Главная / Илм / Истилои нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Тикистон аз тарафи Аморати Бухоро

Истилои нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Тикистон аз тарафи Аморати Бухоро

Осиёи Миёна хамчун кишвари аз сарватхои зеризамини бой кайхо боз диккати мамлакатхои сармоядориро ба худ чалб намуда буд. Дар навбати аввал барои ба мустамликаи худ табдил додани Осиёи Миёна Россияи подшохи ва Англия мубориза мебурданд. Хато султони Туркия ва шохи Эрон тайёр буданд, ки ягон порча замин аз Осиёи Миёна ба даст оранд. Ин давлатхо аз солхои 20 – уми асри XIX сар карда ба корхои дохилии хонигарихои Осиёи Миёна фаъолона дахолат мекарданд.
Аз миёнахои асри XIX дар бозорхои Осиёи Миёна молхои англиси дохил шудан гирифтанд, ки ин ба танг карда баровардани молхои Россия аз ин бозорхо оварда расонид. Ин тахдиди Англия Россияро мачбур сохт, ки накшаи забти Осиёи Миёнаро кашад. Шикаст хурдани Россия дар чни Крим солхои 1853 – 1856 хукумати подшохиро водор месохт, ки забткории Осиёи Миёнаро тезонд. Инчунин дар ин солхо Россияи подшохи ба рохи таравдиёти сармоядори дохил шуда эхтиёчи зиёд ба ашёи хом дошт. Ин манбаи ашёи хомро Россия дар бозорхои Осиёи Миёна медид.
Солхои 1862 – 1863 кушунхои рус амалиёт чорсуна
гузаронида якчанд истехкмро дар Осиёи Миёна забт намуданд. Баъдтар сентябри соли 1864 аз ду самт: Оренбург ва Авули Ато бо сардории генерал Черняев ба хучуми катъи гузашта, Чимкентро ишгол намуданд. Баъд аз хучуми катъи 17 маи соли 1865 Тошканд, 25 майи хамин сол Хучанд ва 18 – уми октябри соли 1866 Чизахро забт намуданд, ки амири Бухоро Музаффар аз он чо гурехт. Соли 1868 бошад байни Россияю хонигарии Куканд сулхнома баста шуд, ки мувофики он Куканд худро тобеи Россия донист.
Баъдтар куввахои рус тахти фармондехии Кауфман ба Самарканд дохил шуда, 2 – юми майи соли 1868 онро ба даст дароварданд. Кауфман як дастаи худро дар ин чо гузошта, хучумашро бар зидди амири Бухоро ба тарафи Зирабуллок давом дод. Дар ин лахзахо дар Самарканд тахти рохбарии писари амир Музаффар Абдумалик шуриш сар зад. Кауфман аз сар задании шуриши умуми тарсида ба Самарканд баргашта шуришро пахш кард. Пас аз ин вокеахо кушунхои рус Катакургонро Ургутро ишол намуда. Ба суи Бухоро рахсипор гардиданд.
23 июли соли 1868 байни Россияи подшохи ва Бухоро сулх баста шуд. Мувофики шартхои сулхнома тамоми нохияхои аз тарафи кушуни Россия ишол шуда – Хучанд, Уротеппа, Панчакент, Самарканд, Катакургон то Зирабулок ба ихтиёри Россия гузаштанд. Акнун вай бо давлатхои хоричи мустакилона муносибат карда наметавонистанд. Бухоро ба хукумати подшохи 500 хазор сумм товони чн дод. Савдогарони рус дар Бухоро озодона савдо мекарданд ва сохтани дуконхои савдо хукук пайдо карданд. Хукумати амир вазифадор буд, ки бехатари ва озодона амал кардани намояндагони Россияро таъмин намоянд.
Баъд аз ба даст даровардани Бухоро кушунхои рус бар зидди хонигарии Хева хучум карда, онро мачбур карданд, ки 12 августи соли 1873 бо Россия сулх банданд.
