Главная / Илм / ФАЛСАФАИ МАСЕХИ (схоластика)

ФАЛСАФАИ МАСЕХИ (схоластика)

Дини насрони низ чун динхои дигари чахони дорои мактаби фалсафаи хосе мебошад.

Метавон поягузори фалсафаи илохии насрониро Августини Саъид ( Аврелий ) (354-430 м.) номид. Фалсафаи илохии насроният дар заминаи синтези фалсафаи навафлотуни ва сарчашмахои мазхабии яхудиву насрони алалхусус Библия ташаккул ёфтааст. Августин дар тамоми тули куруни вусто то зухури Фомаи Аквини дар умури дини ва фалсафи марчаи таклид буд.

sloxastikaФома Аквини (Аквинский) (12251274) дар таърихи афкори фалсафаи илохии насрони нахустшахсе буд, ки кушидааст то мобайни акл ва вахй (фалсафа ва илми лохут), мобайни Арасту ва Масех созиш баркарор кунад. Дар ин рох кушиши у бар он будааст, то нишон дихад, ки акл ва имон мартабахо ва зинахои мухталифи як амранд ва якдигарро такмил мекунанд.

Хулоса, натичаи кушиши Фома Аквини он буд, ки байни мантику вахй, аклу имон, илми фалсафа ва илми илохи созиш баркарор кунад ва онхоро мухточ ба якдигар нишон дихад.

Фома Аквини дар таърихи фалсафаи Гарб, аз чумла дар фалсафаи навини Аврупо таъсири зиёде гузоштааст. Аз асри Х1Х то имруз равияи неотомизм дар ин кишвархо пайравони зиёде пайдо кадааст.

Дар ташаккули фалсафаи илохии насрони ба гайр аз ин ду нафар боз шахсиятхое чун Анселми Контербери, Альберти Бузург, Исанн Димишк ва дигарон накши зиёде гузоштаанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222