Главная / Илм / Махалли таваллуд ва вафоти Имом Ахмад (р)

Махалли таваллуд ва вафоти Имом Ахмад (р)

Имом Ахмад (р) дар мохи Рабиъул-аввали соли 164-уми хичрии камари дар Багдод ба дунё омадааст. Дар синни cесолаги падарашро аз даст дод ва модараш сарпарастии вайро ба ухда гирифт. Хангоме ки навчавоне беш набуд, дар мачлисхои дарси Абуюсуфи Кози хузур пайдо мекард. Пас дар синни 16-солаги ба хадис руй овард. Вай барои шунидани хадис ба мусофират пардохт ва дар ин мусофиратхо мавриди тачлил ва эхтироми уламо ва устодони худ вокеъ мешуд ва тавонист бар асари ин мусофиратхо аходиси зиёдеро чамъовари карда, китоби «Ал-муснад»-ро, ки шомили наздик ба чихил хазор хадис мебошад, таълиф кунад.
Ибни Касир мегуяд: «Имом Шофеъи дар сафари дувуми худ ба Багдод дар соли 190-уми хичрии камари ба Имом Ахмад, ки дар он вакт сию чанд сол дошт ва бо у дар сафар буд, мегуяд: «Эй Абуабдуллох, хангоме ки хадисе дар назди ту сахех бошад, ба ман хам иттилоъ бидех, хол ин хадис хадисе бошад, ки ахли Хичоз онро накл мекунанд, ё ахли Шом ё ахли Ирок ё ахли Яман».
Ин сухани Имом Шофеъи далолат бар эхтироми Шофеъи нисбат ба Имом Ахмад ва маконати илмии вай дорад, ки Имом Шофеъи бар асоси сахех ё заиф будани хадисе аз назари Имом Ахмад фатво бидихад. Ин эхтиром ва маконате аст, ки Имом Ахмад дар байни уламо дошта ва шухрату овозаи у дар огози чавониаш дар офоки исломи печида буд».

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222