Главная / Илм / Марги судхур – Кисса аз Садриддин Айни

Марги судхур – Кисса аз Садриддин Айни

Ман дар солхои 1312 хичри (1894 мелоди), ки талабаи мадрасахои Бухоро ба шумор мерафтам, бе бошишгох, мондам ва дар Бухоро, ки такрибан сад дар мадрасаи калон ва кариб хамин кадар мадрасаи хурд дошт, барои ман хучраи кобили истикомате ба зуди ёфт нашуд. Зеро, харчанд хамаи мадрасахои Бухоро расман вакф буда, хариду фуруши онхо аз руйи шариат раво набошад хам, дар замонхои охир бо фатвои3 уламои дин, ки дар масъалахои дини хилахои шаръиро ба кор мебурданд, хамаи хучрахои мадрасахо ба тарзи хариду фуруш мулки хусуси шуда ба дасти одамони пулдор афтода буд ва талабахои факир дар чойи истикомат ёфтан ба душворихо меафтоданд.

Кориишкамба

Дар хамон рузхое, ки ман дар чустучуйи хучра будам, яке аз дустонам бо рохи маслихат ба ман гуфт:

  • «Кориишкамба» ном як кас хаст, ки чанд дар хучраи зархарид4 дорад, агар аз вай пурси, шояд яке аз хучрахояшро ба ту ба орият[*] бидихад.

Бо шунидани ин маслихати он дустам диккати ман аз хучра додан ё надодани он одам зиёдатар ба номи у кашида шуд.

  • «Кориишкамба»?

Дар хаккикат хам, ин ном хеле галатй буд. Ман медонистам, ки халтаи меъдаи хайвонотро, ки дар он чо хуроки хурдашуда чамъ мешавад, «ишкамба» меноманд. Аммо «ишкамба» номида шудани одамро дар умри худ нахустин бор шунида истода будам ва «сабаб чй бошад, ки одамро «ишкамба» номидаанд?» гуён дар дили худ тааччуб мекардам ва ин тааччубамро ба он дустам изхор намуда аз вай эзох пурсидам.

  • Номи аслии он одам Корй Исмат аст, – гуфт дустам дар чавоб, – лекин ишками он кас калон аст, шояд ба хамин муносибат бошад, дар вактхои аввал баъзе касон уро «Кори Исмати ишкам» гуфтаанд ва баъзе ширинкорон «Кори Исмати ишкамба» хитоб намудаанд ва рафта-рафта калимаи «Исмат»-ро партофта «Кориишкамба» гуфтаанду мондаанд ва чунонки мегуянд, «лакаб равшантар аз ном аст», номи аслии он шахс аз забонхо афтода дар байни мардум бо унвони «Кориишкамба» шухрат ёфтааст.
  • Бояд аз касе, ки мардум ба у лакаби «Ишкамба»-ро сазовор дидаанд, умеди хайре карда нашавад, – гуфтам ман ба дустам. – Бо вучуди ин, ту уро ба ман шиносо карда мон! Чй зарар дорад, «шавад оби, нашавад лалми» гуён ман аз вай хучра мепурсам. Агар у ба ман хучра надихад хам, ман чй гуна будани «Ишкамба-одам»-ро дида мемонам. Худи хамин барои ман як фоида аст.
  • Худам шахсан бо вай шинос нестам, ки туро шиносо кунам, – гуфт он дустам, – факат кй будани уро медонам ва метавонам, ки дар яке аз кучахо уро ба ту нишон дихам ва баъд аз он худат рох ёфта, бо у шинос шуда, аз вай хучра мепурси.

Ман ба ин таклифи дустам розй шудам ва ба воситаи у дар пайи ёфта, дида, шинохтани Кориишкамба афто- дам…

Филми Марди судхур

Рузе аз рузхо бо он дустам дар лаби хавзи Девонбегии шахри Бухоро, ки ягона сайронгохи он шахр буд, саёхат карда мегаштем, ки у якбора ба хаячон омада:

  • Ана, Кориишкамба хамин одам аст! – гуён касеро, ки ба як сартарошхона медаромад, ба ман нишон дод.

Ман танхо пушти он одамро дида мондам ва чигу-нагии симою сураташро муайян карда натавонистам ва дар пеши худ карор додам, ки то муйсари худро тарошо-нида баромадани он одам дар хамон чохо истода шаклу шамоилашро тамоман шинохта мегирам ва агар рост ояд, бо у шинос шуда, аз вай хучра мепурсам.

Аммо дустам дар ин кор ба ман хамрохи накард ва кореро сабаб нишон дода, аз ман чудо шуда рафт ва ман рафта ба лаби суфачаи сартарошхонае, ки Кориишкамба он чо даромада буд, нишастам ва бе он ки ба у фахмонам, сару сурат ва тамоми киёфаи уро аз назар гузаронидам.

у як одами миёнакади фарбехи ишкамкалони гар- данкутох буда, гафсии гардан ва пуррагии сару руяш хам аз гафсии шикамаш кариб фарк надошт, агар риши кало- ни гулии монанди алафи гандадарав ба хам печидаашро, ки тамоми руяшро фуру гирифта буд, тарошида ме- партофтанд, сару тани ин одам дар як чо ба ишкамбаи холи карданашудаи шутур монанди пайдо мекард, гояташ ин ки ин аз вай калонтар буд, монанди чуссаи шутури ба дарди хориш гирифторгардидаи муяш рехтаги сурхчатоб менамуд.

Баъд аз дидани ин гуна шаклу шамоили ин одам дар дили ман гузашт: шояд мардум на аз чихати калонии ши- камаш, балки аз чихати он ки баъд аз тарошидани ришаш тамоми баданаш ба як шикамбаи калон монанди пайдо мекард, ба у ин лакабро муносиб дида бошанд.

Дуруст аст, ки шиками ин одам аз шикамхои одамо- ни оди аз хад зиёд калон буд, лекин гафсии дигар чойхои баданаш, хатто гардану руяш хам, ба дарачае буд, ки он шиками калон дар пеши онхо номаълум ва оди шуда ме- монд. Бинобар ин, дар сабаби лакаби ин одам фикри охи- рии нависандаи ин сатрхо ба хакикат наздик менамуд.

Навбати муйсаргирй ба Кориишкамба расид ва сартарош покуи5 худро санг зада истода ба у:

  • Ба болои сандалича мархамат кунед! – гуфт.

Кориишкамба, аз чихати вазнинии баданаш ё ба са- баби ягон беморй, аз чояш базур бархост ва дасторашро аз сар гирифта хост, ки вайро ба сари мехи лунгиовезии сартарош монад. Аммо сартарош ба ин кор рох надод ва чолокона тегу сангро ба рафчаи пеши оина гузошта дудас- та дасторро аз дасти Кориишкамба гирифта истода:

  • Саллаи шумо кариб панчсер6 вазн дорад ва агар ба сари мех мемондед, мех мешикаст ва лунгихои ман ба за- мин галтида чиркин мешуданд, – гуфт бо оханги хазломез.

Дар хакикат саллаи Кориишкамба бисёр калон буда, аз дастори хар гуна муллохои саллакалон ду баробар меомад, бо вучуди ин, вай он кадар вазн надошт, ки мехи лунгиовезиро шиканад. Шояд бар мехи лунгиовезй ба гу- зоштани он салла рох надодани сартарош барои он бошад, ки вай бисёр чиркин буд ва ба болои лунгихои муйсаргирй истодани он саллаи чиркин сабаби нафрати муйсаргирони дигар мешуд.

  • Хайрият, ки ба хотири лунгихоятон дастори маро нигахдорй кардед, – гуфт Кориишкамба, – вагарна бо ши- кастани мех дар катори лунгихои шумо саллаи ман хам ба замин афтода ба хок мечулид, ки барои шуста тоза кардани он панч мискол7 собун сарф шуда, ба ман зарари калон ме- расид.
  • Дастори шумо ба сабаби ба замин афтодан аз хок хеч зарар намедид, – гуфт сартарош, – магар дер боз руйи тагораи чомашуйиро надида будааст, ки аз хоки замини дукони ман чиркинтар менамояд.

Хакикатан хам аз печхои дастори Кориишкамба гуё, ки дар вай дастмолхои дегшуиро печонда баста бошад, тасма-тасма чиркхои равганолуд намоён буд.

– Ин гуна дастори калонро хар хафта як бор ба тагораи чомашуйй андохта шустан мумкин нест, – гуфт

Кориишкамба, – дар он сурат хонаи собун месухт.

– Чаро дасторро хурдтар намекунед, ки хам дока камтар раваду хам шустанаш осонтар шуда, собун камтар сарф шавад? – гуён сартарош пурсид.

– Ин саллаи ман дастори «ертишгиру[†] туйхур» аст! – гуфт Кориишкамба дар чавоб, – вакте ки бо ин дастор ба сари дафни мурдае хозир мешавам, ба хар кас як газ ер- тиш диханд, ба ман ду газ медиханд ва инчунин дар туйхо хам табаки сергушту равгани палав ба пеши ман меояд…

Сартарош чор дахан гап зада, як бор покуро ба санг зада, охир тегро мувофики табъаш тез кард ва лунгиро ба гардани Кориишкамба баста истода ба сухан давом намуд:

– Албатта, касе, ки шуморо намешиносад, на ба чаноза хабар мекунад ва на ба туй, аммо он касоне, ки шуморо мешиносанд ва ба чанозаю туяшон хабар меку- нанд, хох дасторатон калон бошад, хох хурд, ба шумо он муомиларо мекунанд, ки шуморо ба он муносиб медо- нанд. Ба фикри ман, барои ин барзиёд сарф кардани дока бефоидааст.

– Шумо сода будед, бародар! – гуфт Кориишкамба ба сартарош, агар ман ба ертиши мурдахое, ки ба чанозаи онхо маро хабар мекунанд, каноат карда мегаштам, пас пули муйсарро аз кучо ёфта ба шумо медодам? Ман хар руз намози пешинро дар хонакохи Девонбеи мехонам ва ба он чо хар мурдаеро, ки барои чанозахонй оварда бошанд, хох шинос бошад, хох бегона, баъд аз хондани чаноза ба сари кабраш меравам ва ба кадри насиба ертиш гирифта мегардам.

– Шумо ба муйсаргири пули бисёр сарф намекунед, ки барои ин дар ташвиш афтед, – гуфт сартарош, – хар кас дар як хафта ё дах руз муйсар гирад, шумо дар ду мох як бор муйсар мегиред ва музди дастро хам баробари нимаи музди дигарон дода мегурезед.

Ман аз ин сухани сартарош огохи ёфта, ба сари Кориишкамба бо диккат назар андохта дидам, ки дар хакикат муйсараш монанди зиндониёни даври амири ба- ланд расида, то пешони ва буни гарданаш фуромадаги бу- да, торхои муйсараш бо торхои ришаш монанди тору пу- ди дар дастгохи бофандаги бофташуда ба хам печида бу- данд ва бар хилофи сархои оди дар теппаи сараш ба кадри кафи даст як чойи бемуй хам менамуд.

Кориишкамба аз сухани охирини сартарош кадре ба газаб омада ва сари худро аз зери дасти у, ки тар карда молиш медод, ба кафо кашид ва чашми худро ба чашми у духта истода гуфт:

  • Ман хох дар як хафта як бор муйсар гирам, хох дар ду мох, ин кори ман аст ва ба шумо хеч дахл надорад. Муйсари ман хох баланд бошад, хох паст, шумо як бор тег меронед ва барои муйсари баланд ду бор тег намеронед, ки хизмати барзиёд карда бошед. Агар ман ба шумо нис- бат ба дигарон камтар музд медода бошам, шумо ба шикоят кардан хак надоред, зеро худатон дида истодаед, ки нимаи сари ман бемуй аст ва шумо ба он чо хеч тег намеронед, бинобар ин, дар вакти музд гирифтан хамин нуктаро ба назар гирифтанатон лозим аст.

Бояд барои паст кардани оташи газаби Кориишкам- ба бошад:

  • Ман хазл кардам, – гуфт сартарош нармона, – ва- гарна музди хизмати маро хох кам дихед, хох зиёд дихед, ман аз шумо миннатдор шуда мегирам ва пули шуморо табаррук9 медонам…

Сартарош сари Кориишкамбаро тарошида шуд ва лунгиро аз гардани у кушода гирифта, ба куттии муйсар- дон афшонда, хост, ки дубора ба гардани у бандад, то ки дубора тар карда чиркхои таги муйсарро тарошида гирад, аммо Кориишкамба ба ин кор рох надод:

– Дубора тарошидан лозим нест, – гуфт у – муйла- бамро кутох кунед, кифоя аст, вакти барзиёд надорам.

– Магар ба ягон чаноза нигаронед? – гуфта пурсид сартарош.

– Не! – гуфт Кориишкамба, – агар чанозае вохурад, дар хамин чо – дар сахни хонакох дар соати дувоздах во- мехурад, – ва ба соати девории сартарошхона нигох кар- да, илова намуд, – холо соат дах аст.

– Пас, чи гуна кори зарур доред? – сартарош пурсид ва хазломезона боз суол дод. – Магар ба ягон туй ногуфт рафтан мехохед?

– Хамин вакт вакти чойнушии чоштгохии ходимони бонк аст. Агар дер монам, аз чойи серканди ройгон махрум мешавам…

Ман аз хамаи ин гуфтугузорхо чизе нафахмида дар хайрат будам ва дар дили худ фикр мекардам: «Агар ин одам чанд хучраи зархарид дошта бошад, пас чаро зинда- гонии худро, хатто пули муйсарашро ба болои ертиши мурдагон мондааст, ки ин кори гадоёни бекасуи аст, на пешаи одами сарватманди чандхучрадор? Агар ин одам дар хакикат гадои бекасуи бошад, уро ба бонк ва ходи- мони бонк чи муносибат аст, ки ба сари чойи чоштгохии онхо расида рафтан мехохад? Дигар он ки чаро дусти ман маро барои хучра умедвор карда, ба пеши ин гадои бекасу- куй фиристод ё ин ки у маро бози додан мехост?..» Ва боз дар худ меандешидам: «Агар дустам маро бози додан хос- та бошад хам, зарар надорад, чунки ин одам одами бисёр ачиб менамояд, ин одамро шинохтан ва хамаи кирдору гуфторхои уро омухтан барои ман, ки табиатан кунчков вокеъ шудаам, аз хучра ёфтан хам бехтар аст. Дар хар хол ман ин одамро то охир таъкиб ва дунболагири хохам намуд. Хучра надоштани у ё ба ман хучра надоданаш ба ин кори ман монеъ нахохад шуд. Хар чи бошад, масъалаи хучра барои ба даст даровардани ин максад ба ман як ва- сила ва бахона хохад шуд…»

Кориишкамба бо кутох кардани муйлабаш хатто ба кушода гирифтани лунгй мунтазир нашуда, аз чояш часта бархост ва то аз гарданаш гирифтани лунгй дасторашро аз суфача гирифта, ба сари худ гузошта, шитобкорона аз дукони сартарош баромад.

  • Кориамак, пули муйсар чй шуд? – гуён сартарош аз пушташ овоз дод.

Кориишкамба бе он ки аз рохаш бозистад ва сараш- ро ба тарафи сартарош гардонад:

  • Дар оянда пули ду муйсарро якчоя медихам, – гуён бо кадамхои калон-калон дар як дакика аз пеши сарта- рошхона дур шуд ва дар он чо маро муяссар нашуд, ки масъалаи хучраро дар пеши у монам ва ба ин муносибат бо у шахсан шиносо шавам.

Баъд аз баромада рафтани Кориишкамба аз лаби хавзи Девонбегй ман хам аз он чо рафтам ва бо умеди дар ягон чойи дигар рост овардани у хамон руз то бегохй рас- таву бозорхоро сарсариёна гаштам, аммо ба дидани у комёб нагардидам.

III

Фардои он рузе, ки ман Кориишкамбаро дар сарта- рошхона дидам, пагохонй дар пайи ёфта дида шинос шу- дан бо у ба ча баромадам: аввал лаби хавзи Девонбеги- ро гардиш карда баромадам ва аз он чо ба растаи баззо- зй10, ки аз чануби хонакох ва хавзи Девонбегй аз шарк ба гарб мерафт, гузашта он чоро хам то сесу бо диккат аз назар гузаронидам. Чун аз он чохо матлаби худро наёф- там, ба растаи чинифурушй, ки аз охири растаи баззозй сар шуда аз чануб ба шимол мерафт, гузаштам.

Дар растаи чинифурушй, хануз дах кадам дур нараф- та, ба ногох дидам, ки Кориишкамба ба сари дукони як чи- нифуруш пойхои худро ба замин овезон карда, бар лаби суфачаи пеши он дукон нишастааст ва ман хам кадре дур- тар аз он дар он тарафи раста, ки мукобили чойи нишасти у ба шумор мерафт, бар суфачаи як дукони дарбаста ни- шастам ва монанди гурбае, ки мушро мепояд, бе он ки ба худи у фахмонам, харакатхояшро дар зери назари диккат гирифтам.

Кориишкамба бо чинифуруш чой менушид. Дар хамин вакт як нонфуруш, ки ба сараш як сабад ва ба дас- таш як сабади дигар пури нон буд, «гарм, дастсуз, обаш равган, ордаш шакар, нахурда намонед, ки дар хасрат ме- монед!…» гуён аз раста гузаштан гирифт.

Кориишкамба нонфурушро чег зада ба пеши худ оварда, аз сабади руйи дасти он ду нонро чудо карда ги- рифта бе он ки нархи онро пурсад ва бо нонфуруш савдо кунад, онхоро ба руйи бодбезак, ки бо вай магасонро ронда нишаста буд, гузошт ва гуё, ки пули нонхоро медо- да бошад, дасташро ба чайбаш бурда, баъд аз кадре кофтуков кардани кисааш дасташро холй бароварда дар холате, ки нонхоро шикаста барои хурдан омода мекард, ба чинифуруш:

  • Бародар, пули майдаам набудааст, мархамат карда шумо пули нонхоро дихед! – гуён худ ба нонхурй сар кард.

Чинифуруш як ба нон ва як ба Кориишкамба бо тааччуб нигох карда, окибат аз нонфуруш нархи нонхояш- ро пурсида, паси сари худро хорон-хорон аз галладон пул бароварду ба нонфуруш дода уро гусел кард. Аммо Кори- ишкамба на ба чинифуруш нигох мекард ва на ба нонфу- руш, у ду чашми худро бар руйи бодбезак, ба нонхои ши- каста духта истода, бурдахои нонро дукат ва секат карда ба лунчи худ меандохт.

Чинифуруш дид, ки у нахурад хам, аз он нонхо ягон бурда боки нахохад монд ва харчанд Кориишкамба уро ба нонхурй таклиф накарда бошад хам, як лукма нонро ба дахон андохта як пиёла чоеро, ки дар пешаш буд, ба ншидан сар кард. Чинифуруш пиёлаи чойро хануз холй накарда Кориишкамба дахони худро аз нон чунон пур кард, ки акнун на нонро хойида метавонист ва на харф за- да ва у дар хамин холат, аз тарси он, ки чинифуруш нони бокимондаро хурда намонад, як дасти худро ба бурдаи охирини нон, ки ба руйи бодбезак буд, гузошта, бо дасти дигараш ба чинифуруш ишора кард, ки зудтар пиёларо холи карда ба у чой кашида дихад, то ки вай нонхои нимхоидаи дар лунш бударо бо ёрмандии чой фуру бурда тавонад.

Чинифуруш чойи нимсардшудаи пиёларо ба зуди нушида, ба он пиёла чой рехта, ба Кориишкамба дода, бо табассуми истехомез нонхури ва чойнушии уро тамошо карда истод.

Кориишкамба пиёларо ба даст гирифта, аз чихати гармии чой пуф-пуфкунон кам-кам нушида, дахони худро кадре аз нон холи кард ва бо дасти дигараш, ки хануз бар руйи нон буд, бурдаи охиринро бардошта, ба дахон ан- дохту он бурдаро хануз тамом нахойида ва фуру набурда, пиёларо бо чойи бокимондааш ба замин гузошта, худ аз чой бархоста ба пеш равон шуд ва ман хам аз дунболи у ба харакат даромадам…

Кориишкамба хануз бист кадам рох нарафта дар наз- ди сарои сандук дар пеши дукони як сандукфуруш нишаст ва ман, ки аз дунболи у мерафтам ва дар ру ба руйи дуко- ни сандукфуруш чойи муносибе наёфтам, ночор аз он чо гузашта, ба дуртар рафта нишастам.

Дар вакти гузаштанам аз пеши дукони сандукфуруш бо гушаи чашми худ дидам, ки сохиби дукон дар дарунта- ри дукони худ нишаста ва чути хисобро монанди деворча рост гузошта ва дар паси вай кадом як чизи хурданиро монда, аз назари рохгузарон пинхон карда мехурд. Аммо чашми тезбини зогмонанди Кориишкамба он чизи хурда- ниро дида, ба он чо нишастааст, ки фавран ба як пахлу ёзида ва дасти худро ба паси чут ёзонда, дар хурдани он чизи «пинхон кардашуда» ба сохиби дукон шарик шуд.

Азбаски чойи нишасти ман аз чойи нишасти Кори- ишкамба дур буд, дар байни у ва сандукфуруш чй гуфтугузор шуданро шунида натавонистам. Аммо гумон мекунам, ки дар байни онхо гуфтушуниди барзиёд бояд нашуда бошад ва хамон вакте ки Кориишкамба ба сари дукони он одам нишаст, бояд ба хурдани он чиз сарф шуда бошад, чунки бо тамом шудани он чизи хурданй, ки ин аз чутро аз миён бардошта ба як су гузоштани сохиби дукон маълум мешуд, Кориишкамба хам зуд аз чо бар- хоста ба рох даромад.

* * *

Кориишкамба ба як растачаи танги болопушида, ки аз гарб ба шарк дар байни растаи чинифурушй ва атторй вокеъ гардида тимча номида мешуд ва дар он чо токияву шохй мефурухтанд, даромад ва ман хам аз рох баргашта аз дунболи у ба тимча даромада, чолокона кадам гузошта, ба вай расида гирифтам.

Кориишкамба дар тимча дар пеши дукони як токия- фуруш рост истода аз вай:

  • Тияхои маро фурухтед? – гуфта пурсид.

Ин суоли Кориишкамба тааччуби маро аз аввала зи- ёдтар кард, чунки шахси монанди гадоён аз мурдахои но- шинос ертишгиранда, ба туйхои нохонда рафта палав- хуранда ва дар айни замон ошнои наздики ходимони бонк холо дар пеши ман токиядуз ё ин ки токиячаллоб шуда баромада буд. Бинобар ин, хаваси ман ба шунидани гуфтугузори у бо токияфуруш зиёд шуда, ман хам дар он чо, дар пахлуи у, аммо кадре пасттар аз у рост истодам.

