Главная / Илм / Кайхоншиноси (космология)ва инсоншиносии Зардушт.

Кайхоншиноси (космология)ва инсоншиносии Зардушт.

Дар зардуштия офариниши олам як давраи комил-иборат аз 12 хазор солро дар бар мегирад. Дар 3 хазор соли аввал Ахурамаздо тарху намуди хасти олами «майину»-ро офаридааст, ки онро ё олами мисол метавон гуфт. Яъне Ахурамаздо нахуст олами идеалии мафхумхои мучаррадро офаридааст. Дар 3 хазор соли баъд у олами вокеии айни, яъне хасти: Осмону Ситорагон ва Моху Офтоб ва Замину гиёху рустани ва хайвонотро офарид. Дар нихояти кор Ахурамаздо аввал барзагов, сипас Каюмарс( Гайомартан)ро офаридааст, ки вай дар Авесто нахустин сардафтари нажоди ориёнихо дониста шудааст.

Пас аз офаридани олами модди кувваи бади Ахриман ба олам ворид мегардад ва дар баробари хаёт маргро меорад. Каюмарс 30 сол зист ва аввалин инсоне буда, ки бо Ахриман дар набард буда ва дар ин набард кушта шуд ва пас аз марги у, аз тухмаи у ки 40 сол дар замин махфуз буд, ду чуфти инсони аввалин- Маши ва Машяна руиданд ва аз онхо Хушанг, асосгузори сулолаи пешдодиён таваллуд шуд. Зардушт инсонро дорои ду асл рух (равон) ва модда мешуморад. Равон /ё рух/и одами бар тибки Хотхо махлуки Ахуро аст. Одам (инсон) олами асгар дар чахонихастй аст. Дар у чамеъи сифоти шашгона, яъне: хирад, равон, ирода, макон, замон ва модда ёфт мешавад. Ин аст, ки он чи чахон ба унвони як кулл анчом медихад, у мебояд ба унвони як чузъ битавонад анчом бидихад. Дуруст аст, ки ин таълимоти фалсафи бо забони шоирона, образнок ва ба истиъорахо баён гардида, аз ин ру, ба суратхои мухталиф тафсир ва таъбир шудааст.

Зардуштия дар «Хотхо» одамро масъули аъмолу рафтори худ медонад. Одами мураккаб аз равон ва иродаву модда аст. Ирода хам кудрати онро дорад, ки ба маънавият бигарояд ва ё гарк дар модда ва моддиёт шавад.

Зардуштия яке аз аввалин дине мебошад, ки дар он эътикод ба растохез (маъод)- хаёти пас аз марг хеле равшан ва мукаммал баён шудааст. Зардуштия таълим медихад, ки баъд аз офариниш умри олам 6000 сол аст. Дар се хазораи аввал ба навбат некиву бади -кувваи ахуромаздои ва ахримани хокимият мекунанд ва нихоят дар се хазор соли охир кувваи неки галаба мекунад ва салтанати Ахуромаздо баркарор мешавад. Баъд аз он охири олам ва растохез фаро мерасад.

Зардуштия нахустин динест, ки тасвири хаёти пас аз марги- маъодро бо чузъиёташ: доварии Худо ба аъмоли инсон, хукм ва подоши амал ва г-ро ба равшани баён карда. Мувофики зардуштия пас аз сипари шудани чахор руз, равони мурда ба суи пули Чанвота, ки гузаргохи хамаи мурдагон аст, равон мешавад, то дар баробари он пул худои Мехр (Митра) ва Сраувша ва Рашн(Рашну) уро ба довари мехонанд. Дар дасти рости Рашну тарозуе хаст, ки дар ду каффаи он кирдорхои неку бади уро мукобил гузошта, месанчанд ва дар бораи у хукм содир мекунанд. Сипас равони мурда ба суи пули Чинват равон мешавад, то аз он бигзарад. Дар Хотхо омадааст, ки мардону заноне, ки дастурхои диниро риоя мекунанд ва пайрави неки ва рости хастанд, « растагор хоханд буд ва ба подоши амали худ дар он сарзамини човидонии Ахурои (Хшатхра) ворид шаванд ва хамаи онхое , ки оинпазиранд, низ растагори ёбанд ва ман бо хамаи онон, сурудгуён аз пули Чинвата хохем гузашт.» \ Ав.Яс.Хот.46\.[1]

