Главная / Илм / Каффорати руза

Каффорати руза

Каффорат чаримаест, ки барои чуброни рузаи фосидшуда муайян
шудааст ва он бо дарназардошти холатхои молй ва чисмии шахси ру-
задор ба се навъ таксим мешавад:
1. Озод кардани як гулом;
2. Агар ба озод кардани як гулом кодир набошад, ду мох пай дар
пай руза бигирад;
3. Агар кудрати руза гирифтан хам надошта бошад, пас ба шаст
мискин барои субху шом таом дихад.
Гар касе касд кард дар хурдан,
Ба нахору мучомаат кардан.
Шаст мискинро таом бояд дод,
Ё яке банда карданаш озод!.
Ё ду мох руза паёпай дор,
То шавй аз хаёт бархурдор!.
Каффорати руза вакте бар шахс вочиб мегардад, ки рузаи мохи
Рамазонро бо яке аз се мамнуоти катъй: хурдан, нушидан ва хамбиста-
рй фосид намуда ва дар вай шартхои зерин фарохам омада бошанд: 1.
Синну сол ва шароити дигари таклиф дар вай мавчуд бошанд, 2.
рузаи мохи Рамазонро аз шаб ният карда бошад, 3. пеш аз фосид на-
мудани руза ва ё баъд аз он чизе аз узрхое, ки ифторро чоиз мегардо-
нанд, ба вучуд наомада бошад, 4. бо икрох ва мачбурй набошад, 5. кас-
дан ва бе фаромушй сурат гирифта бошад, 6. хато накарда бошад ва
хамчунин дар холати изтирорй карор надошта бошад.
Бинобар ин, кудаки ба балогат нарасида ва хамин тавр болиге, ки
пас аз дамидани субх нияти руза карда бошад, агар рузаашонро фосид
намоянд, бар онхо каффорате вочиб намегардад. Шахси рузадор агар
сафар намояд ва пас аз он рузаашро бихурад, бар вай каффорате во-
чиб намегардад, зеро сафар аз узрхои шаръие аст, ки хурдани руза бо
он чоиз мегардад. Ва ё пас аз он ки рузаашро касдан хурд, бемор
шавад ва зан хайз бинад, дар ин суратхо низ бар вай каффорате вочиб
намегардад, зеро холо барояш шароите пеш омадааст, ки ногузир ру-
заашро мехурад.
Хамчунин агар рузадореро мачбуран бихуронанд ва ё бо фа-
ромушй ва ё ба вачхи хато ва ё дар холати изтирорй рузаашро би-
хурад, дар ин холатхо низ бар вай каффорате вочиб намегардад. Хато
ин аст, ки масалан, шахсе ба гумони ин ки хануз субх надамидааст, са-
харихуриро идома дихад ва баъдтар маълум шавад, ки субх кайхо да-
мидааст ва ё дар рузи абрй ба гумони ин ки офтоб нишастааст, ифтор
намояд ва пас аз каме маълум гардад, ки хануз офтоб нанишастааст. Ё
дар вакти вузу дахонашро обгардон намояд ва микдоре об ба халкаш
фуру равад.
Ин корхо аз вай на касдан сурат гирифта ва на сахван – бо фаро-
мушй сар задаанд, зеро дар тамоми ин суратхо рузааш дар хотираш
буд, вале дар суратхои аввал дар таъйини дакики дамидани субх ва ё
нишастани офтоб ба хато рох додааст ва дар сурати ахир микдоре об
ба таври хато ба халкаш фуру рафтааст.
Дар тамоми суратхои зикршуда, ба чуз кудаки ба балогат нараси-
да, казо хатман бар шахс вочиб мегардад, вале каффорат надоранд.
Зеро каффорат аз чониби шаръ дар сурати камоли чиноят дар фосид
намудани руза пешбинй шудааст ва он бо тахаккуки шартхои номбур-
да ба вучуд меояд.
Чй тавре мушохида мешавад, барои чуброни рузаи фосидшуда
дар мохи Рамазон илова бар казои он рузе, ки фосид шудааст, дар
мачмуаи конунгузории шаръ чаримае хам бо номи каффорат пешбинй
шудааст, зеро дар ин холат хатки хурмати мохи Рамазон – фаризаи ху-
довандй – ва беэхтиромии ошкоре нисбат ба мукаддасоти Ислом су-
рат гирифтааст. Вале аз он чо ки ин чорабинй ба унвони чарима ва ба
сурати чазое пешбинй шудааст, шариат доираи онро хеле махдуд на-
муда, холатхои вочиб гардидани онро бо шартхои амалие вобаста
кардааст, ки хамаи онхо дар якчоягй кам ба вукуъ меоянд.
Ба ин маъно, ки каффорат вакте бар шахс вочиб мегардад, ки дар
мохи Рамазон рузона касдан бе хеч гуна узри шаръй ва ё шубхае аз
вучуди узрхо рузаашро, ки тамоми шартхои камол дар он тахаккук
ёфта бошанд, бо яке аз се мамнуоти руза: хурдан, нушидан ва ё хамбис-
тарй ба таври комил фосид намояд. Аммо агар камоли шаръй дар яке
аз ашёи номбурда мавчуд набошад, масалан, аз шаб нияти руза накар-
да бошад ва ё руз хануз равшан нагашта бошад, яъне шубхаи бакои
шаб уро ба ин кор водошта бошад ва ё пеш ё пас аз фосид намудани
руза яке аз узрхои шаръй барояш пеш ояд ва ё амали хамбистариро
дар чои худ анчом надихад ва ё чизеро, ки хурда ва ё нушидааст,
маъмулан аз ашёи хурокй ва маводи доруй набошад, ба монанди фуру
бурдани сангреза, гарду губор, пашша ва г., дар тамоми ин суратхо
каффорате бар шахс вочиб намегардад.
Шоёни зикр аст, ки хукми каффорати рузаи мохи Рамазон бо сун-
нати Расули Худо (с) собит шудааст. Ривоят шудааст, ки: «Марде ба

