Фаъолияти эчодиву истехсолии инсонро, ки ба ташкил ва татбики инноватсионихо равона шудааст, аз он сабаб «фаъолияти инноватсиони» меномидаги шудаанд, ки татбики он ба илм ва сармоягузори харочоти муайянро талаб менамоянд.
Мафхуми «фаъолияти инноватсиони» хам ба маънои махдуд ва хам ба маънои васеъ маънидод карда мешавад.
Ба маънои махдудаш фаъолияти инноватсиони – фаъолиятест, ки он ба истифодаи натичахои тадкикоти илми бо максади гирифтани махсулоти нав, инчунин роххои истехсоли он ё такмили хизматрасонии ичтимои нигаронида шудааст.
Ба маънои васеъаш фаъолияти инноватсиони – ин чараёни ташкилшави, азхудкуни ва таксимоти махсулоти нав ва комилан такмил додашуда, хизматрасонихо, тахнологияхо, ашёи хом ва маводхо, усулхои ташкили истехсолот ва идораи он мебошад.
Фаъолияти инноватсиони дар Чумхурии Точикистон мувофики конун «Дар бораи фаъолияти инноватсиони» сахех шарх дода шудааст. Фаъолияти инноватсиони-фаъолияте, ки ба тахия ва чори намудани инноватсия (натичаи нав ё такмилдодашудаи тадкикоти илми, корхои тачрибавию конструктори ё дигар дастовардхои илмию техники) алокаманд буда, барои расонидани он то бозор дар шакли нав ё такмилдодашудаи махсулот, хизматрасони, усули истехсолот ё дигар натичаи самараноки чамъияти равона карда шудааст. Дар моддаи 5- уми конуни мазкур, намудхои фаъолияти инноватсиони чунин нишон дода шудааст:
- чори намудани гояхо ва дастовардхои нави илми дар сохтори идоракунии давлати;
- ичро ва хизматрасонии корхои илмию тадкикоти, лоихави, кашшофи, тачрибавию конструктори ва технологи, барои ба даст овардани махсулоти нав ё такмилдодашуда, усули нав ё такмилдодашудаи кору хизматрасонихо, чараёни технологии нав ё такмилдодашудае, ки дар гардиши иктисоди тадбик мегарданд, равона шудаанд;
- ташкили бозори фуруши махсулот (кору хизматрасонихо)-и инноватсиони;
- азнавчихозонии технологи ва омодасозии истехсолот;
- гузаронидани озмоишхо бо максади сертификатсиякунони ва стандартонии чараёнхои нави технологи, махсулот (кору хизматрасонихо);
- истехсоли махсулот (кору хизматрасонихо)-и нав ё такмилдодашуда ва ё мавриди истифода карор додани технологияи нав ё такмилдодашуда дар мархилаи ибтидои то анчоми мухлати меърии талофияти лоихаи инноватсиони;
- ташкил ва рушди инфрасохтори инноватсиони;
- таргиби натичахои фаъолияти инноватсиони ва пахн намудани инноватсия;
- Хифз кардан, вогузоштан ва ба даст овардани хукук ба объектхои моликияти зехни (аз чумла ба дастовардхои илми, илмии техники ва технологие, ки пурра ошкор нагардидаанд) бо максади азхудкуни ва тадбики онхо;
- Дигар намудхои фаъолият, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст. 1
Фаъолияти инноватсиони инхоро дар бар мегирад:
- фаъолияти илми,
- фаъолият оид ба тачассумёбии корхо дар махсулот, технологияхо.
Аз тавсифномаи прогресси илми-техники ва фаъолияти инноватсиони равшан аст, ки агар прогресси илми-техникиро хамчун раванд барраси кунем, пас фаъолияти инноватсиони – ин яке аз кисмхои таркибии он аст.
Фаъолияти инноватсиони ва прогресси илми-техники ду шоха доранд:
- якум, такмили чараёни технологии таъминкунандаи сарфаи захирахои моддию мехнати;
- дуюм, ташкили шаклхои нави махсулоти таъминкунандаи бехдошти шароити зиндагии шахрвандон.