Миёни пули Чанвата тегест тезтар аз дами шамшер ва зери он чойгохи дузах(дручдимона) аст. Чун равони мурдагон ба он чо мерасад, агар росткору росткирдор бошад, он теги тез дар баробари вай пахн шуда, гузаргохи нарме мешавад, лекин агар бадкирдор ва дуругпеша бошад, хамин ки равони мурда ба он кадам нихад, он тег уро ду ним мекунад ва аз фарози пул ба каъри дузах фуру меравад. Дар зардуштия чаннат -чойгохи растагон «Хшатхра» ва дузах-сарои човидонии дуруг, макони шиканча ва бим «Дручу-димона» ва макони касе, ки неки ва бадиашон дар ду кафаи тарозуи аъмолашон баробар бошанд, «Хамешакон» ( ба истилохи исломи- Аъроф) номида мешавад.

kayhonshinosiДузах (Дручу-Димона) мувофики тасаввуроти зардуштия, аз табакоте чанд иборат аст, ки поини он дар поинтарин умки замин (асфалу софилин)- чойгохи зулмат ва торик ва бадбуй аст. Бар хасби Хотхо дузах ё «хонаи дуруг» маконе аст, ки ба номи «чойгохи нохуши» низ омадааст. Вай дар он чоест, ки пиндори нобакор ва андешахои нопок чой доранд, дар сарзамине, ки пур аз чирку палиди аст ва аз умки зулмоти он фарёду шеван ва нолаи гам ба гуш мерасад. Хар кас, ки дар он чо биафтад, якка ва танхо ба шиканчаи човидони гирифтор аст.

Аммо дар он суи пул дар «хонаинагмот», ки мувофики ахбори «Хотхо», бихишти барин аст ва он макон чойгохи хуши, сарзамини нур аст, ки офтоб дар он чо гуруб надорад.

Дар фалсафаи Зардушт растохез – хаёти дубора дар охират (маъод) иборат аз огохии равон аз сиришти вокеии худ аст. Вакте ки хастии зулмони ва фиребандаи модди ба поён расид, равон ба вучуди худ пай мебарад ва дар ин бедори ба таносуби аъмолу кирдор ва тамоюлоти гузаштааш дучори дард ва ё шоди мегардад.

Дар зардуштия низ мазмун ва вожаи начотбахш ё начотдиханда «сушёнат», ки хамон «масех-месси» аст чой дорад. Мувофики ин таълимоти се нафар сушёнат дар охират зухур хоханд кард. Дар баъзе устурахо онхоро писарони Зардушт гуфтаанд.

Ахлокиёти зардуштия – олами ботии инсон мисли хар дини дигаре санави мебошад. Зардуштия асли зиддиятхои хастиро дуруст дарк карда ва ба он бовар аст, ки дар баробари хар неки як бадие мавчуд аст. Чунон ки дар баробари «Ашо» яъне рости ва хакикат «дуруч» (дуруг) ва ботил чой гирифтааст ва дар баробари неки- бади, шоди-гам, зиндаги- марг, руз-шаб, чавони-пири ва гайра. Ба хамин киёс дар баробари рухи мукаддаси пок Спента—Майину /рухи Ахурамаздои/ рухи шарир ва нопок Ангра Майину /рухи Ахримани/ ба маънои «равони палид» чой дорад. Мафхуми «аша»-ростй ва «дуруч»-дуругу риё ду мафхуми калидии маънавият ва ахлоки зардуштия мебошанд, ки бар пояи «дайана» – вичдон устворанд.

