Главная / Илм / Худбаходихи ва дарачаи иддаои шахс

Худбаходихи ва дарачаи иддаои шахс

Баходихи ва
худбаходи яке аз унсурхои мухими сохти шахс ба шумор
мераванд, ки нисбат ба дигар масъалахои он бештар
мавриди тадкик карор ёфтаанд. Инсон тавассути дар си-
стемаи муносибатхои чамияти иштирок намудан ва бо
одамон муошират карданаш, худро чун субъекти холат,
амал ва протсессхои психикии худ эхсос мекунад ва нис-
бат ба худаш чун «Ман»-е баромад мекунад, ки ба «дига-
рон» мукобил аст ва дар айни замон алокаи зич дорад.
Мафхуми «Ман» онро ифода мекунад, ки инсон айнияти
худро ба худаш дар гузаштаю хозира ва оянда мефахмад.
«Ман» катъи назар ба дигаргуниаш дар вазъиятхои гуно-
гуни хаёти, новобаста аз тагйирёбии шуур, акидаю
максадхо хамон «Ман»-ам, ки дируз будам, айни замон
хастам ва дар оянда хамон хел хохам буд.

Баходихии «Ман» натичаи мукоисаи доимии чизи
дар худ дидаи шахс бо чизи дар дигарон дидаи у мебошад.
Инсон дар бораи худ маълумот чамъ намуда, онро бо
маълумотхои дар бораи дигарон доштааш мукоиса меку-
над, ин гувохи он аст, ки у нисбати сифатхои шахси,
рафтор ва зухуроти худ бепарво нест. Ба ибораи дигар-
шахс сохиби гурухи реферанти (реали ё идеали) мебошад,
ки ба он доимо ахамият медихад ва дар он нишон-
дихандахои арзишноки хаёти, шавку хавас ва идеалхоеро
пайдо мекунад, ки ба худи у низ дахл доранд. Шахс дар
рафти мукоиса кардани худ бо эталони (намуна) муко-
исашаванда аз натичаи санчиш каноатманд мешавад ё
каноатманд намешавад.

Дар адабиётхои илми ва амали ду намуди худ-
баходихи: худбаходихии мувофик ва худбаходихии но-
мувофикро аз хам фарк мекунанд. Худбаходихии мувофик
ба шахс имконият медихад, ки ба худ аз нуктаи назари
танкиди муносибат карда, кувваю имкониятихои худро
барои халли масъалахои гуногун ва талаботхои атрофиён
мувофик гардонад. Ин намуди худбаходихи шарти зару-
рии ташаккули шахсият мебошад. Худбаходихии номуво-
фик дар навбати худ ба ду намуд: худбаходихии дарачааш
баланд ва худбаходихии дарачааш паст чудо мешавад.

Худбаходихии баланд нишонаи ба имкониятхои худ
аз будаш зиёд бахо додани шахс мебошад. Ин намуди
худбаходихи одатан шахсро ба зиддияти атрофиён дучор
гардонида, барои у ташкили муносибатхои солимонаи
байнишахсиро мушкил мегардонад.

Худбаходихии паст нишонаи ба кобилияту имкони-
ятхои худ бовари надоштани шахс мебошад. Вобаста ба
он шахс дар ичрои фаъолият ташаббусро аз даст дода,
нисбати худ кадрношиноси мекунад.

Худбаходихи бо дарачаи иддаои шахс алокаи зич до-
рад. Дарачаи иддао гуфта, дарачаи дилхохи худбаходихии
шахсро мегуянд, ки ба дарачаи душворихои максади шахс
вобаста аст. Одатан, чунин максадхоест, ки мувофики
хохишу имконияти уст ва натичаест, ки онро сохиб шудан
мехохад. Дарачаи иддаои шахсро дар сурати ба у пеш-
ниход кардани масъалахои дарачаи халлашон гуногун му-
айян кардан мумкин аст. Дар чунин холат шахсони да-
рачаи иддаояшон баланд, озмоишро аз халли масъалаи
дарачааш душвор огоз мекунад, шахсони дарачаи иддао-
яшон паст бошад баракс корро аз халли масъалахои
осонхал огоз

мекунанд. Баъзан чунин шакли иддао руй медихад,
ки шахс кушиши ба

даст овардани муваффакиятеро накарда, балки аз
нобаробарии он харф мезанад. Удар чунин холат ё
масъалаи душвор ва ё осонро интихоб мекунад. Шахс
масъалаи осонро хал карда истода, ба натичае муваффак
мешавад ва дар сурати хал карда натавонистани масъала,
дарачаи душворихаллии онро сабаб мекунад ва аз ин об-
рази «Ман»-и у дигар намешавад.

Дарачаи иддаои шахс аз якчанд омилхо вобаста аст:
а) аз душвории вокеии супориши пешниходшуда; б) аз ар-
зишнокии ин супоришхо барои худи шахс; в) ба таасуроте,
ки аз муваффакияту нобарорихои пеш дар рафти халли
масъалахои мувофик ба амал омада буд; г) аз худбаходихи
сохти шахс.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …

222222222222222