  • Не, хануз нафурухтаам! – токияфуруш ба Корииш- камба чавоб дод.

– Бояд фурухта бошед, – гуфт Кориишкамба ба чаво- би токияфуруш изхори нобоварй карда, – лекин бояд ме- хоста бошед, ки пули онхоро рузе чанд дар хариду фуру- ши худ кор фармуда, чаллонда,11 ба манфиати худ фоидаи барзиёд ёбед!

– Кориамак, шумо ачаб одами нобовар мебошед, – гуён токияфуруш якруя шуда пуштнокй хам шуд ва ба зе- ри пардае, ки дар пеши рафчахои дукон кашида шуда буд, даст дароварда, аз он чо як даста токияи дарун ба дарун гузошташударо баровард ва дар пеши назари Корииш- камба гузошта, аз вай пурсид:

– Магар хаминхо токияхои шумо нестанд?

Баъд аз он ки Кориишкамба аз они худаш будани он токияхоро тасдик кард, токияфуруш дастаи токияхоро кадре ба тарафи у тела дода илова намуд:

– Бардоред, инхоро гирифта баред! Маро токати он нест, ки хам ба шумо хизмат кунам ва хам тухмат шуна- вам.

Кориишкамба шуридани токияфурушро дида, ба узрий даромад:

– Аввал ман сухани шуморо ва то хол ба фуруш нарафтани токияхоро бовар карда будам, лекин хазл кар- да будам, вале шумо хазлро чиддй дониста ба газаб ома- дед.

– Ман чаро ба газаб омада бошам, ман ин гуна хазлхои чиддинамои шуморо акнун нашунавидаам, – гуфт токияфуруш дар холате ки аз шуриш фуромада буд.

Кориишкамба паст шудани оташи газаби токияфурушро дида, аз у бо чоплусй ва хушомадий аз рохи дигар фоида бурдан хоста гуфт:

– Хазлро ба як тараф монем, чиддй мегуям, ки ман хамин руз ба пул эхтиёчи зиёд дорам, чй мешавад, ки хочатбарорй карда пули хамин токияхоро, хеч набошад нимаашро, хамин руз ба ман пешакй дихед! Илохй сало- мат бошед! Дар хакки фарзандонатон хам дуо мекунам.

– Ин суханатон хазл бошад хам, дуруст нею аз таги дил бошад хам! – гуфт токияфуруш бо оханги чиддй.

– Чаро? – тааччубкунон пурсид Кориишкамба.

– Охир, шумо аз ман хохиш карда будед, ки токияхотонро ба харидорхои беруна бо нархи яккафурушй – бо нархи баланд фурухта дихам. Албатта, дар фуруши дона-дона ва бо нархи баланд инхо ба зудй фуруш намеша- ванд ва дер мемонанд. Дар ин сурат ман як кисми сармояи худро ба моли шумо банд карда монам, аз кучо пайдою па- сандоз мекунам, харочоти рузгорамро ва ичораи дуконро аз кучо ёфта мегирам ва ба хар сад тангаи карзе, ки аз шу- мо дорам, бо кадом рох даромад карда, хар мох дувуним танга фоида медихам…

Токияфуруш кадре сокит монда ва нафасашро рост гирифта илова намуд:

– Биёед, шумо карзатонро, ки ба гардани ман хаст, як мох бефоида, ба сифати карзи хасана монед ё ин ки токияхотонро бо нархи яклухтфурушй (бо нархе, ки во- фурушон12 аз дузандагон мехаранд) бахо карда дихед, дар он вакт ман хамаи пули токияхотонро якчоя накд ба шумо медихам. Чй гуфтед, розй хастед?

  • Не, ин кор ба ман баробар намеояд ва дар он вакт ман кариб чоряки пули токияхоро аз даст медихам, – гуён Кориишкамба рафтан хост.
  • Наравед, нишинед! Аз болои пули токияхотон ба шумо як чойник чой дам карда дихам, – гуфт токияфуруш.
  • Не, лозим нест, саломат бошед! Ман хозир ба бонк рафта чой меншам, – гуфт Кориишкамба ва ба оханги шухй илова намуд: – ба чойе, ки аз болои пули токияхои ман мухайё мешуда бошад, на дандони шумо мегутад ва на дандони ман.

Вакте ки Кориишкамба рафтагор шуда аз пеши ду- кон ба рох даромад, ба ман, ки дар кафотари у истода бу- дам, чашми токияфуруш афтода:

  • Ба шумо чй даркор? – гуфта пурсид.
  • Ба ман токия даркор, – гуфтам дар чавоби у сухани дигаре наёфта.

Кориишкамба бо шунидани ин чавоби ман аз рохаш бозгашта, ба токияфуруш ру оварда: – Ба ин кас аз токияхои ман нишон дихед! Шояд ягонтаашро дар пеши назари худ фурушонда пули накд карда гирам. Ба Худо, ки ба пул эхтиёчам зиёд аст.

Тияфуруш дастаи токияхои Кориишкамбаро ба дасти ман дода:

  • Яке аз инхоро хоста гиред! – гуфт.

Ман, ки дар хакикат токия намехаридам, токияхоро бепарвоёна аз назар гузаронда яке аз онхоро ба токияфуруш нишон дода:

  • Хамин чанд пул? – гуфта нарх пурсидам.
  • Панч танга! – гуфт токияфуруш.
  • Ду танга, – гуфтам ман дастаи токияхоро ба фурушанда гардонда дода истода ва дар дили худ «агар фурушанда розй шавад, бо чй бахона ин байъро мегардо- нам» гуфта меандешидам ва бахонаи маъкуле наёфта, аз бими шармандагии оянда аз сару руям арак мерехт.
  • Инсоф кунед, додар! – гуфт Кориишкамба ба ман нигох карда, – охир масолехе, ки ба хар кадоми онхо сарф шудааст, аз чор танга зиёдтар меистад, ба болои ин музди духт хам хаст. Хуб, биёед, зиёдатии кимати масолехро ва музди духтро ба шумо гузашт кунем. Шумо чор танга дихед! Ман ба ин суханони Кориишкамба чизе нагуфта ва гуё, ки сухани уро ношунида бошам, худро ба нофахмй задам.

Фурушандаи тачрибакор, ки чиддй ё булхавас буда- ни харидорро аз чашмони у мефахмид, харидори бардуруг будани маро пай бурда, дастаи токияхоро аз дасти ман гирифта, дар зери парда ба рафча монда истода ба Кори- ишкамба:

  • Кориамак, бехуда хомтамаъ нашавед, ин кас токия намехаранд! – гуфт.

Кориишкамба аз харидории ман умедашро канда ба рох, даромад ва ман хам аз дунболи у…

***

Кориишкамба аз даханаи тарафи растаи аттории тимча13 баромада ба пеши дукони як аттор истод ва ман хам аз паси у рафта, бо тачрибае, ки аз сари дукони токияфуруш гирифта будам, худро харидор сохта, дар пахлуи у рост истодам.

Корй баъд аз салом додан ба сохиби дукон:

  • Ба хисоби аберааш як хурок гулканд14 мархамат ку- нед! – гуфт.

Аттор табассумкунон сарпуши як тоси мисинро, ки дар пешаш истода буд, кушода, аз даруни вай бо белчаи оханин чормагз барин гулканд канда гирифта ба тарафи Корй дароз кард.

