Дар доираи маорифи исломи хангоми муайян намудани чою макоми илми фалсафа баъзан ихтилофи акида ва нуктаи назархо ба миён меоянд. Аввалин ихтилоф ноши аз он аст, ки оё метавон фалсафаро ба катори илму маъорифи исломи ном бурд ё на? Сониян, оё илми калом ва тасаввуф мутааллик ба фалсафаанд ё ба илохиёт? Хамчунин тахти унвони фалсафаи исломи чиро метавон ном бурд? Каблан, мо дар ду фасли ин кисмат аз илми калом ва тасаввуф маълумот додем, ки худ ду шохаи алохидаи фалсафаи исломиро ташкил мекунанд ва чун дар ин ду илм таносуби илохиёт бар масоили фалсафи афзунтар аст, мо онхоро чун чараёнхои алохидаи тахаввули афкори исломи чудо кардем. Холо умуман дар бораи фалсафаи исломи ва хусусиёти он таваккуф хохем кард.
Пеш аз он ки дар мавриди масоили фавк сухбат кунем, бояд гуфт, ки дар таърихи фарханги тоисломии аъроб хеч нишонае аз вучуди донишхои фалсафи ба чашм намехурад. Зохиран то ислом ин навъи дониш барои аъроб бегона ва ноошно будааст. Ин аст, ки дар ибтидои тавсиъаи ислом ва кишваркушоихои худ аъроб ба илму фарханги сарзаминхои фатх гардида бо таассуб рафтор кардаанд. Акидаи мусалмонон дар ин давра чунин буда , ки “ислом он чиро ки пеш аз он буда бекор ва нобуд (мансух) мекунад” ва “сазовор нест, ки мусалмонон чуз Куръон чизе бихонанд”. Ба эхтимоли зиёд дар асоси чунин акида,- агар дуруст бошад,- аъроб даст ба сузондани китобхонаи Искандария ва Форс задаанд. Тибки ахбори китобхои муътабари таърихи: Ибн Кифти дар “Тарочим-ул-хукамо”, Абуфарачи Малати дар “Мухтасар-уд-давла”, Хочи Халифа дар “Кашф-уз-зунун”, Ибн Халдун дар “Мукаддимаи таърих” ва як катор муаллифони дигар накл кардаанд. ки вакте аъроб сарзамини Форсро фатх карданд ва ба китобхонаи он даст ёфтанд, Саъд ибни Аби Ваккос ба Умар нома навишта, аз чи кор кардан бо ин китобхо суол кард ва у дар чавоб чунин фармон дод: ” Хамаро дар об бияфкан, зеро агар он чи дар онхо хидоят аст, Худои таъоло моро ба хидояткунандатар аз он хидоят карда аст, ва агар залолат аст, низ Худо моро аз онхо кифоят кардааст.” \ Халаби. Дуктур Али Асчари Халаби.
Таърихи тамаддуни ислом. Техрон: Бунёд, 1365. сах 53\
Ин ахбор далолат бар он мекунад, ки мусалмонони аввал ё аз хадисхои маъруф \, ки дар онхо гуфта шудааст: “Хикмат гумшудаи муъмин аст, онро аз хар кас бишнавад мегирад ва парво надорад, ки аз чи зарфе берун таровидааст.” Ва хамчунин фармуда: «Хикматро харчанд аз забони мушрикон\ аст \фаро бигиред\.» хабар надоштаанд ё ин хадисхо баъдан сохта шудаанд. Дар бораи баъдан сохта шудан ё нашудани ин хадисхо шубха кардан мумкин аст, вале дар мавриди он ки Куръон бештар аз хар китоби дигари осмони ба тааккул– яъне ба истифодаи акл ва ситоишу бузургдошти аклу хирад , илму хикмат даъват кардааст, хеч шубхе наметавон кард. Дар Куръон танхо ба маънии даъват ба корбурди акл ва ситоиши хикмат зиёда аз 65 оят мавчуд аст.Аз ин ру имкон надорад, ки ахбори номбурда сидк дошта бошад.
Бо вучуди ин, ба хар сурат як чиз аник аст, фалсафа ва мантик илмхое хастанд, ки дар шакли софу ташаккулёфтаи худ аз хорич вориди фархангу маорифи исломи гардиданд ва пазируфта шуданд ва аксар аз ин мукаддимае барои улуми дини (мантик) ва чузъи тафаккури дини (фалсафа) карор гирифтанд. Шояд пазироии фалсафа дар олами ислом[1] аз он сабаб буд, ки Куръон мохиятан, чунон ки зикр шуд бо тафаккури истидлоли ва акливу мантики, ки усули асосии фалсафа аст, мухолифат намекунад, балки дар он мукаррар ба чунин навъи шинохт ва тафаккур даъват шудааст.
