Главная / Илм / Маоши аввал – хикоя

Маоши аввал – хикоя

Кариб як хафта буд, ки Саидахола дар хавли танхо мезист. Писараш дар хидмати харби, кели- наш ба аёдати хешовандон рафта буд. Дируз бояд бармегашт, аммо аз вай хануз хам дарак набуд. «Кошки, сохибони хона тезтар меомаданд, тобу то- кати хонабони надорам», – мегуфт ба худ Саида- хола.

Биби

– Ассалом, биби, – духтари хамсоя – Ширинмох як руймоли пур аз тухфахо дар даст ба хавли даро- мад. Саидахола дар пешайвон, болои курпача, ни- шаста, пилла гоз мекард. – Янгаам аз Варзоб ома- данд? – пурсид Ширинмох.

– Не, бачам, ба янгаат чи кор дошти, дар вай руй- молат чи дори? – пиразан аз паси айнак бодиккат ба Ширинмох нигарист.

– Савго овардам.

– Аз ки?

– Аз акаашон.

– Бачам, ту гапхои бехуда нагуй, келини ман ака надорад, вай як сагираи бекас.

– Намедонам, биби, ана вай, муаллими нави мо Шокиров гуфтанд, ки Хадича ба он кас хохар меша- вад, худашон хам ана дар хамин чо, дар пушти дар. Гуфтанд, ки Хадичаро гуям наздашон барояд, – Ши- ринмох бастаи тухфахоро гузошта, аз хавли берун шуд.

– Ширинмох, Ширинмох, ист, духтарам! Ту чи гуфти? Дурусттар гап зан, – пиразан риштаю суза- нашро як су гузошта аз ч хест. Аз пушти дарвоза

овози Ширинмох ба гушаш расид: – Муаллим, Хадича набудааст. – Дар хонаашон ки?

– Хушдоманаш.

– Кай меомадааст?

– Намедонам.

– Хайр, агар биёяд, ба вай гуй, ки як назди ман, ба

мактаб биояд, интизор мешавам. – Хуб шудааст.

Саидахола дарвозаро кушод. Ширинмоху муал- лим хеле дур рафта буданд. у дарвозаро пушид.

– Ин гапи кучо-а? Кадом як муаллим ба келини ман савго овардааст? – пиразан болои руймоли сав- го хам шуд. Гиреххо кушода намешуданд, ангуш- тони бемадоршудаи Саидахола аз хаячону изтироб меларзиданд. у бо азоб руймолро кушод. Камзул- чаи махмал, оина, китоб, боз ким-чихои дигар… Хамаи ин савго аз як марди бегона ба келини у. Боз камзули махмал хам?! Келинаш хазл набудааст-ку. Гапи Доргабегим дар хакки вай гуиё рост. «Саида- чон, аз келинат эхтиёт шав, хандахояш ноч» гуфта буд у. Дар хакикат, аз рузхои ба хидмати харби рафтани писари Саидахола авзои келинаш бечо. Хар руз чанд куртаи атлас мепушад, ба кошхояш усма мекашад. Пиразан хануз сар аз болои савго
набардошта буд, ки овози Доргабегим баромад.

– Биёед, хамсоя, – Саидахола бо азоб рост шуд.

– Омадам, Саидачон. Инхо чи? – бо нуги асо ба руймоли савго ишора карда пурсид Доргабегим.

Садида-хола сир пинхон доштани буд.

– Инхо… – дигар чи гуфтанашро надонист у.

– Инхо, Саидачон, савго ба келинат, аз як муал- лими чавон, – гуфт Доргабегим.

– Шумо аз кучо донистед, дугона?

– Ахли деха хама аллакай медонанд. Ба ман Ши- ринмох гуфт, муборак шавад.

Аз суханхои Доргабегим Саидахола моту мабхут шуд. Наход Хадича ба писари вай хиёнат кунад? Номи муаллим чи буд? Шокируф? Саидахола уро ба ин холаш намегузорад. Худи пагох ба мактаб даро- мада арз мекунад, ба нохия меравад… Вай, модари

Баходур, зинда аст.

***

Паохи муаллимон ва хонандагон дар сахни мактаб чамъ омада буданд. Директор бо онхо сухбат дошт, Саидахола ба мактаб даромада омад. Тухфаи дируз ба келини у фиристодаи Шокиров дар тори сари пиразан буд. у асозанон ба хонандагону муаллимон наздик мешуд. Нигохи таачбомези хама ба чониби вай. Хонандагон пик-пик механдиданд. Директор низ аз гап задан бозистод.

Авзои Шокиров, ки пахлуи муаллимон меистод, бечо шуд. Ин кампир кист? Чаро либосхои дируз ба Хадича фиристодаи у дар дасти вай аст? Ё Хадича онхоро пас гардондааст? Хуб нашуд. Акнун ачаб не, вайро дигар хел фахманд, беобру шуданаш хам мумкин. Ин аз вачохати пиразан маълум. Ба Хадича ки мешуда бошад? Шокиров дар чояш истода наме- тавонист. Панчахояшро ба хам фишурда, лаб ба зери дандон мениход.

Пиразан наздик меомад. Муйхои ба докаи сафе- ди сараш хамранги у болои чашму абрувон ва руйи пурожангаш хамида буданд. Пиразан аз газаб ме- ларзид. у дар ру ба руйи ахли мачлис истод. Бастаи тори сарашро ба замин нихода, гиреххояшро ба ангуштони ларзонаш саросема кушод ва чизхои да- руни онро ба замин пошид.

– Истед, модар, шумо чи мекунед? – директори мактаб аз як лаби остини Саидахола дошта, уро аз назди хозирон ба канортар кашид. Муаллимон дар хайрат монда буданд.

– Чи гап, модар? – пурсид директор.

– Хозир, бачам, хозир хамаашро мегуям. Агар арзамро нашунави, ба ман ёри нарасони, худамро ана дар хамин чо, дар пеши назарат мекушам… – пиразан гапашро гум кард.

– Ширинмох кучои, Ширинмох? – овози Саидахо- ла меларзид.

Ширинмох аз катори хамсинфонаш баромада, ба пеши пиразан омад.

– Гуй, бачам, ин савгохоро ки ба келини ман фи- ристод? – пурсид пиразан аз у.

– Муаллим, – гуфт у.

– Кадом муаллим? – пурсид директор аз Ширин- мох.

– Муаллим Шокиров.

– Ман ба назди ана хамун Шокируфатон омадам. Кани, вай? Афташро ба ман нишон дихед, – пиразан давом дод: – Келини ман як бор ба шавхар барома- даги. у ба вай ки мешавад, ки савго фиристодааст? Додар, ё ягон хеши дур? Худи хозир ба келини ман ки шуданашро гуед… – нафас дар гулуи пиразан печид.

Акнун нигохи хама ба Шокиров духта шуда буд. Муаллимон байни худ пичир-пичир гап мезаданд:

– Хадича кати вай хеле боз шинос, дар Душанбе хам онхоро дида будам, – гуфт як муаллим.

– Ба шаъни муаллим иснод овард.

Занг зада шуд, хонандагон ва муаллимон ба дарс даромаданд. Дар сахни мактаб Шокиров танхо монд. у мехост, ки ба модаршуи Хадича хамаи гапро фахмонад. Аммо у ба касе гуш надода, бо кахру газаб аз мактаб рафта буд.

Директори мактаб суйи хобгохи муаллимон ра- вон шуд. Фикру хаёли у ба муаллими нав. Ба туфай- ли вай мактаб ноором, деха пури гап шуда монд.

Баъзе муаллимон талаб доранд, ки муаллими навро аз кор озод кунанд. Дуруст мегуянд. Имруз-фардо шавхари Хадича аз хидмати харби ояд, гап боз ка- лонтар мешавад. Директор дар банди хамин хаёлхо аз назди хонаи Шокиров мегузашт, ки садои гаман- гези мусики ба гушаш расид. Касе танбур менавохт. у аз рох бозистод. Садои танбур лахза ба лахза баландтар шуда, аз хоначаи хурди Шокиров то ба дуродур мерафт, дили кас махзун мегашт. Директор, мафтуни навои танбур, ба хонаи Шокиров даромаданашро нафахмид. Шокиров ба торхои танбур нохун мезаду аз аксе, ки болои миз, ру ба руяш, меистод, чашм намеканд. Дидагонаш пуроб мешуданд, нолаи танбур аламовартар мегашт. Шо- киров дарди дилашро ба торхои танбур холи карда, охи бадарде кашиду танбур дар даст аз чояш бар- хост ва директорро дида даступо хурд. Директор бо Шокиров вохури карда, ба пахлуи у гузашт. Акс хануз дар руйи миз буд. Аз он ду духтарчаи фати- ламуй ба тарафаш нигох мекарданд:

– Шинохтед? – пурсид Шокиров ба яке аз он дух- тархо бо ангушт ишора карда. Духтарча ба директор шинос намуд, вале ба хотир оварда натавониста, китф дархам кашид.

– Ин акси Хадича аст, – фахмонд Шокиров.

– Хадича?

– Бале, инаш хохари ман, – Шокиров духтараки дуюмро нишон доду дигар сухане гуфта натавонист.

