Главная / Илм / 15. Карори Мачмаи фицхи исломй

15. Карори Мачмаи фицхи исломй

Мачмуи масоили диние, ки дар ин бахш зикр гардиданд, аз кабили
чаконидани дору дар гуш, чашм, бинй, имола кардан ва хамчунин до-
ру ва муолича намудани димог, масоили ичтиходй мебошанд, яъне дар
бораи онхо далели катъие дар Китоб ва суннат собит нашудааст. Би-
нобар ин, назари ичтиходии донишмандони муосир дар ин масоил аз
мавкеи фикхии факехони гузашта ё куллан ва ё кисман фарк мекунад. 
Мачлиси «Мачмаи фикхи исломи» дар нишасти давраи дахуми
худ, ки дар таърихи 23-28 мохи сафари соли 1418 х. (мувофик ба 28-
уми июн то 3-юми июли соли 1997 м.) дар шахри Чаддаи Арабистони
Сауди баргузор гардид, пас аз шунидани баррасихои илми ва тавсия-
хои нишасти нухуми Анчумани фикхи тибби дар бораи шиканандахои
руза дар вакти муолича, ки аз 9-ум то 12-уми мохи сафари соли 1418 х.
(мувофик ба 14-ум то 17-уми мохи июни соли 1997 м.) аз суи Созмони
исломии донишхои тибби дар шахри Дорулбайзои кишвари Магриб
(Марокаш) баргузор гардид, карори зеринро ба тасвиб расонд:
а) Корхои зерин шиканандаи руза ба шумор намераванд:
1. Чаконидани дору дар чашм ё дар гуш, шустани гуш, чаконида-
ни дору дар бини ва хамчунин дорухои пошанда дар бини, вакте таъ-
ми он бо оби дахон фуру бурда нашавад.
2. Истифодаи курсхое, ки барои бартараф намудани зики нафас,
тапиши баланди дил ва дигар навъхои бемори дар зери забон гузошта
мешаванд, вакте таъми он бо оби дахон фуру бурда нашавад.
3. Шиёф ва ё махлулхое, ки барои шустан ба махбил ворид карда
мешаванд ва хамчунин дохил кардани дурбини ташхиси ва ё ангушти
ташхиси тибби ба махбил.
4. Дохил кардани дурбини ташхис ба бачадони зан ва ё бастани
дахони он бо спирал.
5. Дохил кардани дастгохи ташхис (найчаи борик) ё дурбини таш-
хис ё моддае, ки барои равшантар шудани нурхои ташхиси мусоидат
мекунад, ё дору ва ё махлуле барои шустани масона.
6. Тоза ва пур (пломба) кардани дандон, кандани он, гирифтани
сангхои дандонхо ва мисвок кардан бо мисвочб (шётка), вакте таъ-
ми он чи дар дахон чамъ мешавад, бо оби дахон фуру бурда нашавад.
7. Мазмаза, гаргара ва пошидани дорухои гази ба дахон, вакте аз
фуру бурдани таъми он бо оби дахон эхтиёт шавад.
8. Хукна (укол)-хои муоличавие, ки дар зери пуст, мушакхо ва
рагхои хунгард (вена) карда мешаванд, вакте махлулхои гизодиханда
надошта бошанд, яъне барои кувват набошанд.
9. Он чизе, ки аз тарики суроххо ва масомахои таркиби пуст чаби-
да мешавад, ба монанди равганхо, мархамхо ва часпхое, ки дар тар-
киби худ маводи доруи ва ё химияви доранд.
10. Дохил кардани найчахои борик ба шохрагхо барои ташхис ва
ё муоличаи рагхои дил ва дигар узвхои бадан.
11. Дохил кардани дарунбин – эндоскоп (тораскоп) аз тарики де-
вори шикам барои муоинаи рудахо ва ё анчом додани амалияи чар-
рохи дар он чо. 
12. Гирифтани порахои санчишй – намуна (проба) аз чигар ва ё
дигар узвхо, вакте махлуле ба он чо ворид карда нашавад.
13. Дохил кардани дарунбин – эндоскоп (гастроскоп) барои муои-
наи меъда, вакте ба он махлул ва ё моддаи дигаре молида нашуда
бошад.
14. Дохил кардани дастгох ва ё маводи доруй ба димог ва харом-
магз.
Вале дар тамоми суратхои зикргашта бояд табиби мусалмон бе-
морро агар ба вай зараре нарасад, ба таъхири амалияхои номбурда ба
мобаъди замони ифтор насихат намояд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …

222222222222222