Главная / Илм / Иктисодиёт ва хочаги дар охири асри XIX. Заминдори ва хочагии кишлок.

Иктисодиёт ва хочаги дар охири асри XIX. Заминдори ва хочагии кишлок.

Асоси иктисодии Бухорои Шарки дар асри XIX ба тарзи пештара хочагии кишлок бо тарики муносибатхои паириатриалхари ташкил медод. Асоси заминдориро моликияти хусуси ба замин ва системаи обёрикуни ташкил мекард.
Амалдорон аз мансабхои худ истифода бурда, тамоми мушкилоти зиндагиро ба души табакаи камбагал бор мекарданд. Дар тамоми аморати Бухоро, хусусан дар нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистони имруза заминхо ба чунин кисмхо таксим шуда буданд. Заминхои амлаки-давлати, заминхои мулки-шахси, танхо заминхои вакфи! Дехдононе, ки дар китъахои хурди заминхои амлоки кор мекарданд алакай дар вазъияти крепоснои буданд. Ба ивази истифодаи порчахои ночизи замин аз онхо дар шаклхои гунонгун андозахои зиёде ситонда мешуд. Заминхои амлаки асосан ба таври мерос аз даст ба даст мегузаштанд. Дехконон аксар вакт бо номи шар дар заминхои амлакдор ва дигар амлакдорони калон тамоман бе музд кор фармуда мешуданд. Дехкононе, ки дар заминхои амлоки кор мекарданд аз се як хиссаи хосилро месупориданд. Масалан дар бекишарии Хиссор чунин навъхои андоз вучуд дошт. Дехконон барои истифода аз заминхои оби хумс, яъне панчяки хосилотро ва аз заминхои лалмиурш, яъне дахяки хосилотро медоданд. Гайр аз ин амлакдор хангоми андоз гундори расман аз хар як батман (такрибан 12 пут) хосили замини оби як нимхурд (32 кадок) ва аз замини лалми нимчоряк (8 кадок) хак меситонид. Доруга, ки ба гундоштани хироч, сару кор дошт, ба тарики кавсан мухрона мегирифт. Хиссаи мироб баробари хиссаи амлакдор буд. Оксакол аз хар батман нимчоряки хосилро дарёфт мекард. Нихоят домуллоимом хамаги ду галабаи 64 кадока “хаки оллох” гуфта мегирифт. Пас аз хамаи инхо дарвешону каландарон омада, назр талаб мекарданд. Заминхои мулки бошад, юа таври озод аз насл ба насл мерос гузошта мешуд.
Заминхои танхо бошад дар Бухорои Шарки нихоят дарача пахн гардида буданд. “Шахсоне, ки ба манфияти амир ё бек хизмати сазовор мекарданд ба у чамчун мукофот танхо медоданд”. Заминхое, ки дар ихтиёри танхохдор буд муввакати буданд. Заминхои вакфи бошанд асосан дар дастаи рухониён буданд. Рухониён заминхои ба тари мукофоти ба меоварданд. Дар чунин заминхои дехконон мехнат намуда, ба фоида давлат ё ба шахсони алохидаи рухони андоз месупориданд.
Кисми зиёди районхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистонро кухсор ташкил медихад. Аз чихати шароити иклим ин нохихо аз якдигар фарк мекунанд. Дар бекигарихои Каротегин ва Дарвоз заминхои обёршуда зиёдтар буданд. Дехдонон асосан дар ин минтакахо пеш аз хама ба зироатчиги ва чорводори машгул буданд. Дар Хиссору Кулоб асосан гандум, чав, нахуд, пахта, биринч,, загир, кучит, пиёз, лаблабу, каду, шалгам, бодиринг, тарбуз, харбуза ва дар Каротегин Дарвоз бошад асосан ча гандум, мушунг, арзан, кунок ва загиру нахуд кишт мекарданд. Дехдонони Хиссору Кулоб гандуми зиёд кишт карда тамоми ахолии бекигарихои худро ба гандум таъмин намуда, кисме аз хосили худро ба тарафи Дарвозу Каротегин мефиристониданд.
Аз чихати заминхои оби дар чои авал Хиссор ва баъд Кулобу Каротегин меистод. Аз сабаби он, ки дар як катор минтакахои Бухорои Шарки, хусусан води Вахш корхои обёри ба таври бояду шояд ба рох монда нашуда буд, кори дехдононро боз хам мушкилтар мегардонид.
Чарогохдои зиёде, ки дар ин минтака вучуд доштанд барои чорводори ва ривочи мусоидат менамуданд. Чорводорон асосан ба парвариши зотхои гуногуни чорво машгул буданд. Дар нохияхои кухи-Дарвозу Каротегин зотхои гуногуни гусфанд, бузгов парвариш меёфт. Чорводори шугли дуввуминдарачаи бекигарихои Хиссору Каротегин ва Дарвоз буд. Дар нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Тикистон Чорводороне буданд, ки аз 10 хазор сар чорво дар ихтиёри худ нигох медоштанд. Дар охирхои асри XIX танхо дар бекигарии Каротегин 150 хазор сар чорвои калони шохдор ки аз се як хиссаш говхои душой буд парвариш меёфтанд.
Дар бекигарии Кулоб бошад 250 хазор сар гусфанд, 60 хазор сар гов, 30 хазор сар асп, 25 хазор сар, 200 сар уштур дар ихтиёри чорводорон буд.
Хамаи ин факту ракамхо гувохи онанд, ки дар нимаи дуввуми асри XIX чорводорон дар нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон инкишов ёфт, ки барои хаёти иктисодии ин нохияхо ахамияти калон дошт. Муносибатхои феодали ва истисмори сахти ахолии махали сади рохи таракиёти хочагии кишлок мегардид.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222