Хукумати подшохи барои идора кардани кисмати ишолшудаи Осиёи Миёна дар соли 1867 бо фаро гирифтани вилоятхои Сирдарё ва хафтруд генерал – губернатории Туркистонро таъсис намуд. Дар сари он генерал – адютант подшохи К. П.Кауфман карор гирифт. Вай хак дошт, ки бо давлатхои хамсоя музокироти дипломатии барпо намояд, чанг эълон намояд, сулх бандад ва монанди инхо.
Баъд аз байн бурдани истиклолияти давлати хонии Куканд 19 феврали соли 1876 хоки ба номи вилояти Фарона ба хайати кишвари Туркистон дохил карда шуд.
Амири Бухоро Музаффар имкониятхои худро аз даст дода буд ва дар чустучу ба даст овардани манфиатхои нав буд. Дар ин лахза амир амалиётхои чангии худро дар кисмати чануби шаркии Осиёи Миёна давом медод. «Амир Музаффар дар ин нохияхо кувваи зиёди худро чамъ намуда, дар охири соли 1866 аввали соли 1867 ба бойсун ва Дехнав хучум кард. Дар мукобили у дастахои ихтиёрии мулкхои махали ниммустакил бо сардории беки Хиссор карор гирифта буданд.» То истило шуданашон бекигарихои Бухорои Шарки худро мулкхои мустакил ва ниммустакили феодали медонистанд.
Хукумати подшохии Россия хост ба амири Бухоро ба тарзи чуброн барои кисмати вилоятхои аз даст додааш дар истило намудани бекигарихои бухорои Шарки аз чумла нохияхои Чанубу Шарки ва марказии Точиистон ёри расонд.
Аз тирамохи соли 1868 сар карда амир лашкари яккачини худро ба нохияхои Чанубу Шаркии Точикистон (Бухорои Шарки) фиристод. Чангхои аввалин дар атрофии бекигарии Байсун ба вучуд омаданд. Баъд аз задухурди наонкадар калон беки Байсун гурехта, бекигари ба дасти одамони амир афтод. Дар ин вакт феодалони кисмати Чанубу шаркии Точикистон бо сардории беки Хиссор Шодмон, беки Дехнав Абдулкарим – додхо ва бо ёрии беки Кулобу Балчувон Сарихон куввахои худро дар атрофии Хиссор мутаммарказ намуданд. Табакаи хукмрони нохихои чанубу шаркии Точикистон хостанд харакати кушуни амири Бухороро ба маркази хокимиятихои худ рох надиханд.
Дар аввал ин бекхо максади ташкил кардани дастахои махсусе буданд, ки аз писари амир Музаффар Абдул – Малик, ки зидди амали падри худ яъне ба асири ифтихории Россия табдил додани аморат буд. Аз сабаби он, ки хукумати подшохи аз бакои аморат ва дар сари он истодани амир Музаффар манфиатдор буд, хохиш музаффар дар бораи ба у ёри расонидан бечуну чаро ичро намуд. Бо розигии генерал – губернатории Туркистон сардори округи харбии Зарафшон генерал Абрамов бо кушуни худ ба Бухоро омада ба амир ёрии худро расонд. Хамин тарик Абдул – Малик шикаст хурда фирор намуд.
Амир писари дуюми худро Абдул – Малик тураро беки Карши таъин намуда тамоми кушунхои худро ба ин чо овард, ки сардори онро Якуббек – кушубеки ба ухда дошт.
Задухурдхо дар атрофии бекигарии Хиссор сар шуд. Тупхонахои хурду тараф хам заиф буд. Хиссорихо хамаги 4 туп доштанд, ки 2 чуяни ва 2 миси буданд. Дар онхо аслихахои оташфишон ба микдори лозими набуд. Бинобар ин дастахо аксар вакт ба чанги тан ба тан мегузаштанд. Кушуни Бухоро дар натичаи харбу зарба сахт, хусусан дар мавкеи Амоксой хисорихоро акиб нишонда, дар калъаи Дехнав ба мухосира гирифт. Сипас шабохун зада калъаро ишол намуданд. Сарбозони амир ба катли оммаи даштангез шуруъ карда, хар каси ба дастонаш афтодаро нобуд сохтанд.
