Главная / Илм / Гурухбандии таваккалхо (виды риска)

Гурухбандии таваккалхо (виды риска)

Дар хар сарчашмаи идоракунии таваккал гурухбандии гуногун ба чашм мерасад. Холо дар адабиёти иктисоди гурухбандии таваккал (рискба забони руси)  ва руйхати бештар пурраи намудхои он пешниход гардидааст. Аз ин ру чунин намудхои таваккалро бояд ба эътибор гирифт:

  • Саноати;
  • Экологи;
  • Инвеститсионни;
  • Карзи;
  • Техники;
  • Сохибкори;
  • Молияви;
  • Тичорати;
  • Сугуртави;
  • Сиёси;

Намудхои номбаршудаи таваккалро муфассал аз назар мегузаронем.

Дар зери таваккали саноати, хатари расонидани зарар ба корхона (объекти таваккал) ва шахсони дигар (сеюм) дар натичаи халалдор гардидани кори муътадили чараёни истехсоли, фахмида мешавад.

Гайр аз ин, ба он хатари вайрон ё нобуд гаштани тачхизоти истехсоли ва наклиёти, хароб гаштани иморату бинохо дар натичаи таъсири омилхои беруна, чун куввахои табии ва амалхои бадкасдона, дохил шуда метавонанд.

Дар зери таваккали экологи эхтимолияти ба вучуд омадани чавобгарии шахрванди барои расонидани зарар ба мухити беруна, хаёт ва солимии шахсони дигар (сеюм), фахмида мешавад. Он метавонад дар чараёни сохтмон ва истифодабарии объектхои истехсоли ба вучуд ояд ва хамчун кисми таркибии таваккали саноати махсуб меёбад. Зарар ба мухити беруна дар намуди ифлосшави ё нобудшавии захирахои чангал, оби, атмосфера ва замин инъикос меёбад ё расонидани зарар ба биосфера ва киштзори хочагии кишлок.

Мафхуми чавобгарии экологи-хукуки чуброн намудани зарари расондаро барои ифлосшавии мухит ва нодуруст истифодабарии мухити табииро дар назар дорад.

Таваккали инвеститсиони бо имконияти нопура гирифтан ё аз даст додани фоида дар натичаи амалисозии лоихахои инвеститсиони вобастаги дорад. Объекти таваккал дар мавриди зерин манфиатхои мулкии шахсоне мебошад, ки маблагхои худро ворид намудаанд.

Таваккалхои инвеститсионни вобаста аз хусусияти чори намудани лоиха ва воситаи чалби маблагхо гурухбанди мешавад. Дар холати умуми намудхои зерини таваккалро чудо менамоянд.

  • карзи;
  • дар мархилаи аввали лоихаи инвеститсиони ба вучуд омада;
  • сохибкори, ки бо мархилаи дуюми лоихаи инвеститсиони алокамандаст;
  • сугуртави;

Таваккали карзи бо имконияти барнагардонии маблаги карз ва фоизхои он вобастаги дорад. Барнагардонидани карз метавонад бо сабабхои сохтмони нотамом, тагирёбии вазъияти умумии иктисоди ва бозаргони, коркарди нокифояи маркетингии лоихаи инвеститсиони, вазъяти фавкуллода ва гайра ба вучуд ояд.

Барои карздиханда на танхо бозгашти маблаг карз бо фоизхояш, балки мухлати бозгашт низ ахамияти калон дорад. Хамин тавр, барои карздиханда хавфи зарари бевосита дар холати барнагардонидани маблаги карз ё кисми он мавчуд мебошад,инчунин зарари ба восита мавчуд мебошад, ки бо боздошти пардохти карзи асоси бо фоизхояш алокаманди дорад.

Таваккали техники бо сохтмони объектхои нав ва истифодабарии минбаъдаи он вобастаги дорад. Дар байни онхо таваккалхои сохтмони- васлгари ва истифодабариро чудо менамоянд. Таваккали техники метавонад хамчун кисми таркибии таваккалхои саноати, сохибкори ва инвеститсиони махсуб ёбад.

Таваккали сохибкориро ба беруна ва дохили чудо менамоянд. Таваккали беруна бо расонидани зарар ва нагирифтани фоидаи мунтазиргаштаи сохибкор хангоми ичро накардани ухдадорихои худ аз тарафи шарикони сохибкор ё дигар сабабхо вобастаги дорад.

Таваккали дохили бошад аз кобилияти сохибкор оиди ташкил кардани истехсолот ва фуруши махсулот вобастаги дорад. Ба он омилхои зерин таъсир мерасонанд:

  1. сифати низоми менечмент;
  2. сифати махсулот;
  3. харочоти истехсоли;
  4. ташкили маркетинг ва гайра;

Ширкатхои сугуртави ва институтхои молияви ба сохибкорон барои чуброни харочоти таваккали дохили кафолат намедиханд, зеро он дар зери бисёр омилхои субъективи карор дорад.

Зарар аз таваккали сохибкори метавонад бевоситава бавоситабошад. Зарари бевосита- ин талафоти воситахои асоси ва гардон, зарари чисмони ба хайат, зарари чисмони ва мулки ба шахсони сеюм (ахоли ва ташкилотхо). Зарари бавосита-ин нагирифтани фоида дар натичаи танаффус дар фаъолияти хочагидори бо якчанд сабабхои гуногун.

