Сухани хар касе кобили кабул ва рад кардан мебошад, магар сухани сохиби ин кабр, яъне Расул (с).
Тавозуъ тарки риё ва шахватталаби аст.
Хеч шахсе солех ва пархезгор намегардад, магар замоне ки аз аквол ва афъоле, ки ба дарди у намехурад, ичтиноб кунад, дар ин сурат Худованд даричаи калбашро барояш мекушояд.
Хикмат нуре аст, ки Худованд дар калби бандааш метобонад.
Сипари олим дар масоиле, ки намедонад, калимаи «Намедонам» аст ва хангоме ки аз ин сипар гофил шавад, сохибаш аз байн меравад.
Касе, ки дар Ислом бидъате ба вучуд орад ва онро неку бишуморад, пас муътакид шудааст, ки Мухаммад (с) дар адои рисолат хиёнат кардааст, дар холе ки Худованд мефармояд: «Ал-явма акмалту лакум динакум ва атмамту ъалайкум ниъмати ва разиту лакумул-Ислома динан». Пас чизе, ки дар замони Расулуллох (с) аз чумлаи дин набудааст, имруз хам аз дин нест. Ва охири ин уммат дуруст намешавад, магар ба василаи он чизе, ки аввали ин уммат ба василаи он дуруст шудааст.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …