«Сухан аз дахони Лукмон хуш аст».
(Аз халк,)
Дар офаридахои халк, сарчашмахои илмию таърихи ва адаби симои номварони таърихи, вокеи ва хаёли дучор меоянд, ки эшон бо амали хайр ё шарр шухрат ёфта, то рузгори муосир расидаанд.
Чунончи, Нушервони Одил, Бузургмехр Намруд, Шаддод, Яъкуб, Юсуф, Нух, Искандар, Корун, Хотами Той ва амсоли инхо. Дар зимни киёфахо киссахои хаёлии аз тасвироти ирфони бо обу ранги бадеи низ холи нест. Симои онхо вобастаи шароиту талаби давру замонхо маънидод шудаанд.
Яке аз чунин ашхоси дар адабиёти хаттию шифохии чомеа машхур Лукмони Хаким буда, ки шахсияташ то хануз норушан мондааст. Дар эчоди халк хикоёту ривоёти бешумор ба Лукмони Хаким мансуб дониста шудаанд. Уро табиби хозик, носеху хирадманд меноманд.
Доктори илми тиб Ю. Нуралиев, номзадхои илми филология А. Девонакулов ва А. Богбон аз шахсияти таърихии Лукмони Хаким бо маколаи илмии хамкорона дарак дода буданд.[1]
Мардум рочеъ ба шахсияти таърихии Лукмони Хаким – фарди кабл аз мелод, тасаввуроти анику равшан надошта, Абуали ибни Сино ва хамчунин, баъзе файласуфони Юнони кадимро ба Лукмони Хаким нисбат медиханд.
Алиакбари Деххудо аз шахсияти таърихии Лукмони Хаким ва шонздах, нафар Лукмони дигар, ки хар яке олим, шоир, хаким, чомеашинос будаанд, аз сарчашмахои илмию адаби ва таърихи хуччату далелхои гувохидиханда чамъ ва шахси таърихи будани Лукмони Хакимро ошкор намудааст.[2]
Симои Лукмони Хаким хамчун шахс дар осори илмию таърихи ва адабию гуфторхои халкии Арабу Ачам интишор ёфта, кабл аз мелод то ин замон ворид гардидааст. Алалхусус, Алиакбари Деххудо дар асари машхураш «Лугатнома» оварда: «Лукмон – номи марди хаким, ки бино ба ривояти исломи аслаш «хабаши» буда, дар рузгори Довуд пайгамбар мезистааст ва дар «Куръон» зикри вай омадааст». Хабаши будани Лукмонро Саъди фармудааст:
Шунидам, ки Лукмон сияхфом буд,
На танпарвару нозукандом буд.
Ба замми ин Алиакбари Деххудо дар зимни маълумот оид ба Лукмон аз осори бузургони адабиёт гуфтахои назмию насри овардааст:
Кучост Осаф бини Бархиёву ку Лукмон?
Кучост Хоча Абузарчамехри некахтар?
Носири Хусрав
Ояд ба дилам, к-аз Худо эмин аст,
Бар хикмати Лукмону мулкати Чам.
Носири Хусрав
Аз кавлу феъл зину лигомаш нихам,
Афсори у зи хикмати Лукмон кунам.
Носири Хусрав
Мулки имомат суе гусист, ки урост,
Мулки Сулаймону илму хикмати Лукмон.
Носири Хусрав
Эй, бор худой, хама зуррияти1 одам,
Бо мулки Сулаймониву бо хикмати Лукмон.
Носири Хусрав
Эй хуччати илму хикмати Лукмон,
Бигзор ба лафзи хуб хисонй[3] [4].
Носири Хусрав
Агар аз хонаву аз акл чудо мондам,
Чуфт гаштастам бо хикмати Лукмони.
Носири Хусрав
Накунам боварй, к-ахкоми Хуросон ин аст,
Гарчи сад Хурмузу Лукмон ба Хуросон бинам.
Хокони
Вохиди Идриси олам бувад Лукмони чахон, аммо,
Чу марг омад, чи судаш дошт идрисиву лукмонй.
Хоконй
Лукмонро гуфтанд:
- Адаб аз кй омухти?
Гуфт:
- Аз беадабон: хар чи аз эшон дар назарам нописанд омад, аз он пархез кардам.
Саъдии Шерози
Лукмонро гуфтанд:
- Хикмат аз кй омухти?
Гуфт:
- Аз нобиноён, ки то чоеро набинанд, напарвосанд,[5] кадам наниханд.
Саъдии Шерозй
Лукмони Хаким андар он кофила буд, яке аз он корвониён гуфт:
- Магар инонро насихате куни…?
Гуфт:
- Дарег бошад калимаи хикмат бо эшон гуфтан.
Саъдии Шерози
Бахри лукма гашт, лукмони гар у?
Вакти лукмонист, эй лукма бар у.
Мавлави
В-аз каттоми1 лукма лукмонй шавад, Толиби ишкори[6] [7] пинхонй шавад.
Мавлавй
Дар «Хабиб-ус-сияр» оид ба шахсияти Лукмони Хаким хикояти ирфони оварда шудааст.
Сохиби «Мачмаъ-ут-таворих ва-л-кисас» оид ба Лукмон чунин маълумот меоварад:
«Чун дувоздах сол аз мамлакати Довуд бирафт, Худои таоло Лукмонро хикмат дод ва сй сол бо Довуд буд. Рузе дар пеши у рафт. Довуд зирех хамекард ба дасти хеш ва охан Довудро чун мум нарм буд. Лукмон донист, ки чй мекунад ва он чист? Ва аз хикмат вочиб надид сухан пурсидан ва хомуш буд, то тамом карду дар Лукмон пушид, то бубинад.
Лукмон гуфт:
«Хозо чайидун лил харбй».[8] Ва ин сухан Лукмон он вакт гуфт, ки яъне хомушй хикматест ва камтар ба кор доранд.
Мавлавй дар «Маснавй» хамин хикоятро бо назм овардаву гуфта:
Рафт Лукмон суи Довуд аз сафо,
Дид, к-у мекард з-охан халкахо…
Ба ин маъни ишораи Саъди:
Чу Лукмон дид, к-андар дасти Довуд,
Хаме охан ба муъчиз мум гардад.
Напурсидаш: Чи месози? Чу донист,
Ки бе пурсиданаш маълум гардад.
Носири Хусрав гуяд:
Суйи уй ои, агар надидасти
Мулки Довуду хикмати Лукмон.
«…Мухаммад Муин (муаллифи «Фарханги форси») менависад:
«Довуд – подшохи Исроил (худуди солхои 1010-970- уми кабл аз мелод) чонишини Шоул шуд ва бар фаластиниён галаба ва Байтулмукаддасро таъсис кард». Ин маълумоти Мухаммад Муин далолат мекунад бар он, ки замони зиндагии Лукмони Хаким ба солхои хазоруми пеш аз солшумории мо рост меояд…»[9]
Хамдуллохи Муставфи дар «Таърихи гузида» гуяд:
«Лукмон алайхиссалом ба кавли баъзе муаррихон амзодаи Иброхими Халил аст ва ба кавле гуломи сиёх (хабаши) ва баъзе уро пайгамбар шуморанд. Номи у сарехан дар «Куръон» омадааст, аммо ба хикмат мансуб аст. Идомаи гуфтор бо хикояти аз вокеият дур тасвир ёфта, дар зер бархе аз хикматхои Лукмон бо наср намуна оварда шудааст, ки ба ин маъни Рашиди Ватвот ишора фармудааст:
Туро дар назм лубатхои Озар,
Туро дар наср хикматхои Лукмон.
Муаллифи «Таърихи гузида» гуфтори Лукмонро меорад: «…чахорсад хазор калима дар хикмат чамъ кардам ва чахор аз он баргузидам, ду бибояд донист ва ёд дошт ва ду фаромуш бояд кард: бади, ки мардум ба ту кунанд ва неи ки ту ба мардум куни, фаромуш бояд кард, Хак ва маргро ёд бояд дошт.
Ахмак агарчи сохибчамол бошад, бо у сухбат набояд дошт, ки шамшер чи хубрухсор аст, зишткирдор аст.
Сухбати олим мурдаи чохилро зинда гардонад, чунон ки борон замини пажмурдаро.
Хама боре кашидам, гаронтар аз карзу дайн1 надидам ва хама лаззате чашидам, хуштар аз офият надидам. Ва зиёнкортар айбе – айби худ надидан аст.
Доно чун чарог аст, Хар ки бар у бигзарад, аз у нур баргирад.
Хар киро гуфтору кирдор мувофик набошад, акли вай уро накухиш кунад.
Хар ки саволе кунад, ки сазовори он набошад, ё бехангом бувад, ё аз лаиме чизе хохад, ба мурод нарасад.
Хушхуи хеши бегонагон бошад ва бадгуй бегонаи хешон.
Аз у пурсиданд:
- Чист, ки фоидаи он хамаро расад?
Гуфт:
- Нестии бадон.
Дар «Таърих-ул-хукамо» низ аз шахсияти Лукмони Хаким ишора рафтааст.
«Лукмони Хаким марде буд сиёхчехра ва аз ахли хабаша. Дар замони туфулият ба доми раккият[10] [11] мубтало шуда ва ба кайди асорат гирифтор гардида…»
Чй маънй дорад ин холат, ки гуфтй:
Зинда шуд Юнус,
Чй хикмат бошад ин маънй, ки гуфтй:
Банда шуд Лукмон.
