Нахустмаросими зардуштия ба муносибати ба балогат расидани чавон аст ва яке аз мухимтарин расмияти он бастани «куштй» (ав. айвёнгахан), камарбанди динии хосе (,ки аз хафтоду ду нах, аз пашми гусфанди сафед аз шаш риштаи дувоздахнахй) дар се халка ва бо чахор гирех дутогй аз пешу акиб мебошад. Ин хама рамзе дорад. Аз чумла себор печонанд ё бастани ресмон рамзест аз асли пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек. Чашни куштибандй яке аз абузургтарин руйдодхои зиндагии хар як зардуштй аст.
Халкхои эронй дар даврахои кабл аз Зардушт се вакт ибодат мекарданд. Зардушт ба ин се вакт ибодат, ки сахар /хаванй/ ва баъд аз нисфируз /учайара/ ва шабонгох /авистура/ баргузор мешуд, боз ду вакти дигар /рапитва/ — нисфирузй, дигар нисфи шаб /уша/- ро илова кард. Хамин тавр, намози панчвактаи харруза вазифаи хатмии хар як пайрави Зардушт мебошад.
Маросими намоз аввал аз пок кардани худ, яъне тахорат, шустушуи дасту руй ва пой баъд камарбанд /кусти/– ро кушода бо ду даст онро дар пеши худ нигах медорад, бо чунин хаёле, ки гуё дар назди офаридгор аст. Нигохи у ба оташ – чун ба рамзи росткорй духта шудааст. Диндор дар хини намоз Ахуромаздоро ситоиш ва Ахриманро лаънат мехонад. Сипас вай боз камарбандашро баста намозро идома медихад. Хамин тавр ин амал чанд бор такрор мешавад.
Аз чумлаи маросимхои зардуштия хафт иди уст. Хамаи идхои Зардуштия бо таквимхои дехконй зич алокаманд аст. Масалан: мобайни бахор (маидйой-зарэмайя), мобайни тобистон (маидйой- тема), иди чамъоварии галла (паитишахйа), иди баргаштани чорво аз чарогохи тобистонй (айатрима), мобайни чиллаи зимистон (майдйаирйа) ва нихоят ид ё маросими бегохи охири пеш аз баробаршавии шабу рузи бахорй (хамаспатмаэдайа), ки ба ёди фараваш–рухи ниёгон, баргузор мешуда.
Бузургтарин чашни зардуштия, ки онро хануз пеш аз пайдоиши оини зардуштй халкхои эроннажод бо тантанаву шукух чаш мегирифтаанд, иди Навруз аст. Зардушт ин идро, ки эрониён чун огози фасли бахор кайд мекарданд, кабул намуда, ба он рамзи тозае бахшид. Навруз дар Зардуштия хафтумин ва бузургтарин чашнест, ки ба бузургдошти Ашо–Вахишта /бехтарин ростиву адолат, ки рамзи он оташ аст ва охирин рузи олам, ки дар он ашо /ростй/ галаба мекунад ва хамин рузи охирин дар хамон як вакт аввалин рузи хаёти нави абадист, бахшида шудааст. Мувофики сарчашмахои дигар инсон махз хамин руз по ба замин мондааст ва Ахуромаздо- бузургофаридгор, чахонро дар чунин руз офаридааст.
Хамин тавр, бо чори кардани намози панчвакта ва чашнгирии хафт ид, Зардушт системаи динии дорои кудрати бузургеро бунёд кард, ки дар тули се хазор сол побарчост.
Маросими дафн Чун назди зардуштиён хок, обу оташ аносири мукаддас буданд аз ин ру часади мурдагонро гуронидан дар хок ё сухтан дар оташ ва ё гарк кардан дар об мамнуъ буд. Онхо барои мурдагон дар доманаи кухе ё чое дуртар аз ободи «дахма» ё «бурчи хомушон» интихоб ё бино мекарданд ва мурдахои худро он чо мегузоштанд то паррандагон ё сагхои махсус гушти онро бихуранд, сипас устухонхоро дар он «дахмахо» ё «осуарахо» нигох медоштанд.
Зардуштия баъдан охиста-охиста бо унсурхои хурофоти, санавият ва хатто бутпарасти олуда гардида, ба дини аристократияи дехкони ва дарбори табдил гардида, аз асли худ бегона ва ба хомии чомеаи наздик ба каставии сосони табдил гарда буд.
Имруз зардуштиён дар Хиндустон ва кисмате аз Эрон боки мондаанд.