31 март тахти раёсати Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, Раиси Хукумати Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон мачлиси Хукумати Чумхурии Точикистон баргузор гардид.
Дар кори мачлис “Дар бораи Барномаи аз худ намудани манбаъхои баркароршавандаи энергия ва сохтмони неругоххои хурди барки оби барои солхои 2016-2020” ва тадбирхои анчомдодашуда дар самти сарфачуии неруи барк хисоботи Вазири энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон Чумъа Далер ва “Дар бораи сари вакт омода намудани сохахои иктисодиёт ва ичтимоиёти чумхури барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоху зимистони солхои 2021-2022” гузориши Вазири рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон Завки Завкизода шунида шуд.
Барномаи аз худ намудани манбаъхои баркароршавандаи энергия ва сохтмони неругоххои хурди барки оби барои солхои 2016-2020 барои бехтар намудани “вазъи ичтимоии ахоли, рушди минтакахои дурдасту баландкух ва хавасмандгардонии ахоли барои зист дар ин минтакахо бо рохи ташкил намудани системаи таъминот бо неруи барк аз хисоби манбаъхои баркароршавандаи энергия, хифзи экологияи нохияхои баландкух, манъи буридани чангалу буттахо барои сузишвори, рушди сайёхи, баланд бардоштани сифати хизматрасони дар сохаи туризм, таъсиси чойхои нави кори ва гани гардонидани бучети чумхури аз хисоби рушди иктисодии ин нохияхо равона карда шудааст.
Тибки барнома, давоми солхои 2016-2020 бо дастгирии Хукумати Чумхурии Точикистон аз чониби Вазорати энергетика ва захирахои об дар хамкори бо ширкати сахомии холдингии кушодаи “Барки Точик”, Чамъияти сахомии кушодаи “Помир Энерчи” ва шарикони рушд дар шахру нохияхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилояти Хатлон, Сугд ва нохияхои тобеи марказ танхо аз хисоби чорабинихои асосии барнома 9 неругохи барки обии хурд бо иктидори 2 260 кВт ва арзиши умумии 127,9 млн сомони сохта мавриди истифода карор дода шуд.
Хамчунин дар ин давра берун аз барнома 9 неругохи хурди барки оби бо иктидори умумии 1 685 кВт ва бо арзиши умумии 31,7 млн сомони сохта шудааст.
Хамзамон дар доираи барнома бо чалби шарикони рушд ва пажухишгоххои ватании лоихакаш пешнавишти асосноккунии техникию иктисодии 45 неругохи барки обии хурд тахия гардида, хамкорихо бо шарикони рушд чихати дарёфти манбаъхои сармоягузори огоз карда шудааст.
Дар натичаи сохта ба истифода додани неругоххои хурди мазкур, барои бо неруи барк таъмин намудани 2231 хочаги, 21 мактаб, 15 бунгохи тибби ва 93 иншооти гуногуни хочагии халк шароит фарохам оварда шуд.
Сарвари давлат мухтарам Эмомали Рахмон ба масъулини Вазорати энергетика ва захирахои оби чумхури супориш доданд, ки барои таъмини пурра ва босифати Барномаи аз худ намудани манбаъхои баркароршавандаи энергия ва сохтмони неругоххои хурди барки оби барои солхои 2016-2020, татбики лоихахои сармоягузории кам кардани талафоти неруи барк, пардохти саривактии хакки истифодаи барк ва чори кардани системаи муосир дар соха тадбирхои мушаххас андешанд.
Вобаста ба сари вакт омода кардани сохахои иктисодиёт ва ичтимоиёти чумхури барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоху зимистони солхои 2021-2022 Сарвари давлат ба Хукумати мамлакат супориш доданд, ки аз хозир микдори зарурии ангишт, сузишвори, маводи хуроквори захира гардида, барои таъмини пурраи неруи барк ба ахоли дар давраи тирамоху зимистон чорачуи намоянд.
Оид ба лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи тарбияи чисмони ва варзиш” хисоботи Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиш Абдулло Рахмонзода шунида шуд.
Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон дастур доданд, ки бахри истикболи сазовор аз чашни умумимилли — 30-солагии Истиклоли давлати, барои оммавигардонии варзиш, таъмини тарзи хаёти солим, хавасманди ва чалби чавонон ба варзиш дар саросари кишвар мусобикахо аз руи хамаи намудхои варзиш дар сатхи баланди ташкили баргузор карда шавад.
Аъзои Хукумати мамлакат лоихахои як катор конунхо, аз чумла Дар бораи лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон “Оид ба ворид намудани тагйиру илова ба Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи карзгирии давлати ва карзе, ки аз чониби давлат кафолат дода мешавад”, Дар бораи лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон “Оид ба ворид намудани тагйироту илова ба Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи нотариати давлати”, Оид ба лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон”, Оид ба лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи ворид намудани тагйир ба Кодекси мурофиаи хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон” ва Дар бораи лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон “Оид ба ворид намудани тагйирот ба Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи галла ва махсулоти коркарди он”-ро мухокима карда, барои барраси ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ирсол намуданд.
Дар кори мачлиси Хукумат ду пешниход — Дар бораи пешниходи хулосаи Хукумати Чумхурии Точикистон ба лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон “Оид ба ворид намудани тагйиру иловахо ба Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи хочагии ёрирасони шахси” ва Дар бораи пешниходи Мачлиси вакилони халки нохияи Сангвор оид ба иваз намудани номи дехоти Сангвор ба дехоти Заршуёни нохияи Сангвор мавриди барраси карор дода шуд.
Дар бораи Барномаи миёнамухлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 дар солхои 2021-2023, Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодхо барои солхои 2021-2025, Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисахои таълими бо кабинетхои фанни ва озмоишгоххои мучаххази таълими барои солхои 2021-2025, Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисахои фархангии Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2025, Дар бораи Барномаи давлатии мачмуии рушди тарбия ва маърифати экологии ахолии Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2025, Дар бораи Барномаи рушди сохаи тухмипарвари дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2025, Дар бораи Барномаи рушди сохаи колинбофи дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2025 ва Дар бораи ба муомилот баровардани когазхои кимматноки давлатии Чумхурии Точикистон хисоботи шахсони масъул шунида шуд.
Дар охири кори мачлис Президенти мамлакат, Раиси Хукумати Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон вобаста ба масъалахои дар мачлис баррасишуда, ба Хукумати кишвар ва рохбарони сохторхои давлати чихати риояи конунхои Чумхурии Точикистон, татбики саривактию босамари барномахои давлати ва ичрои дастурхои каблии Хукумати Чумхурии Точикистон супоришхои мушаххас доданд.
Вобаста ба ичрои тадбирхои амали оид ба кохиш додани таъсири омилхои беруна ба иктисодиёти мамлакат, кишту кори бахори, истифодаи самараноки заминхои наздихавлиги ва Президенти, истехсолу захираи кофии маводи хуроквори, омодагии хамачониба ба давраи тирамоху зимистони солхои 2021-2022, вусъати корхои созандагию ободони ба истикболи чашни 30-солагии Истиклоли давлати, риояи коидахои санитарию бехдошти дар давраи пандемияи чахони, риояи хатмии Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим дар Чумхурии Точикистон”, дастуру супоришхо дода шуданд.