Кориишкамба белчаро аз дасти аттор гирифта аз нуги вай гулкандро бо дандонаш канда гирифт ва дар хо- лате ки гулкандро мехоид, белчаро ба аттор гардонда до- да истода:

  • Аберааш бисёр хурд будааст, ба буни дандонхоям банд шуда монда, чизе аз вай ба дарун надаромад.
  • Дуконам танг аст, мол аз сармояам кам, ба болои ин бештарин молхои ман «кас махару кас маёб»15, бинобар ин савдо хам кам мешавад ва дар ин гуна ахвол аберааш ба зудй калон намешавад ва ба воя намерасад.
  • Хуб, ба хисоби аберааш нею барои Худо боз як белча гулканд дихед, ки меъдаам хунук шуда рафта аз иштихо мондаам. Дуо мекунам: Илохй туйи фарзандона- тонро бинед!
  • Хайрият, ки меъдаатон хунук шуда аз иштихо мон- да будаед, вагарна тамоми дунёро нахоида фуру мебурдед! – гуфт аттор бо оханги нимшухию нимчиддй ва белчаро аз дасти у гирифта ба вай боз як белча гулканд дод.

Аттор шояд маро хамрохи Кориишкамба гумон кар- да бошад, ки ба ман чизе нагуфт ва аз ман чизе напурсид. Аммо Кориишкамба, ки ба ман аз вакти дар пеши дукони аттор дар пахлуяш истоданам сар карда шубхаомезона нигох мекард, дар вакти гулканди дуюмро хойида исто- данаш боз ба ман як нигохи тези кунчковона карда:

  • Додар! Шумо магар ба ман кор доред? – гуфта пур- сид.

Ман ба чойи он ки дар чавоби у «бале, ба шумо кор дорам» гуям ва барои изхори матлаби худ аз вай чойи хилват талаб кунам ва агар у максади маро шунидан хо- хад, масъалаи хучраро ба пеши у монам, чавоберо, ки дар суоли «ба шумо чи даркор?» гуфтани аттор тайёр карда монда будам, ба у дода:

  • Ба ман мурч даркор! – гуфтам.

Албатта, ин чавоби ман ба суоли Кори бисёр бему- носибат афтод ва медидам, ки у маро масхара дошта зери лаб механдид ва ман аз гояти саросемаги даст ба чайб за- дам, то ки кадре пул бароварда, мурче харида аз он вар- таи шармандаги зудтар гурезам. Аммо аз бадии толеам хамон вакт дар кисаам ягон пул хам набудааст, аз ин хол сурх шуда, сафед шуда ва дар зери обу араки хичолат монда, ба аттор нигох карда:

  • Холо пулам набудааст. Ман рафта пул оварда баъд аз мурчатон мехарам, – гуён аз сари дукони у дур шудам ва дар вакти аз пеши дукони аттор рафта истоданам чаш- мам ба Кориишкамба афтод: у ба аттор нигох карда лаби зеринашро бар руйи лаби болоияш кашид ва бо сараш ба тарафи ман ишора карда, намедонам, дар хусуси ман чи чизро ба у фахмондан мехост.

шинос шудан бо вай фурсатчуйй карда наметавонистам.

Ба ман ин бисёр алам мекард, ки ин хама нобарории кор аз бетадбирии худам руй дода буд, агар ман дар чавоби «Додар, шумо ба ман кор доред?» гуфтани Кори- ишкамба «Бале, ба шумо кор дорам!» мегуфтам ва илова менамудам, ки «барои арз кардани муддаоям ба шумо як чойи хилват даркор аст», он хама таъкиб кардани ман уро ба назари у табий менамуд ва, албатта, у маро ба гушае бурда матлабамро мепурсид ва ман масъалаи хучраро ба миён меовардам. Дар он сурат агар хучра ба даст надаро- яд хам, шиносой ба даст медаромад ва дар оянда рохи омухтани ахволи ин одами ачиб, ки диккати табиати кунчкови маро ба тарафи худ сахт кашида буд, ба ман ку- шода мегардид ва ин барои ман аз хучра хам мухимтар буд.

Акнун пушаймонй суд надошт ва «афсусу дарег» фо- ида намебахшид, чунки тир аз камон бархато часта ва мурги матлаб аз дом раста буд.

Бо хамаи ин дилам намехост аз шиносо шудан бо ин одам ва омухтани у умедамро тамом канам ва барои ёф- тани рохи умедворй фикр мекардам, окибат дар хаёлам чораи зеринро маъкул намудам: «Бо пурсуков унвон ва нишони хонаи уро меёбам ва дар як вакти муносиб рост ба хонааш ба пеши у меравам, дар назди у дуруг будани токияхарй ва мурчхариамро руйирост икрор мекунам ва аз дунболагириам максади аслй хучраталабй буданро ба у мефахмонам ва бо хамин аз шармандагие, ки дар пеши у ба ман руй дод, тамоман халосй меёбам ва дар хамин зимн рохи шиносой ва омузиш хам кушода мешавад…»

Он шабро бо фикру хаёл бедор гузаронидам ва дар вакти сахар бо ёфтани чораи охирин кадре осуда шуда хо- бам бурд.

IV

Рузи дигар ман бо умеди ёфтани хонаи Кориишкам- ба ба ча баромадам ва Чорсуи шахри Бухороро гардиш карда, бо растаи чойфурушй, ки аз тарафи шимоли хо- накохи Девонбегй дар байни мадрасаи Кукалтош16 ва масчиди Магок17 кашида шуда буд, рахсипор гардидам.

Дар миёначои растаи чойфурушй дар тарафи чануби ча, дар ру ба руйи пасчаи бозори ангишт «Чнат- маконй» ном як сарой бино ёфта буд. Дар ду пахлуи да- ромадгохи ин сарой, берун аз дарвозааш ду суфачаи ба- ланд вокеъ шуда буд. Бар руйи яке аз ин суфачахо Рахими Канд18 ном як кас лаълии кандфурушиашро дар пеши худ нихода менишаст. Суфачаи дигари ин сарой холй буда, ман гох-гох ба руйи вай нишаста, бо кандфуруши мазкур сухбат мекардам. Чунки вай як одами бисёр ачиб буда, су- ханхояш багоят завковар буданд ва гуш кардани хикоя ва саргузаштхои вай маро бисёр хуш меомад.

Чун дар ин чо номи Рахими Канд зикр ёфт, лозим аст, ки бар болои баёни ахволи у кадре истода гузарам, то ки хонандагонро бо ин одам, каме хам бошад, шиносо ку- нам.

Таваллудгохи ин одам дар дехаи Фоики тумани Шофиркоми Бухоро буда, дар шахри Бухоро нашъунамо ва касбу камол ёфта, мусикиро омухтааст ва у аз асбобхои мусикй танбур менавохт, аммо суруд намехонд. Ин одам табиатан бисёр бечора буда, аз молу ашёи дунёй хам чизе надошт ва бисёр факирона зиндагонй мекард.

у дар пешаи худ махорати бисёр баланд надошт ва ба болои ин монанди баъзе мусикичиёни он замон мачлисоро, суханвар, ширинкор ва хушомади хам набуд. Бинобар ин, уро одамони сарватманд дар туйхо ва мехмондорихои пуртантанаи худ даъват намекарданд. Азбаски харидораш кам ва бозораш касод буд, хар кас уро барои базме даъват кунад, дар як шаб ба ду танга музд, ки баробари 30 тин аст, розй мешуд.

Азбаски нархи танбурнавозии у назар ба навозанда ва хонандагони дигар хеле арзон буд, муллобачагон – та- лабагони мадраса дар ичтимоона – дар базмхои чамъиятй ва шабнишинихои худ бештар хамин одамро даъват карда мебурданд. Ман хам бо ин кас дар хамин гуна ичтимоо- нахо шинос шуда будам.