Ба чанде аз Хиссорихо ва иттифокчиёни онхо муяссар гардид, ки ба тарафи Каротегин, Дарвоз ва Кулоб гурехта, чон ба саломат баранд. Аз он чумла беки Хиссор Абдулкаримдодхох ба Кулоб панох бурд. Аммо беки он чо Сарахони сиёсатмадор уро бо чанд нафари дигар дастгир намуд, ба амир супорид. Сарахон ният дошт, ки ба ин васила таввачи хукумати подшохиро ба худ чалб мекунад ва беки Кулобро дар дасти худ доронад.
Вале харакати сарбозони амир ба тарафи Шарк хамоно давом мекард. Беки нави Дехнав Улугбек ба кумаки у шитофт. Онхо якчоя дар авали соли 1869 ахолии махалиро барои муковимат намудан дар мукобили кушунхои амири Бухоро даъват карданд. Азбаски Сарихон дар байни мардум шиори машхури мубориза зидди андозхои чори кардаи амир вачъ мекард ба зери байраки у боз сафи ихтиёрони сершумор чамъ омаданд.
Амири Бухоро ва наздикону сипохиёнашон ба набардхои нав дакикона ва бо тамоми кувва тайёр медиданд, аз чумла бо сардории Якуббек кушуни махсус ташкил дода шуд. Якуббек дастахои амалан наозмударо ва силохи дуруст надоштани Шерободро, ки Остонакулби сардори мекард акиб гирифта, аз Сурхандарё гузашт. Тамоми сарзамини Хиссорро ба харобазор табдил дода, сипас рохи Балчувону Кулобро пеш гирифт. Хар як хамлаи сарбозони Бухоро ба орату шахру дехот ва катли мардуми бегунох тамом мешуд.
Дар як худи Хиссор 5 хазор касс ба катл расонида шуд.
Амалдороне, ки аз тарафи амир Музаффар дар вазифахои баланд дар ин минтакахо ба сари мансаб меомаданд бо зулму истибдод дар байни мардуми тухми кинаву адоватро мекоштанд. Дар минтакахое, ки аморат онхоро забт карда буд, ки дар байни узбекон сари хар чанд вакт норозигихо ба вучуд меомаданд. Дар байни мардуми Балчувон, Кулоб ва Кургонтеппа Сарихон, ки ба Афгонистон фирор карда буд, шухрати калонеро сохиб гардида буд. Вай барои ба сари хокимият баргаштанаш ва пеш кардани бухориён аз Кулобу Балчувон лахзахои мусоидро дарёфтани мешуд.
Зиёда аз2 хазор ошубгарон калъаи Балчувонро мухосира намуданд. Абдулкарим тарсида ба Хиссор гурехту Ошубгарон калъаи бекро гирифта дохили он гардиданд. Молу мулки бекро ва амалдоронро мусодира намуданд. «Абдулкарим аз беки Кулобу Хиссор ба воситаи мактуб ёри пурсид, то ин ки дар пахши ин ошуб ба вай ёри расонд. Беки кулобу Хиссор ба вай як гурух фиристоданд ва дар пахши ин шуриш ба Абдулкарим мусоидат намуданд. Баъди задухурдхо як кисми иштироккунандагони шуриш ба тарафи Дарвоз, ки тобеъи хеч хонигарию аморат набуданд, гурехтанд. Куиунхои Хисору Кулоб як кисми шуришгаронро дастгир намуда ба катл расониданд. Баъд аз ин Абдулкарим ба Балчувон баргашт.
Сарбозони амир касеро амон надода, хатто ахолии шахру кишлокхои мукобилат накардаро хам несту нобуд мекарданд. Аз мулкхои истило шуда, бо номи “амонпули” хироч хам меситонданд. маблаги аз хад зиёде, ки ба ин рох ба даст омада буд, барои афзудани сарвати саркардахои феодалии Бухоро сарф гардида, кисми зиёди он ба амир фиристода шуд.
