Главная / Илм / Фахму хифзи Имом Шофеъи ва эхтимоми у ба хадис ва суннати Расулуллох (с)

Фахму хифзи Имом Шофеъи ва эхтимоми у ба хадис ва суннати Расулуллох (с)

Имом Шофеъи (р) нишона ва аломате дар фахм ва хифз мебошад, ки хама ба он икрор доранд. Худи Имом мегуяд: «Дар мактабхонае, ки будам, муаллим ба шогирдон оятеро, ки ёд медод, ман онро хифз мекардам ва кабл аз ин ки муаллим аз имло кардани оёт фориг шавад, ман он оётро хифз карда будам. Рузе ба ман гуфт: Барои ман халол нест, ки чизе аз ту бигирам».
Имом Навави мегуяд: «Ба нашри хадис ва мазхаби ахли хадис эхтимом варзид ва ба ёри ва кумаки суннат ва хадис шитофт, то ин ки овозаи у дар хама чо печид ва бино ба дархости Абдуррахмон ибни Махди – имоми ахли хадис дар асри худ ба таълифи аввалин китоб дар усули фикх ба номи «Ар-рисолат» химмат гуморид, ки хама онро писандиданд, хатто худи Абдуррахмон ибни Махди ва Яхё ибни Саиди Каттон ба он алокаи зиёде нишон медоданд.
Ибни Касир мегуяд: «Имом Шофеъи аз огохтарин афрод ба маъонии Куръону суннат ва истихрочи далоил аз Куръон ва суннат буда дорои ихлоси ачибе буд. Аммо Шофеъи мегуяд: Дуст дорам мардум ин илмро фаро гиранд ва чизе ба ман мансуб нашавад, то хам ачри ин кор ба ман бирасад ва хам мавриди таърифу ситоиши мардум вокеъ нашавам».
Аз у ривоят кардаанд, ки мегуфт: «Хангоме ки дар назди шумо хадиси сахех бошад ва онро аз ман нашунидед, пас бар асоси он хадис фатво бидихед ва кавли маро тарк кунед ва ин кавл ва акидаи ман аст».
Дар ривояти дигар фармуд: «Пас аз ман таклид накунед». Дар ривояти дигар чунин гуфт: «Ба кавли ман таваччухе накунед». Дар ривояти дигар мегуяд: «Пас сухани маро ба девор бизанед, зеро ман бо будани хадиси Расулуллох (с) кавле надорам».

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222