Главная / Гуногун / Киссаи Фирдавсй ва Абуали ибни Сино бо Махмуди Газнавй

Киссаи Фирдавсй ва Абуали ибни Сино бо Махмуди Газнавй

Таърихи ин вокеа ба бисёр шахрхо пахн шуда буд.  Дар шахри Тус Фирдавсй ном дехкони* чавоне мезист. у ба чамъоварии киссаву ривоятхое, ки халк дар бораи фарзандони кахрамони худ эчод карда буд, машгул мегардид. Киссаву ривоятхоро навишта мегирифт, афсонахои кадимиро чамъ меовард ва онхоро ба назм медаровард. Як вактхо ба ин кор Дакикй ном шоири дигаре камар баста буд. Аммо Дакикй вафот кард ва маснавии нотамоми уро Фирдавсй ба асари худ дохил намуд.

2565656«Ин достон аз хусуси корнамоихои начиби ачдодамон накл хохад кард, – орзу менамуд Фирдавсй. – Дар бораи кахрамонони халкй ва чанговарони хайрхоху часури он хикоя хохад кард». Фирдавсй ба хотири ин достон аз бахри тамоми корхои хочагй баромад. Амлоки у шуразор гашта, баъдтар тамоман аз байн рафт. Омили бочу хироч уро хатто аз андоздихй озод намуд. «Бигзор нависад», – карор дод омил.

Ва, дар хакикат, Фирдавсй навишт. у дах сол, бист сол, сй сол пайихам навишт. Дар огози

Дар замони Фирдавси заминдорони калонро дехкон меномиданд. достоннависи чавон набошад хам, холо пир шудааст – ана, у шастсола шуд. Фирдавсй ният дошт, ки достони бузургро ба ягон хокими азиме бахшида, сохиби инъомоти зиёде мегардад ва ба ивази он инъомот ба зодгохаш об мебарорад.

Одамони сохибмаълумот дар тамоми шахрхо бесаброна мунтазири достон буданд. Достон «Шохнома» номида мешуд. Мардум аз кироати порчахои достони хануз нотамом халоват мебардоштанд. Фирдавсй нихоят асарашро ба анчом расонд. Вале дар ин вакт аллакай амири кабир дар Бухоро набуд. Чойи уро хокими дигари ашаддй – Султон Махмуди Газнавй гирифта буд.

Махмуди Газнавй марзу бумхои беканореро тахти тасарруф дароварда, худуди давлати Сомониёнро ба он хамрох намуд ва худ ба маснади султонй нишаст. Шахри Газнаро пойтахти худ карор дод.

Дар карибй, дар доманаи куххо мамлакати бойтарини кора – Хиндустон доман густарда буд. Султон карор дод, ки бар зидди ин мамлакат чанг эълон кунад. Ва барои руйпуш намудани максадхои горатгарона султон ин чанги худро мукаддас, яъне газавот эълон намуд. у хамаро, ихтиёриёни сарзаминхои хамсояро, барои хамрохшавй ба газавот даъват менамуд. Ва ихтиёриёни дар дил нияти чангу горатдошта, хатто аз Хоразм, ба назди у меомаданд. Лашкари Султон Махмуд лашкари муктадиртарини Машрикзамин буд. Хатто ба хайати он филхои чангй дохил мешуданд. Чноварони кавму кабилахои мухталиф ва сохиби забонхои гуногун бо чидду чахд омехта карда мешуданд, то рузе тасодуфан иттиход баставу сар набардоранд.

Гуломон дар Газна аз хама арзонтарин буданд. Хатто гулдонхои нодири хиндй дар кучахои он чой пахну парешон мехобиданд. Чноварон аз Хиндустон моломоли чавохирот бармегаштанд.

Халифаи Багдод, ки Султон Махмуд тобеи вай буд, ба зердасти худ мехру мухаббати тамоме дошт. Султон ба халифа номахо навишта, ваъда медод, ки тамоми кофирон, хамчунин шиъёну муътазилиён ва намояндагони шуъбахои дигари аз дин баргашаро кир мекунад. Ин ваъдахо хушку холи набуданд. у бо чунон чидду чахд онхоро кир менамуд, ки хатто барои ба хок супурдани часади бадбахтон фурсат намеёфтанд. Ба хар ойина, вай ягона хокими калоне буд, ки барои додани маблаги бештаре кудрату имконият дошт ва махз аз хамин сабаб Фирдавси достонашро гирифта ба хузури у рафт.

