ман дар чунин айём аз фоида холи нест.

-Ии аз имкон берун аст, зеро барои накли мазмуни хазор китоб хазор китоби наве навиштан лозим меояд. Ман, албатта, хамаашро азёд медонам ва он хамаро баркарор карда хам метавонистам, аммо барои ин хаёт даркор аст.

-Ман мухтасаран мехохам. Бисёр муфассалаш даркор нест. Охир, дар бораи як рузи хаёт мумкин аст як руз ва мумкин аст як дакика накл куни.

Хусайн рози шуд. Ба хар хол, ин маоши зиндаги мешуд.

у шабуруз менавишт. Ва бисёр тез менавишт. Окибат китоби гафсе пайдо шуд. Дар он, ба гайр аз риёзиёт, дар бораи тамоми илмхои дигар маълумот дода мешуд. Го Хусайн худдори карда натавониста, ба чойи наклу хикоя бо муаллифони кадими ба бахсу мунозира мепардохт. Ин бахсу мунозирахо низ ба мачмуа дохил карда мешуданд. Китоб «ал-Мачмуъ» номида мешуд. Хамсоя аз хурсанди дар курта намегунчид, зеро вай акнун якумри бо илму дониш таъмин буд. Илму дониш акнун дар хонаи у нигох дошта мешуд – хар лаха, ки хохад, онро истифода бурда метавонист.

Хануз китоби якумри ба охир нарасида, хамсояи дигараш – Барки назди Хусайн омад. Аслан аз Хоразм будани уро кулохи болобаланди карокулиаш хам тасдик менамуд. у факех буда, тафсири <{Куръон»-ро медонист, таърихи мазохиби исломро меомухт. Пештар

Хусайн аксар вакт уро дар бозори китоб медид.

Баркй дуруягй намекард, даступо хам намехурд, гапашро руйрост ва омирона мегуфт. у мехост, ки Хусайн китобе дар шархи илми фикх бинависад. Хамчунин, мехост, ки Хусайн дар боби ахлок, дар бораи конуну коидахои муоширати одамон дар руйи замин китоби дигаре таълиф намояд.

Хусайн ин дархостро хам кабул намуд.

Дар он замон конунхои зиёде вучуд доштанд, ки ба хамдигар махлут шуда буданд. Шарху тафсири конунхо такрибан бист чилдро фаро гирифтанд. Баркй дар хайрат афтод, зеро худро факехи хамадон мехисобид, аммо баъди ин акнун ба максадаш расида метавонист. Китоби ахлок «ал-Бир в-ал-исм» номида мешуд.

Тамоми тирамоху зимистону тобистон ва тирамохи нав сарфи кору андешахо гардиданд.

Хусайн ахён-ахён аз хона берун мебаромад.

Кучахо пури овоза буданд. Гохо шахрро саворагон зер карда мегирифтанд. Ин хамон бародари хурдии амир, ки дар либоси занона аз хабс гурехта буд, ба Бухоро баргаштааст. Ин хамонест, ки худро Мунтасир – маглубнопазир номида буд. Вале баъд Мунтасирро хам маглуб намуданд ва аз Бухоро гурехта рафт. Баъд, бори дигар, олиб омада, боз ба Бухоро омад. Ва боз уро маглуб намуданд.

Хонахо месухтанд. Вакте ки Мунтасир голиб меомад, хонахои душманони у, вакте ки Мунтасир маглуб мешуд, хонахои тарафдорони у месухтанд.

Хар хонаи дилхохро дар хар рузи дилхох оташ зада метавонистанд. Барои ин танхо як бор дод задан кифоя буд, ки сохиби хавлй дуст ва ё, баръакс, душмани фалонист. Алхол сипохиёни оворагард танхо барои сархушй давутоз менамуданд.

Рузе, хануз дар даврахои ороми, хаким Камари ба Хусайн номае оварда буд.

– Ин номаи Берунии чавон, шогирди Масехист. Дар ин нома саволхое хастанд, ки ба чавобашон дониши ман норасои мекунад. Шояд ту чавоби уро бии. Вай аз ту такрибан шаш – хашт сол калонтар аст.

