Вакте ки Курайш ба ин натича расиданд, ки озору азийяташон дар пешрафти даъвати Паёмбар (с) хеч гуна таъсире надошта ва ёронаш на танхо аз имон даст намекашанд, балки руз ба руз имонашон мухкаму кавитар мегардад ва бо вучуди хама монеахо ва мушкилоти эчодшуда аз тарафи онхо теъдодашон афзоиш меёбад, дар махалле ба номи “Дорун-надва”, ки махалли тасмимгирихои мухими Курайш буд, чамъ шуданд, то бинанд бо Паёмбар (с) ва асхобу ёронаш чи гуна рафтор намоянд ва дар мавриди онон чи тасмиме бигиранд.
Касе, ки маъмур шуд назди Паёмбар (с) биравад, то тасмимхоеро, ки гирифта буданд, матрах созад Утба ибни Рабиъа буд. Утба назди Паёмбар (с) ба Масчидул-харом рафт ва Паёмбар (с) машгули хондани намоз буд. Хангоме ки намози Паёмбар (с) ба поён расид, Утба ба Пёмбар (с) гуфт: “Эй писари бародарам, кадру манзалати мо бар ту пушида нест, аммо ту ба василаи ин корат аклхоямонро паст шумориди, ба Худоёнамон носазо гуфти ва падарону некони моро гумрох хонди, холо гуш кун, ки чанд чиз бар ту арза мекунам, шояд баъзе аз онхоро бипазири”.
Паёмбар (с) фармуд: “Эй Абувалид, ман гуш мекунам”.
Утба гуфт: “Эй писари бародарам, агар касди ту аз таблигу ойини чадид касбу даромади молу сарват аст, мо он кадар ба ту молу сарват медихем, ки сарватмандтарин фард гарди. Агар касди ту подшохи аст, мо туро подшохи худамон мегардонем. Агар чинзада шудаи ва чин туро озору азийят медихад, мо пизишконро даъват мекунем ва амволи худро дар рохи шифои ту масраф мекунем, то бехбуд ёби”.
Паёмбар (с) бо камоли хурсанди ва викор ба суханони Утба гуш фаро дод. Вакте ки суханони Утба тамом шуд, оятхои 1 то 14-уми сураи “Сачда”-ро бар у тиловат намуд. Утба бо шунидани ин оятхо ба хакконият ва дурустии даъвати Паёмбар (с) пай бурд ва назди кавми худ рафту гуфт: “Эй гурухи Курайш, ба сухани ман гуш фаро дихед, чилави даъвати Паёмбар (с)-ро нагиред ва бигузоред, ки озодона корашро идома дихад, чун ман сухане аз у шунидам, ки хабар аз ояндаи ачиб аст. Ин оятхо дар бораи азамату кудрати Парвардигор ва натичаи аъмоли касоне аст, ки даъвату рисолати Паёмбар (с) ва хакконияти рузи киёматро инкор мекунанд”.
Курайш дар чавоби Утба гуфтанд: “Мухаммад туро чоду кардааст”.
Аз ин матлаб ба ин натича мерасем, ки дар миёни хар кавму кабилае афроде хастанд, ки нидои хакку хакикатро дарк мекунанд ва хакикат барои онхо ошкору равшан мегардад, аммо афроде, ки худро бузурги чомеъа ва ё кабила каламдод мекунанд, танхо ба фикри манфиати модди ва иктисодии хеш мебошанд ва монеъ аз ин амр мегарданд, ки нидои хакикат ба гуши чахониён ва ташнагони хакку хакикат бирасад. Ба гунае ки дар ин мочаро агар Абучахл мегузошт, то Курайш ба харфхои Утба гуш диханд, хеч гуна чангу хунрези дар миёни Курайш иттифок намеафтод.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …