Дар Руссия дар нимаи дуюми соли 1917 вазъият нихоят вазнин шуд. Буржуазия карор дод, ки кушоду равшан амал кунад. 2-июн якчанд вазирон ба истеъфо баромаданд. Буржуазия умед дошт, ки ин тагйиротро барои устувор гардондани хокимияти худ истифода барад. Лекин кушишхои хукумати муваккати доир ба эътидол овардани вазъият натича надоданд. Дар мамлакат бахсу талошхо барои хокимият дар байни хизбу созмонхо шиддат ёфт ва ин ба он оварда расонд, ки фишангхои хокимият фалач шуданд.
Болшевикон вазъияти ба амал омадаи сиёсиро ба назар гирифта карор доданд, ки бо рохи осоишта ба дасти Шурохо гузаштани хокимияти реали мавчуд аст. Барои хамин ба Шурои намояндагони коргарон такя намуда шиори «Тамоми хокимият ба Шурохо» – ро ба миён гузоштанд. Анчани I- Шурохои депутатхои коргарон ва аскарон мохи июни соли 1917 имконият дошт, ки масъалаи хокмиятро ба фоидаи советхо хал намояд. Лекин бо муносибати созишкоронаи меншевикон ва эссерхо, ки дар советхо аксарият доштанд, аз ин имконият истифода бурда нашуд. Онхо чунин акида доштанд, ки масъалаи хокимият ваколати мачлиси муассисон мебошанд.
Болшевикон барои ба даст даровардани аксарият дар советхо фаъолият бурданд, лекин имконияти бо рохи осоишта ба даст овардани хокимият айриимкон гардид. Бо карори анчани VI сотсиал-демократии коргарии Россия, ки мохи июл августи соли 1917 баргузор гардид, шиори тамоми хокимият ба «Шурхо» муваккатан аз миён бардошта шуд. Ин маънои даст кашидан аз советхо хамчун органхои давлатиро надошт. Максад аз нав интихоб кардани Шурохоро дошт.
Съезди VI РСДРП ба вазъият бахо дода рохи гузаронидани шуриши мусаллахонаро пеш гирифт. Дар аксарияти шахрхои саноати Шурохо тарафдори болшевикон буданд. Махсусан, дар Петроград болшевикон Шурои намояндагони коргарон ва аскархоро ба дасти худ дароварда ба хукумати муваккати фишор оварданд.
25-уми октябри соли 1917, дар Петроград шуриши мусаллахона ооз ёфт. Вакте, ки шуриш идома дошт, Анчумани дуюми Шурои умумирусиягии депутатхои коргарон ва аскархо кушода шуд. То сахари барвакт муассисахои давлати ва нуктахои асосии шахри Петроград ба дасти шуришгарон гузаштанд. Анчани II умумирусияги, ки дар кори он 625 вакил иштирок доштанд, масъалахои мухимтаринро мухокима намуд.
Дар съезд мурочиатнома ба тамоми шахрвандони мамлакат хонда шуд, ки дар он гуфта мешуд: «Ба иродаи аксарияти кулли коргарон, аскархо ва дехконон такя карда, ба алабаи шуриши коргарон ва гарнизон, ки дар Петроград ба амал омад, такя карда, съезд хокимиятро ба дасти худ мегирад».
Меншивикон ва эссерхои рост хокимияти Шуравиро эътироф накарда, аз толори съезд баромада рафтанд. Эссерхои чап ба тарафдории ба Шурохо гузаштани хокимият овоз доданд. Мекшивикон бошанд ба хайати хукумат дохил шуданро рад карданд.
Дар съезд дар бораи сулх ва замин декретхои аввалини хокимияти Шурави кабул карда шуданд. Дар декретаи сулх съезд чанги давомкарда истодаро чиноят хисоб карда ба хамаи халкдои мамлакатхои чангкунанда мурочиат кард, ки фавран барои бастани сулхи умуми ва демократи гуфту шунид сар кунанд.
Дар декрети замин гуфта мешуд, «Моликияти помещики замин фавран бекор карда мешавад. Мулхои помещикон, заминхои удели, монастри, калисои бо тамоми ашёю анчом ба ихтиёри комитетхои замин ва советхои депутатхои дехдонон мегузаштанд. Заминхои дехдонони одди мусодира карда намешаванд».
Хукуки моликияти хусуси будани замин бекор карда шуда, замин ба моликияти давлати умумихалки табдил меёбад.
Хайати нави комитети ичроияи марказии умумирусияги интихоб гардида – Шурои комиссарони халки ташкил карда шуд.
Главная / Илм / ИНКИЛОБИ ОКТЯБР ВА ИШТИРООК ХИЗБХОИ СИЕСИ, ХАРАКАТХОИ МАРДУМИ ДАР БАРПО ВА МУСТАХКАМ НАМУДАНИ ХОКИМИЯТИ ШУРАВИ ДАР ТОЧИКИСТОН
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …