Фаркияти намояндагони
чинсхои мардона ва занона дар
се сатх барраси карда меша-
ванд: сатхи анатоми – морфологи; сатхи физиологи – хор-
монали ва сатхи ичтимои- психологи. Барои бахои вокеи
додан ба тафовути психологии чинсхо тавсифи ду сатхи
аввал (дарачаи биологи) низ мухим аст.
Фаркияти цисмонии цинсхоро, ки асоси биологи дорад,
диморфизми цинси меноманд.
Хануз дар лахзаи бордоршавии хучайратухм тано-
суби хромосомхо чинсияти генетикии чанинро муайян ме-
кунанд, ки дар схемаи биологи чунин тасвир карда меша-
вад: XX- духтар ва Х¥- писар. Такрибан дар хафтаи 7-ми
инкишофи чанин гадудхои чинси ташаккул меёбанд, ки
чинсияти хормоналии уро муайян мекунанд. Хормони ин
гадудхо аз як чониб самти инкишофи морфологии чинсро
муайян карда, ба шаклгирии аломатхои аввалиндарачаи
чинсият (узвхои чинси) мусоидат мекунанд. Аз чониби ди-
гар бошад, ба марказхои дахлдори магз таъсир расонида,
заминаи равандхои минбаъдчараёнгирандаи балогати
чинсиро ба вучуд меоварад. Пас аз таваллуд дар асоси
нишонахои зохири чинсияти расмии кудак муайян карда
мешавад. Фаъолияти бенуксони гадудхои чинси дар
давраи балогати чинси боиси ба вучуд омадани як катор
тагйироти морфологи ва физиологи мегарданд, ки нишо-
нахои дуюмдарачаи чинси номида мешаванд (баромадани
ришу муйлаб дар писарон, дамидани синахо, хайзбини
дар духтарон ва г.).
Кудак аз рузи таваллуд бо муайян шудани чинсияти
расми ба муносибати хоси «духтарона» ва ё «писарона»
рубару мегардад, ки минбаъд ба муайянсозии мавкеи
ичтимои ва худшиносии чинсии у мусоидат мекунад. Му-
носибати чамъият ва хусусиятхои тарбия доимо ба кудак
талкин мекунанд, ки кадом намуди рафтор барои у «раво»
ва кадомаш «норавост». Хамин тавр накшхои чинси ва
дар заминаи онхо тасаввурот дар бораи хусусиятхои хоси
«мардона» ва «занона» шакл мегиранд, ки дар илм бо но-
ми стереотипхои маскулини (аз лот. маскулинус-мардона)
ва фемини (аз лот. феминус-занона) маъмуланд.
Кудак аллакай дар синни 1,5 солаги ба кадом чинс
тааллук доштанашро мефахмад. Дар 3-4 – солаги чинсияти
дигаронро аз руи аломатхои зохири (масалан сарулибос)
муайян мекунад. Дар 6-7 – солаги аллакай тафовути воке-
ии чинсиятро фарк карда, кудак кушиш мекунад, ки ба
меъёрхои муайянкардаи чамъият мувофик бошад. Хамза-
мон ичроиши накшхои чинси аз чониби калонсолон назо-
рат карда мешавад. Волидайн ва атрофиён писарро (дух-
тарро) барои рафтори маскулини (фемини) тахсин ва
баръакс барои рафтори мухолиф танкид мекунанд.
Дар тасаввуроти чамъияти зери хусусиятхои «мардо-
на» одатан далери, шучоат, чиддият, сиёсат, фаъоли,
катъият ва монанди инхоро мефахманд. Зери хусусиятхои
занона бошад, назокат, мехрубони, хайрхохи, хассоси,
нофаъоли ва гайра. Ин намунаи хусусиятхои маскулини ва
фемини на хамеша дар вокеият тасдики худро меёбанд,
яъне хусусиятхое, ки мардона хисобида мешаванд, дар
занхо низ ташаккул меёбанд ва баръакс. Аз ин ру, онхоро
тасаввуроти стреотипи (аз юн. стереос – устувор ва типос –
накш) ё шахшуда меноманд.
Хамин тавр, тафрикагузории хусусиятхои занона ва
мардона шарти буда, сархади аники фарккуни надоранд
ва аз омезиши онхо як навъ типхои «мобайни» ба вучуд
меоянд. Масалан, дар тасаввуроти омма аз руи баходихи
ба хусусиятхои чинсии рафтор чахор типи одамон фарк
карда мешаванд: марди мардонахислат, марди зано-
нахислат, зани мардонахислат ва зани занонахислат.
Бояд кайд намуд, ки дар чунин зухуроти хусусиятхои
барои чинси мукобил хос донисташаванда, хам омили
биологи (ихтилоли функсияхои тарашшухоти чинси) ва
хам омили ичтимои (тарбияи нодуруст) накш доранд.
Саволе ба миён меояд, ки фаркияти вокеии психикаи
мардона ва занона дар чи ифода меёбад? То чи андоза
нишондихандаи ин фаркият бузург аст?
Тахкикотчиёни америкои Е.Е.Маккоби ва
К.Н.Чеклин дар натичаи тахлили тамоми тадкикотхои то
солхои 70-уми асри XX гузаронидашуда танхо чахор
фаркияти психологии чинсхоро маълум карданд: кобили-
ятхои мавкеъгири дар вазъият, кобилиятхои математики,
малакахои нутки ва агрессивият. Мухаккикон ба хулосае
омаданд, ки писарон дар кобилиятхои бинои-фазои бар
духтарон афзалият доранд ва кобилиятхои математикиа-
шон низ баландтар аст. Духтарон бошанд, дар кобили-
ятхои шифохи пешсафанд ва писарон бештар агрессиви,
яъне бадхашманд (Е.Е.Маккоби ва К.Н.Чеклин, 1974).