Хар як инсон хамчун субъекти
муносибатхои ичтимои дар тули
хаёт вобаста ба хусусиятхои хоси
мухити зисти худ психология ва рафтори ба худ хосро до-
ро мешавад. У дар ин давом бо атрофиён дар робита
шуда, бо хамин мохияти ичтимоии худро нишон медихад.
Хар гуна чамъият дорои сохти мураккаби ичтимои буда,
аз гуруххои бешумору гуногуни ичтимоии одамон иборат
аст. Одамон вобаста ба нишонаю аломатхои гуногуни
ичтимои ба гуруххои зерин таксим мешаванд: касбу кор,
синну сол, чинсият, мансубияти ичтимои, иктисоди, сиёси
ва гайра. Одамон бо гуногунии хусусиятхои психологи ва
ичтимоии худ шомили гуруххои гуногуни ичтимои мегар-
данд. Махз аз хамин нуктаи назар омузиши гуруххои
ичтимои на танхо диккати сотсиологхо, балки таваччухи
психологонро низ ба худ чалб намудааст.
Гурух-ин умумияти одамон буда, дар асоси ало-
матхои муайян чун каробат ва амикии муносибатхо, му-
носибати шахс ба меъёрхои гурух, мансубиятхои ичтимои
ё синфи, сохт, дарачаи тараккиёт, шарти ташкилёби ва
гайра тавсиф дода мешавад.
Аз байни гуруххои зиёди дар чамъият мавчудбуда
гуруххои хурд ва калонро фарк кардан мумкин аст.
Гуруххои калон гуфта, гуруххоеро меноманд, ки намо-
яндагони онхо дар микёси тамоми чомеа аз руи умумияти
расмию гайрирасми кору фаъолият менамоянд. Аъзоёни
гуруххои калон метавонанд вобаста ба нишонаю ало-
матхои гуногуни ичтимоию-омори аз хамдигар фарк ку-
нанд. Одамони ба гуруххои калон шомилбуда метавонанд
бо хамдигар шахсан шинос набошанд, вале онхо на танхо
аз руи аломатхои ичтимои, балки аз руи умумияти
меъёрхо (шавку хавас, майлу рагбат, рафтор, психология,
маданият, расму оинхо ва афкори чамъияти) аз хамдигар
фарк мекунанд. Масалан, шавку хавас, майлу рагбат, пси-
хология ва рафтори чавонон аз шавку хавас, майлу
рагбат, психология ва рафтори кухансолон фарк мекунад;
шавку хавас, психология ва рафтори табакахои болоии
чамъият – сохибдавлатон аз шавку хавас, психология ва
рафтори намояндагони табакахои поёнии чамъият низ
фарк мекунад.
Гуруххои калони ичтимои ба одамон таъсири муа-
йян мерасонанд, вале дар мукоиса бо таъсири гуруххои
дигар, он нисбатан суст буда, якзайл нест(хамон як гурухи
калони ичтимои ба одамони гуногун таъсири хархела ра-
сонида метавонад). Сабаб он аст, ки аввалан худи ин
гуруххо яклухту том нестанд ва онхо аз микрогуруххои
гуногун таркиб ёфтаанд. Сониян, таъсири гуруххои калон
ба одамон на бевосита, балки бавосита, яъне тавассути
шахсоне сурат мегирад, ки бо одамони мазкур робита до-
ранд.
Хамин тарик, зарурияти боз хам амиктар ва
хамачониба омухтани масъалаи он ки чамъият ба шахс чи
гуна таъсир мерасонад, дарки он ки шахс чи тавр дар дои-
раи атрофиён хамчун шахсият ташаккул ва таракки ме-
ёбад, масъалаи омузиши сохти гуруххои хурдро ба миён
меоварад.
Гурухи хурд – ин иттиходи шумораи начандон зиёди
одамоне (аз 2-3 то 30-40 нафар) буда, хамдигарро шахсан
мешиносанд ва бо хамдигар робитаи бевоситаи доимии
шахси ва кори доранд. Аъзоёни гуруххои хурд назар ба
аъзоёни гуруххои калон дида, умумияти бештари психо-
логию рафтори доранд. Аъзоёни гуруххои хурд аз руи ко-
ида, максад, шавку завк ва майлу рагбати дар фаъолияти
онхо зохиршаванда дорои арзиш, нуктаи назар ва муно-
сибатхои умуми мебошанд. Байни онхо муносибатхои гу-
ногуни шахси, кори, расми, гайрирасми, ратсионали,
эмотсионали баркарор карда мешаванд.