Го муллобачагон дар базмхо ва шабнишинихои худ ин одами бечораи беозорро бисёр озор мерасонданд ва ба у шухихои вашёнаи азобовар мекарданд. Чунон- чи, боре шарикдарсони ман, ки аз сад нафар зиёда буданд, барои сар кардани дарси нав аз байни худ 1500 танга чамъ карда, 1400 тангаи ин маблагро дар дарсхонаи устоди худ бо номи ифтитохона19 сарф намуданд ва бо сад тангаи бокимонда хостанд, ки ичтимоона ташкил диханд ва дар он шабнишинй танбурнавозеро даъват намоянд.

Шарикон дар он мачлис маблаги мазкурро сарф намуда барои худ ва мехмонони худ зиёфати миёнахоло- нае тартиб доданд ва танбурнавози ин шабнишинй Рахими Кнд буд ва вазифаи газалхонии ин базмро суруд- хонони хаваскор, ки бо истилохи мадраса онхоро «савтй» мегуфтанд ва онхо аз байни талабагон ба тарзи худомузй расида баромада буданд, адо мекарданд.

Базм сар шуд, Рахими Кнд танбурнавозй мекард ва талабагони хаваскор суруд мехонданд. Азбаски дар байни шарикон хушовозон бисёр буданд ва онхо бо навбат мувофики нагмае, ки Рахими Кнд менавохт, газалхонй мекарданд, он кадар монда намешуданд. Аммо Рахими Кнд, ки ягона навозанда буд ва то нимаи шаб беист ва бе дамгирй танбурнавозй кард, дигар ёрои ба тор нохун за- данаш намонд ва вакте ки уро боз ба навохтан водор кар- дан хостанд:

  • Агар кушетон хам дигар наменавозам, – гуфт бо оханги катъй.
  • Холо хамин тавр аст? – гуфт Амини Муш ном яке аз талабагон, ки аз сурудхонон буд.
  • Хамин тавр аст, дигар наменавозам! – гуён матлаби худро такрор ва таъкид кард Рахими Канд.
  • Шарикон, хезед, «хармурд» мекунем! – гуфта Ами- ни Муш ба ахли мачлис хитоб кард ва худ рафта Рахими Кандро ба руйи хона гелонда пахш кард ва чанд нафар талабагони авбош рафта ба Амини Муш ёри дода, ба у хамрохи карданд: онхо танбурнавозро зер карда мушт- куби кардан гирифтанд.

Рахими Канди бечора аввал «оху вой!» гуён фарёд мекашид ва баъд аз он ба гиряву зори даромад ва окибат боз навохтанро ба гардан гирифта аз ин зарбу лати вахшиёна рахои ёфт.

Рахими Канд баъд аз «хармурд» бо чашми гирён ва панчахои ларзон боз кадре торхои танбурро «тинг-тинг» кунонид, аммо ин садо аз садои танбур зиёдатар ба гинго- си магасе, ки дар торхои тортанак дармондааст, монанд буд…

Дар ин вакт оши охирини зиёфат, ки палав буд, тай- ёр шуд ва табакхои таом дар пеши мехмонон ва шарикон катор шуданд. Рахими Кнд хам бе рухсати касе аз тан- бурнавозии мачбури халоси ёфт, чунки шарикон хурдани палавро аз шунидани танбур мухимтар медо- нистанд.

Вакте ки мачлиси зиёфат ба поён расида ахли мачлис пароканда мешуданд, ташкилкунандагони ин шабнишини ба Рахими Кнд ду танга барои музди хизматаш, якта нон ва як коса ош хам барои бурдан ба бачагонаш ба тарзи инъом доданд.

Рахими Кнд аз ин инъоми талабагон, ки хеч ба он нигарон набуд, бисёр хурсанд шуда:

  • Илохи хамаатон мударрис шавед, муфти шавед, аълам шавед, охун шавед, раис шавед, кози шавед ва козикалон20 шавед!… – гуён дуо кард.
  • Барои ба ин мансабхо расидани хамаи моён, – гуфт яке аз талабагон, – бояд хамаи козиён, раисон ва дигар муллоёни мансабдори имруза ё бимиранд ва ё бекор ша- ванд. Агар ин дуои туро, ки дар хакки муллохои мансаб- дори имруза дар хакикат дуои бад аст, онхо шунаванд, ту- ро «хармурд» карда мекушанд.
  • Майлашон, – гуфт Рахими Канд дар холате ки ла- бонаш бар хилофи одати мукаррариаш ба табассум моил шуда буданд, – агар баъд аз «хармурд» кардан якто нон ва як коса ош диханд, кушанд хам зарар надорад.

***

Зиндагонии Рахими Кнд хеле танг буд: албатта, бо ду танга даромад, ки вай хам хар руз ба даст намедаро- мад, бо якто нон ва як коса ош, ки онхо хам ба тарзи тасо- дуфи аз туйхо ва зиёфатхои калон дар хафтахо ва моххо ба тарзи «инъом» меомаданд, як оиларо сер кардан мум- кин набуд. Агар у ба пешаи дигаре машгули кардан хохад, хунари дигаре надошт ва барои харидуфуруш сармоя надошт. Ночор у кандфурушии дастакиро барои худ да- ромади иловаги карор дода буд, ки хамаи сармояаш дар ин кор кадре канд, конфет ва обидандон21 буд, ки хамаги аз панч танга зиёдтар кимат надоштанд.

Кндро шикаста майда карда, ба хар кадоми лундахои калонтараш ду пул22 ва ба резатараш як пул бахо монда, ба як тарафи лаъли мечид ва ба тарафи дига- ри лаъли канфетхои арзонбахо ва обидандонхоро, ки аз лойшакар сохта мешуданд, рехта, ба хар кадоми онхо хам якпули ё дупули нарх мемонд ва хамин лаълии «оростаи худ»-ро хар пагох бардошта омада, ба руйи суфаи саройи Чннатманй менишаст ва ба толибонаш мефурухт ва харидорони у бештарин бачагони чагард буданд.

Мардуми Бухоро хамин касби Рахими танбуриро ба назар гирифта ва ба номи у калимаи «Канд»-ро илова карда, уро «Рахими Канд» мегуфтанд.

Ман гохо аз «молхои тичораии Рахим ба ду пул канд ё канфет харида, ба дахон андохта, бар суфачаи ди- гар макида менишастам. Ин хариди ман аз чихати эхтиёчам ба ширини набуда, балки барои шунидани суха- нони ба мазоки ман аз канд хам гуворотари у буд. Чунки у бо ин хариди ночизи ман хурсанд шуда, ба сухан медаро- мад.

Хиохои Рахими Канд бештар аз саргузашт ва ёддоштхои худаш, аз ахволи худаш ва аз дида ё шуни- дахояш буд. Дар ин чо бояд хаминро хам кайд кунам, ки Рахими Кнд баъзан чизхои ба хаёлаш омадаро хам мо- нанди он, ки худ карда бошад ё дида бошад, бо боварии тамом хикоя мекард ва ширинтарини гуфтахои у хам хамин гуна хиохои афсонамонандаш ба шумор мераф- танд.

Аз чизхое, ки аз Рахими Кнд шунидам, ду порча ба ёдам мондааст ва ман мехохам хамон порчахоро дар ин чо накл намоям.