ихотаи гирифтаанд, лхточар ба он аз байти د
вучуд надорад. Паёмбар (с) хандид, то он ки дандонуои пешаш намудор
гаштанд, он гох фармуд: Бирав ва о٠нро ба ахли  
Вале навъхои дигари каффоратхо: каффорати зихор, каффорати
катли ба хато, каффорати савгандшиканй ва каффорати катли сайди
Харам дар вакти эхром бо насси куръонй собит шудаанд. Каффорати
зихор бо оятхои 3 ва 4 сураи Мучодала, каффорати катли ба хато бо
ояти 92-юми сураи Нисо, каффорати савгандшиканй бо ояти 89-уми
сураи Моида ва каффорати катли сайд бо ояти 95-уми сураи Моида
собит шудааст.
Каффорати рузаи мохи Рамазон бо суннат собит шуда ва насси
сарех дар ин замина танхо холати мучомаат ва хамбистариро дар бар
мегирад, вале машоихи ханафй хукми каффорати ифсоди руза ба ва-
силаи хурдан ва нушиданро бо киёс ба он собит намудаанд. Зеро хар
се мамнуоти катъии руза: хурдан, нушидан ва хамбистарй бо оят му-
айян гардидаанд. Аммо аз он чо ки насси каффорати руза танхо хола-
ти хамбистариро дар бар мегирад, бузургони шофеъй каффоратро дар
боби ифсоди руза танхо ба хамон мавриди нас(с) махдуд дониста ва
дар мавриди ифсоди руза бо хурдану нушидан хеч гуна каффоратеро
вочиб нагуфтаанд.
Тафсили баъзе масоили ин боб дар фаслхои баъдй баён мегардад
ва суратхои гуногуне дар ин бора зикр мешаванд, вале дар баъзе мав-
ридхо барои дарки дурусти ин масоил бехтар аст ба коршиносони со-
ха ва донишмандони фикх мурочиат шавад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222