Таваккали молияви дар чараёни идоракунии молияи корхона, ташкилот ба вучуд меояд. Он ба чунин намудхо чудо мешавад:

  1. Асъори, амалиёти (оператсиони), интиколи, иктисоди;
  2. Фоизнок мавкеъи (позитсиони), портфели, иктисоди;
  3. Портфели (низоми, гайринизоми).

Таваккали амалиётии асъориро хамчун имконияти ба вучуд омадани харочот ё нопурра гирифтани фоида дар натичаи тагйир ёфтани курби асъор ва таъсири он ба фоидаи мунтазиршуда аз фуруши махсулот муайян намудан мумкин мебошад.

Таваккали интиколии асъори дар холати мавчуд будан дар ширкати асоси ширкатхои фаръи (дочернее) ё филиалхо дар хорича ба вучуд омада метавонад. Сарчашмаи он метавонад номутобикати байни активхо ва пассивхои ширкат бошад, ки асъори дигар давлатхо хисоб шуда бошад.

Шакли таваккал - намудТаваккали иктисодии асъори хамчун эхтимолияти таъсири номусоиди курби асъор ба вазъияти иктисодии ширкат арзёби мегардад. Он метавонад, масалаи дар натичаи тагйирёбии хачми гардиши мол дар давлат, тагйирёбии нарх ба воситахои истехсолот ё махсулоти тайёр, инчунин дар натичаи тагйирёбии ракобатпазирии ташкилот ба вучуд ояд.

Дар зери таваккали фоизнок эхтимолияти пайдо шудани харочот дар холати тагйир ёфтани меъёри фоизи аз руи захирахои молияви фахмида мешавад. Таваккали мавкеии (позитсионии) фоизнок дар холате ба вучуд меояд, ки агар фоизи истифодабарии захирахои карзи аз руи меъёри «тахмини» партдохт гардад. Ширкате, ки карз медихад ё дар банк аз руи фоизи «тахмини» депозит дошта бошад, дар холати паст шудани меъёри фоиз зарар мебинад. Ва баръакс, ширкате, ки аз руи меъёри «тахмини» карз гирифта бошад, дар холати баланд гардидани меъёри карз зарар мебинад.

Таваккали фоизноки портфели таъсири тагйирёбии меъёрхои фоизро ба арзиши активхои молияви, чун сахмияхо ва вомбаргхо инъикос менамояд. Дар навбати худ таъсир на ба намудхои алохидаи когазхои киматнок, балки ба тамоми сандуки инвеститсиони расонида мешавад. Зиёд шудани меъёри фоиз ба захирахои асосии карзи, аз руи коида арзиш сандуки инвеститсиониро паст менамояд ва баръакс.

Таваккали фоизноки иктисоди (сохтори) бо таъсири тагйирёбии меъёри фоиз ба вазъияти иктисодии ширкат умуман, алокаманди дорад. Масалан, агар ракибони ширкат истехсолкунандагоне бошанд, ки барои фаъолияти худ маблагхои зиёди карзиро истифода мебаранд, дар холати паст шудани меъёри фоиз, ракобатноки низ дучанд меафзояд.

Таваккали портфели таъсири хар гуна омилхои макро ва микроиктисодиро ба активхои сохибкор ё сармоягузор (инвестор) инъикос менамояд. Партфели актив метавонад аз сахмияхо ва вомбаргхо, когазхои кимматноки давлати, ухдадорихои хатми, маблагхои пули, полисхои сугуртави, амволи гайриманкул ва гайра иборат бошад. Омилхои алохидаи таваккал метавонад ба намудхои гуногуни активхо таъсири мутакобил расонад.

Таваккали тичорати бо имконияти нопурра гирифтани фоида ё ба вучуд омадани харочот дар чараёни гузаронидани амалиётхои савдои алокаманд мебошад ва дар холатхои зерин инъкос меёбад:

  • Пардохт карда натавонистани маблаги мол аз тарафи харидор;
  • Рад намудани фармоишгар пардохти махсулотро;
  • Тагйир намудани нархи мол пас аз бастани шартнома;
  • Паст шудани талабот ба махсулот;

Таваккали сугуртави хангоми фаъолияти сохибкорон ё сармоягузорон дар худуди давлатхои дигар ба вучуд омада метавонад. Фоидаи тичорат метавонад дар холати номусоид гардидани вазъияти сиёси ва иктисодии хамон давлат паст гардад. Талафот ё паст шудани фоидаи тичорат метавонад бо сабабхои гуногун ба вучуд ояд. Сабабхои асосии паст шудани фоидаи тичорат инхоянд:

  1. Тагйир ёфтани сохти давлатдории мамлакат;
  2. Мусодира ё милликунонии объектхои моликияти хоричиён;
  3. Нобудсози ё вайрон кардани объекти моликият дар натичаи амалиётхои харби ё тазохуротхои шахрванди;
  4. Тагйирёбии конунгузории маъмури ва гайра: (гумруки, андозбанди ва гайра).

Таваккали сиёси кисми таркибии таваккали сугуртави махсуб меёбад. Мохияти он дар имконияти нопурра гирифтани фоида ё талафи моликияти сармоягузори хоричи ё сохибкор дар натичаи тагир ёфтани вазъияти ичтимои – сиёси дар мамлакат инъикос меёбад.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222