Рузе Рахими Канд аз бетамизихои замона ва аз санъатношиносихои мардум шикоят карда гуфт:

  • Агар дар мардум тамиз мебуд ва санъатро меши- нохтанд, хунармандро аз бехунар фарк карда метавонис- танд ва кадри хунармандонро медонистанд, ба созандагони дигар он муомила ва ба ман ин муомиларо намекарданд, яъне дигаронро ба осмон бардошта, маро ба замин намеза- данд ва хол он ки аксари ин хофизон ва навозандагон шогирдони беустод буда, таълимнадида ва монанди алафи бегонаи дар гулзор руида дар замини санъат худруй мебо- шанд. Аммо ахмакфиребиро хуб медонанд ва дар пеши мардумони бетамиз худситои карда хуб пул мекашанд ва ман, ки ба чандин устоди забардаст чандин сол хизмат карда ин хунарро ба даст даровардаам, ба хурдан нон надораму ба пушидан танбон.23

Рахими Канд баъд аз ин мукаддима барои исботи хунармандии худ ва забардастии устодони худ «ёддошти зерини худро накл кард:

  • Ман, – гуфт у, – ба Насруллохбойи дегфуруш, ки

мардум номи уро кутох карда «Насруллохи Дег» мегуфтанд ва дар шашмакомдони ягонаи даврон буд, дах сол ба тарзи шогирди хизмат кардаам. Баъд аз он ки ман дар пеши у шашмакомро об карда хурдам, маро хамрохи худ ба мехмонихо бурдан гирифт.

Рахими Кнд аз он мехмонихо, ки хамрохи устоди худ рафтааст, якеро мухимтар ва сазовори кайд шумурда, ба тарзи зерин накл кард:

  • Устодам Насруллохи Дег як шаб маро ба чорбоги домоди козикалон, ки дар дехаи Хитоён буд, хамрохи худ гирифта бурд.

Дар он чо хонанда ва навозандагони дигар хам бу- данд, ки хамаи созхоро чур карда ва хамаи сурудхонон хамовоз шуда, то нимаи шаб навохтанд ва хонданд. Баъд аз таоми нимишаби, ки хамаи мехмонон ва созандагон ба хар тараф пароканда шуда хобиданд, устоди ман ба сохиби бог гуфт:

  • Агар хоста бошед ва рухсат дихед, худам бо шогирдам як базми хосагии алохида карда медихам.

Албатта, домоди козикалон бо хурсанди рози шуд ва Насруллохбой торхои танбурро ба хавои «Наво» соз кар- данро фармуд. Танбурро соз кардам, устод дойраро ба даст гирифта усул нигох дошта мехонд ва ман менавох- там. Як вакт ду булбул парвозкунон омада ба болои шохи дарахте, ки мо дар зери вай базм мекардем, нишастанд. Булбулон баъд аз кадре ором истода ба нагмасароии мо гуш додан мувофики хавое, ки мо менавохтем, ба чахчахнй даромаданд.

Аз ин кори булбулон устоди ман зиёда ба шавк ома- да, гуё, ки бо онхо бахс мабахс мехонда бошад, нолахои фалакпеч баровардан гирифт ва ман хам бо нохунхои обдори худ торхои танбурро дилхарошона меларзондам, шунавандагон аз нагмахои чонгудози ман гуё, ки ба рагу пайи онхо нохун зада истода бошам, дар тапиш ва чушу хуруш омаданд…

Рахими Кнд дар охири ин ёддошти худ гуфт.

  • Окибат булбулон аз мо маглуб гардида хомуш монданд ва баъд аз кадре хомуш истодан онхо тамоман бехушу беихтиёр шуда худро аз шохи дарахт ба суйи мо андохтанд, яке аз онхо омада ба гушаки танбури ман ни- шаст ва дигаре – ба гардиши дойраи Насруллохбой. Ин холро дида шунавандагон ба чушу хуруш омаданд ва са- дои тахсину офарини онхо ба осмон расид ва бо хамин базм хам тамом шуд.

Дуруг будани ин гуна «саргузашт»-хои Рахими Канд равшан бошад хам, ман ба у аз ин хусус лаб намекушодам, балки худро чунон нишон медодам, ки гуё хамаи он су- ханхоро бовар кардаам. Чунки агар у ба ин гуна хиохои худ андак нобоварии маро пай мебурд, бисёр мешурид, на танхо мешурид, хатто бими он буд, ки ошноии худро аз ман бурида, дигар ба ман ин гуна хикояхоро накл наку- над. Ва хол он ки шунидани ин гуна хиохои у ба ман бисёр завк медод. Ман, хусусан, аз ин чихат завк мекар- дам, ки у ёддоштхои худро бо камоли чиддият ва бовари накл мекард ва ба бовар кардани ман хам акидаи у комил буд.

бам намебарад.

Хулоса, Рахими Канд дар болои кахрамонии хамин Азизуллохи дуруггуй ба ман гуфт:

  • Азизуллох дар катори навкарони галаботури25 амир дар чанги кухистон ба тарафи хисориён ва кулобиён хучум овардааст ва дар този асп ба хар шамшер задан дах- дувоздах касро калам карда мепартофтааст. Рузе дар вакти гармии чанг аспи у дартоз аз байни ду дарахти тут, ки ба хам наздик руйида шоххояшон ба хам печида буда- анд, гузаштааст ва дар вакти гузаштани асп аз байни да- рахтон сари Азизуллох дар шоххои дарахтон банд шуда гарданаш канда шуда мондааст. Аммо у чолокона сари аспро пас гардонда омада, каллаи худро аз шоххои дарахт чудо карда ба чойи худаш гузоштааст, азбаски хунаш хануз сард нашуда будааст, сараш монанди аввала ба та- нааш часпида мондааст ва у хам гуё ки ба вай хеч вокеа руй надода бошад, мисли пештара ба чанг давом карда- аст.

Ман аз шунидани ин хикоя хеле завк гирифта ва аз камоли хурсандй хусусияти табиати Рахими Кандро аз хо- тир бароварда ба у гуфтам:

  • Хайрият, ки Азизуллох саросема шуда каллаи худ- ро ба танааш чаппа нагузоштааст, вагарна чашмони у ба кафои у чойгир шуда, дар зиндагй бисёр душворихо ме- кашид.

Рахими Кнд аз ин гуфтахои ман нисбат ба хикояи худ нобориро буй бурда якбора ба шур омада гуфт:

  • у кур набуд ва беакл хам набуд, ки чй гуна ба тана гузоштани каллаи худро надонад!

Ман узрхо гуфта, боварии худро ба хикояи у исбот карда, шубхаи уро нисбат ба худам тамом аз дилаш баро- вардам. Бо вучуди ин, у чанд гох ин гуна хикояхоро ба ман накл накард.

V

Ман ба растаи чойфурушй рахсипор гардида, то пе- ши саройи Чнатмаконй расидам. Дар он чо Рахими Кнд лаълии «хушбор»-и худро дар пешаш монда, ба руйи 35

суфачаи мукаррариаш нишаста буд, ман аз у ба ду пул як дона обидандон харида ба дахонам андохта, ба суфачаи дигари сарой нишастам.

Имруз максади асосии ман ёфтани              ча, гузар ва

хавлии Кориишкамба буда, хамаи фикру хавосам ба ин максад банд буд, бинобар ин, барои ба сухан даровардани Рахими Канд ва хикоя гуёндани вай кушише накарда, дар фикр фуру рафта будам…

Ман хануз обидандони дар дахон гирифтаамро ма- кида тамом карда набудам, ки Кориишкамба аз тарафи шарки раста – аз тарафи мадрасаи Кукалтош намоён гар- дид. Ман барои пурра ва пухта дидани руйи у чашмамро ба у духтам. Чун у наздиктар расида назараш ба ман афтод, чашмонашро аз ман наканда омадан гирифт. Ман аз нигоххои тези маънидори у дар хакки худам «ин дуруггуйи дируза!» гуфтани уро пай бурдам, бинобар ин шарм дошта чашмамро аз вай канда, худро ба нодонй за- дам, лекин бо гушаи чашм харакатхои уро таъкиб мекар- дам.