Баъд аз задухурдхо, бахори соли 1869 бекигарихои Хисору Кулоб ва води Вахш аз тарафи кушуни амири Бухоро бо сардории Якуббек кушбеги шикаст хурданд, ки дар ин кор сахми хукумати подшохии рус низ буд. Дар охири соли 1869 аморати Бухоро мавкеъи худро дар кисмати бекигарихои хамвор- Хисор, Кулобу Балчувон мустахкам намуд.
Хабари забт намудани нохияхои чанубу шаркии Точикистон аз тарафи амири Бухоро ба Хева расид. Дар мохи январи соли 1870 сафири Бухоро ба Хева омад.
Дар айни хол аморати Бухоро амалиёти истилохкоронаи худро дар кисмати чанубу шаркии Осиёи Миёна идома медод. Акнун навбати зарба задан ба Дарвозу Каротегин расида буд. Ин мулкхо дар ин вакт тахти нуфузи давлати хонии Куканд вокеъ гардида буданд.
“Рахимшо аз задухурдхо дохили истифода бурда, хокимияти Каротегинро ба даст гирифт ва бо нияти устувор гардонидани мавкеъи худ бо амир чоплуси карда харгох тобеъияти худро ба аморати Бухоро эътироф менамуд”.
Ин холат боиси ба вучуд омадани боз як ихтилофи байни Бухорову Куканд гардид. Харчанд хукумати он вактаи Куканд Худоёрхонро амири Бухоро Музаффархон ба тахт нишонда буд, муносибати ин ду давлати Осиёи Миёна беш аз пеш тезутунд шуда, ошкоро ранги душманонона мегирифт. Дар сархади Каротегин задухурдхои сахт ба амал омада дар онхо куввахои аскарии аморати Бухоро ва давлати хонии Куканд иштирок намуданд. Бо вучуди ин вазъият назар ба 10-15 солипеш аз ин як андоза дигар гардида буд. Пештар чангхои байни Бухорою Куканд солхои дароз давом мекард. Аммо холо дар солхои 60-ум ва ибтидои соли 70-уми асри XIX дар Осиёи Миёна Россияи подшохии сохибихтиёр гардида, Бухорову Куканд ба валлади он табдил ёфта буданд. Хар як чангу чидолу байни аморат ва давлати хони ба эътибори империяи Россия зарар мерасонид. Илова бар ин, доирахои хукумронии Петербарг ва Тошкент, ки Туркистонро ба тахти назорат ва тасарруфи худ дароварда буданд, ба инкишофи робитахои тичоративу иктисодии байни вилоятхои хонии ин сарзамин аз руи манфиатдории худ тавачух зохир менамуданд. Ба ин вачх вакти, ки дар аввали соли 1870 дар Каротегин миёни сарбозони Бухорову Куканд задухурд ба амал омад, генерал-губернатори Туркистон Кауфман мачбур шуд ба амир мурочиат намояд ва уро огох кунад, ки аз чанги зидди давлати хонии Куканд даст кашад.
Соли 1875 хони Куканд бо фармони генерал-губернатори Туркистон аз Каротегин даст кашид.
Вазъият як муддат ба ороми ру овард. Хокими Каротегин Саид Мухаммаддиншо харакат мекард, ки истиклолияти мулки худро таъмин намояд, вале ин майли у мавриди писанди маъмурияти Туркистон карор нагирифт.
Хукумати подшохи бо максади мустахкм кардани мавкеъи худ дар махалхои рохи Помир ва аз чихати маънавию сиёси расонидан ба водии Олай экспедиция фиристод. Дар охири июл ва августи соли 1876 генерал Скобелев, ки нахустин губернатори харби Фарона таъин шуда буд, дар сари як дастаи калон, ки ба хайати он гайр аз харбиён, донишмандони чугрофия, табиатшиноси ва нучум (Л.Ф.Костенко, В.Ф.Ошанин, А.Р.Бонидоров ва гайрахо ) дохил мешуданд ба самти кухдоманхои Помир рахсипор гардиданд.