Хусусияти мухими фаъолияти инноватсиони, даври (сикли) инноватсиони мебошад, ки тахти он даври ташкилшави, пахншави, истифодаи инноватсионихо, инчунин даври амалшиавии онхо фахмида мешавад.
Давраи татбики намудхои чудогонаи инноватсияхо аз анчом то огози истифодаи вокеии онхо чунин буд:
- Суратгири – 113 сол (с. 1727-1830);
- Телефон – 56 сол (с. 1820-1876);
- Радио – 35 сол (с. 1867-1902);
- Радор – 10-15 сол (с. 1925-1946);
- Телевизион – 12 сол (с. 1922-1934);
- Лазер – 5 сол (с. 1956-1961);
- Накшахои интеграли 3 сол (с. 1958-1961).
Даври (сикли) пурраи инноватсиони пайдарпайии зерини фаъолияти инноватсиониро дар бар мегирад:
- тадкикоти илмии бунёди;
- тадкикоти амали;
- корхои техники (озмоишию лоихакаши, технологи, корхои лоихавию ташкили);
- истехсолоти тачрибави;
- азхудкунии ибтидоии навоварихо;
- пахн шудани инноватсияхо;
- истифодаи техникаи нав, усулхои ташкил ва идора.
Сохаи инноватсиони низоми муносибатхои байнихамдигарии инноватсияхо, сармоягузорон, ташкилотхо- молистехсолкунандагони махсулоти (хизматрасонихои) ракобатпазир, мухити атроф ва инфрасохтори тараккикардаи низоми – инноватсияхо, ташкилот (ширкат) ва мухити атроф, куввахои харакатдихандаи рушди иктисоди бо шарти робитахои байнихамдигарии онхо мебошанд. Таносуби ин се низом имконият ва зарурати робитаи баръаксро нишон медихад (ба чадвали 1 нигаред).
Низоми «ташкилот» метавонад дар чунин сохаи техника фаъолият намояд, ки азхудкунии он танхо бо дастгирии давлат имконпазир аст.
Сармояи инсони – омили мухими татбики инноватсия махсуб мешавад. Кашолкори дар чори кардани технологияхои навро хамчун мувофикати номатлуби кувваи кори ба шароити тагйирёбанда маънидод кардан мумкин аст. Хамин тарик, касри баходихи ба миён меояд. Дар ин маврид давлат масъулу чавобгар аст, зеро у тахсилоти умумии ахолиро бояд таъмин намояд.
Маблаггузори ба азхудкунии технологияхои нав ва истехсоли махсулоти нав кори хавфнок аст.
Низоми «мухити зист» дар зери назорати махсуси давлат карор дошта, вай шароити намунавии хочагидориро муайян месозад.
Ба сохаи зерсохтори хочагидори – сохахои наклиёт, алока, энергетика ва хифзи табиат дохил мешаванд. Дар баробари ракобати анъанави дар доираи истехсолот, инчунин вохиди нави ракобат – мусобика аз руи вактро низ ба инобат бояд гирифт, яъне,
- – муносибати мусбат ба рушди бозори фуруш;
- – фаъолнокии махсус дар бахши маркетинг.
- – давраи тахлили тичоратии гояхо, ки дар он тадкикоти маркетинги гузаронида шуда, андозаи фоида аз фуруши махсулоти мазкур муайян карда мешавад;
- корхои илми-тадкикоти ва озмоишию конструктори, давраи амалигардони;
- давраи тахиясозии намуди ибтидоии накшаи фурушу таргибот озмоиши он дар бозор;
- дар ин чо махсулот дар кадом як сигменти бозор аз санчиш гузашта, баъд барои фуруш дар бозори умуми омода карда мешавад
- – навгони, яъне махсулоти комилан тайёр барои фуруш дар бозор;
- нихоят, ин лахзаест, ки махсулот гояи навро ба миён меорад, бозор бошад, дар навбати худ онро аз руи фуруш талаб мекунад.- санчиши бозори, ки он ба мавчуд будани имкони муваффакият (нокоми) дар бозор, дурнамо, хачми фуруши мол, сатхи фоида ва харочот бахо медихад ва инчунин мутобикатсозии хусусиятхои алохидаи истеъмолии молро ба талаботи истеъмолкунанда муайян менамояд;
Хар як инноватсия дар чараёни татбик бисёр мархилахоро аз сар мегузаронад, ки мохияти онхо бо хусусияти чараёни инноватсиони, шаклу усули менечменти ташкилотхое, ки дар онхо инноватсияхо татбик мешаванд, шароити бозор ва гайра муайян мегарданд.
