Главная / Илм / ИЛМХОИ КУРЪОНИ

ИЛМХОИ КУРЪОНИ

Куръон дар таърихи тамаддуни исломи хамчун омили такондихандаи рушди хамаи сохахои илм накши бузурге бозидааст. Аз илми сарфу нахв, тачвид-махоричи овоз (фонетика)-зобони арабИ то илмхои кайхоншиносИ дар заминаи ниёзхои шинохти Куръон пешрафт карданд. Алалхусус, дар ин замина илмхои куръонИ ба вучуд омада, фарханги исломиро гани ва шинохти Куръонро осон намуданд. Яке аз чунин илмхо илми кироат мебошад.

ИЛМИ КИРОАТ дар натичаи ихтилофоте, ки хануз дар садри ислом дар хондани баъзе оятхо ва калимахои Куръон чой дошт, ба вучуд омад. Уламои ислом вучуди ин ихтилофотро усулан мучоз ва табии медонанд, чунки дар хадис ба накл аз Паёмбари ислом (с) омадааст: “Инна хоза ал-Куръона анзала ъало сабъати ахруфин фа караъу мо таяссара минху”-Яъне, хамоно ин Куръон ба хафт харф фуру фиристода шудааст пас он тавре, ки муяссар аст, аз он бихонед. Ин харфхои хафтгона-“ахруфу- саъба”-ро хафт лафзи мухталиф барои як маъни таъбир кардаанд.

qiroati-quronИлми кироъат мавзуоти махоричи хуруф- фонетикаи овозхои хуруфи араби ва пайваста хондани калимаю иборот, масоили оханги тиловат ва кавоиди хастанд, ки васл, идгом-бахамфурурафтан ва гайраро дар бар мегирад. Ин масъалахо дар доираи илми т а ч в и д и Куръон омухта мешаванд. Таърихан, хамчун маъруфтарин тарзи кироати Куръон хониши дах кории маъруф кабул шудааст, ки иборатанд аз: 1Нофеъ ибни Абдуррахмон ( ваф.с.169 х.), 2- Абдуллох ибни Касир, 3-Абу Амр ибни ал-Аъло, 4- Абдуллох ибни Омир, 5-Осим ибни Аби ан-Начуд, 6-Хамза ибни Хабиб. 7-Кисои, 8- Якуб ибни Исхок Хазрами, 9- Абучаъфари Махзуми, 10-Халф ибни Хишом (ваф. с. 229 х) Аз байни ин кориёни дахгона танхо хафтои аввал шухрат доранд ва машхуртарин кироъатхо низ хафт кироъатанд.

ИЛМИ ТАФСИРВА ТАЪВИЛ. Илми тафсир ва таъвил дар заминаи зарурати фахмиши амик ва шарху эзохи оятхои Куръон ба вучуд омад. Калимаи ” тафсир”- ро донишмандон аз решаи “фаср”-иштикок шуда ба маънии кашф ё бардоштани парда ва ё рупуше аз болои чизе гуфтаанд ва хамчунин ин калима дар забони араб ба маънии ташхису баррасии пешоби бемор ба кор бурда шудааст. Маънии лугавии таъвил ба баргашт ба огоз ёба асл аст ва дар истилох муродифи тафсир аст. Баъзе онро дарёфти маънии ботинии оёти куръони гуфтаанд.

Интишори ислом дар байни аквоми дорои расму ойин ва забонхои мухталиф ва хар андоза дур шудани мусалмонон аз замони Паёмбар (с) ва нихоят шароит ва муктазои замон зарурати тафсири оёти Куръон ва баёни шароити нузул ва маънии ин ё он гуфтахои куръониро ба миён оварданд.

Манбаъхои тафсир, ки бо кумаки онхо маъониро дар меёбанд чахортост: 1- тафсири Куръон бо худи Куръон,2- тафсир ба акл, яъне бо истифода аз усули акливу мантики; 3- тафсир ба накл бо истифода аз ривоёт, хадисхо ва гуфтахои сахобагон; 4 -тафсир бо исроилиёт, аз тирики тавзехи киссахои куръони бо истифода аз ахбор ва сарчашмахои дини яхуди ва насрони.

Бояд гуфт, ки дар мавриди тафсир кардан ё накардани Куръон, чигунагии меъёри тафсир, мачоз будан ё набудани тафсир ба раъй бахсхои илохиёти ва илмии зиёде шудаанд. Аз лихози навъи тафсир низ тафсирхо гуногунанд, аз чумла баъзе тафсирхо бештар ба баёни мушкилоти лафзиву нахвии Куръон, дигаре, ба равшани андохтан ба шароит ва замони нозил шудани оёт, сеюмин, ба усул ва масоили илохиётиву фалсафии он таваччух кардаанд.