Ин экспедитция мебоист таъкид мекард, ки хукумати подшохи идомадихандаи хаки хонии Куканд ба нохихои кухистони Помир мебошад. Гайр аз ин вай ба хокими ниммустакили мулки феодали Каротегин Саид Мухаммаддиншо бояд хотирнишон менамуд, ки каламравии у барои аскарони Россия комилан дастрас аст. Дере нагузашта Саид Мухаммаддиншо барои “гарданкашиаш” аз хокимият махрум гардид ва ба чои у Рахимшо, ки то ин вакт дар Бухоро мезист ва хукумати подшохи ба садокаташ бовари дошт, гузошта шуд.
Дар нимаи дуввуми солхои 70-ум амири Бухоро ба тарафи Каротегин кушунхои худро фиристод. Баъди муваффакиятхое, ки дар натичаи походхои Дехнав, Хиссор, Кулоб кушуни амир Музаффар ба даст овард мамнун гардида, тирамохи соли 1877 тахти сарварии Худойназар- додхох ба тарафи Каротегин хучум овард. Дар натича худи хамин сол ( 1877 ) Каротегинро пурра тобеъи худ
гардониданд. Рахимхон бо фиреб дар Бухоро кушта шуд, ба чои вай Худоназар атолик беки Каротегин мешавад.
Хамин тарик Каротегинро ба катори мулкхои худ дохил намуда амир барои ба даст овардани яке аз бекигарихое, ки то хол худро мустакил мешуморид, яъне Дарвоз хучум кардани шуд. Агар мулкхои душворраси гарби кухистони Помирро назар нагирем Дарвоз охирин мулки сохили рости дарёи Панч, ба шумор мурафт.
Бо супориши генерал-губернатори Туркистон ба куввахои чарби равона сохт, вале хаёли ба тези забт кардани Дарвоз хом баромад.
Вале ин хиёнат иродаи мардуми Дарвозро шикаста натавонист. Онхо ба мукобили истилогарон мардонавор чангида, аввал як дастаи начандон калони бухоригихоро, баъд кушуни якунимхазораро, ки бо туп мусаллах буда, бо сардории Худойназар додхох ба суи онхо харакат мукард, торумор намуданд. Дар ин Худойназар додхох ва чанде аз саркардахои у ярадор шуданд. Кисми зиёди аскарони ба ин самт фиристодаи амир нобуд гардиданд.
Муковимати кахрамононаи мардуми ватанпарварии Дарвоз хамаи нохияхои аз тарафи аморати Бухоро истило шудаи чанубу шаркии Осиёи Миёнаро ба чунбиш овард. Амир Музаффар бо максади пешгири намудани шуришхои умуми фавран дар ибтидои соли 1878 ба ин махалхо кувваи зиёди аскари фиристод, хатто худи амир нияти шахсан ба он сардори карданро дошт. Ин кувваи аскари дар навохихои Кулоб, Балчувон ва Каротегин чой гирифт, як дастаи сершумор ба калъаи Гарм низ гузошта шуд, то ки бо расидани бахорон ва аз барф тоза шудани агбахо ба Дарвоз хамла намояд.
Барои истило намудани Дарвоз аз аморат бо сардории Муллодавлатдодхох кувваи зиёди харби фиристода шуд, ки он ба куввахои Худойназар-додхох муттахид карда шуд. Бахори соли 1879 хучум ба Дарвоз сар шуд.
