Главная / Илм / Имом Ахмад ва фитнаи хилкати Куръон

Имом Ахмад ва фитнаи хилкати Куръон

Байхаки (р) мегуяд: «Баёни машаккатхо ва сахтихое, ки Абуабдуллох Ахмад ибни Ханбал дар замони хилофати Маъмун, Муътасим ва Восик ба хотири Куръон тахаммул намуд ва баёни зиндонхои дарозмуддат ва шаллокхои зиёд, тахдид ба катл, шиканчахои бисёри Имом Ахмад ва бетаваччух будани у ба ин машаккатхо, сабру пойдори бар дини Худо ва рохи мустаким.
Имом Ахмад аз оёт ва аходисе, ки дар бораи тахаммули сахти дар рохи дин аст, огохии комил дошта, бад-ин хотир бо ризояти комил шинканчахоро тахаммул намуд ва дар ин рох пойдори нишон дод, то Худованд уро аз чумлаи авлиёи ростини худ карор дод ва ба саодати ду чахон даст ёфт. Худованд мефармояд:
«Оё мардумон пиндоштанд, ки ба мучарради он, ки гуянд: «Имон овардем» – гузошта шаванд ва онхо имтихон карда нашаванд?».
«Ба хар чи ба ту бирасад, сабр кун; ба дурусти ки ин мукаддима аз корхои максуд аст».
Имом Ахмад дар китоби «Муснад» аз Саъд ривоят мекунад, ки суол кардам: «Ё Расулуллох, чи касоне бештар дар машаккат ва сахти вокеъ мешаванд?». Фармуданд: «Паёмбарон, сипас касоне, ки мисли Паёмбар хастанд, сипас касоне, ки дар дарачаи баъди карор мегиранд. Худованд бандаашро ба андозаи дину имонаш мавриди озмоиш карор медихад ва хамчунон ин озмоиши Худованд идома дорад, то ин ки тамоми гунохони ин шахс аз байн биравад».
Ибни Касир мегуяд: «Хулосаи машаккат ва сахтии Имом Ахмад аз забони имомони ахли суннат.
Дар он чи ки гузашт, гуфтем, ки гурухе бар фикру акли Маъмун – халифаи Аббоси тасаллут ёфтанд ва уро аз рохи хак мунхариф карда, ба у гуфтанд: «Куръон аз чумлаи махлукоти Худованд аст ва Худованд дорои сифот намебошад». Байхаки мегуяд: «Хулафои бани Умайя ва бани Аббос тобеъи акида ва мазхаби салафи солех буданд ва замоне ки Маъмун ба хилофат расид, муътазила даври у чамъ шуданд ва уро гумрох карданд».
Раиси онхо Ахмад ибни Абудовуди муътазили буд ва мардумро мачбур ба кабули ин акида карданд, ки Куръон махлуки Худованд аст. Уламо ва ахли хадисро тахдид карданд. Аз онхо касоне буданд, ки ба ичбор ва нохуши кабул карданд ва баъзе онхо касоне буданд, ки дар зохир ин акидаро кабул карда ва баъзе дигар низ фирор карданд. Аммо Имом Ахмад ибни Ханбал ва Мухаммад ибни Нух аз кабули ин акида худдори карданд. Имом Ахмад ба зиндон андохта шуд ва уро тахти шиканча ва азият карор доданд, то ин ки ба ёрии Худованд хак аз ботил ошкор шуд. У аз чумлаи касоне мебошад, ки Расулуллох (с) дар бораи онхо мефармоянд:
«Хамеша гурухе аз уммати ман бар рохи мустаким ва хак пойдор хастанд, ки аз азияту шиканча ва мухолифат биму харосе надоранд, то ин ки ваъдаи Худованди дар мавриди пирузии эшон биёяд ва онхо бар ин рохи мустаким хастанд».
Имом Ахмад наздик ба 15 сол дар зиндон дар зери шиканчаву тахдид дар айёми хилофати Маъмуну Муътасим, Восик ва Мутаваккил буд. Дар замони хилофати Мутаваккил, ки аз дустдорони суннат ва акидаи салафи солех буд, Имом аз зиндон озод шуданд. Дар зиндон дар холе, ки пойхояш дар занчир буд, намози чамоат баргузор мекард. Пас бингар эй бародари мусалмон, чигуна ин Имоми бузургвор дар як масъалаи акида пойдори карда, заррае аз акидаи худ акибнишини накард ва хакро барои мардум баён намуд. Ба хамин хотир ба «Имоми ахли суннат» машхур шуд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222