Главная / Илм / Магзча

Магзча

дар кисми пушти сар, зери хиссаи акиби
нимкуррахои калони магзи пеш мавкеъ дорад. Аз ягон
кисмати бадан ба магзча бевосита наххои (роххои) асаби
ворид намегарданд, вале аз он ба хароммагз, магзи даро-
зруя ва марказхои зерикишрии нимкуррахои калон наххои
асаби кашида шудаанд. Сохтори ин кисмати магзи сар
нихоят мураккаб буда аз хиссахо ва кисмхои баргшакли
зиёде иборат аст.

Магзча асосан координатсияи рафторро ба танзим
медарорад. Магзчаи одам дар мукоиса бо хайвонот хиссаи
зиёдтари хачми умумии магзи сарро ташкил медихад, ки
аз росткомати ва мураккабии харакатхои у бармеояд. Дар
навзоди одам таносуби вазни магзча бар вазни умумии
магз 1/17 аст, дар одами болиг бошад, ин таносуб ба 1/9 ме-
расад. Зиёдшавии вазни магзча бо мураккабшавии хара-
катхои кудак мутаносиб аст. Муайян шудааст, ки хар як
хиссаи магзча харакати кисми муайяни баданро идора ме-
кунад ва дарачаи инкишофи он бо мураккабии ин хара-
катхо мувофикат мекунад. Масалан, дар зарофа хамон
хиссаи магзча инкишоф ёфтааст, ки харакати думро
таъмин мекунад, ва дар одам бошад, он хиссае, ки тано-
суби харакати дасту пойхоро идора мекунад.

Функсияхои магзчаро асосан тавассути амалиёти
чаррохи ошкор мекунанд. Дур кардан ё аз фаъолият боз
доштани ин узв асосан 4 намуд тагйиротро ба вучуд
меоварад, ки бевосита бо танзими харакат алокаманданд:
а) тагйири шиддати мушаки (атония); б) Хастаги ва
бехоли (астения); в) харакати ларзишноки дасту пой ва сар
(астазия); г) вайроншавии координатсияи харакат (атак-
сия).

Магзи пеш кисми чавонтарин ва калонтарини си-
стемаи асаб мебошад. Он хамчунин кисми вазнинтарини
СМА ба шумор меравад. Хароммагз такрибан 2% – и ваз-
ни умумии СМА, магзча кариб 10%, сохторхои магзи да-
розруя, магзи миёна ва магзи мобайни дар якчояги 6% – и
онро ташкил медихад. Бокимонда, яъне 5/6 хиссаи вазни
кисми марказии системаи асаб ба магзи пеш ё нимкур-
рахои калони магзи сар рост меояд.

Магзи пешро вобаста ба сохтори дупаллагиаш ба
ду нимкурраи калон: нимкурраи рост ва нимкурраи чап
чудо мекунанд. Ин нимкуррахо аз мобайн ба ду пахлуи
ковокии косахонаи сар ба таври симметри чойгир шуда-
анд ва аз мобайн онхоро чуяи амик чудо мекунад.

Сатхи берунии нимкуррахо бо шаш кабати
хучайрахои асаби, ки гафсии умумиашон ба якчанд мил-
лиметр мерасад, пушонида шудааст. Ин кабат, ки зиёда аз
14 миллиард хучайрахои асабиро муттахид намуда, ранги
хокистари дорад – кишрч магзи сар номида мешавад.

Кишри магзи сар мухимтарин узви фаъолияти пси-
хики мебошад. Масохати он 1000 -1200 ва гохо 2000 см2
ро ташкил медихад, вале танхо 1/3 хиссаи он аён буда,
бокимондааш дар шакли чинхо ва чуякхо арзи вучуд до-
ранд.

Сатхи нимкуррахои калони магзи сарро вобаста ба
махдудшавии функсияхои психики ба чахор хисса чудо
мекунанд: хиссаи пеш (пешона), акиб (паси сар), миёна
(фарки сар) ва поени (чаккаи сар).

Ба хиссахо ва кисматхо чудо намудани пустлохи
нимкуррахои калони магзи сар (кишр) ва умуман худи
магз чунин маъно надорад, ки функсияи алохидаи пси-
хики бевосита ва танхо аз чониби яке аз ин кисматхо идо-
ра карда мешуда бошад. Фаъолияти функсионалии магзи
сар тавре ба рох монда шудааст, ки хар як зухуроти хаёти
психики бо фаъолияти якчанд кисматхои магз дар якчояги
алокаманд аст. Вале бо вучуди ин мукаррар карда шуда-
аст, ки минтакахои муайяни магзи сар дар амалигардии
функсияхои алохидаи психики ахамияти бештар доранд.
Масалан, кисмати болоии хиссаи пеши нимкуррахо, ки ба
чуяки мобайнии магз наздик аст, харакати узвхои
алохидаи организм ва таносуби онхоро идора менамояд.
Ин кисмат минтакаи мотори ё харакатии магз ном ги-
ирифтааст, кабули ахбор ё эхсос бошад, бештар бо
фаъолияти кисмхои акиби магз алокаманд аст.

Чунин шакли фаъолияти функсионалии магз дар
асимметрия ё номутаносибии кори нимкуррахои чапу ро-
сти магзи сар равшантар аён мегарданд. Номутаносибии
кори нимкуррахо дар он ифода меёбад, ки дарачаи
фаъоли ва ахамиятноки онхо дар ичрои ин ё он функсия
мухталиф аст. Хониш, хисоб умуман тамоми амалиёте, ки
бо ёрии аломатхо (калимахо, рамзхо, ракамхо) ичро карда
мешавад, функсияи нимкурраи чап мебошанд. Нимкурраи
рост бошад ахбороти образиро коркард менамояд,
мавкеъгириро дар мухит, идроки мусики, муносибати
эмотсионалиро ба объектхои идрокшуда ва фахмидашуда
таъмин менамояд.

Агар функсияи нимкурраи рост вайрон гардида,
факат нимкурраи чап кор кунад, дар одам кобилиятхои
нутки, хондану навиштан, тафаккури абстракти, халли
масъалахои математики боки мемонанд. Одам то андозае
«сергап» низ мешавад, вале нутки у эмотсиянокиашро гум
мекунад. У бо вучуди шунаво будан, садои одами шинос,
овози мардонаю занона, садохои гайризабони (садои
мавч, бод, гичироси чархи мошин ва г.) – ро фарк намеку-
над.

Баръакс, агар нимкурраи чап иллат ёфта, танхо ним-
курраи рост фаъолият кунад, дар одам пеш аз хама коби-
лиятхои нутки халал меёбанд. Чунин одам ашёхои гуно-
гунро мешиносад, истифодаи онро дар ёд дорад, вале но-
машро фаромуш мекунад. Вай мусикиро эхсос мекунад,
овозхоро аз руи охангу садо ва эмотсиянокиашон фарк
менамояд вале тафаккури абстракти гум мешавад.

Одами «ростнимкурра» оламро бо тамоми гановат
ва гуногунрангиаш дарк мекунад, вале барояш тахлили
таасуроти худ, муайян намудани алокаи байни ашёву
ходисоти алохида гайриимкон аст. Одами «чапнимкурра»
бошад, кобилияти тахлил ва чамъбаскуни дорад, аммо аз
сабаби суст будани идроки образиаш барои вай маводи
ибтидоие, ки ба тахлил ва чамъбасткуни ниёз дошта
бошад, намерасад, яъне маводе намеёбад, ки тахлилу
чамъбаст намояд.

Фаъолияти функсионалии кишри магзи сар нихоят
мураккаб аст. Функсияхои психики дар сатхи он номунта-
зам ва нобаробар таксим шудаанд. То кунун таълимоти
мукаммал дар бораи конуниятхои фаъолияти кишр вучуд
надорад. Барои омузиши функсияи кисмхои алохидаи
кишр якчанд усулхоро истифода мебаранд: 1) бурида ги-
рифтан ё катъ кардани фаъолияти китъаи кишр; 2) усули
расонидани ангезиши барки; 3) омузиши биотокхои магз;
4) усули мушхидаи клиники.

Ба гайр аз магзи сар ва хароммагз тамоми
сохторхои дигари системаи асаби одам ба кисми канории
он шомиланд. Дар таркиби системаи асаби канори систе-
махои асаби вегетативи ва соматикиро чудо мекунанд. Ва-
зифаи наххои системаи асаби вегетативи (аз лот. вегетасио
– хаячонбахш, фаъолкунанда) таъмини фаъоляти узвхои
дохили ва танзими мубодилаи моддахо мебошад. Систе-
маи вегетативи аз наххои асабии симпатики ва парасим-
патики
таркиб ёфтааст. Таъсири ин ду намуди наххои
асаби ба фаъолияти узвхои дохили одатан мухолифи
якдигар аст. Масалан, агар наххои асабии парасимпатики
ба фаъолияти дил таъсири боздоранда расонанд, пас
наххои асабии симпатики баръакс, онро фаъол мегардо-
нанд. Агар асабхои парасимпатики харакати рудахоро
фаъол гардонад, пас асабхои симпатики ба он таъсири
хомушкунанда мерасонанд. Наххои системаи асаби сома-
тики (аз юн. сома – тана, чисм) бошад, хассосии узвхои ор-
ганизмро таъмин мекунанд. Ин система аз ретсепторхо
(нугхои асаби) ва наххои асабие иборат аст, ки ба тамоми
узвхо ва бофтахои организм (ба гайр аз муй ва нохун)
пахн гардидаанд.

Ретсепторхо сохторхои махсуси асаби мебошанд, ки
барои кабули намудхои гуногуни энергия (механики, элек-
тромагнити, химияви ва гайра) ва баргардонидани онхо ба
импулсхои асаби хизмат мекунанд.

Ретсепторхои гуногун тамоми сохторхои организм,
чи узвхои даруни ва чи сатхи пустро фаро гирифтаанд ва
ба кабули шаклхои мухталифи энергия мутобик шудаанд.

Вобаста ба кабули шакли шакли муайяни энергияи
мухит ретсепторхоро ба намудхо чудо мекунанд. Аз чум-
ла: фоторетсепторхо, ки ба кабули фотонхо (заррахои
рушнои) мутобик гардида дар чашм чойгиранд; фонорет-
септорхо, ки таъсироти садоиро кабул намуда, дар гуш
чойгиранд; терморетсепторхо, ки барои кабули таъсироти
харорати матобик шуда, дар пуст ва узвхои дохили мавкеъ
гирифтаанд; механоретсепторхо, ки таъсироти механики-
ро кабул мекунанд ва дар пусту мушакхо чой гирифтаанд;
бароретсепторхо, ки ба кабули фишор мутобик шуда, дар
сатхи берунии бадан, узвхои дохили, аз чумла девораи
рагхо чойгиранд. Хамчунин тангоретсепторхо барои
кабули таъсироти расиш, густоретсепторхо, мутобик ба
кабули маза, стиборетсепторхо, мутобик ба кабули таъси-
роти буйи фарк карда мешаванд. Кабули таъсироти
фавкулодда ва пуркувват, ки эхсоси дардро ба вучуд

меоварад, ба хама ретсепторхо хос аст. Ретсепторхои мах-
сусгардонидашуда дар чашм, гуш, сатхи пуст, забон ва
сатхи дохилии бини чой гирифтаанд ва узвхои хиссиро ба
вучуд овардаанд. Наххои асаби асосан барои интиколи
ахбор аз узвхои канори ба маркази системаи асаб ва
баръакс, аз системаи марказии асаб ба эффекторхо, яъне
узвхои харакати (мушакхо) хидмат мекунанд. Он наххои
асабиро, ки импулсхои асабиро аз ретсепторхо ба систе-
маи марказии асаб мерасонанд, наххои асабии афференти
ё марказшитоб меноманд. Наххои асабие, ки самти баракс
доранд, яъне импулсхои асабиро аз системаи марказии
асаб ба узвхои харакаткунанда мерасонанд, наххои асабии
эфференти ё марказгурез номида мешаванд. Наххои аса-
бии афференти ва эфферентиро вобаста ба хусусиятхои
функсияхои онхо мувофикан наххои асабии хабардиханда
ва харакатдиханда (эфектори) низ ном мебаранд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222