Абдукодир Мухиддинов яке аз чавонбухориени фаъоли точикпараст буд, ки соли 1919 ташаббускори таъсиси хизби коммунистии Бухоро буд.(И.Усмонов, Д.Давронов Таърихи матбуоти точик Душанбе-1997,-с.61.)
Инкилоби Бухороро танхо коммунистон тайёр накарданд.Имруз андешае мавчуд аст, ки дар Бухоро аслан инкилоб набуд ва онро танхо русхо ишол намуданду халос. Ин акида ба илм умумияте надорад. Он зухуроте, ки дар Бухоро тагироти катъии ичтимои ба амал омад,бозгуяндаи инкилоб аст. Зиеда аз он инкилоб аз замири калби онхое буд,
ки бандагиву бечораги рузашонроба шаби тор табдил
намуда ва андешахои онхоро на танхо коммунистон, балки намояндагони хизбхои дигар, аз чумла на танхо
чавонбухориен, балки намояндагони хизбхои дигар дифоъ намуданд.
Аз нокомии фаъолияти Колесов рохбарияти шурави ба хулоса омад, ки дар Бухоро барои ба амал баровардани дигаргунихои инкилоби бояд заминхои сиёси тайёр карда шавад. Пеш аз хама зарур буд, ки сохтори маркази рохбарияти инкилоби мушахас гардонда шавад. Дар дохили Бухоро барои ташкил додани хизби ба хизби большевикон шабохат дошта заминахои ичтимои набуданд. Дар сартосари сархади Туркистон ва аморат шахру дехахои руснишин вокеъ буда, онхо тарафдори сарнагун кардани сохти амири буданд. Барои ташкил намудани хизби коммунисти гурезахои аморат, ки баъди кушиши бебарори Колесов ба Туркистон гурехта буданд, кушиш мекарданд. Махз чавон-бухориён барои ташкил намудани хизби коммунисти замина гузоштанд.
Аз ибтидои соли 1918 барои созмон додани хизби коммунистии Бухоро киш мекарданд. Нихоят мохи ноябри соли 1918 дар Тошканд анчани I хизб даъват карда шуда, ташкилёбии хиб эълон шуд. Дар анчуман макомоти рохбарикунандаи КМ ХК Бухоро интихоб гардида, А. Ёкубов Раис ва Н.Хусейнов муовини раиси хизб интихоб шуданд. 23 декабри соли 1918 дар мачлиси КМ хизб барномаи он кабул гардид. Дар барнома бархам додани сохти амири ва барпо намудани чумхурии халкии шурави дар назар дошта мешуд. Хизб матбуоти худ (соли 1920 рузномаи «Тонг» «Субх» ва баъдтар «Кутлуш» «Озоди»)-ро дошт.
Дар баробари хизби коммунистии Бухоро хизби чавонбухориён ба фаъолият сар кард. Мохи январи соли 1920 дар Тошканд хизби чавонбухориён ба фиркаи чавон бухориён- инкилобчиён табдил ёфт.
Раиси хизб яке аз фаъолони харакати чадиди Файзулло- хоча интихоб гардид. Аз руи баъзе маълумотхо ба хизб бештар аз 900 нафар шомил буданд. 14 январи соли 1920 барномаи хизб интишор гардид, ки дар он дар бораи барпо кардани низоми нави одилона дар Бухоро ва вазифахои хизб нишон дода шуданд. Дар барнома инчунин дар бораи аз мансабхои интихоботии давлати дур кардани истисморгарон, хонхо, бекон, амалдорони калон ва намояндагони рухониёни баландрутба дар назар дошта мешуд. Барои ташкили хукумати халки тамоми миллатхои маскуни Бухоро дар асоси адолат чалб карда мешуданд. Ба дехдонон додани тамоми заминхое, ки аз амалдорони амири, бекхо ва бойхо кашида мешавад дар назар дошта мешуд. (Инкилоби Бухоро //Садои Шарк.- 1990.- № 9.- С.100).
Бояд кайд кард, ки чавонбухориён тачрибаи муборизаи солхои пештараро ба назар гирифта ба хулосае омаданд, ки барои ба даст даровардани муваффакият ба хизби коммунистии Бухоро мутахид шудан ба максад мувофик аст. Аз ин сабаб масъалахои якчоя намудани созмони худро бо ХБК ба миён гузоштанд. Ин масъала 28 июли соли 1920 дар бюрои ташкилии КМХК(б) Россия мавриди барраси карор гирифта 18 август дар бораи муттахид кардани ХБК бо чавонбухориён карор кабул шуд.
10 августи соли 1920 дар Бюрои сиёсии КМХК(б), ки В.Ленин иштирок дошт, масалахои сиёсии Бухоро мавриди мухокима карор гирифт. 11 август ба Тошканд дастури КМХК(б) фиристода шуд. 12 август фармондихии чабхаи Туркистон М. Фрунзе ба аскарон мурочиат намуда мегуянд: «Ба иртиботи хуручи мавриди интизории халки Бухоро дар рохи муборизаи ру ба ру бо амири худ» ба хучум омада бошанд. Барои ба шуриш рохбари кардан 25 август «Маркази хизби» созмон дода шуд. Ба хайати маркази хизби В.Куйбышев, Н.Хусенов ва Ф. Хоча дохил мешуданд.
Вазъият амалиёти фавриро талаб мекард. Вале куввахои инкилоби дар Бухоро камшумор буданд. Аз ин ру чавонбухориён ва коммунистони Бухоро бе ёрии харбии шурави ба муваффакияти мубориза боварии комил надоштанд.
Бомдоди 29-августи соли 1920 дастаи савораи низомии Туркман тахти фармондехии Кулмухаммадов Чорчуйи кухнаро ишол намуда, беки ончоро дастгир кард. Дар ин чо Комитети инкилоби таъсис ёфт ва аз фармондехи чабхаи Туркистон ёри пурсид. Аскарони сурх 29-август бо дастгирии тайёрахо ба шахри Бухоро хучум карданд.
Яке аз иштирокчиёни бомбаборонкунии Бухоро Фоусен он рузхоро чунин ба ёд овардааст: – «Мо Бухороро бомбаборон мекардем ва иморатхои кадимаро ба харобазор табдил додем. Махсусан вакте, ки бомбаи партофтаамон рост ба манораи марг мерасид шодию хурсанди мекардем. Харчанд барои мо ин хадафзанихо мохиятан фоидае надошт…» (Тоиров.Т. Бомбаборони Бухоро //Садои Шарк.- 1990.- С. 95). Тупзанихои на танхо сарбозони амирро ба вахм меоварданд балки сокинони шахр ки тайёрахоро хаётан надида буданд аз тарс ба хар тараф медавиданд.
Мувофики баъзе маълумотхо Бухоро 20 руз дар хукми сухтор буд. Дар натича 34 гузар, зиёда аз 1000 дукон, 20 сарой, 29 масчид, 3 хазор хавли сухта хароб шуданд. (Мухторов А. Даруни чомаи рангин // Адабиёт ва санъат.- 1990.-18 янв.).
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …