Главная / Илм / МАДАНИЯТИ ХАЛЦИ ТОЧИК ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX

МАДАНИЯТИ ХАЛЦИ ТОЧИК ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX

Халки точик сохиби маданияти бою кадима буда, дорои аломатхои демократи мебошад. Аммо дар шароити зулми мустамликави ва феодали маданият ру ба таназзул нихода буд. Дар шароити мустамликави маданият ва истеъдоди халк таравди карда натавонист. Маданият ва забони халкдои милли харчониба махдуд гашта, ба пешрафти маърифат ба таври сунъи халал расонда мешуд.
Дар Осиёи Миёна дар охири асри XIX, ба монанди пештара, манбаи маърифат ва маданият, мактаб ва мадрасахо буданд. Мактабхо асосан дар назди масчидхо амал мекарданд. Барои таълими фарзандон аз волидайн маблаг ва бахшишхои зиёд ситонида мешуд. Таълимгири бо усули кориёна аз ёд кардани матнхои араби мегузашт. Хонандагон барои аз худ кардани хуруфоти араби ним сол вакт сарф мекарданд. Баъди он шогирдони пешкадам матни арабии «Хафтяк» – ро бо муаллим хамовоз шуда такрор мекарданд. Баъди он ба хондан ва аз ёд кардани «Чоркитоб» мегузаштанд. Ин кор се сол вактро мегирифт. Факат пас аз ин толибилмон ба омухтани хатнависи машгул мешуданд.
Ба мавчудияти микдори зиёди мактабхо нигох накарда, ахолии Осиёи Миёна, ба гайр аз намояндагони рухониён, толибилмони мадрасахо ва савдогарони шахри, кариб саросар бесавод буданд.
Мактабхои ибтидоии дини барои мадрасахо шогирдон тайёр мекарданд. Мадраса яке аз намудхои аввалини донишкада, маркази тайёр кардани мутахассисоне буд, ки таълим дар асоси хуруфоти араби ба рох монда шуда буд. Харчу харочоти мадраса аз хисоби хонандагон буд.
Толибилмон дар мадраса истикомат мекарданд. Таълим дар мадраса 18-20 сол давом мекард, ки дар ин мудат забони араби, точики, куръон ва тафсири он, мантик, фалсафа, таърих, чугрофия омухта мешуд.
Дар нимаи дуюми асри XIX, баробари ба Туркистон омадани ахолии рус, дар ин чо мактабхои ибтидоии руси ва гимназияхо пайдо мешуданд. Соли 1870 губернатор Абрамов дар Самарканд аввалин мактаби русии махаллиро кушод. Дар ин мактаб бачагони махали забони руси ва фанхои маълумоти умумиро меомухтанд. Дар мактаб муаллимони рус дарс мегуфтанд. Чунин мактабхо дар нохияхои Точикистони имруза, ки ба хайати генерал – губернатори Туркистон дохил мешуданд, таъсис ёфтанд. Аз чумла, дар соли 1895 дар Хучанд, соли 1888 дар Уротеппа ва соли 1909 дар Хоруг низ чунин мактабхо кушода шуда буданд.
Барои ахолии калонсол дар назди мактабхои русии махали курсхои шабона амал мекарданд, ки дар он забони руси омухта мешуд.
Дар баробари мактабхо дар Осиёи Миёна аввалин манбаъхои мадани-матбаа (соли 1868 дар Тошканд), китобхона (соли 1878) ва дигар нуктахои мадани пайдо шуданд.
Баъди хамрох шудани Осиёи Миёна ба Россияи подшохи олимони рус ба омухтани табиат, чугрофия ва таъриху маданияти Осиёи Миёна сар карданд.
Олимони рус П.П.Семён – Тянь – Шанский, Н.А.Северцев растанихо, табиат ва олами хайвоноти Осиёи Миёна, П.П. Федченко боигарии табиии водии Олой, В.В.Мушкетов геологияи нохияхои кухии Осиёи Миёнаро омухтанд. Олимони рус дар шароити душвори берохи, куххои касногузару даштхои тафсонро гузашта, чони худро дар зери хавфу хатар гузошта, экспедитсяхои илмиро ташкил мекарданд.
Бо ташаббус А.П. Федченко ва В.Ф.Ошанин дар солхои 70-уми шуъбаи махаллии чамъияти дустдорони табиатшиноси, антропология ва мардумшиноси (этнография) таъсис дода шуд. Инчунин, чамъияти техники рус, чамъияти Туркистонии табии ва айрахо таъсис ёфта буданд. Хамаги дар Туркистон 15 чамъияти илми амал мекарданд. Бо ташаббуси ин чамъиятхо нохияхои дурдасттарини кухистони Точикистони имруза мавриди тадкик карор гирифтанд. Бо рохбарии Л.В. Ошанин экспедицияи антропологи ба Каротегин ва Помир фиристода шуд. А.Э.Регель ба болооби дарёи Панч, сафар карда буд.
Дар солхои минбаъд олимони рус Северцев Н.А., Семёнов П.П, Мушкетов И.В., Грум – Гримайлова ва дигарон дар омухтани сохахои чудогонаи илм сахми босазо гузоштаанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222