Тадбирхои зерин, ки чараёни татбики инноватсияхоро таъмин мекунанд, инхоянд:
-
- ба вучуд омадани гояи илмию техники;
- инкишоф ва такмилу тахиясозии гояи илмию техники;
- кор карда баромадани хамшабех (прототип);
- азхудкунии озмоиши;
- истехсол бахри аз санчиш гузаштан дар бозор;
- истехсоли оммави, фуруш.
Чараёни кабули инноватсияхо аз панч мархила иборат аст:
-
- дарк;
- шавкмандсози;
- баходихи;
- санчиш;
- кабул.
Хамин тарик, мухити татбики инноватсия ва фарохам овардани шароити муфиди фаъолияти хочагидори аз холати назариявии зерин бар меояд:
- кабули инноватсия дарку фахмиши густурдаи ин чараён ё махсулотро хатман пешбини менамояд;
- дарку фахмиши он метавонад, ки ба воситаи истифодаи консепсияи чавобгу ба даст оварда шавад;
- эхтимолияти истифодаи инфиродии инноватсияхо аз он вобаста аст, ки сохибкори мазкур консепсияи худро дар ин чараён истифода карда метавонад;
- шахси ба пахнкунии он машгулбуда хангоми шиносоии нахустин бо инноватсия хамаи консепсияхои зарурии ба он вобастаро доштанаш чандон лозим нест, танхо он ба азхудкунии донишхо ва мафхумхои ба инноватсия вобастабуда бояд мусоидат намояд;
- суръати истифодаи инноватсия аз он вобастааст, ки то кадом дарача хамаи кормандону менечерон консепсияи заруриро аз худ мекунад;
- номутасили дар истифодаи инноватсия дар натичаи истифодаи чузъи ва додани бахои нопурра дар дарки он ба амал меояд;
- кабули инноватсия инчунин аз низоми арзишхои инсонии мушаххас низ вобаста мебошад.
Илова бар ин, ба гайр аз нархи махсулот, инчунин «дониста гирифтани хохиши мизочон», хизматрасонихо, бахисобгирии бахо баъди фуруш, хохишхои махсуси мизочон, пешниходи намудхои бештари махсулот ахамияти зиёд доранд.
Инноватсия хамчун натичаи нихоии фаъолияти инноватсиони давраи хаёти махсулотро кутох месозад. Ба ибораи дигар, бо назардошти илму техника зуд-зуд молхои хушсифату замонави ва симояшон назаррас истехсол мешаванд, ки онхо махсулоти ба худ монандро аз хар чихат аз бозор танг карда мебароранд ва доираи муомилоташро махдуд месозанд.
Якбора паст рафтани самаранокии маблаггузори хангоми таназзули иктисоди менечерони ташкилоту корхонахоро, ширкатхоро мачбур месозад, ки манбаъхои нави сармоягузориро чустучу намоянд. 28
Мураттабии пешрафти техникиро таъкид карда, ба фарзияи номутасилии он такя намуда, мухакикон кайд мекунанд, ки тагйироти густариш, воридшавию хоричшавии инноватсияхои заминави тагйиротро дар иктисодиёт муайян менамоянд.
Ба даст овардани натичаи нихоии фаъолияти инноватсиони ду мархила ё худ ду давра дорад, ки инхоянд:
- Огоз, зердавраи гирифтани маълумот дар бораи инноватсияхо; тарзи аз тарафи ширкат гирифтани маълумот дар бораи инноватсияхо, зердавраи ташаккули муносибатхо ба инноватсия ва асосхои кабули карорхо.
