Главная / Илм / Маънои “Нубуват”

Маънои “Нубуват”

Нубувват баъд аз адл сеюмин усули дини ислом ва кисмати мухиме аз илохиёти он аст. Н у б у в в а т ( аз кал. араби. набаа-хабар додан, огох кардан ва наби- пешгуикунанда) таълимотест дар бораи пайгамбари ва фалсафаи он, шахсияти пайгамбар ва корномахои паёмбарон. Дар ислом нубувват илова ба он чи гуфта шуд, масъалаи исботи рисолати паёмбарии Мухаммад (с) ва имону бовари ба онро фаро мегирад. Хамон тавре ки аз калимаи шаходат бармеояд эътиКод ба рисолати Мухаммад(с) аз мухимтарин заруриёти имон мебошад.

Наби, расул ва паёмбар калимахои муродиф буда, дар ислом шахсеро ифода мекунад, ки Худо ба воситаи вай мардумро ба шинохти хакикат ва рохи рост хидоят мекунад. Паёмбар мувофики таълимоти ислом инсони баргузидаи парвардигор аст, ки ирода ва суханони Худоро, ки ба у вахй шудаанд ба мардум- инсонхо мерасонад. Онхо мисли тути ё ба истилохи имруза баландгуи Худоянд. Ба Кавли Мавлоно Чалолуддин Руми:

Ин хама овозхо аз Шайх бувад,

Гарчи аз халкуми Абдуллах бувад.

Дар Куръон низ омадааст: “Ва мо янтику ъанил-хаво ин хува илло вахюн юхво”-Харгиз ба хавои нафс сухан намегуяд, сухани у ба чуз вахйи Худо нест.(Куръон 53:3-4) Ба хамин мазмун Хоча Хофизи Шерози низ аз забони Паёмбар сурудааст:

Борхо гуфтаму бори дигар мегуям,

Ки мани дилшуда ин рах на худ мепуям..

Дар паси оина тутисифатам доштаанд,

Он чи устоди азал гуфт: бигу! мегуям.

Дар ислом тамоми паёмбарони гузашта, алалхусус паёмбарони динхои соми зътироф шудаанд. Дар ин маврид ислом аз таассуб дур аст. Мувофики таълимоти ислом аз ибтидои хилкати Одам як силсила анбиё ва расулон барои рахнамоии инсонхо ва интишори маъорифи илохи фиристода шудаанд, ки бузургтарин ва маъруфтарини онхо Одам, Нух, Иброхим, Мусо, Исои Масех ва нихоят Мухаммад- хотамуланбиё(с), яъне охирин паёмбар аст. Дар Куръон хамчунин дар бораи паёмбарони дигар чун: Шиш, Ху.д. Солех, Лут, Довуд, Аюб, Яъкуб,Юнус, Сулаймон, Яхё,Закариё ва гайра сухан меравад. Умуман, мувофики ривоятхои исломи хамаги 124 000 наби гузаштаанд, ки аз он 300 нафарашон расулони Худоянд яъне паёмбароне, ки рисолат доштаанд-сохибкитоб будаанд ё шариати нав овардаанд.

Одатан, ба бисёре аз паёмбарони кабл аз Мухаммад (с) муъчизахо нисбат додаанд, вале нисбат ба Мухаммад бисёре аз уламои ислом ба чуз Куръон- дарёфти вахйи илохи дигар муъчизае коил нестанд. У харчанд мартабаи аълои хотамул- анбиёро дорад, чанбаи илохи надорад ва мисли тасаввуроти динхои дигар Худо дар пайкараи инсонии у хулул накардааст, балки у низ башар аст, мисли дигарон ва хеч вакт иддаъои доштани кувваи фавкуттабии ва хорикулоддаро накардааст. Дар Куръон харчанд дар бораи муъчизоти пайгамбарони дигар ишороту тафсилоте мавчуданд дар бораи хеч як муъчизаи худи Мухаммад чизе ба чуз хамон Куръон, ки гуфтем нест. Вале ногуфта намонад, ки дар киссахо ва тафсиру ривоёт ва шархи холи Паёмбар (с) дар “Сиратхо” ривоёте шабех ба муъчиза баён шудаанд. Ин ривоятхо имкон дорад дар таклид ба динхои дигар ба вучуд омадаанд то нишон диханд, ки Паёмбари ислом (с) низ сохибмуъчиза мебошад ё худ шарху баёни дигаре доранд.

Дар хар сурат, метавон гуфт, ки дар ин чо низ тавхиди исломи бо субот риоя шудааст, хар чанд Мухаммад(с) ба мартаба ва сифоти ахлокию мазхабие, ки ба у нисбат дода шудааст макоми инсони комилро дорад, боз яке аз бандагони Худост ва танхо бо итоат ба хости илохи макоми курбат ба боргохи илохиро хосил кардааст, ки он дар либоси рамзи бо номи “меъроч-“и наби (яъне ба боргохи илохи расидан) баён шудааст. Бахси нубувват аз чихате бахси инсони комил дар ислом аст. Хулоса, ба накши паёмбари дар ислом нисбат ба динхои дигар бештар таъкид шудааст ва яке аз аслпояхои таълимоти ислом аст, ки бидуни шинохти он фахми назарияи ичтимоию сиёси ва гуманизми исломи мушкил аст.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222