Холо пеш аз он ки ба шинохти фалсафаи ноби исломи шуруъ кунем, бояд донист, ки худи фалсафа чист? Табиист, ки хар як истилох дорои ду таъриф ё маъни аст. Яке маънии лугави ва дигаре маъни ё таърифи истилохи (кори)-и он. Фалсафа аслан калимаи юнони буда аз ду реша: яке “филу ё фил”\рЫ1ео\ ба маънии дустдоштан, дустдор ва дигаре “софиё” \8орЫа\ ба маънии хикмат, хирад, дониш аст. Пас фалсафа муарраби “филусуфиёёфилософия”\рЫ1озорЫа\ буда, маъниилучавиаш дуст доштани дониш, хикмат ё хирад аст. Нахустин бор дар Юнони Кадим Афлотун устодаш Сукротро “философиус”- дустдори хирад ё хикмат номида буд.
Хануз пеш аз Сукрот гурухе ба майдон омада буданд, ки худро “софист”, яъне донишманд меномиданд. Чун Сукрот шахси фурутан ва хоксоре будааст, намехостаст, ки уро донишаманд ё хирадманд -софист хонанд, худро философ-дустдори хикмат, дониш номидааст. Баъдтар вожаи софист ба тадрич маъни иваз карда дар мукобили философия карор гирифт ва ба маънии галаткори ва бехудагуи, ба араби”сафсатта” табдил шуд ва философия чои онро гирифт.
Таърифи истилохии фалсафа нихоят зиёд аст, хар мактабу мазхабе ба он аз мавкеи назариявии худ таъриф додааст. Маънию мундарича ва гунчоиши ин истилох бо мурури замон ва гузашти даврахо низ тагйир кардааст. Хамчун истилох фалсафа ё хикмат иборат аст “Илм бар хакоики ашёъ ва мавчудот ба андозаи тавоноии фахми инсон” ё “Фалсафа иборат аст аз илм бар вуиуд аз он хайс , ки вучуд аст.” Ин таъриф хамаи улуми дигар: тиббу риёзиёт, табииёт ва гайраро шомил мешуд.
Дар Юнони бостон фалсафа ба хамин маънии хеле васеъ назар ба он, ки баъдтар касб кардааст, истифода мешудааст. Дар фалсафаи исломи низ фалсафа номи як фанни хос ё дониши хос нест, хама донишхои аклиро дар мукобили донишхои накли тахти унвони фалсафа ном мебурданд. Файласуф касе номида мешуд, ки донандаи хамаи илмхои аклии замон, алалхусус илохиёт, риёзиёт, табииёт, сиёсиёт, ахлокиёт ва манзилиёт бошад. Фалосифаи муслимин ваке мехостанд аз мавкеи Арасту табакабандии доираи улуми фалсафиро баён кунанд, мегуфтанд, фалсафа ё хикмат бар ду кисм аст: хикмати назари ва амали.
Фалсафаи назари дар бораи ашё он чунон ки хаст бахс мекунад ва фалсафаи амали дар бораи афъолу рафтори инсон он чунон ки боиста ва шоиста аст, бахс мекунад. Фалсафаи назари бар се кисм аст: илохиёт, риёзиёт ва табииёт. Фалсафаи амали низ дар навбати худ ба се кисмат таксим мешавад, ки иборат аз илми ахлок илми тадбири манзил ва илми сиёсат аст.
Ахамияти фалсафа дар таърихи тамаддуни исломи аз он чихат зиёд аст, ки мусалмонон, чунон ки гуфтем, илми каломро низ бар пояи фалсафа бино карданд ва далоили аклию фалсафиро дар дифоъ аз мабохиси шариат ба кор бурданд. “Аммо бо хама ахамияте, ки фалсафа дошт,- чунон ки Дуктур Али Асгари Халаби мефармояд,- касоне, ки бадон иштигол доштанд, хамвора ба куфр ва таътил (ин калима низ хамрадифи куфр аст) муттахам буданд.” \ Халаби. Дуктур Али Асгари Халаби. Таърихи тамаддуни ислом. Техрон: Бунёд, 1365. сах 56\ Алалхусус, дар душмани бо фалсафа факехон ва мухаддисон кушиши зиёд ба харч додаанд.
[1] Сарфи назар аз мухолифатхо ва муборизахое, ки баъдан бо фалсафа аз асри 11 ба баъд, пас аз Газоли шуданд.