- Татбик намудан, зердавраи татбики ибтидои (дар асоси санчиши он ки оё он арзише дорад ё не), зердавраи татбики дарозмухлат (баъди санчиши он аввал дар яке аз бахшхо ва баъзан дар тамоми истехсолот тавлид кардани махсулот). Ба ин давра инчунин инхо дохил мешаванд:
- давраи тавлиди махсулоти нав;
- арзи вучуд намудани он дар бозор;
- гоя (ташаккули портфели гояхо);
- бахои техникию иктисодии гояхо (ихтироъот);
Солхои 50-уми асри XX дар баробари ба миён омадани таназзули инноватсия истифода кардан аз сохае, ки дар он навовари пайдо шудааст, ба сохаи дигар кучонидани он бо тагйироту такмилдихии хоси ин соха оварда мерасонид.
Тадкикоти сабабхои муваффакият ва нокомихои инноватсияхои илмию техники як катор омилхои такроршавандаро ошкор сохт. Дар байни онхо омилхои зерин мухимтар дониста мешаванд:
- Руй овардан ба бозор;
- Мутобикат ба максадхои ташкилот;
- Низоми самарабахши интихоб ва баходихии лоихахо;
- Идораи самарабахши лоихахо ва карордодхо;
- Манбаи гояи эчоди;
- Инфироди будан ва масъулияти дастачамъи доштан.
Дар айни замон, инноватсия нисбат ба даврахои пешин хеле зудтар пахн мешавад. Сабабхои он, пеш аз хама, дар дарёфти роххои нисбатан такмилёфтаи алока ва усулхои аники муайянсозии мухлатхои иваз намудани тачхизоти кухна мебошад.
Иктисодчии амрикои Ч. Хлавачека, ки натичаи 21 инноватсияхоро ба таври хамачониба омухтааст, сабабхои маъмули татбики бемуваффаконаи онхоро чунин муайян кардааст,
- махдудияти бозор барои тавлиди махсулот;
- ташкили бади фуруш;
- бахисобгирии нокифояи эхтиёчоти бозор.
Дар навбати худ тадкикотчиёни дигар сабабхои зерини нокомии татбики инноватсияхоро таъкид месозанд:
- пурра ба инобат нагирифтани ракобати бозор;
- аз будаш бештар донистани шумораи харидорони иктидорнок;
- баланд бардоштани нархи махсулоти истехсолшуда;
- норасоихои техникии махсулоти истехсолшуда.
Тадкикотхо нишон медиханд, ки кариб 80 фоизи инноватсияхои илмию техники хануз дар мархилаи бавучудоиву амалисозии гояхо, боз 10 фоизашон-дар мархилаи тахияи хамшабеххо (прототип) ва кариб 7-8- фоиз дар мархилахои бокимонда хотима меёбанд.
Дар ИМА нисфи хар кадоме аз 100 адади махсулоти нави ба бозор баровардашуда аз нигохи тичорати хароб мешавад, дар Канада бошад, танхо 6 фоизи инноватсияхо «нихоят бомуваффакият» дониста шудаанду халос.
Дар кишвархои дорои иктисодиёти давраи гузариш чараёнхои инноватсиони дар давраи баркароршави карор доранд, дар холе, ки дар кишвархои тараккикарда сухан дар бораи самаранокии баланди ин чараёнхо меравад. Дар баробари ин, давлат бинобар сабаби нокифоя будани маблагхои бучети, танхо давраи тадкикотхои бунёдиро маблаггузори карда, сармоягузории даврахои бокимондаи ин чараёнро ба зиммаи корхонаву муассисахо вогузор менамояд.
Номутаносибии маблаггузории хар кадоме аз даврахои чараёни инноватсиони ба рушди бомуваффакияти он монеъ мешавад. Дар давраи якуми чараёни инноватсиони тадкикотхои бунёди мохияти умумии инноватсиониро пурра кушода наметавонанд. Такдири вай баъди даврахои корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори, тахияи хамшабеххое (прототипхое), ки маблаггузорихои зиёдро талаб менамоянд, хал карда мешаванд.