Главная / Илм / Инкишофи психика дар онтогенез

Инкишофи психика дар онтогенез

Ибораи инкишофи психика ва шуур дар ду маврид истифода бурда меша вад: якум, дар мавриди баёни инкишофи таърихи ё тахаввулоти психика; дуюм дар мавриди ифодаи инкишофи психикии фарди алохида. Мавриди аввал, ки филогенез (аз юн. филесулола, намуд ва генезис-баромад, пайдоиш)-и психика низ номида шудааст, дар мавзуи сеюми хамин боби китоб барраси карда мешавад. Чараёни инкишофи фардии организмро бошад онтогенез (аз юн. онтос-хакики, асли ва генезис-баромад, пайдоиш) меноманд. Доир ба инкишофи онтогенезии психика ду нуктаи назари ба хам мухолиф вучуд дорад, ки бо номи равияхои биогентики ва сотсиогенетики маъмуланд.

Намояндагони равияи биогенетики чунин мешуморанд, ки дар инкишофи психика ва шахсияти одам асосан омилхои биологи накш доранд. Ба акидаи онхо, раванди инкишофи психикаи одам хануз пеш аз таваллуди у дар генхо- нокилхои махсуси ахбороти ирси сабт шудаанд ва чи гуна хусусиятхои психикиро сохиб шудани у, кадом кобилияту махоратро аз худ кардани у ва аз ахбороти дар генхо махфузбуда вобаста аст. Чонибдорони равияи сотсиогенетики бошад чунин мехисобанд, ки дар инкишофи психика накши омилхои ичтимои асосист. Онхо чунин мешуморанд, ки одам танхо заминахои инкишофи психикиро ба мерос мегирад, хамагон аз рузи таваллуд кобилиятхои якхелаи биологи ва имкониятхои баробари инкишофро сохибанд. Чигунагии хусусиятхои психологи ва инкишофи кобилиятхои фард пурра аз таъсироти мухит вобаста буда, дар шароити мусоид хар як нафар метавонад ба дарачаи баланди инкишофи психикию аклони расад. Яке аз намояндагони равияи сотсиогенетики Ч. Локк буд, у психикаи кудаки навзодро чун газа» (тахтаи хатнависии тоза) бахо медод, ки онро тачриба бо накшхои худ пур месозад. Мувофики таълимоти олим, дар шуур чизе нест, ки тавассути узвхои хис ворид нагардида бошад. Камбудии хам биогенетикхо ва хам сотсиогенетикхо дар он буд, ки ба омилхои инкишофдихандаи психика ва
шахсияти одам бахои якчониба медоданд. Илми муосир бо далелхои катъи исбот мекунад, ки дар инкишофи психика хам омилхои табии ва хам омилхои ичтимои накши муассир доранд. Тасаввур кунед, ки кудак бо магзи иллатнок ё узвхои хиссии корнокобил, масалан чашми нобино таваллуд мешавад. Албатта, рушди психикию аклонии чунин кудак махдуд аст. Кайд кардан лозим аст, ки кудак на танхо сохторхои анатомиро ба мерос мегирад, балки як катор хусусиятхои психофизиологи низ, аз кабили типи системаи асаб ва хусусиятхои конститутсионали, хусусиятхои узвхои хис, заминахои табиии кобилиятхо, аз чумла кобилиятхои махсус ва гайра дар сатхи табии ба инсон дода шудаанд, ки то андозае самт ва хусусиятхои инкишофи психикии уро муайян мекунанд. Аз ин мебарояд, ки
мо наметавонем накши омилхои табии, аз чумла ирсиро сарфи назар кунем. Аз чониби дигар, инкишофи кудакро бе таъсири раванди таълиму тарбия ва дигар таъсироти ичтимои низ тасаввур кардан гайриимкон аст. Хамин тавр, нуктаи назари психологияи муосир ба омилхои асосии инкишофи психики, чуноне, ки мегуянд, биосотсиогенетики аст. Ин мавкеъро омузиши раванди инкишофи психикии дугоникхои аз як тухмхучайра таваллудшуда асоснок карда метавонад. Агар дугоникхои дар як хучайратухм ташаккулёфтаро дар мухити гуногун тарбия намоем, пас мебинем, ки дар инкишофи психикии онхо умумият ва фаркиятхо мавчуданд. Худ аз худ муайян аст, он хусусиятхое, ки умумианд, заминаи ирси ва табии доранд ва он хусусиятхое, ки фарккунандаанд, дар асоси таъсири мухит ба вучуд омадаанд. Истифодаи амалии методи дугоникхо нишон дод, ки харду гурухи хусусиятхо нишондихандахои мухими инкишофи психикии фард мебошанд ва барои афзалият додан ба яке аз омилхои биологию ичтимои асоси илми вучуд надорад.Чунин як бахси дигар дар атрофии куввахои ботинии харакатдихандаи инкишофи психики чой дошт.

