Главная / Илм / Даврони тахсили Имом Абуханифа (р)

Даврони тахсили Имом Абуханифа (р)

Вай дар хонаводаи мусалмон, ботакво, сарватманд ва саховатманд парвариш ёфт ва чунин ба назар мерасад, ки ягона фарзанди падар ва модараш будааст. Падараш дар Куфа ба порчафуруши иштигол дошт. Имом Абуханифа (р) ибтидо ба илми усули дин руй овард ва бо касоне, ки аз рох ва акидаи салафи солех хорич ва гумрох шуда буданд, ба мунокиша пардохт. Ба хамин хотир 27 бор вориди Басра шуд, то ки иттихомот ва шубхахоеро, ки ба шариати Ислом часпонида буданд, аз он дур намояд ва Исломи хакикиро барои мардум баён кунад. Бо Чахм ибни Сафвон – сарвари гумрохон ва бо мулхидону муътазила ва хаворичу рофизихои тундрав ба мунокиша пардохт ва онхоро махкум кард.images-2
Зуфар, ки яке аз шогирдони Имом Абуханифа (р) мебошад, сабаби руй овардани уро ба фикх аз забони худаш чунин баён мекунад: «Дар илми калом ба дарачае расида будам, ки забонзади омму хос шудам. Халкаи дарсии мо дар наздикии халкаи дарсии Хаммод ибни Абусулаймон буд. Рузе зане аз ман суол кард, ки марде мехохад занашро бар асоси суннат талок дихад, уро чанд талок медихад? Аз у хостам, ки аз Хаммод суол карда ва маро аз чавоби масъала огох созад. Хаммод ба у гуфта буд: «Бояд зан аз одати мохона пок бошад ва шавхараш бо у хамхоби накунад, пас уро як талок бидихад, баъд аз ду хайзи дигар (ки дар мачмуъ се бор одати мохонаро пушти сар кардааст,) гусл карда, метавонад шавхар кунад». Имом Абуханифа (р) мегуяд: «Баъд аз он илми каломро рахо карда, ба халкаи дарсии Хаммод рафтам ва ба хотири хуб фахмидани дарсхояш ва чавоби дуруст додан, мавриди эхтироми Хаммод карор гирифтам».
Имом Абуханифа (р) ба афкор ва андешахои фикхии Хаммод руй оварда, аз шогирдони мумтози вай шуд, аз ин хотир, Хаммод уро садри халкаи дарсии худ менишонд. Рафтори у бо устодаш Хаммод хам чои тааччуб ва тааммул мебошад. Масалан, пушти дари хонаи устодаш менишаст, то ин ки устодаш аз хона хорич шавад ва аз у савол кунад ва ё эхтиёчоти уро бароварда созад. Муддати 18 сол ба ин сурат дар мусохибати устодаш буд, то ин ки Хаммод вафот ёфт ва шогирдонаш Имом Абуханифа (р)-ро ба чонишинии Хаммод интихоб карданд. Имом Абуханифа (р) мегуяд: «Аз замоне ки Хаммод вафот ёфт, хар намозе, ки мегузорам, аз Худованд барои падарам ва устодам Хаммод талаби магфират мекунам ва ман барои касе, ки чизе аз у ёд гирифтаам ва ё чизе ба у ёд додам, талаби магфират мекунам».

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222