Носири Хусрав
«Мавлои1 у шахсе буд аз тоифаи бани Исроил ва маъруф ба суйи ахлоку харакоти нохинчор. Голиби авкот бо у сахти карди ва ба корхои саъб[12] [13] амр фармуди. Лукмон тахаммули бори гарон кардй ва ба ахлоки зишту харакоти ношоист у тан дардодй…»
Деххудо дар зимни ин маълумот хикояти ачибе оварда. Аз руйи ин аклу хирад Лукмон аз бандаги озод гардида, чунончи, Носири Хисрав гуфта:
Обод ба акл гашт гардун,
В-озод ба акл гашт Лукмон.
Алиакбари Деххудо овардааст:
АЛХИКОЯТ
Як руз чамъе аз асхоби хазрати Довуд назди у буданд ва аз калимоту акволи[14] хазраташ истифода мебурданд. Сухан хар чизе дар миён буд ва хамагон сухан гуфтанд. Чу Лукмон, ки сукут ихтиёр карда буд.
Довуд гуфт:
- Эй Лукмон, чаро чизе намеий ва бо дигарон дар сухан гуфтан анбоз[15] нашави?
Лукмон гуфт:
- Хайре нест дар сукут, магар тафаккур дар амри маод.1 Марди бодиёнат чун тааммул кунад, сакинаву2 викор[16] [17] [18] бар у муставлй[19] шавад… Ва чун каноат варзад, аз мардум бениёз гардад. Ва чун розй шавад, ба ризои Хак эхтимомаш[20] ба умури[21] дунё суст гардад. Хар ки аз худ мухаббати дунё халъ[22] кард, аз офату шар начот ёфт. Чун тарки шахват кард, дар идоди[23] мардумони озод даромад. Ва чун танхой ихтиёр кард, аз хузну[24] андух, махфуз монад. Ва чун хасад аз худ дур сохт, мухаббати мардум дар бораи худ бияфзуд ва чун эърози[25] [26] умури фонй кард, акли у бияфзуд. Ва чун басир11 ба окибат шавад, аз пушаймонй эмин шавад…
Довуд фармуд:
- Тасдики сухани ту кунам, эй Лукмон!
Рузе Довуд ба Лукмон гуфт:
- Акнун, ки пир шудай, аз акли ту чй микдор бокист?
(Лукмон) гуфт:
- Он кадр, ки нигох намекунам, дар чизе, ки кофй нест ба холи ман ва такаллуф[27] намесозам дар тахсили он чизе, ки мухточ ба он нестам.
Лукмон сохиби мавоизи хасана ва андарзхои хакимона аст ва дар голиб мавриди мухотаби вай писари уст.
Хирадро ба имону хикмат бипарвар, Ки фарзанди худро чунин гуфт Лукмон.
Носири Хусрав
Аз он носех дар …кутуби «Ахбор ва сайри мастур» мазкур аст ва аз он чумла фармуд:
- Эй писараки ман, мулзамсабр бош дар сахти. ва мучохада1 кун ба хавои нафс ва бидон, ки шарофату шафкат ва зувд сабр аст…
Ба ин маъни:
Ганчи сабр ихтиёри Лукмон аст,
Хар киро сабр нест, хикмат нест.
Саъди
- Эй писараки ман, бар ту бод икбол, ба аъмоли хайру ичтиноб аз аъмоли шар. Чи амали хайр хомушкунандаи шар аст. Он кас, ки гуяд, шар боиси хомушии шар аст, дуруг гуфта, зеро ки агар оташе пахлуи оташи дигаре бияфрузанд, бар иштиоли[28] [29] он афзуда шавад. Пас он чи шарро хомуш кунад, аъмоли хайр аст, хамон гуна ки хомушкунандаи оташ об аст…
Бар мусиботу номулоимотии дунё сабр пеша кун ва аз мухосабаи[30] нафс гафлат маварз. Кабл аз он ки хисоби туро бикшоянд, рохи хато аз савоб бишнос, то аз лагзиш масун[31] мони.
- Эй писараки ман, талаб кун хикматро, мутаваччех.[32] соз нафси худро ба суйи он хар замон, ки чомеи хикмат шави, чашми басирати ту равшани гирад, ахлоки ту неку шавад. Ва бидон, ки хикмат бидуни тадбир ва тафаккур ба манзалаи матоест, ки дар дасти хозини[33] у набошад ва ё гусфанде, ки дар марбизи[34] худ дохил нагардад. Ва дар ин хол хар соат дар махалли офат аст ва дар маърази1 халокат.