Дилшоду хохаракаш – Манижа падарашонро дар хотир надоштанд. у дар Чанги Бузурги Ватани халок шуда, модараш, яона саробонашон, ки кариб хаме- ша бемор буд, аз олам гузашт. Онхо – акаю хохар бесаробон, танхо монданд. Як хавлии калони бекас монду Дилшоду хохаракаш. Баъд онхоро ба хонаи бачаони шахри Душанбе оварданд. Дар ин чо ба монанди Дилшоду хохараки у бепарасторон бисёр. Хадича хам бепадару модар будааст. Дилшоду хохараш бо у шинос шуданд, бо хам одат карданд. Хадича аз хохараки Дилшод – Манижа як дам чудо намеашт. Сахни хонаи бачаон озодаю васеъ буду дарахтзор. Бачахо даводаву бози мекарданд. Дар хамин мавридхо хам Хадичаю Дилшод ва Манижа бо хам меаштанд. Ба хонаи бачаон як мураббияи нав омад. Вай Хадичаю Дилшод ва Манижаро хаме- ша бо хам дида боре пурсид:

– Дилшодчон, Хадича хам хохари туст?

– Не, – чавоб дод Дилшод, вале пушаймон шуд. Охир, аз ин чавоби у Хадича хеле махзун ашт, чаш- мони мисли ангури сиёхи вай пурашк шуданд.

– Ха мегуфти, намешуд! – хохараш уро сарзаниш кард.

Аввалхои тобистон буд. Онхоро барои истирохат ба як лаери пионерии Дараи Варзоб бурданд. Рузе ба сайри дара баромаданд. Онхо то чоштох рох паймуда, ба дарунтари дара даромаданд. Чах-чахи булбулон, хониши парандаон ба гуш мерасид. Дар
баландихо хануз барф об нашуда буд. Аз огуши сангхои барфолуд шамоли салкин мевазид. Офтоб аз назар пинхон шуд. Сангхои кух ба назар хона- монанд, калон-калон. Бачахо борхалтахои сафари дар пушт, пеш мерафтанд. Чавонзани чехрахан- доне, ки пеш-пеши хама мерафту муйхои тилло- рангашро шамол бо хавсалаи тамом бози медо- ронд, мураббия буд. Ногох аз кадом як тарафи кух чанд сангпора гелид. Санг ба санг бармехурд. Санг- резахо бисёр шуда, ба каъри дара мефуромаданд. Мураббия болои санге баромаду дод зад:

– Бачахо, ба пушти танаи дарахтон гузаред. Зуд, зуд бошед, ба паси дарахтон!

Нидои мураббия акси садо дод. Бачахо аз санг- реза гурехта, саросема дар паси кундаи чинор ва чормагзхои калон панах мешуданд. Дилшоду Мани- жа хам тарафи дарахте давиданд, аммо Хадича наменамуд. Акаю хохар уро диданд. Вай гуё аз ходиса огох набуд, ки дар поёни дара, дар лаби чуй нишаста буд. Мохичахо, сангрезахои пурчилои каъри оби зулол хаёли вайро рабуда буданд.

– Хадича! Хадича!! Гурез, гуре-е-е-з!!!

Сангхои бисёре рост ба тарафи Хадича меге- лиданд. Манижа додгуён суйи у давид. Назди Хади- ча расида, аз дасташ кашид. Вале худро аз фалокат рахонида натавонист. Сангхо ба сараш рехтанд. Дунё ба назари Дилшод тира гашт, хеч чойро наме- дид. Вай аз чону чигар – аз хохаракаш чдо шуд.

Онхо акнун ду нафар буданд – Дилшоду Хадича. Хадича аз Дилшод чудо намешуд. Онхо акаю хохар гашта буданд.

Дилшод охиста сар боло карда, аз тиреза ба сах- ни сермагали мактаб назар андохт ва пас хикояаш- ро давом дод:

– Ман муаллим шудам, маоши аввал хам гириф- там. Орзу доштам, ки онро барои хохарам сарф ку- нам. Инро ба худи у хам мегуфтам, аммо насиб на- карда будааст. Ба хотири Манижа маоши аввалам- ро ба дугонаи у сарф кардани шудам, аммо… Ба хама асли гапро фахмондан душвор.

Руймоли савго дар назди тиреза меистод. Дирек- тор аз пахлуи Дилшод бархосту онро ба даст ги- рифт.

– Дилшодчон, хамрохи ман биё, – гуфт у ва аз остонаи дар ба берун кадам монд.

Дилшод аз паси директор мерафт. Онхо аз пеши муаллимоне, ки барои мухокимаи Дилшод чамъ шу- да буданд, гузаштанд. Чашми хозирон аз директор канда намешшуд. Руймоли тухфахои барои Хадича харидаи Дилшод дар дасти у буд. «Чи, худи дирек- тор «савго»-ро ба хонаи Саидахола мебарад?». Онхо сахв накарда буданд. Директор хамрохи Дил- шод ба хонаи Саидахола мерафт.

Муаллиф: Як силсила хикояхои Нависандаи халкии Точикистон, барандаи Чоизаи давлатии Точикистон ба номи Абуабдуллохи Рудаки Кароматуллохи Мирзо аз хаёти тифлон ва хонандагони синни мактаби таълиф шудаанд. Чанде аз онхо холо манзури хонандагони арчманд мегарданд, ки хондани, шавковар ва пандомезанд.

Хикояи мазкур яке аз онхост.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222