Махмуд достонро чанд руз мутолиа кард. Асари нобиаи «Шохнома» маъкулаш нашуд, зеро дар достон афкори дахриёна хеле зиёд буданд. Ва ба хамин сабаб Султон барои Фирдавси маблаги ночизе рохи намуд.

Тангахои фиристодаи уро Фирдавси ба хаммом бурда, дар он чой шароб нушид ва бокимондаро баробар миёни хаммомбон, шарбатфуруш ва саворае, ки инъомро оварда буд, таксим кард.

Султон худи хамон руз аз ин вокеа хабардор шуд. у фармон дод, ки шоири муйсафедро пайдо карда, зери пойи филон андозанд. Вале шоир паноханда шуд. Уро дар бисёр шахру дехахо чустучу намуданд, аммо пайдо карда натавонистанд. Ба чойи шоир хачвияе пайдо шуд, ки Фирдавси онро ба султон равона карда буд. Хачвия охиста-охиста аз дахон ба дахон мегузашт:

Аз он гуфтам ин байтхои баланд,

Ки то шох, гирад аз ин кор панд.

К-аз ин пас бидонад: чи бошад сухан,

Бияндешад аз панди пири кухан!

Дигар шоиронро наёзорад уй,

Хамон хурмати худ нигах дорад уй!

Ки шоир чу ранчад, бигуяд хичо, Бимонад хичо то киёмат бачо! –

чунин сатрхо дошт он хачвия.

Ин таърих интихои худро дорад. Бист сол аз он мегузарад. Хусайн дар ин муддат аллакай вазири дарбори хокими Хамадон – Шамсуддавла мегардад. Ва дар хамон солхо мефахмад, ки суханвари нобиа Фирдавси ба зодгохаш – шахри Тус омадааст, то дар он чой хок шавад. Дар он замон абёти маснави дар миёни хар як зореву сипохи машхуру маъруф гардида буданд. Хатто худи Султон Махмуд мачбур мешавад, ки ба тарики хадя корвони пур аз чавохиротро барои шоири солхурда фиристад. Аммо дар хамон соате, ки корвон аз яке дарвозахои шахри Тус ворид мешавад, тобути Фирдавсиро аз дарвозаи дигар мебароранд.

Чанд маротиба фиристодагони Султон Махмуд барои Хусайн дари хавлии онхоро куфтанд. Хар дафъа чавоби онхоро додари Хусайн мегардонд.

-Султони муаззами моён одами баот сохибмаърифатанд, – мегуфтанд саворахо. – Дар вактхои холи аз юришхо он кас хатто дар боби илохиёт китоб менависанд. Хирадмандии эшон дар ин соха ба хама аён аст.

-Бародарам машгули кор, у банд аст, – чавоб медод Махмуд. «Шурбахтам, ки маро хамноми султон кардаанд», – меандешид у.

-Султони моён олимон, шоирон ва меъморон, хамчунин, фукахо, конуншиносу муначчимонро ба гирди худ чамъ меоварад. Султони моён савганд хурдааст, ки тамоми кофирон ва шиъёну дахриёнро кир мекунад. «Кош ки Хусайн ба дасти султон наафтад! – фикр мекард Махмуд, дар навбати худ ба тарафи саворагон табассуми боадабона намуда. – Вагарна – ё марг ё зиндон».

-Барои чй бародари ту ба хидмати султон намегузарад? – уро ба гап медароварданд саворахо. – Охир, султон уро бо мехру мухаббат сарафроз мегардонад. Саховати султон нисбат ба онхое, ки максаду нияти уро мефахманд, бехадду канор аст!

«Хусайн م гох максаду нияти уро пай бурда наметавонад. у хамон дахриандеша ва шиии комилест, ки шумо беху бунёдашро канданй хастед», – меандешид Махмуд.

-Вале он касеро, ки аз мехру мухаббати султон канорачуй мекунад, тамоми умри дароз чазои сахту вазнин насиб хохад шуд, – мегуфтанд саворагон.

«Охо! – фикр кард Махмуд. – Набошад, аз Бухоро баромада рафтани Хусайн лозим меомадааст».

Дар борамон

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …

222222222222222