Шахс муддати зиёди умри худро дар хайати
гуруххои хурди гуногун сипари менамояд. Мисоли
гуруххои хурди ичтимои, ки дар тараккиёти онхо кариб
хамаи одамон сахм мегузоранд, инхоянд: оила, гурухи
хамсолон, гуруххои таълими, коллективхои хурди
мехнати, кисмхои харби, дастахои варзиши, шумораи на-
чандон зиёди одамони шавку хавас ва майлу рагбати уму-
мидошта ва гайра.
Мувофики тадкикотхои тахминии олимон, одам ка-
риб 90%-и умри худро дар доираи аъзоёни гуруххои хурд
мегузаронад. Дар заминаи ин андеша ба чунин хулосахо
омадан мумкин аст:
- одам – мавчудест, ки асосан тарзи хаёти гурухи ё
коллективиро аз сар мегузаронад; - тасири бештаре, ки ба одамон расонида мешавад,
тавассути гуруххои хурди ичтимои сурат мегирад; - барои дарки мохияти одам хамчун шахс, иштирок
ва фаъолияти уро дар гуруххои хурд мушохида кардан ло-
зим аст.
Дар ин замина, зарурати аз руи хусусиятхои муайян
чудокунии гуруххои хурд ба миён меояд. Гуруххои хурдро
бо усулхои гуногун тафриканамои мекунанд. Одатан чу-
нин чудонамоии гуруххои хурд ба намудхо маълум аст:
микрогуруххо ва гуруххои хачман калон, референти ва
индифференти, табии ва лаборатори, расми ва гайрирас-
ми, сустинкишофёфта ва хубинкишофёфта, интерактиви
ва гайра.
Микрогурух гуфта, гурухи аз хама хурди 2-3 – нафа-
раро меноманд. Оила, 2-3 нафар дустони наздик, 2-3
нафар шахси дар як корхона хамчоя фаъолияткунанда ва
г. мисоли ин гуна гуруххо шуда метавонад. Харчанд шу-
мораи микрогуруххо дар мукоиса бо гуруххои хачман ка-
лон начандон зиёд бошанд хам, онхо нисбатан пахншуда-
тар мебошанд, зеро хар гуна муносибати миёни гуруххои
дигар мавчудбуда, аз муносибатхои микрогурухи огоз ме-
ёбад. Яъне, хар гуна мачмуи мураккаби муносибатхои
байнихамдигарии гуруххои аз чор нафар зиёдро ба муно-
сибатхои одитарини ду се нафара таксим кардан мумкин
аст.
Дар ин замина тадкики муносибатхои одамон дар
микрогуруххо мохияти хоса пайдо мекунад, зеро нозукию
мураккабии ин муносибатхо асосан дар дарачаи микро-
гуруххо зохир мешавад. Муносибатхои байнихамдигари
дар гуруххои дигар бошад, аз мачмуи муносибатхои му-
раккабу ба хам пайвасти байнихамдигари иборат мебо-
шад. Ин муносибатхоро ба таври зерин тасвир кардан
мумкин аст:
Дар расми мазкур, аз тарафи чап муносибти ду
микрогурухи алохидаи дунафара ва сенафара, аз тарафи
рост бошад, муносибати гурухи 5 – нафара тасвир шуда-
аст. Ба осони дидан мумкин аст, ки муносибати бай-
нихамдигарии гурухи 5 – нафара аз муносибатхои дугони-
ки зиёди байнихамдигарии хамаи аъзоёни гурух иборат
аст.
Илова бар ин, сабаби дигари ба омузиши чунин
гуруххо таваччухи хоса зохир кардани олимон дар он аст,
ки муносибатхои байнихамдигарии аъзоёни ин гуруххо
одатан хело наздик, махрамона ё баръакс, хело тезу тунд
шуда метавонанд. Барои ошкор кардани омилхои асоси
махз хамин намуди муносибатхои гуруххоро омухтан
мувофики максад аст.
Гурухи референти- гурухи намунави буда, барои
аъзоёни нави он ахамияти хосаи мусбат пайдо мекунад.
Ин ахамият дар шаклхои зерин инъикос меёбад:
- гурухи референти барои аъзоёни вай диккатчалбку-
нанда аст, онхо аз мансуб буданашон ба ин гурух хело иф-
тихор доранд. Агар айни замон аъзои он набошанд, он
гохбо тамоми хасти кушиш менамоянд, ки дар оянда
аъзои комилхукуки он гарданд; - максад, арзиш ва меъёри рафтор аз чониби хамаи
аъзоёни гурух эътироф ва кабул карда шуда, хамчун
максад, арзиш ва меъёрхои шахсии онхо фахмида меша-
вад; - хангоми ба мушкилие дучор шудан, аъзоёни гурух
дар хамбастаги бо назардошт ва дастгирии фикру
акидахои хамдигар онро халлу фасл менамоянд;
– ин намуди гурух дар мукоиса бо намудхои дигар,
дар ташаккули шахсияти инсон накши мухим мебозад.
