Главная / Илм / Идоракунии лоихавии фаъолияти инноватсиони

Идоракунии лоихавии фаъолияти инноватсиони

Гузаришба иктисоди бозори ва баркароршавии модели муосири рушди иктисоди талаб менамояд, ки дар хама мархилахои даври истехсоли чараёнхои инноватсиони фаъол гардонида шаванд. Барои амалисозии ин кор зарур аст, ки хусусияти мехнат, техники-технологи, ташкили, инчунин усулхои идоракунии фаъолияти инноватсиони тагйир дода шаванд.

Чунин тагйирот мукаммалагардонии усулхои менечменти инноватсиониро такозо менамояд. Мукаммалгардонии менечменти инноватсиони асосан ба идоракунии лоихахои инноватсионие, ки ба амалхои бисёрмаксадаи худуддор такя мекунанд, бештар алокаманди дорад.

Корхонаи иноватсионии ширбарори каймок ва кефир

Амали лоихави ба фаъолияти инноватсиони ахамияти омилхои асосии рушди фирмахоро устувор мегардонад. Вазифаи асосии менечери оид ба инноватсия аз идоракунии лоихавии технология, сармоя ва махсулноки иборат аст. Илова бар ин чори намудани технологияхо ва махуслотхои нав, ташкили маблаггузори, идоракунии хавасмандгардони ва таълими (омузонидани) хайат низ хамчун лоиха дида баромада мешавад.

Яке аз вазифахои асосии рохбарияти ташкилотхои калон ин сари вакт ивазнамоии навъхо махсулот, технологияхо, ивазкунии самти истехсолоти камдаромад, ки аз таввакали зиёд ва ракобатнопазири ба амал меояд, ба шумор меравад. Принсипи идоракунии лоихави имконият медихад, ки бунёди шароити кабули карорхои катъи, мутобиксози ва сармоягузории шаклхои гуногуни фаъолиятро мувофики доираи рентабелноки ва афзалиятхои стратеги таъмин гардад.

Яке аз хусусиятхои асосии идоракунии сармоягузории фаъолияти инноватсиони ин ташкили маблаггузорихо ба шумор меравад. Мафхуми «идоракунии» маблаггузорихо дар шароити иттиходияхои муосир таркибу мундаричаи васеътаро дорад. Сохтмон, тачхизот, воситахо ва дастгоххои технологи танхо кисми харочотхои дарозмухлат мебошанд. Иттиходияхо низ ба маблаггузорихои мисли арзиши технологии хуччатнигори, харочотхои тадкикотхои илми ва коркарди махсулотхо, тадкикоти маркетинги, барои реклама ва рушди роххои фуруши махсулот шомил хастанд. Дар харчномаи маблаггузорихо, харочотхои мучахазанонии тачхизотхои нав ва пурзурнамоии иктисдори истехсоли, интихоб, омокуни ва бозомузии хайат, яъне ба ибораи дигар ба гурухи харочотхои марбути инноватсияхо буда, дохил мешаванд.

Ба руйхати харочотхои капитали, ки ба навоварихо алокаманди доранд харочоти азнавмучахазони, баркарорсозии иктидори истехсоли, харочоти интихоб, тайёркуни ва бозомузии кормандон низ дохил мешаванд.

Дар чунин амали васеъи маблаггузори дар фаъолияти менечерон мушкилии зиёд пеш меояд. Рохбарият хамчун маркази стратигии таъминкунандаи чо ба чо гузории захирахо на руи даромаднокии чори балки аз руи афзалиятхои инноватсиони амал мекунад.

Менечери ташкилоти калон интихоби васеъи хамкорони молиявиро доро мебошад. Идоракунанда бояд мувозинати окилонаи байни харочотхо, таваккали молияви ва назорати беруниро бо максади муайянсозии андозаи таъминнокии мабалггузоррихои ба накшагирифташуда бо бо захирахои молияви-ро ёбад. Таносуби баходихии дохилии даромадноки ва шартхои молиявии назорати беруни асоси хисоби хочагии ширкатро ташкил менамояд, ки ба таъмини меъёри даромаднокии инноватсихо нигаронида шудааст.

Вобастагии амалишавии лоихахо мухити берунаи ширкатхоро водор мекунад, ки ба ояндабинии на танхо талабот, балки рафтори хамкорон, ракбони машгул гардида, вазъи ояндаро тархрези намоянд.

Менечерро лозим аст, ки барои таъмини бомуваффакияти чараёни инноватсиони вазифахои мухимро оиди идоракунии стратеги, лоихакаши, коркард ва татбики навоварихо, идоракуни ва назорати фаъолияти чории низоми амалиётии корхонаро ичро намояд.

Азбаски фаъолияти навовари мураккаб, гуногунчабха ва натичаи пешгуи шаванда дорад, таксимоти вазифахои идоракуни ногузир мегардад. Хамин тавр, дар ширикатхо вазифаи ташкили идоракунии чараёнхои молияви ва истифодаи самараноки сармояро менечери молияви, банакшагирии сармоягузори ва интихоби лоихаро муттахасис оид ба тахлили сармоягузори ва идоракунии инноватсионии хайати коргаронро менечер оид ба идоракунии ичтимои амали мекунанд.

Дар корхонаю ташкилотхои бузургтар бошад инчунин менечерон оид ба идоракунии таваккал, идоракунии Корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори, бозоршинос ва менечер оид ба сугуртакуни фаъолият мекунанд, то ин ки чараёнхои инноватсиони ва лоихахои сармоягузори бо таваккали нисбатан камтар амали гардонда шавад.

Зери таъсири принсипхои усули лоихавии ташкили сармоягузори ва инноватсиони, муносибат ба масъалаи накшагирии стратегияи рушди ширкат ва боздехи молияви , фаъолияти навоваронаи он ба таври мусби тагйир меёбад. Махз лоиха метавонад, ки имкониятхои вокеии амалишавии фаъолияти иноватсиониро аз нуктаи назари самараноки, даромадноки ва ракобатпазирии корхона, нишон дихад.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222