Иктисоди инноватсиони ё иктисодиёте, ки ба донишхо асос ёфтааст тадричан чои иктисодиёти саноатиро ишгол менамояд, ки аслан ба истифодаи захирахои табии асос ёфтааст. Хусусиятхои баъдисаноатии пешравии аксари мамлакатхо дар мадди аввал гузоштани вазифахои таъминсозии мутобикшавии тезиси низоми умумииктисоди буда, кобилияти инноватсионии корхона ва ташкилотхои, чавобгуи замона мебошад, дар назар дорад. Хамаи кишвархое, ки аллакай бисёр вазифахои баланд бардоштани самаранокии маблаггузориро дар инкишофи «сармоя»-и инсони хал намудаанд, заруратро ба миён овард, то ки роххои нави халли масъаларо пайдо намоянд.
Илми имрузаи иктисоди вусъат бахшидани кобилияти менечментро хамчун аз навсозии махсулот, ташкили бозорхои нави ояндадор, донистани имкониятхои нави тичорат ва ташкилу такмилдихии корхонахо барои дарёфти суди иктисоди, механизми асосии таъминкунандаи боустувори ракобатнок дар шароити иктисоди инноватсиони такозо менамояд.
Айни замон дар бораи гузариш ба иктисодиёти инноватсиони зарурати амали гардонидани «Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2015» ва «Барномаи рушди инноватсионии Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-2020» такозо менамояд. Таъсиси низоми инноватсиони, пойгохи техникию технологии фаъолияти инноватсиони раванди бехад мураккаб ва дарозмуддат мебошад ва аввалан ба неруи кадри вобаста аст. Аз ин ру яке аз чузъхои асосии фаъолияти инноватсиони тайёр кардани мутахассисон дар сохаи инноватсия ва такмилу баланд бардоштани ихтисоси онхо дар самти такмили менечменти инноватсиони мебошад.
Ташаккул ва такомули низьйр5://ыкНоп.ф кардан, такмил додан ва баланд бардоштани савияи мутахассисон дар самти фаъолияти инноватсиони бо назардошти хусусиятхои он яке аз вазифахои асоситарини муассисахои тахсилоти оли мегардад. Рушди иктисоди инноватсиони тайёр кардани мутахассисонеро пешбини мекунад, ки дар азхудкунии асосхои илмии сохибкории инноватсиони, идоракунии лоиха, тичорати технологияхо, менечменти технологи, маркетинги инноватсияхо, хифз ва химояи хукукхои моликияти зехни, дониш ва малакахои касби дошта бошанд.
Мархилаи муосири рушди иктисоди бо шавки беандоза ба муаммохои сохибкори тавсиф дода мешавад, ки ин хол ба дигаргуншавии ичтимои-иктисодии чомеа алокаманд аст. Инкишофи сохибкори аз иштирокчиёни он карорхои наву гайрианъанавиро талаб менамояд, ки ба амалгардии равандхои инноватсиони ва афзоиши даромади сохибкори равона шудааст.
Дар Паёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 20 апрели соли 2011 омадааст: «Давлат барои ворид намудани технологияи компютери ба муассисахои таълими таваччухи зиёд дорад, зеро асри XXI асри технологияи иттилооти ва коммуникатсиони мебошад. Ворид шудани технологияи нав, бахусус компютеркунонии муассисахои таълими имкон медихад, ки сатху сифати таълим бехтар гашта, усулхои муосири донишандузи чори карда шаванд».
Китоби мазкур имконият медихад, ки хонандагон бо назария ва амалияи хозиразамони инноватсия, дар мувофикат бо конун, малакаи амали дар ташкилу самаранок идоракунии фаъолияти инноватсиони дар корхонахо шинос шаванд.
Дар китоб равандхои объекти идоракуни дида баромада, масъалахои якчояшавии менечменти инноватсиони ва ояндабини боз карда шуда, хусусиятхои сохторхои ташкилию идоракуни ва шаклхои ташкили фаъолияти инноватсиони баён карда мешаванд. Мафхум ва мохияти менечменти инноватсиони, равандхо ва интихоби стратегияи инноватсионии корхонахо ба таври зарури тахлил карда шудаанд.
Диккати асоси ба масъалахои инкишофи сохибкори, накши инноватсия дар иктисоди нав ва мохияти менечменти инноватсиони, хамчун яке аз намудхои иттиходияи донишхо дода шудааст.
Масъалахои назарияви ва илмии идоракунии инноватсиони дар шароити нави иктисоди, ки ба донишхо ва маълумотхо асос ёфтааст, дида баромада мешаванд.
Дар китоб мафхумхои асосии назарияи менечменти инноватсионии муосир, навъхои ракобати инноватсионии иктисоди милли, ташкилоту корхонахо, тарзи интихоби самараноки стратегияи инноватсиони, хусусиятхои фаъолияти инноватсиони баён карда мешаванд. Хамчунин асосхои фаъолияти инноватсионии корхонахо, самтхои дастгирии фаъолияти инноватсионии корхонахои хурд, вобастагии мухити сохибкори ва менечменти инноватсиони фахмонда дода мешавад.
Китоб барои донишчуён ва шунавандагони тамоми намудхои таълим, ки ба омухтани сохаи «Менечменти инноватсиони» машгуланд, хамчунин донишчуён, магистрантон, аспирантон, омузгорони мактабхои оли, рохбарон ва мутахассисони корхонахо пешниход шудааст.
Китоби мазкур дар бораи накшу чои инноватсия дар инкишофи чамъият, конунхои тараккиёти илму техника, равандхои инкишоф ва азхудкунии навоварихо, давраи хаётан мухими инноватсиони, вазифа ва коидахои асосии гурухбандии инноватсиони, хусусиятхои фаъолияти инноватсиони маълумот медихад.
Дар китоб хамчунин масъалахои асосии конунгузории хозиразамони инноватсионии Чумхурии Точикистон, холат ва инкишофи ояндаи он, самтхои имконпазири такмил додани он барраси шудаанд.
Диккати махсус ба самти тайёр намудани кадрхои иктисодиёти инноватсиони, ки бо серхаракати ва пайваста болоравии суръати тараккиёти илми-техники тавсиф мешаванд, дода мешавад.
Ин дар навбати худ чунин сиёсати инноватсиониро талаб менамояд, ки он ташаккули силсилаи мувофики тахсилро пешбини ва самаранок тайёркуни ва аз нав тайёркунии кадрхои касбиро таъмин менамояд.
Ба гайр аз ин диккати калон ба максад ва вазифахои сиёсати инноватсиони, раванди ташаккулёбии рушди менечменти иктисодиёти милли, ташкили шугли ахоли дар шароити таъмини менечменти инноватсиони, ташаккули бозори инновастияхо ва ноу-хау дода шудааст.
Тачрибаи хоричии ташкилёби ва коркарди низоми шарикии давлат ва бахши хусуси хамчун омили ташаккули менечменти инноватсиони, коидахои асосии дастгири ва инкишофи фаъолияти инноватсиони дар сатхи давлат баён карда мешавад.
Ин китоби дарси барои омузиши асосхои илмии менечменти инноватсиони ва шинос намудани донишчуёну мутахассисони сохибкории инноватсиони, шаклгирии тафаккури нави иктисодии онхо кушиши нахустин аст. Махдудияти андозахои ин китоб ба муаллифон имкони тахлилу тавсифи хамаи пахлухои менечменти фаъолияти инноватсиониро вонагузошт. Ин китоби дарси барои донишчуён, аспирантхо ва устодони мактабхои олии бахши иктисоди пешниход шудааст.
Мундарича
Мукаддима………………………………………………………………………….. 1-4
Боби 1. Фаъолияти инноватсиони, мохият ва мазмуни он
- Асосхои илми рушди фаъолияти инноватсиони………………… 5-14
- Инноватсия дар низоми рушди инноватсиони ва таснифоти он 15-22
- Фаъолияти инноватсиони ва хусусиятхои он……………… 23-30
- Тачрибаи рушди фаъолияти инноватсиони дар кишвархои Иттиходи давлатхои мустакил………………………………………………………………….. 31-39
- Ташаккули бозори инноватсияхо ва «ноу-хау»………………… 40-46
Боби 2. Сармояи зехни ва макоми он дар менечменти инноватсиони
- Сармояи зехни ва хусусиятхои он………………………………….. 47-53
- Сармояи зехни ва моликияти зехни хамчун асоси рушди фаъолияти инноватсиони 54-57
- Сармояи зехни ва ракобатпазирии инсони………………………. 58-63
Боби 3. Мохият ва мафхуми менечменти инноватсиони
- Мафхум ва мохияти менечменти инноватсиони…………….. 64-74
- Равандхои инноватсиони… 75-77
- Стратегияи инноватсиони дар корхона…………………………. 78-83
Боби 4. Вазифахо ва усулхои менечменти инноватсиони
- Тавсифи вазифахо ва усулхои менечменти инноватсиони..84-86
- Алокамандии максад ва вазифахои менечменти инноватсиони.. 87-90
- Кабули карор дар менечменти инноватсиони………………….. 91-93
Боби 5. Асосхои ташкили-технологии омодасозии истехсоли навоварихо
- Тамоюли инкишофи технология ва таснифи он……………….. 94-98
- Мохият, вазифахо ва даврахои омодакунии ташкили технологии истехсолот 99-101
- Тахлил ва ояндабинии дарачаи ташкили-техникии истехсолот 102-104
- Реинжиринг хамчун воситаи баландбардории дарачаи ташкили-техникии истехсолот…………………………………………………………………………. 105-108
Боби 6. Нишондихандахои фаъолияти инноватсиони ва мавкеи ташкилот дар иктисодиёт
- Нишондихандахои фаъолияти инноватсионии ташкилот…….. 109-111
- Максадхои инноватсионии ташкилот…………………………… 112-114
- Неруи инноватсионии ташкилот………………………………. 115-117
- Мухити инноватсиони ва мавкеи ташкилот дар иктисодиёт. 118-120
Боби 7. Мухити сохибкори ва менечменти инноватсиони
- Асосхои ташаккули мухити сохибкори ва рушди инноватсиони…………………………………………………………………. 121-131
- Шартхои ташаккул ва рушди сохибкори…………………………… 132-139
- Рушди сохибкори хамчун омили баланд бардоштани сатхи зиндагонии ахоли 140-147
- Асосхои фаъолгардонии инноватсионии корхонахо…………… 148-159
- Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионии корхонахои хурд 160-171
Боби 8. Танзими рушди бозори инноватсияхо
- Танзими миллии рушди бозори инноватсияхо……………… 172-177
- Тачрибаи танзими давлатии бозори инноватсияхо………. 178-183
- Сиёсати давлатии илми-техники ва технологияхои пешкадам хамчун омили рушди бозори инноватсияхо………………………………………………………….. 184-192
Боби 9. Асосхои идоракунии таваккали фаъолияти инноватсиони
- Мохият ва мафхумхои асосии таваккал……………………….. 193-195
- Гурухбандии таваккалхо……………………………………………. 196-200
- Асосхои методии идоракунии таваккали фаъолияти инноватсионИ 201-202
- Мониторинг, тахлили омилхои беруна ва дохилии таваккал 203-204
- Усулхои паст намудани таваккал………………………………… 205-206
Боби 10. Тахлили самаранокии навовари
- Лоихаи инноватсиони хамчун шакли нави ташкили навоварИ 207-211
- Идоракунии лоихавии фаъолияти инноватсионИ………… 212-214
- Принсипхои тахлили лоихаи инноватсионИ……………….. 215-216
- Усулхои баходихии самаранокии лоиха……………………… 217-219
Боби 11. Маркетинги инноватсияхо
- Хусусиятхои маркетингии инноватсияхо………………………… 220-226
- Мухити маркетинги муассисахои илмИ-техникИ ва кисмхои чузъии он 227-234
- Маркетинги навоварихои технологИ ва ихтироот…………….. 235-239
Замима………………………………………………………………………………… 240-311
Адабиётхо……………………………………………………………………………. 312-319