Усули ахлокии зардуштия, ки замонату кафолати пешгири аз риёву дуругро дорост бо формулаи «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» ифода ёфтааст. Зардуштия шуури ахлокии башарро хуб халлочи карда, зарурати рости ва ростгароиро дар хама марохили он аз андешаву тафаккур, зехну шуур то кавлу феълу амалро таъкид кардааст. Инсон хам дар ботин ва хам дар зохир, хам дар хол ва хам дар кол бояд нек бошад.

Зардушт таълим медихад, ки инсон чун аз озодии ирода бархурдор аст. Одами байни модда ва рух, неки ва бади, фано ва човидони, зулмат ва нур вокеъ шуда ва метавон он чиро, ки дилхохи уст, интихоб кунад. Агар у фазилатро интихоб кард, бояд дорои андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек бошад.

Зардушт на танхо бояд покизагии тан, балки покиза доштани андешаву тафаккур ва чахор унсури асли /яъне оташ, хаво, об ва хок/ро зарур мешуморад.

Инсон бояд далер, бочасорат, умедвор, навъдуст, захматкаш, баланхиммат, вазифашинос, хештандор, боинзибот, боиззати нафс, боистикомат, фурутан, маолаандеш, бовичдон, дурусткор, сахи, ватанпараст ва гайра бошад.

Чунин аст конуни ахлокии кадимтарин мутафаккирони эрони, ки дар либоси динифалсафи баён шудааст.

Зебописандй Шуури ахлокии зардуштия бо шуури зебоишиноси ва зебописандии ниёгони мо зич алокаманд аст. Дар Авасто сар то по волотарин намунаи шуури эстетики, эхсос ва ситоиши зебоиро дармеёбем. Масалан дар «Ходухт наск» дайин- вичдо дар шаби сеюми марг, пеш аз довари ба «равони ашаван» чунин зохир мешавад.

« … сапедадамон равони ашаванмардро чунин менамояд, ки худро дар миёни гиёххон ва буйхои хуш меёбад ва боди хушбуйе аз сарзаминихои нимрузи ба суи вай мевазад. \ Боде\ хушбуйтар аз хамаи дигар бодхо.

Ашаванмард, ки ин бод хушбуйро бо машоми хеш дарёфта /ба худ чунин гуяд/:

-Ин бод, ин хушбуйтарин боде, ки харгиз монанди онро бо димоги худ дарнаёфта будам, аз кучо мевазад?

Дар вазиши ин бод, «дайан»-и вай ба пайкари душизае бар у намоён мешавад: душизаи зебо, дурахшон, сапедабозу, неруманд, хушчехра, бо пистонхои баромада, некутан, озода, ва нажода, ки понздахсола менамояд ва пайкараш хамчанди хама зеботарин офаридагон зебост.

Он гох равони ашаванмард, ру ба у кунад ва аз вай бипурсад:

-Кистй эйдушизаи чавон! Эй хушандомтариндушизае, ки мандидаам?

Пас онгох «дайани» вай, ба ду посух дихад:

– Ман «дайан»-и туам.

\ Пас Ашаван бипурсад:\

  • Пас кучост он ки туро дуст дошт барои бузургй ва зебои ва хушбуйй ва неруйи пирузу тавоноии \ту\ дар чирагй ба душман, ончунон ки ту дар чашми ман менамои?

\Душиза посух дихад:»

  • Эй чавонмарди некандеш, некгуфтор, неккирдор ва некдин!

Ин туй, ки маро дуст доштй барои бузургй ва некй ва зебой ва хушбуйй ва неруи пирузмандй ва тавоноии \ман\ дар чирагй бар душман, ончунон ки ман бар чашми ту менамоям. \ Ходухт наск(пайвасти Яштхо) 7-12\

Таваччух кунед, ки дар ин матн макоми ашовандмард чй бузург аст ва он худ, ки тачассуми зебоист, бо чй тасвиру ташбехоти зебо ситоиш шудааст. Дар зебоишиносии Авасто душизаи понздахсола эталони зебой дар баробари сабзаву гулу буйи хуш аст.

[1]   Авасто: Ясно, Готхо, Яштхо, Виспарад, Хурда Авасто, тарч. ва тахкики Хошим Рази.- Техрон: 1984. -С.106.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222