Худойназар-додхох аз руи накша амал намуда, мудофиакунони Дарвозро ба акибнишини мачбур сохт ва калъаи хеле мустахкам Кафтархонаро ба мухосира гирифт. Бухорихо дар чангхои сахт талафоти зиёде дода, нихоят Кафтархонаро ишгол намуданд ва пас аз он ба карияи асоси Дарвоз Калъаи-хумб ва водии Ванч, равона шуда, он чойхоро хам забт намуданд. Мукобилияти дарвозихорро бархам зада миригарии Дарвозро шикаст дода, муборизаи
асоратнописандонаи мардуми ин диёр бо хамин катъ нагардид. Ба сарлашкарон ва сарбозони амир барои фуру нишондани муковимати сокинони баъзе махаллахои Дарвоз боз ба харч, додани чахду кушишхои пур аз захмату ранч, лозим омад.
Ба Худойназар-додхох муяссар нагардид, ки рохбарони муковимати вокеахои Дарвоз-писарон ва бародарони Сирочиддинро дастгир намояд. Онхо бо хамрохии наздиконашон, ки кариб 100 нафарро ташкил медоданд, ба воситахои Шнон ба водии Фаргона ба Уч-Курон гурехтанд.
Ба хамаи ин нигох накарда ахолии водии Ванч, ба мукобили истилогарон бебокона мубориза мебурданд. Онхо дар калъаи дастнораси Рошорв ба камин нишаста, ба душман зарбахои сахт мерасониданд. Факат пас аз он, ки озука ва мухимоти калъанишинон ба охир расид ва хамчунин саркардахои феодали ба амир фурухта шуда ба таслим карор доданд, Рошорв дарвозаи худро ба бухорихо боз кард. Аксари чанговарони мухофизитчиён кухистон ба таслим сар нафароварда, бо роххои махфи ба сохили чапи дарёи Панч, ба Афонистон гузаштанд. Сарбозони амир хам бо нияти дастгир кардани онхо ба он суи дарё гузашта дар канори чанубии он мавкеъ гирифтанд. Ба ин сабаб он махалхое, ки сарбозони амир дар он суи дарё карор гирифта буданд,”Дарвози паси Панч,” номида шуд.
Хукумати амири муковимати Дарвозихоро комилан бартараф карда, заминхои онхоро ба каламрави худ даровард ва Рахмонбеккулро хоким таъин кард. Табиати озодихои ва истиклолталаби ахолии махалиро ба эътибор гирифта, дар ихтиёри хоким дастаи сершумори сарбозон, ки шумораи онхо ба 1300-1500 мерасид гузошта шуд.
Ин сарзамин ишголкардаи аморат, ки акнун номи “Бухорои Шарки”-ро гирифт. Дар давоми чангхои истилокорона чунон зарар дид, ки то дер гох ба худ омада натавонист.
Чунин манзараи хуснангезро дар бисёр шахру дехахо дидан мумкин буд. Шахру дехахое, ки баъди чангу чидолхои солим мондабуданд ва усули фалокатбори идораи хукумати феодалии аморати Бухоро ба таназзули ру оварда, хамрохи сокинонашон курбони хамлахои харобкоронаи хокимони харису вичдонфуруш ва торочгарихои амлакдорону чамъкунандагони хироч, гардиданд.
Баъди истилои нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон тамоми вазнинии сохти давлатдории кухни аморат ба души мардуми кашоку камбагали кухистони Каротегин Дарвоз афтид.
Хулоса, Бухорои Шарки аз чихати омодаги ба муковимат, вахдат ва тачхизоти модди хануз ба дарачаи лозими кувват пайдо накарда буданд. Феодалону намояндагони табакаи болои бошад, мисли одати хамешагии худ, барои нигох доштани мавкуьхои имтиёзнокашон дар айнисахтии мубориза ба тарафи истилогарон гузашта, ба кори умум хиёнат мекарданд. Гаразхои синфии онхо нисбат ба эхсосоти миллию ватандустиашон кавитар буд. Хукуматдорони амир ин заифии бекхоро истифода бурда, онхоро ба тарафи худ моил сохтанд. Хамчунин тарафдори ва дастгирие, ки аморати Бухоро аз империяи Россия медид дар барори истилокорихои он аз ахамият холи набуд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222