Олими австрияги З.Фрейд ба сифати чунин куввахо майлхои бешуурона ва хусусан майлхои шахвониро пешниход мекунад, ки аз чониби у энергияи либидо номида шудааст.
Ба акидаи у, махз дар раванди кушиши каноатмандсозии майлхои шахвони фаъолии одам ба вучуд меояд, ки инкишофи психикии у бо он вобаста аст. Мухаккикони зиёде ба ин «хулосаи беадабона» зид баромаданд, аммо самтхои гуногуни назарияи З.Фрейд исботи худро ёфтаанд. Психологияи муосир бошад талаботхоро кувваи харакатдихандаи инкишофи психики мешуморад. Талабот гуно-гунанд: органики, ичтимои, маърифати ва гайра. Каноатмандсозии як талабот талаботи навро ба вучуд меоварад.

Дар раванди каноатмандсозии талабот инкишофи психики низ ба амал меояд. Психика ва шуури одам дар давоми хаёти фардии у аз руи конунияти муайян инкишоф меёбад. Чунин конунхои инкишофи психикиро муайян кардаанд:а) конуни номутаносибинкишофёбии психики; б) конуни интегратсияи фаъолияти психики; в) конуни пластики (тагйирёбанда) будани инишофи психики ва чуброн шудани нокисихои он аз хисоби ташаккули дигар тарафхои шахсият. Хангоми бахо додан ба инкишофи психикии кудак на инкишофи равандхои алохидаи психики, балки вохиди даврахои синнусолиро ба назар мегиранд. Мухим будани чунин нуктаи назарро психологи рус Л.С.Виготский (1896-1934) дарк карда навиштааст: «синну сол чунин ташкилаи яклухти динамики, чунин сохторест, ки накш ва ахамияти хар як чузъи алохидаи инкишофро муайян мекунад».Л.С.Виготский ба сифати ченаки тахлили инкишофи психики вохиди даврахои синнусолиро истифода кард. Хамчунин у яке аз аввалинхо шуда, даврабандии синнусолии инкишофи психикиро пешниход намуд. Айни замон дар психологияи синнусоли якчанд таснифоти синнусолии инкишофи психика маъмуланд, ба монанди таснифоти психологи америкои Э.Эриксон (1902-1994), психологони рус Д.Б.Элконин (1904-1984), Б.Г.Ананев (1907-1972) ва дигарон.Яке аз маъмултарин даврабандихои инкишофи синнусолии психикаро, ки ба психологи рус А.Н.Леонтев (1903-1979) тааллук дорад, дида мебароем. А.Н.Леонтев хафт мархалаи инкишофи психикии
кудакро чудо кардааст: навзоди (аз таваллуд то 2 мохаги); синни аввали тифли (аз 2 то 6 мохаги); синни баъдии тифли (аз 6 то 12-14 мохаги); синни барвакти томактаби (аз 1 то 3 солаги); синни томактаби (аз 3 то 7 солаги); синни хурди мактаби (аз 7 то 11-12 солаги); синни навраси ва навчавони (аз 13-14 то 17-18 солаги). Хар як давраро аз нигохи инкишофи психики тавсиф менамоем.