Доираи дустони наздик, оила, коллективхои мехнати
ва г. мисоли ин гуна гуруххоянд.
Гурухи индифференти гуфта, гурухеро меноманд, ки
он барои шахси муайян хечгуна ахамият надорад. У барои
аъзои он шудан саъю кушиш намекунад, фикру акидаи
аъзоёни ин гурух барои у на он кадар мухим буда, таъсири
хоса намерасонад.
Гурухи табии умумияти одамоне мебошад, ки дар ха-
ёти вокеи мавчуданд ва таври табии ташаккул меёбанд.
Аксарияти гуруххои хурди дар чамъият мавчудбуда,
гуруххои ба таври табии ташкилшуда мебошанд.
Гуруххои лаборатори гуруххое мебошанд, ки барои
гузаронидани ин ё он тадкикоти илми гирд оварда шуда,
танхо дар шароити лаборатори нигох дошта мешаванд.
Пас аз анчом ёфтани тадкикот ин намуди гуруххо паро-
канда мегарданд.
Гуруххои расми дорои асоси хукуки буда, зимни
оиннома, руйхати штатии кормандон ва дигар хуччатхои
расми ташаккул меёбад. Оила, гуруххои таълимии мак-
табхои миёнаю оли ва г. мисоли гуруххои расми шуда ме-
тавонанд. Гуруххои гайрирасми тасодуфи буда, хеч гуна
асоси хукуки надоранд ва дар заминаи шавку хавас, равия,
таваччух ва каробати фикру андешаххои умуми шакл
мегиранд. Ин гурух дорои оиннома ва хуччатхои расми
намебошад. Доираи одамони барои ягон навъи бози чамъ
шуда, шахсони ношиноси дар як мавзеъ ба шикор
машгулбуда, навбат дар назди дукони нонфуруши ва
гайра мисоли гуруххои гайрирасми мебошанд.
Гурухи конактиви гурухе мебошад, ки аъзоёни он
байни худ дар муносибат нестанд ва хар як нафар худ ба
худ фаъолият менамояд. Натичаи фаъолияти онхо аз руи
чамъи сахми гузоштаи хама барраси шуда, аз муносибати
шахси ё кории ташкилёфта вобаста нест. Гурухи интерак-
тиви гуфта гурухеро меноманд, ки аъзоёни он бо хамдигар
дар анчом додани фаъолияте байни худ дар муносибати
фаъолона мебошанд. Натичаи фаъолияти хар як нафар
дар алохидаги ва гурух дар якчояги, мохиятан аз муноси-
батхои таркибёфтаи байнихамдигарии аъзоёни гурух во-
баста аст. Гурухи таълимии донишчуён мисоли гуруххои
конактиви ва дастаи баскетболбозон ё футболбозон мисо-
ли гуруххои интерактиви шуда метавонад.
Гуруххои суст инкишофёфта гуфта, гуруххоеро дар
назар доранд, ки дар он сохти муайяни дохилигурухи
мавчуд нест, накш ва ухдадорихои аъзоёни гурух дуруст
таксим нашудааст, муносибатхои байнихамдигарии шах-
сию кори бояду шояд, ташкил нашудааст, дарачаи мут-
тахидии аъзоёни гурух паст аст, байни аъзоёни гурух хам-
дигарнофахми ва низоъхои ба фаъолияти самаранок халал
расонанда зуд-зуд руй дода меистанд.
Гуруххои дарачаи инкишофашон баланд бо мута-
шаккили, муттахиди, таксими дурусти ухдадорихо, муно-
сибатхои солими корию шахсии байнихамдигари, бахам-
таъсиррасонии мувофик, натичагирихои баланди фаъоли-
яти якчоя ва гайра аз гуруххои дигар фарк мекунад. Ин
намуди гурухро ба таври дигар коллектив ва мувофики
ананахои психологияи ичтимоии мамлакатхои гарб, маса-
лан, ШМА даста меноманд.
Коллектив хамчун гурухи дарачаи инкишофаш ба-
ланд бо чунин хусусиятхо тавсиф дода мешавад: бо-
масъулияти, коллективизм, муттахиди, дастрас будан, му-
ташаккили, хамкори ва маълумотноки тавсиф дода меша-
вад.