Бидон, ки изхоркунандаи хикмат забон аст. То метавони, онро хифз кун, зеро хар гох фосид гардад, забони ту табох шавад… Пас, хар ки молики забони хеш гашт, мавкеи сухан гуфтан донад ва дар хузури ноахл такаллум[35] [36] накунад. Ва агар сафехе[37] аз у талаби хикмат кунад, сукут ихтиёр кунад. Пас забон калиди хайр ва шар аст. Ва сухан магу, магар дар кори хайр хамчунон ки мухр бар ганчинаи тиллову нукраи худ мезани. Хушо, ба холи он ки ба дунё магрур нагардид ва фиреби он нахурд…
Акл бидуни адаб чун дарахти бебор аст ва акл макрун[38] ба адаб хамчун дарахти мевадор…
***
Вафот ва кабри Лукмон. Олими машхури асри VIII Иброхими Адхами Балхи оид ба фавт ва оромгохи Лукмони Хаким гуфтааст:
«Кабри Лукмон миёни масчиди Рамаллох[39] ва бозори имруз аст. Илова бар кабри Лукмон кубури хафтод нафар аз анбиёи[40] уззом,[41] ки баъд аз Лукмон вафот кардаанд, он чост. Чихати он ки бани Исроил анбиёро аз назди худ ихроч[42] ва даври Рамаллох махсур[43] карданд ва дар он чо буданд, то хамаги аз гуруснаги халок шуданд».
Дар «Канз-ул-хикмат» – тарчумаи «Нузхат-ул-арвох» оид ба фавти Лукмони Хаким хикояте оварда шудааст, ки аз шахсияти у шаходат медихад:
«Овардаанд, ки рузе Лукмон бо писари хеш дар арш нишаста буд, хамин ки осори марг бар у зохир шуд, ба гиря огозид.
Писар гуфт:
- Эй падар, гиряи ту аз хавфи марг аст, ё хирси дунё?
Гуфт:
- Хеч кадом. Гиряи ман барои он аст, ки пеши худ биёбони хавлноку акиботи1 тулони ва бори гарон мебинам. Бо надоштани зоду[44] [45] рохила[46] ва надонам, ки ин бори гарон аз душам бардоранд, ё бо он ба суйи чаханнам рахсипор гардам».
Аз Лукмони Хаким рисолае дар хикмат ва тиб боки мондааст.
САД ПАНДИ ЛУКМОНИ ХАКИМ БАР ФАРЗАНДИ АРЧМАНД
[1] Рузномаи «Маориф ва маданият», 9-уми феврали соли 1978.
[2] Алиакбари Деххудо, «Лугатнома», XXI, Техрон 1334 хуршеди, сах. 254 – 260 (Китобхонаи миллии ба номи Фирдавси, тахти № 7647).
[3] Зуррият – насл, авлод.
[4] Хисонй – зебо.
[5] Парвосидан – даст-даст кардан.
[6] Каттом – тезии шахват, сернафс,
[7] Ишкор – шакли дигари шикор.
[8] Хозо чайидун лил харбй – ин чиз барои чанг хуб аст.
[9] Рузномаи «Маориф ва маданият», 9-уми феврали соли 1978.
[10] Дайн – карзи бомухлат.
[11] Раккият – гуломи, бандагй.
[12] Мавло – хучаин, сохиб.
[13] Саъб – душвор, мушкил.
[14] Аквол – чамъи кавл.
[15] Анбоз – шарик, хамрох.
[16] Маод – бозгашт, мачозан охират.
[17] Сакина – осудагй.
[18] Викор – рафтору кирдор.
[19] Муставли – голиб.
[20] Эхтимом – химмат, гамхорй.
[21] Умур – амр.
[22] Халъ – дур кардан
[23] Идод – дар шумори… дар катори…
[24] Хузн – гам, гусса.
[25] Эъроз – хазар, эътироз.
[26] Басир – хабардор, огох
[27] Такаллуф – кушиш, захмат
[28] Мучохада – чанг, мубориза.
[29] Иштиол – шуъла.
[30] Мухосаба – хисоб.
[31] Масун – эмин, амон
[32] Мутаваччех – равон.
[33] Хозин – хазинадор.
[34] Марбиз – чой, макон.
[35] Маъраз – дучор.
[36] Такаллум – сухандон, гапзанй.
[37] Сафех – ахмак, аблах, нодон.
[38] Макрун – пайваста.
[39] Рамла – номи нохияе дар Фаластин.
[40] Анбиё – пайгамбарон.
[41] Уззом – бузург.
[42] Ихроч – хорич, дур ва берун.
[43] Махсур – ихота.
[44] Акибот – душворгузар.
[45] Зод – тушаи рох.
[46] Рохила – маркаб, саворй.