Хусайн чавобашро гардонд. у ба шогирди Масехи мефахмонд, ки чаро «агар зарфи шишагини мудаввари покиза ва шаффоферо гирифта, тавассути оби соф пур кунем, онро ба чойи заррабини булурин барои оташгирони истифода бурдан мумкин аст. Аммо зарфи холи на оташро гиронда метавонаду на нурро чамъ оварда».

Хусайн, хамчунин, бо кадом усул ва барои чи дида шудани ашёи зери обро шарх дод. Хосиятхои сарди ва, шакли сангро ба худ гирифта бошад хам, барои чи руйи об истодани яхро низ фахмонд.

Ба тамоми саволхои Беруни Хусайн аз тахти дил чавоб медод. Вале ба вай аз тарафи худ низ чанд саволе пеш ниход.

Беруни ба зуди чавобашро фиристод. Ин дафъа номаро рост ба худи Хусайн оварданд. Маълум шуд, ки Беруниву Масехи холо дар Хоразм намезистаанд. Дар Чурчон, дар хидмати амир Кобус будаанд.

Беруни бемаксад савол намедод. у дар ин бора аллакай нуктаи назари худро дошт. Ба баъзе чавобхои Хусайн рози набуд.

«Тасдик менамои, ки дар табиат хало мавчуд нест. Аммо чаро хавои зарфи шишагиро кашида гирему онро чаппа карда бар об гуонем, об охиста-охиста баланд рафта, даруни зарф медарояд?» – навишта буд Беруни.

Дар номаи дувумаш Беруни саволхое дода буд, ки аз онхо сари Хусайн гич мешуд, зеро касе ба онхо чавоби равшан дода наметавонист.

«Аз ду кадоме хаканд: оне, ки чониби маркази коинот харакат намудани обу хок ва аз марказ омадани боду оташро тарафдори мекунад, ва ё оне, ки тамоми ин таркибот тарафи марказ мекушанду вале вазни бештардорашон аз хама пеш мегузарад мегуяд?» – мепурсид Беруни.

Рузи дигар Хусайн номаи муфассале навишта фиристод.

Хамин тарик, мукотибаи онхо сар шуд. Вале хар ду гумон надоштанд, ки баъди чанд сол дуст мешаванду зарурати номанависи аз миён меафтад, зеро онхо хар руз бахри бахсу мунозира, сухбату маслихат ва шодиву хурсанди назди якдигар меоянд.

Алхол Беруни бобхоеро аз китоби наваш ба Хусайн фиристода меистод. Ин китоб «ал-Осор-ул- бокия» номида мешуд.

Хусайн зуд-зуд аз холи падараш вокиф шуда меистод, аммо пиршавии уро пай намебурд.

Хусайн тамоми руз ва, аксаран, шабона хам, баъди баргаштан аз масчид, мехнат мекард. Бар иловаи китобхои фармудашуда, фарханги бисёрчилдаи тиббие низ тартиб медод.

Аммо вакте ки сустию заъфи падарашро хис намуд, аллакай дер шуда буд…

Хамон руз падараш хост ба асп савор шавад, аммо натавонист – пойхояш сусти карданд. у ба хона даромада дароз кашид ва то намози шом хобид.

Намози шом у Хусайну Махмудро назди худ даъват намуд. Хусайн танхо хамон дам ранги руйи паридаи падарашро дид ва сустии дастони уро хис кард.

– Ба модаратон гамхори намоед, уро хамеша эхтиёт кунед. Ту, Хусайн, ба хидмати хокими дигар, ба он чое, ки сулху амони ва тартибу интизом чорист, бирав! Дар Бухоро дигар ороми намешавад. Аз он дуртар гурез! Бехтараш, ба Хоразм бирав! Дар хамон чо ба хизмат даро, сохиби хонаю дар шав… Ман бовар дорам, ки толеи шумоён нек мешавад, – гуфт Абдуллох,.

Сипас дар бари у Ситора нишаст. Онхо дурударозу оромона сухбат намуданд.

Хусайнро баъди фавти падараш ба девон хонда, таклифи мирзой намуданд. Ин кор аз дарачаи дониши Хусайн паст истад хам, ночор розй шуд, зеро синни у ба бистусе расида ва, бар замми ин, ахли оилаашонро хурондану пушондан лозим буд.

Давомашро хонед >>>

Дар борамон

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …

222222222222222