у рост ба пеши суфачаи Рахими Канд омада, аз канди майда ва обидандонхои у якдонагй гирифта ба дахонаш зад ва аз конфет хам як дона гирифта, дар холате ки когази вайро чудо мекард, ба рош давом намуд.

Рахими Канд бо рангхои канда ва лабхои ларзон:

  • Кориамак, шухй накунед! Ман одами бечораи аёл- манд мебошам, пули канду конфету обидандонро дода ра- вед! – гуфт бо оханги зорй.

Кориишкамба бе он ки кадами пешпартофтаашро пас гузорад ё ин ки аз рош бозистад:

  • Курнамакй накун! Дируза ошро аз ёдат набарор! Дар ягон мавриди дигар боз ба ту нафъ расонда чойи ин моли ночизонаатро чанд-чанд карда пур мекунам, – гуён ба рош давом намуд.

Рахими Кнд зери лаб гур-гуркунон «искит26, мур- данй!..» гуён уро дашном медод.

  • Ин кас кист!- гуфта ман аз Рахими Канд пурсидам, гуё ки уро хеч намешинохта бошам.
  • Як хиндуи салланок, як судхури гузаро, як хасиси чирки дандонхур! – гуфт Рахим дар чавоб.
  • Магар у дируз шуморо зиёфат карда буд, ки «кур- намаки накун, дируза ошро аз ёдат набарор!» гуён ба шу- мо миннат кард?
  • Оши уро то хол занаш хам нахурдааст, – гуфт Рахими Кнд, – хикояти «оши дируза» ин тарика аст, – гуён у хикояти зеринро накл намуд:
  • Дируз маро як машкоб ба туяш хабар карда буд. Ман дар он чо дар руи суфа ба болои кат нишаста танбур менавохтам. Як вакт дар катори мехмонон ин одам хам ба хона даромад ва хамрохи онхо ба мехмонхона даромада ош хурда баромад. Баъд аз таом мехмонони дигар рафтанд, аммо ин одам бар руйи кат баромада, ба сохиби хона чой фармуда, дар пахлуи ман чой нушида нишаст. Чанд гурух мехмонони дигар хам омада ош хурда рафтанд. Вакте ки мехмони кариб ба поён расид, у ба ка- соне, ки дар он туй хизмат мекарданд:
  • Ба ин кас хам ош биёретон, охир! – гуфт маро ни- шон дода, – хамрохи дасти ин кас шикамашон хам танбур навохта истодааст. Оши ин кас сергушту серравгантар шавад.

Як табак оши палав оварданд. Дар хакикат сергушту серравган буд. Аммо дахяки он ош хам насиби ман нашуд: бо вучуди ин ки у аз мехмонхона дар катори мехмонон ош хурда баромада буд, ин ошро бо иштихои аввала хурдан ги- рифт. у то як лукма хурдани ман ду-се лукма мехурд ва чунонки шикамбандахо мекунанд, хар лукмаро «дугуштаи оринчшор» карда, яъне дар хар лукма ду лунда гуштро хам- рох карда ва равганашро то оринчи худ шоронда, мегирифт.

Баъд аз таом ман хостам, ки боз танбур навозам ва ба хамин максад гушакхои танбурро тофта торхоро соз кардан гирифтам, аммо у дахонашро ба гуши ман наздик оварда пичирросзанон:

  • Биё акнун танбурнавозиро бас кун! Омадурафти мехмонхо хам тамом шуд, – гуфт ва илова намуд, – ман аз ин туй ба ту як табак ош гирифта медихам, ба хамин шарт, ки нимаашро ба ман медихи Рози хасти?
  • Дуруст, ман рози! – гуфтам ба у.
  • Ин тавр бошад, аз сохиби туй рухсат пурс!
  • Акнун ичозат дихед! – гуфтам ман ба сохиби туй танбурамро ба чилдаш андохта истода.

Сохиби туй ду танга пулро бо якто нон ва як каф кандалот оварда ба пешам гузошт. Ман тангаро ба чайби худ андохта, нон ва кандалотро дар руймолчаи худ бастан гирифтам. Дар хамин вакт ин одам ба сохиби туй маро нишон дода:

  • Ин кас одами аёлманд мебошанд. Ба ин кас як та- бак оши сергушту равган кашед, ба руяш якто нони тафтон пушонда дихед! Мавриде вокеъ шавад, ин кас ба шумо боз хизмат мекунанд, – гуфт.

Сохиби и сухани уро кабул намуда ошро тайёр карда овард. у пеш даромад ва ман танбуру табаки ошро бардошта аз хавли баромадам. Сохиби туй моро гусел карда истода ба ман:

  • Оварда додани табакро аз хотир фаромуш накунед! – гуфт. Хамин ки мо аз туйхона чанд кадам дур шудем, у ба ман:
  • Хавлии ман дар сари рохи ту мебошад, аввал он чо меравем. Баъд аз он, ки ман аз ош хакки худро гирифтам, ту табакро бо бокимондаи ош бардошта ба хонаат ме- рави! – гуфт.

Ман рози шудам. Мо бисёр кучаву пасчахоро бу- рида гузашта, окибат ба хавлии у расидем. Маълум шуд, ки хавлии у нисбат ба хавлии ман аз туйхона дуртар буда- аст…

Ман, ки чуёи дар кучо будани хавлии Кориишкамба будам, фурсатро аз даст надода ва сухани Рахими Кндро

бурида:

  • Хавлии у дар кадом гузар ва дар кадом ча буда-

аст? – гуфта пурсидам.

Дар гузари Кемухтгарон27, дар охири он пасчаи пешбаста аст, ки вай дар пушти саройи кафшу махси- фурушй вокеъ шудааст, – гуён Рахими Кнд ба пурсиши ман чавоб дода, боз хикояти худро давом кунонид: – Вакте ки ба дари хавлиаш расидем, у барои гирифтани хиссаи худ табаки ошро аз дасти ман гирифта ба хавлии дарунаш бурд ва баъд аз чанд дакика табаки руяш ку- шодаро бароварда ба ман дод. Нону гушти ошро тамоман рабудааст, аз ош хам тахминан хаштяк мондааст ва равгани ошро то чакраи охиринаш чаконда гирифтааст, – гуён Рахими Канд хикояи худро тамом кард ва дар охир илова намуд: – Ин одам бой бошад хам, бисёр чашмгурус- на будааст, барои ситондани ягон чиз аз хеч кор ибо хам намекунаду ор хам, бо вучуди ин, чашмаш сер намешавад.

Ман дар чавоби у гуфтам:

  • Харчанд Саъдии Шерозй гуфтааст, ки «…чашми танги дунёдорро ё каноат пур кунад, ё хоки гур», ман мегуям, ки «чашми танги дунёдорро на каноат пур кунад, на хоки гур».

Баъди ин сухан ман зуд аз суфача бархостам, зеро нишонаи хавлии Кориишкамба, ки максади асосии онрузаам буд, аз гайри чашмдошти ман аз он сухбат ба даст даромада буд. Акнун мебоист ман ба зудй ба хонаи у мерафтам.

[*] Орият – чизеро ба касе барои истифодаи муваккатй додан аст. Дар истилохи мадрасахои Бухоро талабагонеро, ки дар хучраи касони дигар зиндаги мекарданд, «ориятнишин» мегуфтанд.

[†] Ертиш – порчаи суф ва ё чит, ки дар вактхои пеш дар хангоми дафни мурда ба тарзи садака ба касоне, ки ба сари кабр чамъ омадаанд, дода мешуд.

Шакли пурраи китобро аз ин линк борбардори намоед  >>>Margi-sudxur

Скачать безплатно! книгу Ростовщика (Марги Судхур – марди хакки мардумонро мехурда)

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222