Муфассир \-шахси тафсиркунанда\-ро донистани як зумра улум, аз чумла: сарфу нахви араби, таъриху шароити таърихи ва хусусияти адабу шеъри араб, алалхусус давраи чохилия, мантик, илми хадис ва маърифати ричол, фикх, осори динхои иброхими (исроилиёт) ва гайра зарур буд.

Муфассирон низ чанд насл ташкил додаанд. Насли аввалро дар илми тафсир сахобахои Паёмбар (с) чун: чор халифи аввал- хазароти Абубакр ас-Сиддик, Умар ибн-Хаттоб, Усмон ибн Аффон ва Али ибн Абутолиб (р) ва сахобахо Ибн Аббос, Абумусо Ашъарй, Абдуллох ибни Зубайд, Молик ибни Анас ва чайра буданд. Насли дуюми муфассирон пайравони ин сахобахо буданд, ки ” т о б е ъ и н ” номида шудаанд. Баъд аз ин насли ” а т б о ъ и т о б е ъ ин “ огоз мешавад, ки худуди асри III – IV хичриро дар бар мегирад. Дар хамин давра комилтарин тафсири Куръон бо номи “Чомеъул-баён фи тафсирил-Куръон”, ки мухтасар бо номи “Тафсири Табарй” маъруф аст, навишта мешавад. Ин тафсир солхои 1940- 1946 дар Миср, дар 31 чилд чоп шуда аст. Муаллифи он Абучаъфар Мухаммадибни Чарир ат-Табарй (224-310х) мутаваллиди Омул ном махаллаи Табаристон (Мозандарони Эрон) буд. Тафсири Табарй яке аз сарчашмахои мухими мазхабй, фархангй ва таърихии ислом аст, ки таъсири амике ба рушди илми тафсир ва шинохти дигар сохахои улуми исломй гузоштааст.

Дуввумин, тафсири маъруф “Ат-тибён фи тафсирил-Куръон” ном дорад ва онро Абучаъфар Мухаммад ибни Хасан ат-Тусй (385-460 хкк), яке аз бузургони мазхаби шиъа дар бист чилд навиштааст. Баъд аз ин ду метавон ба тартиб аз тафсихои маъруф чун: тафсири “Ал-кашшоф ъан хакоик-ил-гавомиз-ит-танзил”, маъруф ба “Тафсири Кашшоф”-и аллома аз- Замахшарй Чоруллох Абулкосим Махмуд ибни Умар; “Кашшоф- ал-асрор ва ъудда-тул- аброр”-и Абулфазл Рашид-уд- Дин Майбудй; “Гароиб-ул-Куръон” маъруф бо номи “Тафсири Нишопурй”; “Анвор- ут-танзил ва асрор-ут-таъвил” маъруф ба “Тафсири Байзовй”, “Тафсири ибн Касир”, “Тафсири Чалолайн”, “Мачмаъул- баён фи тафсир- ал-Куръон”-и Шайх Аминуддин Абуфазл ибни Хасан Табарсй, “Мифтох-ул-гайб” ё “Тафсири кабир”-и Имом Фахруддин Розй (543-606 х.) ва гайра ном бурд. Теъдоди тафсирхои суннй ва шиъа хело зиёданд ва имруз низ тафсирнависй идома дорад. Аз тафсирхои нав (дар худуди асри XIX-ХХ навишта шуда) маъруфтаринашон Ал-Чавохир фитафсирал-Куръон ал-карим”-и Шайх Тантовй (мисрй), “ал-Мизон фи тафсири ал Куръон”-и Мухаммад Хусейни Таботабой ,ва “Тафсир ал-Манор”-и Шайх Мухаммад Рашид Ризо мебошанд.

Илми тафсир яке аз дастовардхои тамаддуни исломист, ки хамчун манбаи мазхабию динй, илохиётиву фалсафй, таърихй ва забониву адабй хело ахамияту арзиши зиёде доранд. Ба гайр аз илми кироат ва тафсир боз як зумра илмхои дигари куръонй мавчуданд. Масалан, «илми насх ва мансух»- шинохти оёте, ки баъдан аз тарафи Худо беэътибор (мансух) шуда, «илми тачвид-фонетика», «илми танзил ва эъчоз»-и Куръон вале машхуртарини онхо хамин ду илм мебошанд, ки мо баён кардем ва бо хамин ба ин фасл хотима медихем.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222