Барои давраи аввал, яъне синни навзоди узвхои хисси, харакат ва системаи асаби нисбатан инкишофёфта хос аст, ки хануз дар давраи дохилибатни шакл гирифтаанд. Дар навзод аллакай эхсоси бинои, шунавои, пусти, маза ва эхсоси холати бадан дар фазо, инчунин аксар рефлексхои содда ташаккул ёфтаанд. Бо вучуди он, ки системаи асаб ва кисмхои он, аз чумла кишри магзи сари навзод ташаккул ёфтаанд, вале аз сабаби инкишофи хануз номукаммали сохтори микроскопии магз навзод наметавонад ба таъсироти мухит аксуламали мувофик зохир намояд. Хаёти кудак дар рузхои аввали таваллуд бо хаёти дохилибатниаш умумияти зиёд дорад: хангоми ороми навзод дар холати эмбрионали карор мегирад; 4/5 хиссаи хаёташро вай дар хоб мегузаронад. Фаъолии зохирии навзод асосан ба каноатманд кардани талаботи у ба гизо равона гардидааст. Харакатхои даст ва чойивазкуни дар фазо
такрибан вучуд надорад. Аммо бо вучуди ин дар у аллакай унсурхои ибтидоии рафтор ташаккул меёбанд. Идроки бинои дар ибтидо умуман мавчуд нест, кудак танхо ба объектхои калон ва ё равшан эътино мекунаду халос.Хамзамон ташаккули аксуламалхои мавкеъгири, ба мисли эътино ба садо ва хусусан навозиши модар огоз меёбад.удак дар синни се-чор хафтаги каме фаъолтар мешавад. Дар ин давра аксуламали махсус шакл мегирад, ки дар як навъ фаъолшавии кудак хангоми хозир будани одамон ифода меёбад. Ин аксуламалро мухаккикон «аксуламали хушхоли» омидаанд. Ин аксуламал нишонаи он аст, ки дар кудак идроки предмети шакл гирифта истодааст.Хамин тавр, тавсифдихандахои инкишофи психики дар ин мархала ташаккули сохтори микроскопии магз,шаклгирии унсурхои соддаи рафтор ва аксуламали
мавкеъгири ва зухуроти «аксуламали хушхоли» мебошанд.Кудак дар мархалаи синни аввали тифли аллакай бо ашёхо манипулятсияхо менамояд, протсесси идрок шакл мегирад ва у метавонад ба ашёхо даст расонида ё онхоро дошта, дар як вакт нигохашро ба онхо равона кунад. Дар ин давра вай нишастанро меомузад ва одамону ашёхоро мешиносад. Хамин тавр хусусияти асоси инкишофи психики дар ин мархала инкишофи амалхо бо ёрии ашё ва протсессхои идроки предмети аст. Синни баъдии тифли аз нимаи дуюми соли аввали хаёт огоз меёбад.

Кудак дар ин давра амалхои навро аз худ мекунад, ки муносибати уро бо олами ихотакарда тагйир медиханд. Дар хафтмохаги аллакай харакатхои дасти хуб инкишоф ёфтаанд. У метавонад ашёхоро гирад, ба дахон барад ё тела дихад. Хамзамон метавонад мустакилона нишинад, ба шикам хобад ё ба пушт гел занад;вай хазидан, бо ёрии дигарон хестан ва ба ашёхо овезон шуданро ёд мегирад. Хамаи ин ба инкишофи системаи такягоху харакат (устухону мушакхо) мусоидат мекунад, ки дар навбати худ, ба кабули бештари ахборот аз олами ихотакарда ва боиси инкишофи мустакилияти кудак мегарданд. Муносибати кудак бо калонсол тадричан характери фаъолияти якчояро мегирад, ки дар раванди он муоширати предмети низ амали мешавад.

Масалан, калонсол ашёро ба кудак тела медихад, кудак онро мегирад ё кудак ашёро мепартояд ва калонсол онро мегирад. Дар ин давра идроки кудак ташаккул ёфта, акнун у ашёхои алохидаро не, балки мачмуи онхоро идрок мекунад. Дар рафти муоширати предмети тадричан нутк ва тафаккури содда (тафаккуи предмети) шакл мегиранд, нишонахои аввалини таклид ба рафтори калонсол ба вучуд меоянд. Хамчунин дар ин давра кудак рохгардиро ёд мегирад.

Хамин тавр, нуктахои мухими инкишофи психики дар ин давра инхоянд: тагйир ёфтани муносибати кудак бо олами ихотакарда дар асоси муоширати предмети; зухури нишонахои нутк ва тафаккури содда; таклид ба рафтори калонсол ва омухтани рохгарди.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222