Бомасъулияти гуфта, ичрои боинсофонаи вазифахои
ба ухда гирифтаи аъзоёни коллективро хангоми ичрои
фаъолияти умуми меноманд. Бомасъулияти дар он зохир
мешавад, ки ухдадорихо аз чониби аъзоёни коллектив бе
хечгуна водоркуни ва назорат софдилона ичро карда ме-
шавад. Гурух хамон вакт коллектив номида мешавад, ки
агар аксарияти аъзоёнаш хангоми ичрои фаъолияти дил-
хох бомасъулиятии баландро эхсос намояд.
Коллективизм – ин кушиши аъзоёни гурухро бахри
халлу фасли мушкили ва масъалахои халталаби гурух бо
дарназардошти манфиатхои хамаи аъзоёни он ифода ме-
намояд. Ин гуна фахмиш ба фахмиши индивидуализм –
тарзи рафторе, ки дар он шахс манфиатхои худро аз ман-
фиатхои чамъият болотар мемонад, зид аст.
Муттахиди – ин ягонагии психологии дохилигурухи
буда, бо максад, бахогузори, акида, муносибат ва хама гу-
на амалхои умумии барои гурух пуркимат зохиршаванда
тавсиф дода мешавад. Вокеан, барои он ки гурух коллек-
тиви инкишофёфта номида шавад, шарт нест, ки аъзоёни
вай дар хамаи холатхо муттахид бошанд. Мухим он аст,
ки дар мавридхои дар хакикат халталаб ва такдирсоз
аъзоёни гурух хамфикру хаммаслак буда, аъзоёни хамфи-
кру хамбастаи олиро инъикос намоянд.
Гурухи кушода гуфта, чунин гурухеро меноманд, ки
вай аз назари психологи барои хамагуна муоширату му-
носибат ва бахамтаъсиррасонихо бо гуруххои дигар ку-
шода аст. Барои ба хайати хеш кабул кардани дилхох
аъзои гурухи дигар доимо тайёр аст. Гурухи кушода бо
аъзоёни худ ва аъзоёни гуруххои дигари ичтимои муноси-
бати якхела дошта, онхоро ба аъзои «худи» ва аъзои «бе-
гона» чудо намекунад, байни онхо фаркияте намегузорад
ва барои фаъолияти аъзоёни худ шароити махсус мухайё
намесозад.
Хамкори – мафхумест, ки муносибатхои шахсии
аъзоёни гурухро тавсиф медихад. Аъзоёни гурух дар
мавриде хамкор номида мешаванд, ки агар бе ягон ду-
швори бо хам созиш намуда, кушиш намоянд, ки байни
худ муносибатхои хуби шахси баркарор намоянд. Хам-
кори дар муошират ва бо хам раду бадал намудани
маълумот ифода меёбад. Дар чараёни он хеч гуна ихтилоф
руй намедихад ва агар руй дихад хам, зуд ва бо осони бар-
тараф карда мешавад.
Муташаккили – тавсифдихандаи муносибатхои ко-
рии аъзоёни гурух мебошад. Гурухи муташаккил гуфта,
гурухеро меноманд, ки дар он вазифахо миёни аъзоёни
гурух анику равшан таксим кардашуда, хар як нафар
мавкеи худро хело хуб медонад ва бо махорати баланд
хангоми ичрои фаъолияти умуми ба дигарон кумак мера-
сонад. Хамчунин гурухе, ки дар шароити фавкулода бо
зудди аз ухдаи таксими байнихамдигарии вазифахо, ба
шароити зарури мутобик шудан ва ичрои супориши гузо-
шташуда мебарояд, гурухи муташаккил номида мешавад.
Маълумотноки гуфта, дар бораи якдигар маълумот
доштани аъзоёни гурухро меноманд. Яъне, хар як аъзои
гурух бояд дар бораи дигарон ва гурухи худ маълумоти
сахеху кофи дошта боша два вазъи дохилигурухиро низ
дарк кунанду донанд.
Хамаи ин тахлилхои кардашуда тавсифи назари-
явии коллектив ба хисоб меравад. Дар амалия хангоми
арзёби кардани гурух хамчун коллектив, саволхои зиёде
ба миён меоянд. Ин саволхо бо сабабхои бо тарзхои гуно-
гун омухтану тавсиф намудани коллектив, мавчуд набуда-
ни меъёрхои анике, ки бо истифода аз онхо имконияти
аник бахо додан ба дарачаи тараккиёти гурух хамчун кол-
лектив имконпазир бошад, ба миён меоянд. Ба хамаи ин
нигох накарда, бо истифода аз меъёрхои зикршуда ё му-
носибатхо дарачаи тараккиёти гурухро хамчун коллектив
амалан муайян кардан мумкин аст.